Шанбе, 20.04.2024, 08:24
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Май » 19 » Тафвиқи таъбири хоб барои Ибни Сирин аз куҷост?
Тафвиқи таъбири хоб барои Ибни Сирин аз куҷост?
20:27

Ҷавон, агар қадре аз нерӯи худро дар роҳи бандагӣ ва убудияти Худо сарф кунад ва ба парастишу ниёиши ӯ пардозад, на танҳо дар ҷаҳони охират дар сояи иноятҳои парвардигор қарор мегирад, балки дар ҳамин ҷаҳон низ мавриди таваҷҷӯҳи хосси илоҳӣ хоҳад буд ва баракоти моддӣ ва маънавии замину осмон бар ӯ нозил ва то он ҷо ба Худо наздик хоҳад шуд, ки Худованд ба ӯ мубоҳот ва ифтихор мекунад. 

Дар ҳадиси саҳеҳе омадааст: "Худованди мутаол ба ҷавони ибодатпеша дар муқобили фариштагон мубоҳот мекунад ва мегӯяд: назар афканед ба бандаи ман, ки ба хотири ман, шаҳвати худро тарк карда ва ба ибодати ман машғул шудааст”.[1]

Шояд хонанда бо номи Ибни Сирин ошност. Ибни Сирин, илова ба ин ки дар улуми исломӣ аз дониши фаровоне бархӯрдор буд, ошно бо таъбири хоб низ буд. Китоби Таъбири хоби ӯ маъруф аст. Медонед аз куҷо чунин тавфиқе барои Ибни Сирин даст ёфтааст? Ӯ достоне дорад шабеҳи достони ҳазрати Юсуфи паёмбар (а).

Мегӯянд, аз он ҷо барои Юсуфи набӣ (а) тавфиқи донистани таъбири хоб даст ёфтааст, ки дар ҷавонӣ ба хотири Худо, шаҳвати худ канор ниҳод: "Ва он зан, ки ӯ (Юсуф) дар хонааш буд, аз вай ком хост, ва дарҳоро баст ва гуфт: биё (ки бароят омодаам). Юсуф гуфт: паноҳ бар Худо, ки ӯ парвардигори ман аст, ҷойгоҳамро некӯ дошта. Ба ростӣ, ки ситамкорон растгор нашаванд”. (Юсуф/23).

Ибни Сирин низ достоне шабеҳи достони ҳазрати Юсуф (а) дорад. Ӯ дар ҷавонӣ дар як дӯкони порчафурӯшӣ ба унвони шогирд кор мекард. Ҷавони хеле зебо буд. Як зан ҳар рӯз аз ӯ харид мекард. Ҷавон бехабар буд, ки чӣ доме дар роҳаш густарда шуда. Ӯ намедонист ин зани зебо, ки ба баҳонаи хариди порча ба дӯкони ӯ рафту омад мекунад, ошиқи дилбохтаи ин ҷавон шудааст ва дар қалбаш тӯфоне аз ишқу ҳавасу таманно барпост.

Як рӯз ҳамон зан ба дӯкон омад ва дастур дод то миқдори зиёде порча ҷудо карданд, он гоҳ ба узри ин ки қодир ба ҳамли он ҳама бор нест, ба илова пул низ ба ҳамроҳ надорад, ба дӯкондор гуфт: "Агар розӣ ҳастед порчаҳоро бидиҳед ин ҷавон барои ман биёварад, пулашро ҳам бештар медиҳам”.

Дӯкондор ҳам, ки аз хариди ҳамарӯзаи ин зан хурсанд буд, фавран гуфт: "Ба чашм, ҳамин ҳоло шогирдам бори шуморо то хонаатон мерасонад”. Ин бандаи Худо ҳам бехабар буд, ки чӣ шарре дар пеши роҳ аст.

Муқаддимоти кор қаблан аз тарафи зан фароҳам шуда буд, хона ба ҷуз аз як каниз, ки барои он зан аҳли сир ба шумор мерафт, холӣ шуда ва касе дар он ҷо набуд.

Муҳаммад ибни Сирин – ки унфувони ҷавониро тай мекард ва аз зебоӣ камназире бархӯрдор буд – порчаҳоро ба дӯш гирифт ва ҳамроҳи он зан омад. То ба даруни хона дохил шуд, дари хона аз пушт баста гардид. Ибни Сирин ба дохили утоқе бошукӯҳ роҳнамоӣ гашт. Ӯ мунтазир буд, ки хонум ҳар чи зудтар биёяд ва ҷинсро таҳвил бигирад ва пулро бипардозад. Интизор ба тӯл анҷомид.

Пас аз муддате, парда боло рафт. Хонум дар ҳоле ки худро ҳафт қалам оройиш карда буд, бо ҳазор ишва, по ба даруни утоқ гузошт.

Ибни Сирин дар як лаҳзаи кӯтоҳ, ки фаҳмид доме барояш густарда шудааст, хоҳиш кард, ки хонум ба чунин коре ӯро водор насозад. Зан гуфт: "Чорае нест, бояд коми маро бароварӣ”. Ва ҳамин ки дид Ибни Сирин дар ақидаи худ пофишорӣ мекунад, ӯро таҳдид кард ва гуфт: "Агар ба ишқи ман эҳтиром нагузорӣ ва маро комёб насозӣ, ҳаминак фарёд мекашам ва мегӯям, ин ҷавон нисбат ба ман қасди баде дорад, он гоҳ маълум аст, ки чӣ бар сари ту хоҳад омад”.

Ибни Сирин ҳайрон монд. Аз тарафе, имону ақидаву тақво ба ӯ фармон медод, ки покдомании худро ҳифз кунад ва аз тарафи дигар, сар боз задан аз таманнои он зан, ба қимати ҷону обрӯву ҳама чизаш тамом мешуд. Чорае ҷуз изҳори таслим надид. Аммо фикре мисли барқ ба хотираш омад. Дид як роҳи чора вуҷуд дорад, пеши худ гуфт, бояд коре кунам, ки ишқи ин зан табдил ба нафрат шавад ва худаш аз ман даст бардорад. Бинобар ин, агар бихоҳам домани тақворо аз олудагӣ ҳифз кунам, бояд як лаҳза олудагии зоҳирро таҳаммул кунам.

Ба баҳонаи қазои ҳоҷат аз утоқ берун рафт. Дар халоҷой, зоҳири хештанро ба касофат олуда сохт ва бо як вазъи номуносиб ва либоси олуда ба утоқ баргашт ва ба тарафи зан омад.

То чашми он зан ба ӯ афтод, рӯй дар ҳам кашид ва фавран ӯро аз манзил хориҷ кард.[2]

Комёб бошед

 


[1] Наҳҷул-фасоҳа, ҳадиси 736.

[2] Ал-куно вал-алқоб, ҷ 1, с 313 ба нақл аз китоби Достони Ростон.

Бахш: Достонҳои ибратангез | Просмотров: 13955 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 3.4/5 |
Всего комментариев: 7
13.01.2015
7. лейла [Материал]
салом дар хоб **об** чи маъни дорад?

24.12.2014
6. Мухсин [Материал]
Асалому алайкум ман пайваста дар хоб хобхои бадеро мебинам ки таъбираш дар интернет ва китобхо нишонаи маргро дорад

12.10.2014
5. тохиржон [Материал]
Ассалому алейкум ман хоб дидамки хонаам алоб гирифсос ва ман чораашро ёфта аловро тез куштаам.аз пеш ташаккур.

13.08.2014
4. Шахло [Материал]
Салом ман хоб дидам ки мохии зиндаро хурда истодаам ин нишонаи чист ва дувумаш ман хоб дидам ки бар хонаи мо мехмонхои нохонда 8 нафар омаданду ва бо худ хурокхои гуногун зиёд оварданд ин чи нишонаест,,илтимос хоби манро таъбир кунед,,

15.11.2013
3. Зебо [Материал]
Салом,дар хоб дидани харгуши сафед чи маъно дорад?

29.03.2013
2. nigora [Материал]
агар тушида бир мужиза курса нима булади? яъни осмонда булутлардан ИНШААЛЛОХ деб ёзилиб туриб бир пасдан кейин учиб кетса... илтимос жавоб берилар менга бу жуда мухим!

16.03.2013
1. Икром [Материал]
салом ман дар хоб хуни худро ва хунрезихоро дидам

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz