Чоршанбе, 22.11.2017, 06:33
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Апрел » 21 » Сухане аз Аллома Ибни Обидин дар мавриди фирқаи Ваҳҳобият
Сухане аз Аллома Ибни Обидин дар мавриди фирқаи Ваҳҳобият
02:36

Пурсиш: Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи, як савол пеш омадааст, ки мехостам дар атрофи он равшанӣ андозед. Як бародар гуфт, ки Аллома Ибни Обидини ҳанафӣ дар китоби Раддул муҳтор гӯёи ин ки гуфтаанд, ки Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ва пайравонаш мисли Хавориҷ ҳастанд. Оё ин ҳақиқат дорад? Агар рост бошад, хоҳишмандам, сухани Аллома Ибни Обидинро бо зикри саҳифаи китоби Раддул муҳтор зикр мекардед. Пешопеш ташаккур.

Абдураҳмон Сайфуллозода

Посух: Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ, оре Аллома Ибни Обидин дар "боби буғот (боғиён)”-и ҳамин китоб; яъне "Раддул муҳтор”, онҷо ки вожаи "боғӣ” ва "хавориҷ”-ро таъриф ва дар бораи ҳукми ин ду гурӯҳ баҳс мекунад, чанд ҷумла таҳти унвони "Матлабе дар бораи пайравони Абдулваҳҳоб - Хавориҷи замони мо”, (ки албатта аз сиёқи каломи ӯ пайдост, ки муродаш ҳамин Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, поягузори маслаки мавсум ба Ваҳҳобият мебошад), дар бораи фирқаи Ваҳҳобият менависад ва аз ҷумла мегӯяд:

"Чунон ки (маънои Хавориҷ) дар замони мо дар мавриди пайравони Абдулваҳҳоб воқеъ шудааст, ки аз минтақаи Наҷд хуруҷ карданд ва бар Ҳарамайн (Макка ва Мадина) истило пайдо намуданд. Онон (Ваҳҳобиҳо) тобеи мазҳаби Ҳанбалӣ буданд, вале эътиқод пайдо карданд, ки фақат худашон мусалмон ҳастанд ва ҳар кӣ мухолифи ақидаашон бошад мушрик аст, ва онгоҳ бо чунин ақидае, қатлу куштори Аҳли суннат ва уламои Аҳли суннатро мубоҳ шумурданд, то он ки Худованди Мутаол шавкати ононро шикаст ва шаҳрҳояшонро вайрон намуд ва сипоҳи мусалмонон дар соли 1233 ҳ.қ. бар онон пирӯз шуд...” (Раддул муҳтор, боби буғот, 16/378, ба нақл аз Алмактабатуш шомила).

Рӯшан аст, ки Аллома Ибни Обидин ҳангоме ки ин китоб (Раддул муҳтор)-ро менавишта, замоне буда, ки ҳанӯз пайравони Ибни Абдулваҳҳоб бар нимҷазираи Арбистон комилан истило пайдо накарда будаанд ва ҳатто дар баробари сипоҳи хилофати Усмонӣ шикаст хӯрда буданд. Аммо чунон ки медонед, баъдҳо, Ваҳҳобият бар тамоми ин сарзамин ғалаба пайдо карда ва басоти хилофати исломиро барчиданд. Мутаассифона.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Кимиёи саодат

Бахш: Нақди ақоиди ваҳҳобият | Просмотров: 1035 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 2.0/1 |
Всего комментариев: 1
17.06.2012 Спам
1. Абдуллох!
Асаламу алайкум бародарои Ахли Суннат!
Дар хакикат ин бахтои рофизиёни шиа гузарондан! Инхо бадбахто таърихи хаворича нахондиян дар асл инхо худашон хаворичан Хаворич касоне буданд ки сахобахора кофир гуфта куштанд Х.Алира куштанд бади куштани хазрати Али бо худашона дустдори Али гирифтанд Усмона дар даруни хонаш калаша гирифтанд! Мархамат назар кунед шабакахошона дар махвора ба мисли ahlu bayt ва гайра ку ки сахобара кофиру муртад мега шиа ё вахобихо? Бад дуруге ки ино меган Абдулвахоб ё вахобихо ба гайри худашон хамара кофир меган ин хандаовар аст дуруги махз валлохи якташ ман вахоби ба гуфти шумо ягон мусалмона хукм ба куфр накардаам ва намекунам! Аммо шиахое ки Сахобахора кофир меган ман унора кофир медонам, шиае ки зани Паёмбар модари мора кофир мега ма кофирш медонам шиае ки аз кабр ёри мехоха ма кофирш мегум ! Албата ин сухани ман нест ин сухани уламои Ахли сунат аст! Аз Имом Абуханифа сар када то имруза уламои асра! Агар хохед менависам ки кофиршон мега? Асаламу алайкум!

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Апрел 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz