Панҷшанбе, 28.03.2024, 23:54
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Июн » 21 » Ситора Сафарова: “Ботил будани иддаоҳо, бо як бор сафар ба Эрон рӯшан мешавад”
Ситора Сафарова: “Ботил будани иддаоҳо, бо як бор сафар ба Эрон рӯшан мешавад”
21:40

Бозигари тоҷики нақши Лайлӣ дар сериали эронии "Дар чашми бод” мӯътақид аст, ки синамо ва телевизиони Эрон имрӯз паёми худро ба миллатҳои ҷаҳон мерасонад ва ҳамзамон аз Эрон чеҳрае инсонӣ ва фарҳангӣ ба намойиш мегузорад, ки коре бас бузург аст.

Ситора Сафарова дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе, бо баёни ин матлаб афзуд: "Имрӯз бархе расонаҳо ва ҳатто синамоҳои бархе кишварҳо талош мекунанд то чеҳраи Эронро дар зеҳну афкору умумии ҷаҳон хадшадор кунанд ва ба ҳамин далел, тасвире хашин ва тарснок аз Эрон барои афкори умумии ҷаҳон тарсим мекунанд, ки Эронро таҳдиде барои ҷомеаи башарият ҷилва диҳанд”.

Бозигари нақши асосӣ дар сериали "Дар чашми бод” афзуд: "Аммо кофист то ҳар кас як бор ба Эрон сафар кунад то ба ботил будани ҳамаи ин иддаоҳо пай бибарад ва ба ин ҳақиқат бирасад, ки эрониён мардуме шариф ҳастанд ва ба думболи фарҳанг, илм ва дониш буда, паёми онон ба ҷаҳониён паёми сулҳ, созандагӣ, бурдборӣ ва дӯстӣ аст”.

Сафарова тасреҳ кард: "Ба далели ҳамин вижагиҳост, ки аз аксари филмҳои эронӣ дар бисёре аз нуқоти ҷаҳон истиқбол мешавад ва ман фикр мекунам ҳадафи аслии филмҳои эронӣ марҳам гузоштан рӯйи захмҳои ҷомеаи башарӣ аст. Бинобар ин, шак надорам, ки ҳунар ва филми Эрон бо ин рӯйкарди башармеҳварӣ беш аз пеш фарогир ва ҷаҳонӣ хоҳад шуд”.

Инак, матни комили ин гуфтугӯ:

- Лутфан худро ба хонандагон муаррифӣ кунед ва бигӯед, ки чӣ шуд, ки дар ин сериал ҳузур ёфтед?

Мутаваллиди Қазоқистон ва фориғуттаҳсили риштаи хабарнигории садо ва симо бо гаройиши коргардонӣ аз Донишгоҳи ҳунарҳои зебоии кишварам Тоҷикистон ҳастам ва дар ҳоли ҳозир рӯзноманигориро дар ин донишгоҳ тадрис мекунам. Қабл аз бозии нақши Лайлӣ дар сериали таърихии "Дар чашми бод”, дар шабакаи аввали симои Тоҷикистон муҷрии ахбори русӣ ва тоҷикӣ будам ва ҳаргиз фикр намекардам, ки рӯзе дар синамои Эрон ҳузур пайдо кунам, ғофил аз он ки тақдир ғайр аз он чизе буд, ки ман тасаввур мекардам ва бархе иттифоқот ҳама чизро ба куллӣ тағйир дод.

Моҷаро аз он ҷо шурӯъ шуд, ки як рӯз ҳамроҳи хонавода дар манзил машғули тамошои телевизиони Тоҷикистон будем, ки дар ин миён барномае бо номи "Мавзеъ” пахш мешуд, ки бахше аз он ба бозии бозигарони тоҷик дар як сериали эронӣ ихтисос ёфта буд.

Дар ин барнома хонуми Латофат Юсуфӣ, ки яке аз ҳунармандони хушноми Тоҷикистон аст, аз нақши худ дар ин сериал сӯҳбат мекард ва ҳамзамон саҳнаҳое аз филмбардорӣ пахш мешуд. Саҳнаҳои сериал он қадр ҷаззоб ва диданӣ буд, ки як дафъа ғибта хӯрдам, ки "эй кош ман ҷои хонум Юсуфӣ будам”, вале зуд ба худ омадам ва гуфтам: "ту куҷо ва хонум Юсуфӣ куҷо!”

Вале пас аз гузашти як сол иттифоқи аҷибе афтод ва когардони номии Эрон Масъуди Ҷаъфарии Ҷузҷонӣ бо теъдоде аз ҳамкорони худ ба Тоҷикистон омаданд то барои иҷрои нақше дар сериал яке аз хонумҳои тоҷикро интихоб кунанд ва банда ҳам дар радифи дигар довталабон барои тест ҳозир шудам, аммо умеди чандоне барои интихоб шуданам надоштам.

Вақте хабари пазируфта шуданамро ба ман доданд, бениҳоят хушҳол шудам, зеро дақиқан барои бозӣ дар ҳамон сериале интихоб шуда будам, ки дар мавриди он дар барномаи "Мавзеъ” сӯҳбат шуда буд ва номи он "Дар чашми бод” буд, ки хонуми Латофат Юсуфӣ ва ҳунарманди саршиноси тоҷик Ҳабибуллоҳ Абдурраззоқов дар он ифои нақш мекарданд.

Дар ин ҷо мехоҳам ба нуктае ишора кунам ва он ин ки се моҳ қабл аз интихоб шуданам барои иҷрои нақши Лайлӣ, хоби аҷибе дидам. Дар хоб дидам, ки савори болгарде шудаам ва аз рӯйи теппаҳое парвоз мекунам ва дар ниҳоят ба минтақае расидам, ки аз он ҷо насими хунаке мевазад ва бӯйи хуше дар тамоми он минтақа пароканда шуда буд ва маро дар ҳамон ҷо пайдо карданд. Ман дохили сохтмоне шудам, ки 2 нафар хонум дар ҳоли грим буданд, ки ман аз онҳо хостам ба ман фурсате бидиҳанд то лавозими мавриди ниёзамро аз мағозаҳои атроф таҳия кунам ва сипас бозгардам, ки онҳо ба ман иҷоза доданд ва ман ҳам рафтам, вале дидам, ки ҳамаи фурӯшгоҳҳо баста аст ва назди он 2 хонум бозгаштам, вале ин эҳсосро доштам, ки ман бояд кори муҳиммеро анҷом диҳам.

Чун бедор шудам ин хобро ба фоли нек гирифтам ва замоне ки барои иҷрои нақш вориди шаҳраки синамоии Ғазолӣ шудам, билофосила ин эҳсос ба ман даст дод, ки гӯё қаблан ин маҳалро дидаам. Дар яке аз рӯзҳо, ки ба тамошои ин шаҳрак машғул будам, ба думболи пайдо кардани далеле барои эҳсоси ошноии худ бо ин шаҳрак мегаштам, ки ногаҳон чашмам ба теппаҳо, сипас гунбад ва мағозаҳои декори хиёбони "Лолазор”-и ин шаҳрак афтод ва баногоҳ ба ёди хобам афтодам ва дарёфтам, ки ин шаҳракро бо андаке тафовут дар хоб дида будам ва ин моҷароро ҳамон мавқеъ барои дӯстонам таъриф кардам.

- Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки шумо барои аввалин бор дар як сериал бозӣ кардед, оё ифои ин кор бароятон мушкил набуд?

Ҳарчанд дар телевизиони Тоҷикистон ба унвони як муҷрӣ машғули кор будам ва дар донишгоҳ низ то ҳудуде бо дуруси марбут ба ҳунар ва бозигарӣ ошно будам, вале воқеан бозӣ дар баробари дурбин комилан мутафовит буд.

Ба ҳамин далел изтироб ва нигарониҳои фаровоне доштам, чун дар ин сериали таърихӣ бояд саҳнаҳо бо ҳадди аксари наздикӣ бо воқеият иҷро мешуд, ки барои як бозигари ғайри ҳирфаӣ кори сахте буд, вале бояд аз оқои Ҷузҷонӣ ташаккур кунам, ки ҳаққи устодиро бар ин ҷониб ба таври комил адо карданд, зеро агар ҳамкорӣ ва роҳанмоиҳои эшон набуд, қатъан наметавонистам муваффақ бошам.

- Аз ин ки муддатеро бо гурӯҳи ҳунармандони эронӣ будаед, чӣ эҳсосе доред?

Бидуни тардид ширкат дар як кори ҳунарии эронӣ бо ширкат дар кори ҳар кишвари дигари ҷаҳон мутафовит аст. Ҳамзабонӣ, ҳамдинӣ, таъриху тамаддуни муштарак, суннатҳои мушобеҳ ва бисёре хусусиёти дигар, ки шумо шояд дар ҳеҷ як аз кишварҳои дунё натавонед пайдо кунед, дақиқан ҳамин мавзӯъ буд, ки падарам баъд аз интихоб шуданам барои нақши Лайлӣ на танҳо монеи рафтанам ба Эрон нашуд, балки аз ин амр истиқбол кард. Падарам ба ман гуфт: Бирав, Эрон сарзамини шарифе аст, амнияти комил ва мардуми ҳамзабону мӯъмине дорад ва эрониён барои занон эҳтироми зиёде қоиланд.

- Ҳамкорӣ бо ҳунармандони Эрон чӣ таъсире дар навъи нигоҳи шумо бар Ҷумҳурии исломии Эрон доштааст?

Албатта банда ҳамеша ба Эрон таваҷҷӯҳ доштам ва ахбори марбут ба Эронро пайгирӣ мекардам, аммо боз ҳам ба қавли маъруф "Шунидан кай бувад монанди дидан”. Ҳузур дар Эрон фурсатеи муғтанаме буд то битавонам бо мардуми шариф ва фарҳанги ғании ин сарзамин ва илму дониши онон бештар ошно шавам. Эҳтиром ба модарон ва хоҳарон, талош барои фаро гирифтани дониш, бо оромӣ сӯҳбат кардан, аз гуфтори тунд парҳез намудан, меҳрубон будан ва боз садҳо ахлоқи мусбати дигарро ҷузъи ҷудонопазири ҳувияти эронӣ дидам, ки воқеан ҷои истиқбол ва хушҳолӣ дорад.

- Яъне агар пешниҳоди дигаре аз тарафи коргардонҳои эронӣ барои иҷрои нақш бишавад, мепазиред?

Филмнома хуб бошад, чаро напазирам?

- Баъд аз поёни бозӣ дар ин сериал, ба Эрон сафар кардаед?

Оре, чанде қабл дар Эрон будам ва дар барномаҳои зиндаи "Зиндарӯд”-и телевизиони Исфаҳон ва ҳамчунин шабакаҳои аввал ва дуввуми Эрон ҳузур пайдо кардам. Мардуми Исфаҳон низ бисёр шариф, меҳмондӯст ва меҳмоннавоз ҳастанд ва ман фикр намекардам, ки мардум бандаро ба ёд дошта бошанд, вале мисли ин ки Лайлиро фаромӯш накардаанд.

- Магар тайи ду солу ниме, ки барои бозӣ дар сериали "Дар чашми бод” дар Эрон ба сар бурдед, аз Исфаҳон боздид надоштед?

Тайи ин муддат мо ба кори филмбардорӣ аз сериал машғул будем ва ба маҳалҳое сафар мекардем, ки қарор буд дар он ҷо, бахшҳои мухталифи сериалро филмбардорӣ кунанд. Ба ин далел, на танҳо фурсати боздид аз Исфаҳонро надоштам, балки бисёре дигар аз шаҳрҳои таърихии ин сарзамини ҳамоса ва фарҳангро ҳанӯз надидаам.

- Оқои Ҷузҷонӣ дар яке аз мусоҳибаҳояшон паёми ин сериали таърихиро таъкид бар зарурати бедорӣ ва ҳушёрии миллати Эрон дар баробари манофеи миллӣ ва эътиқодӣ донистанд то иззат ва шарафи ин миллат ҳифз шавад. Назари шумо чист?

Бале, дар сериали "Дар чашми бод” таърихи 60 соли гузаштаи Эрон ривоят шудааст ва ба назари банда коргардон хостааст то аз ин тариқ ҳофизаи мардуми наҷиби Эронро бедору бедортар кунад ва ба онон кӯмак кунад, ки беш аз гузашта ба фикри худ ва ҳувияти хеш бошанд.

-  Ба назари шумо филм ва сериал беҳтарин роҳи бозсозии хотираи таърихист?

Дуруст аст, филм қудрати бозгӯйии таърихи дуру наздики ҳар миллат ва кишвареро дорад ва фикр мекунам филми Эрон дар тӯли се даҳаи ахир дар ин замина корҳои бисёр арзишмандеро анҷом додааст. Синамо ва телевизиони Эрон имрӯз паёми худро ба миллатҳои ҷаҳон мерасонад ва ҳамзамон аз Эрон чеҳраи инсонӣ ва фарҳангӣ ба намоиш мегузорад, ки кори бас бузургест.

- Агар мумкин аст дар поён қадре ҳам дар бораи хонаводаи худ сӯҳбат кунед.

Мо як хонаводаи 6 нафара шомили падар, модар ва чаҳор хоҳару бародар ҳастем. Бародарам Ватан дар сериали "Дар чашми бод” нақши афсари русӣ Борис Варслугинро бозӣ карда ва ҳоло дар риштаи коргардонии синамо дар Амрико таҳсил мекунад. Ватан, ки акнун 26 сола аст, фориғуттаҳсили Донишкадаи барномарезии иқтисодии Донишгоҳи текноложии Тоҷикистон аст, вале ҳузур дар сериали "Дар чашми бод” ӯро ба ҳадде мутаҳаввил кард, ки тасмим гирифт дар риштаи коргардонӣ таҳсил кунад.

Хоҳарам Сайёра 20 сола ва донишҷӯи соли севвуми Донишкадаи Шапкини Маскав буда ва дар риштаи бозигарӣ ташғул ба таҳсил аст. Вай дар як филми русӣ низ бозӣ кардааст. Хоҳари кучакам Саида имсол таҳсилоти мактаби миёнаро ба поён расондааст.

Кимиёи саодат

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 2684 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 4.9/8 |
Всего комментариев: 9
30.01.2012
9. Gulnora [Материал]
Rosti gap namefahmam, baroi chi tarifi in film bisyoru dar tv yo kinoteatr nishon nadosoden mohoba?

11.10.2011
8. Lola Azizova [Материал]
Seriali "Dar chashmi bod"-ro man dar Iron didam. Bozii Sitora Safarova, ki dar nakshi "Leili" bozi mekard benazir bud. Sad ofarin ba javononi tojik. Az on, ki hamvatanam dar yak filmi kalon va muhimi Ironi hunarnamoi kard iftikhor mekunam.

13.12.2010
7. Khushnud [Материал]
Tashakkuri ziyod baroi musohibai khube ki peshkashi khonandahoi sershumori saitaton peshkash namudaed.
Ba hama salomati, umri daroz va khushihoi zindagiro orzumandam.

21.08.2010
6. Малика [Материал]
Ман гуфтугуи Ситораро дар радиои ВВС тарики сайти www.bbctajik.com шунидам, ба ман макул шуд.
Лекин нагуфтанд, ки киноро кай дар Точикистон нишон медиханд.

10.08.2010
5. nasrullo [Материал]
Ofarin Sitora! хеле шодем аз муваффакияти шумо, бори дигар ба мардуми хамзабон исбот намудед, ки чавонони точик кушршу талоши зиёд доранд ва исьтеъдоди хешро сайкал медиханд, ман хам орзу дорам, ки филмро бинам, бовари дорам, ки накшро хеле табии офаридаед. Сипос ва дуруд.

30.07.2010
4. Rasul [Материал]
Dar chashmi boda dar kujo biyovem, ki tamoshosh kinem?

19.07.2010
3. Umed [Материал]
Ман Ситора Сафароваро аз он даврае, ки у дар телевизиони Точикистон диктор буданд мешиносам. Хеле барандагиашон хуб буд.
Умедворам хар кучое, ки хастанд саломат бошанд.

17.07.2010
2. Khursheda [Материал]
Ассалому алейкум
Ман дар бораи ин филм зиёд шунидаам ва орзу дорам ки дар Точикистон хам ин сериалро нишон диханд ва мо аз тамошои хунарнамоии актёрхои точик дар кинои Эрони лаззат барем.
Хуршеда аз вилояти Сугд

24.06.2010
1. Рустам [Материал]
Аз руи суратхо маълум аст, ки кинои нагз аст.

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Июн 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz