Шанбе, 20.04.2024, 01:25
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 8 » Шуҷоиддини Шифо ғалат мекунад
Шуҷоиддини Шифо ғалат мекунад
17:10

Пурсиш: Дар як китоб ба номи "Таваллуди дигар”, ки муаллифаш Шуҷоиддин Шифо мебошад, хондам, ки вай гуфта: "Ҷаҳони исломӣ дар қарни дуюм то шишуми торихи худ, конуни фарҳанге шукуфо буд, ки донишмандони исломшиноси қарни ахир, ба он, унвони худсохтаи "фарҳанги исломӣ” додаанд, бе он ки ин шукуфоӣ бо дин иртиботе дошта бошад”. (Шуҷоиддин Шифо: саҳ. 416) Оё ин сухани вай дуруст мебошад? Ман худ мусалмонам ва ин сухани вайро беасос мешумурам. Аз шумо мехостам, ки бо овардани далел, иддиои ин худобехабарро бидиҳед.

Посух: Душманӣ бо ойини ислом, пешинаи бас тӯлонӣ ба дарозои торих дорад. Имрӯз ҳам ин амали нофарҷом ҳамчунон побарҷост ва бархе ҳамон иддаоҳои бепоя ва кӯҳнаро барои насли ҳозир матраҳ мекунанд, аммо бо либосе нав ва шигирде ҷадид.

Оре, аз ҷумлаи шубуҳоти беасоси динситезон ин аст, ки мегӯянд, фарҳанги динӣ ҳеҷ таъсире дар пешрафтҳои илмӣ ва фарҳангии ҷаҳон надоштааст. Дар ин ҷумлае ҳам, ки аз ин динситез нақл мекунед, агар таваҷҷӯҳ карда бошед, ӯ зимнан эътироф дорад, ки "Ҷаҳони исломӣ дар қарни дуюм то шишуми торихи худ (ҳиҷрӣ), конуни фарҳанге шукуфо буд”. Яъне ӯ наметавонад асли пешрафтҳо дар ин давронро инкор кунад, аммо саъй менамояд нақши ислом дар ин пешрафтҳоро нодида бигирад ва бо ин шигирд мехоҳад афкори умумиро аз ин омили аслӣ мунҳариф кунад, он ҷо ки мегӯяд, "донишмандони исломшиноси қарни ахир, бад-он, унвони худсохтаи "фарҳанги исломӣ” додаанд, бе он ки ин шукуфоӣ бо дин иртиботе дошта бошад”. Ҳол, ба гунаи муфассал, ба посухи ин шубҳаи кӯҳна мепардозам:

Тамаддуни башарӣ зодаи дин аст

Хешовандии дин, фарҳанг ва тамаддун бо якдигар, амри қатъист ва ин се дар канори ҳам ҳандасаи зиндагии башарро ташкил медиҳанд. Дин ва тамаддун чунон ҳамгароянд, ки ба навиштаи Дэвид Юм (David Hume),"Агар дар пажӯҳиши масоили иҷтимоӣ, омили динро аз ёд бибарем, бахши бузурге аз торих ва тамаддун ва мероси фарҳангии ҷомеаро бояд канор бигузорем”.[1] Ба гуфтаи бархе мусташриқон, "ҳеҷ фаҳанг ва тамаддунеро дар назди ҳеҷ қавме наметавон ёфт магар он ки шакле аз дин дар он вуҷуд доштааст”.[2]

Фюстел де Куланҷ (Fustel de Coulanges)-и фаронсавӣ ҳам, тамаддун ва иҷтимои башариро аз қадимтарин мароҳили худ, зоидаи дин ва таҳти таъсири шадиди он донистааст.[3] Барои пай бурдан ба таъсири як дин дар пешрафтҳои илмӣ ва фарҳангии пайравони он, ибтидо бояд бо асосҳои назарии он, ки бархоста аз мутуни суннатии ҳар динест, ошно шуд. Дар ислом, ин асосҳо, асосҳои бархоста аз Қуръони Карим, суннати набавӣ, сираи саҳоба ва пешвоёни фарзонаи ин дин аст.

Қуръон китоби хирадгаро ва ҷаҳлситез аст

Дар нигоҳи мухтасар ба Қуръон, даъват ба фарогирии дониш ва ташвиқи инсонҳо ба умрон ва ободонии замин дар он, ошкор аст. Оғозин вожаи ин китоби осмонӣ, бо амр ба "хондан” ва "омӯзиш бо қалам” шурӯъ шудааст. Қуръони Карим ба сароҳат мефармояд: "Доноён ва нодонон баробар нестанд”.[4] Корбурди вожаҳои ақл, бурҳон, фикр, фаҳм ва фиқҳ (ки ба маънои фаҳми амиқ аст), ки шумори онҳо ба беш аз 70 мерасад, ба ҳаддест, ки метавон онро "китоби ақлу андеша” номид. Қуръон китоби хирадгаро ва ҷаҳлситез аст ва рафторҳои нобихрадонаи бархе инсонҳоро ба шиддат накӯҳиш мекунад.

Луис Мароччӣ (Louis Maracci) мутарҷими Қуръон ба забони лотин, дар бораи ақлонияти Қуръони Карим менависад: "Ман яқин дорам, ки агар Қуръон ва Инҷилро ба як фарди ғайри диндор ироа диҳанд, ӯ бидуни тардид, аввалиро интихоб хоҳад кард”.[5] Қуръони Карим бо дамидани руҳи ҷадид бар пайкари нимамурдаи сарзаминҳои фатҳшуда, фазои илмӣ ва фарҳангии наве падид овард. Ба гуфтаи Аҳмади Ором, "Дар китоби осмонӣ... ҳар ҷо муносибате пеш омада, одамӣ ба андешидан ва баҳра ҷустан аз хиради хеш барои пай бурдан ба асрори ҷаҳон даъват шудааст. Он ҳама "афало таъқилун” (оё хиради худ ба кор намебандед?), "лаъаллаҳум ятазаккарун” (кош ёдовар шаванд!), "афало ятазаккарун” (оё ёдовар намешаванд?), "фанзуру” (пас назар афканед...) ва назоири фаровони инҳо, ки дар Қуръони Карим омада, ҳама дастурҳоест, ки афроди мусалмонро ба тафаккур ва тадаббур дар ҳар чи офарида шудааст мехонад ва ин худ оғози илму дониш аст. Дар кадом китоб аст, ки бартарии донишмандон бад-ин зебоӣ тавсиф шуда бошад, ки "ҳал яставил лазина яъламуна вал лазина ло яъламун” (оё касоне ки дониш доранд ва касоне ки аз дониш баҳра надоранд баробаранд?) ва ё дар ситоиши ҳикмат ва фарзонагӣ, чунин нағз гуфторе омада бошад, ки "ва ман йуътал ҳикмата фақад утия хайран касиран” (ва он касе ки ҳикмат дода шудааст, ба дурустӣ хайри фаровоне ба ӯ дода шудааст)?”.[6]

Ин Қуръон буд, ки ибтидо афкори мусалмононро мутаваҷҷеҳи фалсафаи офариниш ва фарҷоми ҳастӣ намуд ва бо ёдоварии осори қудрати илоҳӣ, даричае ба сӯи асрори хилқат гушуд ва гомеро ба сӯи пешрафти илмӣ фароҳам сохт. Аз оғози қарни дуюми ҳиҷрӣ, мусалмонон қадам дар наҳзати илмии ҷадид ниҳоданд ва ба суроғи андӯхтаҳои илмии соири милал рафтанд ва зарфи ду қарн (аз нимаи қарни дуюм то авохири қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ) қисмати умдаи улумро аз миллатҳо фаро гирифтанд. Пас аз он, дар партави мантиқи қуръонӣ ва таҷрубаи илмӣ, даст ба ибтикор заданд. Бинобар ин, таваҷҷӯҳи мусалмонон, бархоста аз ҳисси кунҷковӣ буд, ки ба василаи Қуръон ва омӯзаҳои ислом дар онҳо пайдо шуда буд.

Шайх Тантовӣ муфассири мисрӣ, қариби 750 аз ояти Қуръонро марбут ба улум донистааст, дар ҳоле ки оятҳои аҳкоми он, аз ҳудуди 400-у анде оят таҷовуз намекунад. Бо ин баён, маълум мешавад, Қуръони Карим аз ҳамон роҳе, ки фикри тавҳидро дар башар бедор кард, дақиқан аз ҳамон роҳ, башарро дар хатти сайри илмӣ ва кашфи ҳақоиқи ҷаҳони ҳастӣ, ки пояи тамаддун аст, қарор дод.[7]

Аллома Таботабоӣ дар бораи таъсири Қуръон дар пешрафти фарҳанг дар ҷаҳон менависад: "Ба ҷуръат метавон гуфт, ки омили аслии иштиғоли мусалмонон ба улуми ақлӣ; аз табииёт, риёзиёт ва ғайри онҳо, ба сурати нақл ва тарҷума дар оғози кор, ва ба наҳви истиқлол ва ибтикор дар саранҷом, ҳамон ангезаи фарҳанге буд, ки Қуръони Маҷид дар нуфуси мусалмонон фароҳам карда буд... Ва маълум аст, ки маданияти васеъи исломӣ, ки каме баъд аз ҳиҷрат ва реҳлати Расули Акрам (с) қисмати бузурге аз гетиро таҳти тасаллути худ гирифт ва дар он ҳукумат намуд ва билохира имрӯз дар ҳудуди 600 миллион (имрӯза ҳудуди як миллиарду ним) аз ҷамъияти кураи заминро ба номи ислом медорад, яке аз осори боризи Қуръони Маҷид буд... Ва бадеҳӣ аст чунин таҳаввуле, ки яке аз ҳалқаҳои боризи силсилаҳаводиси ҷаҳон мебошад, дар ҳалқаҳои баъдӣ таъсири басазое хоҳад дошт ва аз ин рӯ, яке аз илал ва муқаддимоти таҳаввули имрӯзӣ ва басту пешрафти фарҳанги ҷаҳон, Қуръони Маҷид хоҳад буд”.[8]

Суннати гуфторӣ ва кирдории Расули Худо (с) дар ин замина

Афзун бар Қуръони Карим, суннати гуфторӣ ва кирдории Расули Худо (с) низ мардумро ба андӯхтани илму дониш фаро мехонад. Дар сарзамине, ки шумори касоне ки тавони навиштан доштанд, аз ангуштони даст таҷовуз намекард, паёмоварандаи илоҳӣ мардумро ба ҷустуҷӯи дониш, агарчи бо сафар ба Чин бошад, фаро мехонад. Ӯ донишҷӯиро аз ғаҳвора то гӯр бар ҳар фарди мусалмоне воҷиб карда ва худ низ дар гуфтори зебои "Фиристода шудаам барои таълим”,[9] ҳадаф аз фиристода шуданашро табйин кард. Расули Худо (с) бо тақсими дониш ба "илми адён” ва "илми абдон”, ҷомеаро ба фарогирии ҳар донише, ки барои руҳ ва ҷисми инсон судманд бошад, фаро мехонад. Дар дидгоҳи он ҳазрат (с), мидоди донишмандон, аз хуни шаҳидон бартар дониста шудааст; сухане, ки ба гуфтаи Зигрид Ҳунк (Sigrid Hunke) "Оё Муҳаммад (с) бо гуфтани ин ҷумла, ки "Мидодул уламо афзалу мин димоиш шуҳадо” (Қалами донишмандон бартар аст аз хуни шуҳадо) чизе нагуфта, ки агар он замон дар Рим касе ин ҳарфро мезад, ӯро дар догоҳ ба унвони зидди дин муҳокима мекарданд?[10]

Зигрид Ҳунк (Sigrid Hunke) дар баҳсе ба унвони "Талабул илми ибодатун” (Талаби дониш ибодат аст) менависад: "Дунболи илм рафтанро Муҳаммад (с) чунон ҷиддӣ ба мардону занон тавсия мекунад, ки шабоҳат ба дастуроти динӣ ва ибодот дорад... Шинохти илмии ҷаҳон, табиат ва аҷоиби хилқат ва дарки қавонинаш, барои Муҳаммад (с) ва мусалмонон ҳатто имонашонро муҳкамтар ва амиқтар мекард. Барои онон илм на танҳо монанди масеҳиён мамнӯъ набуд, балки илм чароғи роҳи тараққӣ ва зиндагӣ ва имон маҳсуб мешуд... Тарзи фикри исломӣ ин аст, ки ҳамаи донишҳо аз ҷониби Худо меояд ва ба ӯ роҳ мебарад. Ба хотири ҳамин, дастур медиҳад: "Донишро аз ҳар сарчашмае ҳаст, ба даст овар”. Оре, ба хотири Худо донишро ҳатто аз манобеъ ва лисони бединҳо ва ломазҳабҳо ҳам биёмӯз”.[11]

Дар партави омӯзаҳои зебои исломӣ, донишмандони адёни дигар назди мусалмонон мӯҳтарам буданд. Ба навиштаи Ҷон Давенпорт (John Davenport), "Маъмун фарде масеҳиро ба риёсати донишкадае дар Димишқ интихоб кард ва дар ҷавоби маломатгарон гуфт: "Ӯро интихоб накардаам, ки роҳнамои дини ман бошад, балки барои ин мақсуд аст, ки муаллими улуми табиӣ бошад”.[12]

Достони робитаи илмии Сайид Разӣ, бо доштани мақоми илмӣ ва ҷанбаи хосси руҳонӣ, бо Абӯисҳоқи Собиӣ, бисёр ҷолиб ва омӯзанда аст. Вақте иддае ба ин робита эътироз карданд, ӯ дар ҷавоби мӯътаризон гуфт: "Робитаи ман бо Абӯисҳоқ, робитаи илмӣ ва инсонӣ аст, на робитаи мазҳабӣ”. Ҷолибтар ин ки Сайид пас аз вафоти Абӯисҳоқ, дар сугвории вай, ашъоре суруд ва мақоми илмии ӯро сутуд. Ва боз муҳимтар ин ки ҳар вақт савора аз муқобили қабри ӯ убур мекард, пиёда мешуд ва бад-ин тариқ, эҳтироми худашро ба мақоми мутлақи илму дониш нишон медод”.[13]

Афзун бар суннати гуфтории Паёмбар (с), ки мушаввиқи мусалмонон дар фарогирии улум буд, сираи рафтории он ҳазрат (с) низ онро таъйид мекард. Ӯ вақте бо ду маҷлис мувоҷеҳ шуд, ки дар яке дуо мехонданд ва дар дигаре гуфтугӯи илмӣ менамуданд, бо нек шумурдани ҳар ду кор, гуфтугӯи илмиро афзал дониста, худ ба гурӯҳи ахир пайваст.[14] Дар ҷиҳати ҳамин таваҷҷӯҳ ба фарогирии дониш аст, ки дар ҷанги Бадр, сарбаҳои озодии ҳар асирро омӯзиши хондан ва навиштан ба даҳ мусалмон қарор дод,[15] ва дар пайравӣ аз ҳамин сираи набавӣ аст, ки мусалмонон шарти озодии асирони ҷангии чиниро, ки дар шаҳри Самарқанд оварда буданд, идомаи шуғли собиқашон қарор доданд, чун усаро дар корхонаи коғазсозӣ кор мекарданд. Ҳамин сабаб шуд, ки дар шаҳри Самарқанд санъати коғазсозии муҳимме рушд кард.[16] Хулоса ин ки Қуръони Карим афкори пайравони хешро барои андешидан басиҷ кард ва аҳодиси набавӣ ҷони ташнаи мӯъминонро барои дарёфти донишҳои гуногун бо азми росих ба ҳаракат водошт.

Саҳми мусалмонон дар пешрафти улум

Садаҳои нахустини исломӣ, ба вижа қарни дуюм то панҷум, асри тиллоии ҷаҳони ислом аст. Мусалмонон бо меҳварияти Қуръон ва бо илҳом аз таолими Паёмбар (с) ва бо кӯмаки андӯхтаҳое, ки аз Ғарбу Шарқ гирифта ва бо омӯзаҳои ислом омехта буданд, ба пешрафтҳои илмӣ ва фарҳангии хубе даст ёфтанд. Шаҳрҳои муҳимми дунёи ислом ба сурати марокизи илму фарҳанг даромаданд ва донишмандон ибтикороти худро арза намуданд. Ин руҳи ислом ва фарҳанги динии он буд, ки пазирои бисёре аз донишмандоне гашт, ки аз фишори таассубомези ҷонишинони импротур Жустаниан дунболи паноҳгоҳе буданд. Инҳилоли фарҳангистонҳои фалсафа ва тиб дар Эдессе ва Нусайбин, устодон ва донишҷӯёни ин марокизро ба Ирон ва Арабистон паноҳанда сохта буд.

Масҷид, ки аз пуррангтарин намодҳои дину мазҳаб аст, дар дунёи ислом то пеш аз таъсиси мадорис, маҳалли омӯзиши донишҳои гуногун буд ва ҳанӯз дар марокизи илмии динӣ, масҷид маҳалли талоқии устоду шогирд ва баҳсу гуфтугӯҳои илмӣ миёни донишпажӯҳон аст.

Густав Лебон (Le Bon Gustave) ҷиддиятеро, ки мусалмонон дар фаро гирифтани улум аз худ буруз доданд, ҳайратангез дониста, зимни пешгом донистани онон дар ин хусус, менависад: "Онҳо ҳар вақт шаҳреро мегирифтанд, аввалин иқдомашон бинои масҷид ва омӯзишгоҳ буд”.[17]

Дигар марокизи муҳимми илмии дунёи ислом дар садаҳои нахустин ҳамчун Байтул-ҳикмаи аббосиён ва Дорул-илми фотимиёни Миср, маҳалли ҳузури донишмандон аз ҳар нажоду мазҳаб буд. Афзун бар инҳо, мадориси Низомияи Бағдод, мударрисон ва донишомӯхтагони барҷастае ба ҷаҳон пешкаш кард. Мудорои марокизи илмии дунёи ислом бо ҳузури андешмандони нажодҳо, миллатҳо ва гаройишҳои гуногун, мутаассир аз фарҳанги исломӣ буд, ки бо такя бар муштаракоти адёну мазоҳиб, саъй дар коҳиши авомили тафриқа дошт. Бештари донишмандони улуми таҷрибӣ дар дунёи ислом, дар ҳавзаҳои динӣ таҳсил карда буданд, балки метавон гуфт, дар садаҳои нахустин тафкике миёни маҳалли таҳсили донишомӯхтагони улуми таҷрибӣ ва динӣ набуд ва бештари уламои улуми таҷрибӣ ё олими дин буданд ва ё бо он ошноӣ доштанд.

Поёни посух

Кимиёи саодат

Бахш: Пурсишу посухҳои ақоидӣ | Просмотров: 891 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 1
09.01.2011
1. Назир Аминов [Материал]
Тамаддуни башарӣ зодаи дин аст!!!
http://www.meshet.kz/ru/video1_6.html

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz