Панҷшанбе, 25.04.2024, 16:08
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 20 » Шайх Рошид Ғаннушӣ, раҳбари Наҳзати Исломии Тунис
Шайх Рошид Ғаннушӣ, раҳбари Наҳзати Исломии Тунис
23:16

Бисёре аз таҳлилгарон ояндаи Тунисро ба далели надоштани раҳбари воҳиде мубҳам тавсиф мекунанд, аммо ба назар мерасад, бозгашти Шайх Рошид Ғаннушӣ раҳбари Наҳзати Исломии Тунис, ки аз пойгоҳи мардумии камназире бархӯрдор мебошад, метавонад ин халаъро пур кунад.

Дар ин навиштор бар онем то партаве бар зиндагӣ ва фаъолиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ин донишманд ва сиёсатмадори барҷастаи исломии Тунис бияфканем.

Рошид Ғаннушӣ дар соли 1941 дар рустои кӯчаке дар ҷануби Тунис мутаваллид шудааст. Вай мадориҷи таҳсилиро ба тартиб дар Халдуния, Қоҳира, Сурия ва Порис гузаронд, аммо ба далели мушкилоти хонаводагӣ, таҳсил дар Урупоро раҳо кард ва ба Тунис бозгашт ва ба унвони устоди фалсафа машғул ба кор шуд.

Вай, пас аз чанде, бо Абдулфаттоҳ Муру, Ҳамида Аннафир ва Салоҳиддини Ҷуршӣ ошно шуд. Ин ҳастаи чаҳор нафара таҳти ҷамъияти "Ҷамъияти посдори Қуръони Карим” фаъолият мекарданд. Дар соли 1970, аввалин ҳалқаи дарсу баҳси ин ҳаста, ки ҳудуди 30 то 35 ҳазор нафарро дарбар мегирифт, дар масҷиди Саидӣ Юсуф ташкил шуд. Аксари ин афрод донишҷӯёни ҷавоне буданд, ки дар окодемии Ибни Шараф шогирди Шайх Ғаннушӣ буданд.

Аз оғози даҳаи 60, давлати Тунис тавониста буд тамоми вобастагон ба мадрасаи Зайтуна (бузургтарин маркази илмии исломии Тунис)-ро бо худ ҳамроҳ кунад. Насли ҷадиди ҷунбиши исломӣ ба раҳбарии Шайх Рошид Ғаннушӣ ба шайхҳои Зайтуна эрод мегирифтанд ва ононро насле медонистанд, ки амонати илоҳии худро ба секулярҳо таҳвил додаанд.

Китоби "Ҷунбиши исломии Тунис” дар ин маврид, аз забони Шайх Ғаннушӣ мегӯяд: "Мо дигар ба бозмондагони мадрасаи Зайтуна ба унвони улгуе, ки бояд аз онҳо табаият шавад, наменигарем. Мо ба Саид Қутб, Ҳасан Албанно ва Мавдудӣ чашм дӯхтаем. Раҳбарони мо инҳо ҳастанд, зеро парчами ислоҳоти исломиро барафтроштаанд. Ман ба дунболи касе ҳастам, ки ба ӯ, ба унвони ислоҳталабе, ки зидди секуляризм ва фасод вориди ҷанг мешавад, иқтидо кунам”.

Рошид Ғаннушӣ бо интишори моҳномаи Алмаърифат дар авоили соли 1970 нахустин ҳастаи ҳаракати исломии Тунисро ташкил дод ва ба ҳамин далел бо мушкилоти фаровоне рӯбарӯ шуд. Ӯ ҳатто то пойи чӯбаи дор рафт, аммо саранҷом ба хориҷ аз кишвар табъид шуд.

Вай дар соли 1980 барои аввалин бор зиндони сиёсиро таҷриба кард ва пас аз озодӣ аз зиндон, ба кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс, Эрон, Судон ва Лубнон сафар кард.

Ин раҳбари ҳаракати исломӣ таълифоте дар заминаи масоили иҷтимоӣ ва фалсафаи исломӣ дорад, ки баъзе аз онҳо дар кишварҳои Миср, Судон, Алҷазоир, Туркия, Фаронса ва Эрон ба чоп расидаанд.

Вай акнун дар Ландан ва дар табъид басар мебарад ва бо таваҷҷӯҳ ба таҳаввулоти ахири кишвари Тунис, қасди баргашт ба зодгоҳашро дорад. Албатта набояд вайро ба далели ташобуҳи исмӣ бо Муҳаммад Ғаннушӣ раиси ҷумҳури муваққат ва феълии Тунис иштибоҳ гирифт.

Ба ҳамин муносибат ва барои ошноии бештар бо ин раҳбари инқилобӣ, муаррифии ду китоби вай бо номҳои "Ҳаракати Имом Хумайнӣ ва таҷдиди ҳаёти ислом” ва "Масъалаи Фаластин ва моҳияти тарҳи саҳюнизм” дар пай меояд:

1. Ҳаракати Имом Хумайнӣ ва таҷдиди ҳаёти ислом:

Ин китоб, ба ҳиммати Саидҳодии Хусравшоҳӣ ба забони форсӣ низ тарҷума шудааст. Мавзӯи китоб дар бораи инқилоби исломии Эрон ва раҳбарии ин ҳаракат аст, ки аз дидгоҳи муаллиф, мӯҷиби таҷдиди ҳаёти ислом дар замони мо гардидааст.

Ин китоб аз як муқаддима ва чаҳор бахш ташкил ёфтааст. Бахши аввали ин китоб, "Имом Хумайнӣ ва раҳбарии ҳаракатҳои исломӣ, Ихвонул муслимин, Ҷамоати исломӣ ва Ҳаракати исломии Эрон” ном дорад, ки нависанда ба муқоисаи татбиқии се ҳаракати исломии барҷастаи муосир дар ҷаҳони ислом мепардозад ва барҷастагиҳо ва тамоюзоти Имом Хумайнӣ ва инқилоби исломиро нисбат ба дигар ҳаракатҳои исломии муосир ба исбот мерасонад.

Мақолаи "Инқилоби исломии Эрон, пештози ҳаракати ҷаҳонии ислом” бахши дуюм ва мақолаи "Таҷдиди ҳаёти ислом: ҳокимияти уламо ё рӯшанфикрон” унвони бахши сеюми китоби ҳозирро ташкил медиҳад. Бахши чаҳоруми китоб, ҳам гуфтугӯи нашрияи Алақида-и Алҷазира бо Рошид Ғаннушӣ дар бораи ҳаракати исломии Тунис ва Эрон аст, ки тайи он, дидгоҳҳои Наҳзати Исломии Тунис дар бораи инқилоби Эрон табйин мешавад.

2. Масъалаи Фаластин ва моҳияти тарҳи саҳюнизм:

Таҳлилҳои сиёсии ин китоб, дар авоили даҳаи 80 тавассути Шайх Рошид Ғаннушӣ, раҳбари Наҳзати Исломии Тунис, ба унвони таҳлилҳои дарунташкилотӣ  барои мутолиаи кадрҳои ҳаракати исломӣ навишта шудааст.

Ин таҳлилҳо дар айёми ҳузури Хусравшоҳӣ, мутарҷими форсии китоб, дар Италия ба унвони сафири Эрон дар Ватикан, ба дасти вай мерасад ва аз он ҷо ки ҳаракати исломӣ ба раҳбарии Ғаннушӣ, таҳти фишори шадиди режими Ҳабиб Бурқиба (раиси пешини Тунис) буд, Хусравшоҳӣ тарҷума ва нашри ин матолибро дар он замон салоҳ надонист. Чаро ки Ғаннушӣ ба иллати ҳаводории аланӣ аз инқилоб ва раҳбари Эрон, таҳти таъқиби қонунӣ буд.

Ин таҳлилҳо, ки ба таносуби ҳаводиси минтақа навишта шудааст, бо таваҷҷӯҳ ба нақши мусбати Созмони Озодибахши Фаластин дар он давронҳо, ба зоҳир лаҳни дифоъ аз созмонро дорад, вале таҳлилҳои баъдӣ, рӯшангари ҳақоиқ ва ифшогари моҳияти мокёвеллистии сиёсатбозони фаластинӣ аст.

Нусхаи арабии ин китоб бо унвони "Қазияту Фаластин байна муфтарақут тариқайн” ва бо имзои мустаори Устоз Маоз Собир мунташир шуд. Маҷмӯаи мабоҳиси ин китоб, дидгоҳҳои Наҳзати Исломии Тунисро дар бораи Фаластин, "Исроил”, моҳияти режими фашистии сарҳангҳои ҳоким бар Тунис монанди Ҳабиб Бурқиба, интифоза ва инқилоби исломии Эрон нишон медиҳад.

Ин китоб дар шаш бахш танзиму тадвин шудааст, ки масъалаи Фаластин бар сари дуроҳӣ, конфронси ФОС, таҷрибаҳои мусбат ва манфии инқилоби Фаластин, моҳияти тарҳи саҳюнистӣ, "Аз куҷо оғоз кунем?” ва марказияти масъалаи Фаластин, ановини он ҳастанд.

Матни арабии ин китоб фоқиди се бахши охир аст, ки "Моҳияти тарҳи саҳюнистӣ” матни суханронии устод Ғаннушӣ дар "Конфронси исломии Фаластин” дар Теҳрон ва "Аз куҷо оғоз кунем?” матни суханони вай дар мизигирди "Андешаҳои Имом Хумайнӣ дар бораи Фаластин” аст, ки дар Теҳрон баргузор шуд.

"Марказияти масъалаи Фаластин” ҳам, тарҷумаи гуфтугӯи ҳафтаномаи Алақида (чопи Алҷазоир) бо Ғаннушӣ пас аз бозгашти вай аз конфронси Теҳрон аст ва вай зимни муаррифии Наҳзати Исломии Тунис ва фаъолиятҳояш, ҳақоиқеро дар бораи Фаластин ва конфронси Теҳрон баён мекунад.

Кимиёи саодат

Бахш: Машоҳири исломӣ | Просмотров: 805 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz