Ҷумъа, 26.04.2024, 00:58
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Феврал » 13 » Решаи қиёми мардумӣ дар Тунис ва Миср; шикам ё эҳсоси ҳақорат?
Решаи қиёми мардумӣ дар Тунис ва Миср; шикам ё эҳсоси ҳақорат?
05:02

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Агар фарзро бар ин гирем, ки "шикам” низ метавонад аз омилҳои муассир дар хезиши мардумӣ бошад, ончи ба назар мусаллам мерасад, ин аст, ки мардумоне, ки бад-ин хотир қиём мекунанд, чи басо бо таъмини мояҳтоҷи он шикам, зуд фурӯкаш шаванд, на ин ки ҳозир бошанд то охирин нафас даст аз таҳаррук ва қиёми хеш барнадоранд ва ҳатто омодаи кушта шудан дар роҳи таҳаққуқёбии хостаҳо ва аҳдофи худ бошанд.

Решаи аслии хезиши мардумӣ дар Тунис ва Миср, ки мунҷар ба сарнагунии ду диктотур ва фароҳам омадани заминаи барпоии низоми мардумсолорӣ дар ин ду кишвари арабӣ шуд, чист? Оё масъала, танҳо масъалаи "шикам” буд, чунон ки бештари коршиносҳо ва таҳлилгаронро имрӯз бовар чунин аст? Ё на, масъала, фаротар аз он аст? Ин ки шиори қиёмкунандагон дар оғоз, "шикам” буд ва мушкилоти иқтисодӣ, бекорӣ, гаронӣ ва аз ин қабил масоилро иллати қиёми худ алайҳи ҳукуматашон қаламдод мекарданд, рӯшан аст, ки "баҳонае” беш набуд; асосан наметавонистанд ҳадафи аслии қиёми худро аз ҳамон оғоз бармало ва ҳувайдо кунанд, зеро эъломи он, чи басо бар зарарашон тамом мешуд. Ин матлаб, басон рӯшноии хуршед, барои ҳар таҳлилгари жарфнигар ҳувайдост.

Ба илова, вазъи мардуми Тунису Миср (ба вижа Тунис) ба лиҳози иқтисодӣ, чандон ҳам вахим набуд, ки дигар аз гуруснагӣ косаи сабрашон лабрез ва онгоҳ фарёдашон баланд шуда бошад, балки вазъашон дар ин ҷиҳат ба маротиб беҳтар ва некӯтар аз ҳоли мардумони бисёре аз кишварҳои ҷаҳони сеюм (чун кишвари мо, ки қалам аз баёни вахомати он шармсор аст) буд ва ин ҳақиқат низ бар ҳар коршиносе огоҳ рӯшан аст.

Воил Ғунайм, ҷавони мисрие, ки имрӯза ба як қаҳрамон табдил шудааст; ҳамон касе, ки бо роҳандозии анҷуманҳое дар пойгоҳҳои Фесбук ва Твиттер, тавонист садҳо ҳазор ҷавони мисриро аз ин тариқ водор ба таҳаррук ва қиём намояд ва имрӯз дигар маълум шуд, ки ҳамин ҷавон буда, ки мисриёнро ба қиём дар 25 январи соли ҷорӣ хондааст, дар мусоҳиба бо шабакаҳои хабарӣ, вақте аз ӯ пурсиданд, ангезаи вай ва ҳамандешонаш аз ин иқдом чӣ будааст, гуфт, ман ҳама чиз дорам; аз назари иқтисодӣ ҳеҷ камбуде надорам; танҳо чизе ки ман ва ҳамандешонамро водор ба таҳаррук ва қиём намуд, ин эҳсоси ҳақорате буд, ки дар баробари худкомагӣ ва зӯргӯии ҳокими кишварамон дар моён эҷод шудааст ва мо ҷавонони мисрӣ дар баробари ӯ ҳеҷ будем.

Оре, реша ва омили аслии ин хезишҳо, эҳсоси ҳақорате буд, ки солиёни дароз мардумони ин ду кишвар, ба хусус ҷавононаш, дар баробари худкомагӣ ва зӯргӯии ҳукуматдорон ва ба вижа фарди шумораи аввал дар ин ду кишвар яъне Зайнулодбидин бен Алӣ ва Ҳусни Муборак, руасои ҷумҳури пешини Тунис ва Миср, ба он дучор шуда буданд.

Инсон, аз он ҷо ки инсон аст ва Худояш ӯро каромат додааст, мехоҳад гиромӣ ва озод зиндагӣ кунад, хусусан инсони имрӯз; инсони қарни бисту якум. Инсони имрӯз мехоҳад бе ҳеҷ тарсу ҳаросе озодона афкор ва андешаҳояшро иброз бидорад; намехоҳад касе монеи ӯ дар ибрози ақоидаш бишавад; мехоҳад дар рақам хӯрдани сарнавишти кишвараш ва дар интихоби ҳоким ва намояндагони маҷлис ва порлумони кишвар саҳмгузор бошад; мехоҳад, вақте аз сӯи ҳокими кишвар хато ва иштибоҳе сар мезанад, озодона аз ӯ интиқод намояд; мехоҳад сухан ва ҳарфи ӯ гӯши шунавое дошта бошад... Чаро? Чун инсон аст; асосан инсонияти инсон ба ҳамин чизҳост, на танҳо ба беҳбуди вазъи иқтисодӣ ва сер будани шикам.

Инсон, агар ҳанӯз хилъати инсонӣ дар бар ва хӯи баҳоим нагирифта ва барои худ ва соири инсонҳое мисли худ эҳтиром қоил бошад, ҳаргоҳ аз озодӣ, каромат, шарофат, иззат, сарбаландона зистан ва хулоса аз тамомии он ҳуқуқе, ки Худояш ӯро бахшидааст, маҳрум карда шавад, қиём мекунад, бармехезад ва фарёд мезанад ва то замоне ки ин ҳуқуқи мусаллам ва худодии хешро бознаситонад, фурӯкаш нахоҳад шуд, даст нахоҳад бардошт ва ҳозир хоҳад буд дар роҳи бозситонидани ин ҳуқуқ ҷонашро фидо кунад ва кушта бишавад. Чаро ки вай маргро бар зиндагии ҳамроҳ бо маҳрумият аз ин ҳуқуқ тарҷеҳ медиҳад.

Оре, ин аст ва ҷуз ин нест, ки маҳрумият аз ҳуқуқи номбурда буд, ки мардуми Мисру Тунисро водор ба қиём намуд, на ғами шикаму эҳсоси тангноии иқтисодиву аз ин қабил мушкилот. Бинобар ин, дур аз инсоф аст агар иллати қиёми мардуми ин ду кишварро фақат маҳрумиятҳои иқтисодӣ ва гуруснагӣ бидонем ва онгоҳ таҳлилгарону коршиносони сиёсӣ, ҳуккоме амсоли Бен Аливу Муборакро, барои он ки сарнавиште чун сарнавишти ин ду худкома гиребонгирашон нашавад, танҳо ташвиқ бар анҷоми ислоҳоти иқтисодӣ намуда ва аз иҷрои ислоҳоти решаии сиёсӣ сарфи назар кунанд.

Одамӣ, ҳатто он ҷо ки то гулӯ шикамаш пур ва аз ноҳияи иқтисодӣ ҳеҷ мушкиле надошта бошад низ, агар аз ҳуқуқи мусаллами инсонияш, ки дар боло ёдовар шудем, маҳрум бимонад, боз ҳам қиём хоҳад кард. Болотар аз ин, дар мантиқи ойини мубини ислом, ҳаргоҳ фақру надорӣ гиребонгири одамӣ бишавад, бештар хӯи зиллат ва хорӣ хоҳад гирифт то хӯи иззату каромату шараф, ки муҳиррики аслии мардумон барои таҳаррук дар бештарин қиёмҳо ва хезишҳои мардумӣ дар тӯли торих будааст. Паёмбари азимушшаъни ислом ҳазрати Муҳаммад (с) дар ин бора мефармоянд: "Фақр ва надорӣ, наздик аст инсонро ба куфр бикашонад”. Дар тафсири ин сухан, баъзе аз бузургони динии мо гуфтаанд, ки муроди он ҷаноб (с) ин нест, ки касе ки фақир аст, кофир хоҳад шуд, балки манзур он аст, ки вақте инсон ба фақру надорӣ дучор мешавад, ночор даст ба ину он дароз хоҳад кард то шиками худ сер кунад, ва ин, нохудогоҳ одамиро хору залил ва пазирои ҳар зулму ситаме хоҳад намуд, ки зиллату хорӣ дар мантиқи ислом, худ навъе куфр унвон шудааст.

Кимиёи саодат

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 648 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 1
15.05.2014
1. Sinem [Материал]
Knocked my socks off with knledwoge!

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz