Шанбе, 20.04.2024, 18:55
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 6 » Посухи пурсише дар мавриди никоҳи муваққат
Посухи пурсише дар мавриди никоҳи муваққат
00:33

Салом Устод, Мехоҳам дар масъалае, ки боиси ихтилоф байни шиъаву суннӣ ҳаст рӯшанӣ андозед. Пеш аз савол мехоҳам гӯям, ки маро ба мазҳабталошӣ айбдор накунед. Мақсуди ман ин нест. Фақат ҳақиқатро донистан мехоҳам. Пурсиш: Никоҳи муваққат, ё сиға, ки Ахли суннат онро ҳаром мешумораду вале дар Шиъа он равост, чӣ гуна шарҳ медиҳед? Ва хамчунин фарқи никоҳи муваққат ва зинои имрӯза (проститутция) дар чист? Дар зино низ розигии ҳар ду тараф дар аксар вақт ҳаст. Инчунин шарти мусалмоние, ки дар никоҳ омадааст, дар ду мусалмони зинокор ҳаст. Агар фарқ танҳо хутбаи мулло бошад ин хандаовар аст.

Агар мегӯед никоҳи муваққат дуруст аст, пас бигӯед, он заноне ки дар як муддати кӯтоҳ ба никоҳи касе медароянду ҳам замоне талоқ мекунандашон, чӣ гуна зиндагӣ мекунанд? Дар ҷамъияти исломӣ инчунин занро бисёриҳо намехоҳанд, ки ҳамсари доимиашон бошад. Номуси исломиашон намебардорад. Оё ин занҳо то охири умр ҳар рӯзу ҳафтае зани як шахси дигар шуда мегарданд? Ва ин ҳам то сини 40-солагӣ. Баъде ки ҳусну малоҳаташон коҳиш ёфт, касе ба онҳо нигоҳ намекунад. Ба болои ин, боз гузаштаашон доғдор аст, ки боиси ангуштнамо шудани ин тоифа занон мешавад. Оё Ислом ҳамин гуна тарбият мекунад моро?

Агар мегӯед дуруст нест, пас бигӯед, ки мусалмоне, ки дар муддати зиёде дар мусофират қарор дораду имконияти ҳамсарашро назди худ овардан надорад чӣ кор кунад? Яъне ҳоҷати шаҳвонияшро чӣ гуна барорад ва фатвое, ки бо дасташ шаҳвати хешро сокин кунад дуруст аст?

Муҳиббулло Мақсадов

Посух: Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ, бародари азиз! Суолеро, ки матраҳ фармудед, суолест, ки на танҳо зеҳни мубораки шуморо андармон карда, балки ба ҷиҳати ихтилофӣ буданаш миёни аҳли суннат ва шиаён, суолҳои мутааддидеро пушти сари ҳам, пеши рӯи ҳар мусалмоне ба вуҷуд оварда, ки посухи онҳо на чандон осон аст. Бинобар ин, камина саъй мекунам бо такя бар манобеи фиқҳии мӯътабар, камар ба посухи ин пурсиш бибандам. Аммо дар оғоз ниёз ба ёдоварии ду муқаддимаи кӯтоҳ аст, ки хоҳиш мешавад андаке ҳавсала ба харҷ дода, ба онҳо таваҷҷӯҳ бифармоед:

1. Мусалмононе, ки имрӯза дар ҷаҳон ба унвони мусалмон шинохта мешаванд, гарчи ҳамагон мусалмон ва бародари ҳамдигар ҳастанд ва дар мусалмонӣ ва мусалмон будан дар пеши Худованд аз якдигар ҳеҷ фарқе надоранд ба ҷуз бо андозаи тақво ва парҳезгорияшон, аммо бо вуҷуди ин, дар порае аз эътиқодот ва низ миқдоре аз аҳкоми шаръӣ, бо ҳам ихтилофи назар доранд, ва ин ихтилоф ҳам бармегардад ба ихтилофи назари соҳибмазҳабон ва муҷтаҳидон, ва ойини муқаддаси ислом, ихтилофи назари муҷтаҳидон ва соҳибназаронро пазируфтааст ва онро мояи раҳмат донистааст (чунон ки паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: "Ихтилофи уммати ман раҳмат аст”) ва балки бархе аз бузургони дини мо онро мояи пешрафти уммат донистаанд.

Ривояте ба ин мазмун ҳаст, ки мегӯяд, агар назару иҷтиҳоди яке аз онҳо дуруст ва мутобиқ бо ҳукми воқеии Худо буд, ӯ шоистаи ду аҷр ва ду подош аст, аммо агар раъйу иҷтиҳодаш нодуруст ва мутобиқ бо ҳукми воқеии Худо набуд, сазовори як аҷру подош дар назди Парвардигор аст. Яъне дар ҳар ду сурат; чи мутобиқ бо ҳукми воқеӣ бошад ва чи набошад, муҷтаҳид мустаҳиққи подоши илоҳӣ мебошад.

Аллома Шайх Юсуф Қарзовӣ, мазоҳиберо, ки имрӯза мазҳабҳои исломӣ дониста шуда ва пайравонаш мусалмон ба шумор меоянд, инчунин шарҳ медиҳад: "Пайравони мазҳабҳои маъруф дар ҷаҳони ислом, ки уммати ислом аз онҳо ташкил ёфтаанд, (иборат ҳастанд аз): мазоҳиби фиқҳӣ, ки ӯҳдадори баёни аҳкоми амалии ислом ҳастанд мисли мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат (ҳанафӣ, шофеӣ, моликӣ ва ҳанбалӣ) ва мазҳаби зоҳирӣ ва ҳам мазоҳиби эътиқодӣ ва каломӣ, ки бар пояи бардоштҳои худ аз усули дин шакл гирифтаанд мисли мазҳаби ашъарӣ (мансуб ба Имом Абулҳасани Ашъарӣ) ва мазҳаби мотуридӣ (мансуб ба Имом Абӯмансури Мотуридӣ) ва ҳам мазоҳиби фиқҳӣэътиқодӣ мисли мазҳаби ҷаъфарӣ (мансуб ба Имом Ҷаъфари Содиқ, ки ба мазҳаби шиа низ маъруф аст) ва мазҳаби зайдӣ (мансуб ба Имом Зайд ибни Алӣ) ва мазҳаби ибозӣ (мансуб ба Абдуллоҳ ибни Ибози Тамимӣ). Ин мазоҳиб ҳамагӣ аркони имонро, ки дар Қуръон омадааст бовар доранд... Ин мазоҳиб ҳамчунин ба аркони амалии ислом: шаҳодатайн, намоз, закот, рӯзаи рамазон ва ҳаҷҷи хонаи Худо имон доранд. Ҳамчунин ба аҳкоми қатъии ислом имон доранд...”[1]

2. Муқаддимаи дуюм он аст, ки мусалмон, дар робита бо амал ба аҳкоми шариат, ду ҳолат дорад: ё худаш муҷтаҳид ва соҳибназар дар маорифи исломӣ аст, ки дар ин сурат, ӯ аз ҳеҷ мазҳабе пайравӣ намекунад, балки мустақиман ва бевосита аҳкоми шаръиро аз манобеъ (Қуръон, суннат, иҷмоъ ва ақл) истинбот мекунад, ва ин кори осоне нест, ва муҷтаҳидон ангуштшумор мебошанд. Бузургоне чун Имом Абӯҳанифа, Имом Шофеӣ, Имом Молик, Имом Аҳмади Ҳанбал, Имом Авзоӣ, Имом Абӯлайси Самарқандӣ ва ғайра аз пешиниён ва бузургоне чун Шайх Қарзовӣ, Муҳаммадсаид Рамазон Бутӣ, Имом Хумайнӣ ва ғайра аз муосирон, соҳибназар ва муҷтаҳид дар маорифи исломӣ маҳсуб мегарданд ва теъдодашон хеле андак аст. Ва ё худаш муҷтаҳид ва соҳибназар нест, ки дар ин сурат, вазифааш пайравӣ аз раъйи яке аз муҷтаҳидон аст ва дар донистани ҳукми масоили шариат, вазифае ҷуз пайравӣ ва тақлид аз раъйи муҷтаҳид надорад. Ӯ ҳақ надорад, ки худаш бевосита ҳукмеро аз Қуръон ва ё суннат истинбот кунад магар замоне ки ба мақоми иҷтиҳод даст ёфта бошад. Ҳоли аксари мусалмонони имрӯз ҳамин аст; яъне бояд дар аҳкоми шариат, муқаллиди яке аз мазоҳиби исломӣ бошанд. Ҷомеаи мо низ, чунон ки медонед, бештарашон пайрави мазҳаби Имом Абӯҳанифа мебошанд ва дар амал ба аҳкоми шариат, вазифае ҷуз пайравӣ ва тақлид аз раъйи ӯ надоранд магар ин ки муҷтаҳид бошанд.

Ҳол, бо таваҷҷӯҳ ба ин ду муқаддима, гӯем, агар аҳёнан дидед як масъала (масалан никоҳ) ҳукмаш дар як мазҳаби дигаре, бо ҳукми он дар мазҳабе, ки шумо аз он пайравӣ мекунед, фарқ дошта бошад, шумо ба ҳукми муқаллид буданатон, вазифае ҷуз пойбандӣ ба ҳукми он дар мазҳаби худатон надоред, зеро шумо муҷтаҳид нестед.

Бархе пайдо шудаанд, ки ҳамин ки ҳадис ва ё ривояте биёбанд ва саҳеҳ бошад, ба он часпида ва мухолифи раъйи соҳибмазҳабашон амал мекунанд. Агар бипурсед, чаро чунин мекунед, мегӯянд дар фалон ривояти саҳеҳ омадааст, ки масалан Омин-ро баланд бихонед ва ё дар фалон ривояти саҳеҳ хондаам, ки гуфтааст, ки бархе аз саҳобагон ба никоҳи муваққат фатво додаанд. Ин чунин шахс дар воқеъ мазҳабро раҳо карда, худаш мазҳаби дигаре дуруст кардааст. Яъне дар воқеъ касе ки муҷтаҳид нест, хештанро дар мақоми иҷтиҳод гузошта, ҳукмеро аз Қуръон ё суннат истинбот намудааст, ки барои як муқаллид, ба ҳеҷ ваҷҳ ҷоиз намебошад. Ҳол, агар пайрави ҳамон мазҳаб гардида ва қаноати дарунӣ пешаш ҳосил шуда ва эълом кунад, ки ӯ аз ин пас шофеӣ ва ё салафӣ ва ё шиа мебошад, ҳарфе нест, аммо дар ин сурат ҳам, бояд муқаллид ва пайрави яке аз муҷтаҳидон бошад то модоме ки худ ба мақоми иҷтиҳод нарасидааст.

Албатта, ин гуфтаи мо ба ин маъно нест, ки мо ҳақ надорем ба Қуръону суннат муроҷеа намоем. Ҳаргиз чунин нест, набояд суибардошт бишавад. Ҳар мусалмоне, ба ҳукми мусалмон буданаш, вазифа дорад ҳамарӯза ҳадди ақал як пора аз Қуръон қироат намояд ва дар оятҳои қуръонӣ тадаббур бикунад, ва ҳамчунин вазифа дорад ҳамарӯза чанд то аз ҳадисҳои ҳазрати Паёмбар (с)-ро бихонад.

Инак, баъд аз баёни ин матолиб, масъалаи никоҳи муваққатро бо такя ба суханон ва фатвоҳои фуқаҳои мазоҳиби исломӣ баён хоҳам кард:

Давоми посухро ин ҷо бихонед...

Бахш: Пурсишу посухҳои фиқҳӣ | Просмотров: 1348 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 4.0/1 |
Всего комментариев: 2
01.05.2011
2. абдуллох [Материал]
аз овардани мазхабу равияхои боитлу зараровар ба Точикистони азиз хазар кунед. чаро ки ташвику таргиби чунин афкору арзищхои ботил дар точикистони азиз окибатхои хуб ба бор нахохад овард!!!!!!!!!!!!!

01.05.2011
1. абдуллох [Материал]
аз Худо шарм бояд кард..... огои Сайидюнус Истравшани

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz