Ҷумъа, 29.03.2024, 01:09
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Сентябр » 13 » Перомуни назарияи Стивен Ҳокинг дар бораи хилқати олам
Перомуни назарияи Стивен Ҳокинг дар бораи хилқати олам
22:16

Сайид Маҳмуд Бурҳонов, коршиноси аршади маорифи исломӣ

Ахиран, физикдони маъруф Стивен Ҳокинг назарияе дар боби хилқат ва офариниш матраҳ намуда, ки гузориши кӯтоҳе аз он дар сайти BBC-и тоҷикӣ дарҷ шудааст. Ин физикдон дар ин назария гӯё иддао кардааст, ки тибқи назарияи "Инфиҷори бузург” (Big Bang),[1] метавон ин эҳтимолро дод, ки ҷаҳон аз ҳеҷ ба вуҷуд омадааст, ва тибқи ин назария, ниёз ба худое, ки ҷаҳонро ҳалқ карда бошад нест.

Роқими сутур, дар ин навиштор, роҷеъ ба ин дидгоҳи ахири ҷаноби Ҳокинг мулоҳазоте чанд марқум менамояд. Ин навишта, аз ду қисмат иборат буда, ин ҷо қисмати аввал пешкаши хонандаи азиз мешавад.

Дар оғоз лозим аст ёдовар шавам, ки камина ин ҷо намехоҳам баҳси физикӣ намоям ва иддао ҳам надорам физикдонам, балки фақат мехоҳам миқдоре дар ин масъала рӯшанӣ биандозам, ки оё аслан масъалаи хилқат рабте ба назарияҳои физикӣ дорад ё на? Ба иборати дигар, оё метавон бо равиши улуми таҷрибӣ, дар бораи ин масъала ва монанди он изҳори назар кард?

Мо мегӯем агар шумо як физикдон ҳастӣ ва бо равиши физикӣ мехоҳӣ ба мавзуоти физикӣ бипардозӣ, бояд тавре масоилро баррасӣ намоӣ, ки дар баёни падидаҳои физикӣ ниёзе ба умури метофизикӣ (моварои табиӣ) пайдо накунӣ, зеро ин нишонаи заъфу нотавонии як физикдон аз баррасӣ ва таҳқиқи дурусту равишманди масъала аст. Чун агар қарор бошад як масъалаи физикӣ, бо истинод ба Худо ё ҳар амри метофизикии дигар тавҷеҳ ва тафсир бишавад, дар ин сурат ҳама физикдон мешаванд, зеро ҳар касе метавонад падидаҳои табииро бо нисбат додан ба Худо тавҷеҳ намояд, ки дар ин сурат рост ҳам гуфтааст. Вале ин ҳунар нест, балки ҳунари як физикдон дар ин аст, ки бо кашфи қавонини табиӣ ва физикӣ, падидаҳои ҷаҳонро ба сурати илмӣ тавзеҳ диҳад.

Бинобар ин, агар шумо имрӯз тавонистаед пайдоиши каҳкашонро маҳз бар асоси қавонини физикӣ баён намоед, мо ба шумо табрик мегӯем, чун акнун тавонистед як кори илмӣ кунед, на он замон ки барои тавзеҳи ин масъала, ба Худо истинод мекардед.

Аммо ишколи шумо ин ҷост, ки мисли гузашта, боз ин масъаларо ба масъалаи Худову хилқат нисбат додед, боз нохоста дучори ҳамон иштибоҳи пешин шудед. Ин масъала (инфиҷори бузург ва чигунаии пайдоиши ҷаҳони маҳсус), чӣ рабте ба масъалаи Худову асли хилқат ва офариниши ҳастӣ (ба маънои мутлақ) дорад, чун хилқат як масълаи физикӣ нест, балки хилқат як мафҳум ва ҳақиқати метофизикист, балки ҳар чи ба Худо нисбат дода шавад, як маънои метофизикӣ пайдо мекунад, зеро аз як манзар ва аз як зовияи дигар ба он нигоҳ карда мешавад; аз зовияи вуҷудӣ, на аз назари физикӣ.

Агар чунин буд, ки хеле пештар аз ин мешуд масъалаи хилқатро инкор кард, зеро Худо ҳамон тавр ки хилқати ҳамаи оламро ба худаш нисбат додааст, хилқати яко-яки ашё ва падидаҳои табииву ғайри табиӣ, ҳатто хилқати ҳамаи афъолро ҳам ба худаш нисбат медиҳад; аз сероб кардани инсон гирифта то бориши борону рӯиши гиёҳону гардиши моҳу хуршед, ҳатто мегӯяд мо киштиҳоро бар рӯи об ҳаракат медиҳем. Агар чунин мантиқе, мантиқи саҳеҳе буд, метавонист як нафар ҳамин иддаои имрӯзи шуморо солҳо пеш бикунад; ба ин далел ки масалан, ман бар хилофи гуфтаи Худо кашф кардам, ки иллати бориши борон Худо нест, балки бухор шудани оби уқёнусу баҳрҳо ва сипас ташкили абрҳои бордор ва ғайра аст. Ё ҳамин тавр сабаби рӯиши гиёҳон ва гардиши моҳу хуршед чунину чунон аст, на Худо...

Суоли мо ин аст, ки ин масоил аз назари моҳияти илмӣ чӣ фарқе бо масъалаи хилқати каҳкашон дорад? Ҳар дуро Худо ба худаш нисбат дода ва ҳар ду ҳам аз назари физикӣ қобили баён аст. Ё ин ки шумо фақат дар ҷое барои Худо нақш қоилед, ки натавонед барои масъалае тавзеҳи илмӣ пайдо кунед ва Худоро баҳонае барои кетмони нокомиҳои илмии худ қарор диҳед?

Муқаддимае аз шаҳид Мутаҳҳарӣ

Муносиб дидам дар ин бора хулосае аз муқаддимаи китоби "Тавҳид”-и шаҳид Муртазо Мутаҳҳари (р) барои хонандагони азизи тоҷикзабон биоварам, чун барои рӯшан шудани масъала кӯмаки зиёде хоҳад кард.

"Дар муқаддимаи ин баҳс, лозим аст матолиберо зикр намоям, чун агар ин чанд тазаккур дода нашавад, ин баҳс ба натиҷа нахоҳад расид:

Масоили илмӣ аз назари пайдо кардани роҳи ҳал ду қисм аст: дар баъзе масоил ишкол дар пайдо кардани роҳи ҳал аст; ба ин маъно, ки тарҳи масъала хеле сода аст ва ҳама масъаларо як тавр тарҳ мекунанд, вале баҳс бар сари пайдо кардани роҳи ҳаллаш аст, мисли масоили содаи риёзӣ. Ду донишманд ё ду донишҷӯ, як масъалаи риёзиро ба таври яксон тарҳ мекунанд; яке роҳи ҳалле барояш пайдо мекунад, яке на. Ба истилоҳи мантиқдонон, тасаввурашон аз масъала яксон аст, вале дар тасдиқ ба ҳукм, бо ҳам ихтилоф доранд. Вале баъзе аз масоил, ки бештари масоили фалсафӣ ин гуна аст, ишколи аслӣ дар тарҳи саҳеҳи худи масъала аст, ки масъала аз аввал саҳеҳ тарҳ бишавад, ва мутаасифона бештари вақтҳо масъала саҳеҳ тарҳ намешавад ва ишколоте ҳам, ки баъдан дар он масъала пайдо мешавад, аз чигунагии тарҳи масъала пайдо мешавад. Яъне як донишманд, аз аввал масъаларо нодуруст тасаввур мекунад, баъдан солиёни сол рӯи он кор мекунад, вале ба ҳеҷ натиҷае намерасад, чун аз аввал масъала ба сурати саҳеҳ тарҳ нашуда буд.

Як тафовути аслӣ, ки миёни масоили фалсафӣ ва масоили дигар вуҷуд дорад, ин аст, ки тасаввури масоили фалсафӣ мушкил аст; тамоми заҳмати кори фалсафӣ дар ин аст, ки одам масъаларо он гуна ки ҳаст аз аввал хуб дар зеҳнаш тарҳ кунад. Агар битавонад масоили фалсафиро хуб ва саҳеҳ тассавур ва тарҳ кунад, пайдо кардани роҳи ҳаллаш мушкил нахоҳад буд. Лағзишгоҳи аслии масоили фалсафӣ ҳамин аст, ки он саҳеҳ тарҳ нашавад.

Ин матлаб дар бораи масъалаи Худо ва тавҳид фавқулода содиқ аст; муҳим ин аст, ки мо ин масъаларо аз аввал саҳеҳ тарҳ намоем, зеро ҳамаи ишколот, иштибоҳот ва шакку шубҳаҳо дар ҳамин аст, ки тасаввури афрод аз ин масъала аз аввал саҳеҳ набудааст, зеро аввал як чизеро пеши худашон фарз ва тасаввур кардаанд ва исми Худоро рӯи он гузоштаанд, баъд ҳамаи шакку шубҳаҳоро рӯи он "худои фарзӣ”-и худашон бино кардаанд. Пас маълум шуд, ки дар масоили фалсафӣ махсусан масъалаи Худо аввал бояд тасаввури саҳеҳе аз масъала пайдо бикунем, баъд суроғи инкор ё исботаш биравем.

Ашёеро, ки мехоҳем ҳастӣ ё нестии онҳоро исбот бикунем, ду гунаанд: як вақт ҳаст он шайъе, ки ман тасаввур кардам, ҷузъе аз аҷзои олам аст, яъне мехоҳем бидонем, ки оё дар канори мавҷудоти ин олам, як мавҷуди дигаре низ вуҷуд дорад? Масалан, мехоҳем бидонем оё ба ғайр аз унсурҳои кашфшуда, як унсури дигаре низ ҳаст? Ё дар канори сайёраҳои шинохташудаи манзумаи шамсӣ, сайёраи дигаре низ ҳаст?

Як вақт ҳаст, ки мо дар бораи вуҷуди як чизе баҳс мекунем, ки он чиз шайъе дар канори ашёи дигар нест, балки он шайъ, агар бошад, бо ҳамаи ашё ва дар ҳамаи ашё ҳаст, ва агар набошад, дар ҳеҷ ҷо вуҷуд надорад.

Ба унвони мисол: медонед, ки яке аз масоиле, ки фалосифа аз қадимулайём дар бораи он баҳс кардаанд, масъалаи замон аст, ки оё замон вуҷуд дорад ё надорад? Иддаи зиёде мӯътақид буданд, ки асосан замон вуҷуд надорад, вале ақидаи аксар ҳамеша ин будааст, ки замон вуҷуди хориҷӣ дорад. Агар касе бихоҳад ҳамон тавре, ки дар ҷустуҷӯи як ситорае буд, дар ҷустуҷӯи замон бигардад, ҳаргиз онро нахоҳад ёфт, ва ё ҳамон тавре ки дар ҷустуҷӯи як унсуре аз аносир буд дар пайи замон бигардад, ҳаргиз ба он нахоҳад расид, гарчи аз нобиғатарини афрод бошад. Замон чизест, ки намешавад онро пушти ҳеҷ телескопе ё зери ҳеҷ заррабине пайдо кард.

Аммо агар касе аз аввал тасаввураш аз замон, ҷузъе аз аҷзои ҷаҳон набошад, балки замонро ба унвони як ҷанба аз ҷанбаҳои ҷаҳон ҷустуҷӯ кунад, роҳи дурустеро дар пеш гирифтааст, зеро ӯ замонро ҷудо аз ашё ва дар канори онҳо ҷустуҷӯ намекунад, балки ӯ замонро дар худи ашё ҷустуҷӯ мекунад, ҳамон тавре ки абъоди сегонаро дар худи ашё ёфта буд, ҳоло мехоҳад бидонад, оё ашё ба ғайр аз он абъоди сегона, буъд ва кашиши дигаре низ доранд, ки агар буд, номи онро "замон” бигзорад?

Ин мисоле буд барои наздик кардани ба зеҳни хонанда ва омода кардани зеҳн барои осон шудани фаҳми масъала. Агар касе дар ҷустуҷӯи Худо бошад ба унвони ин ки як мавҷуди ҷудо аз мавҷудоти дигар ва дар канори мавҷудоти дигар, мавҷуде ба номи Худо бихоҳад пайдо кунад, ӯ аз аввал иштибоҳ кардааст; яъне аслан Худоро тасаввур накардааст. Агар Худое дар олам вуҷуд дошта бошад, ӯ наметавонад як чунин вуҷуди маҳдуде бошад дар канори соири мавҷудот. Ӯ як мавҷуде бояд бошад, ки ба таъбири Қуръони Карим "Ҳар куҷо ҳастед, Ӯ бо шумост”, "Аввали мавҷудот Ӯст, охири мавҷудот ҳам Ӯст”.

Ғараз ин аст, ки муҳимтарин чизе ки дар боби масъалаи Худо аст, саҳеҳ тасаввур ва тарҳ кардани он аст.

Бинобар ин, мо вақте Худоро ҷустуҷӯ мекунем, ба маънои ин аст, ки як ҳақиқати комилан номаҳдудеро ҷустуҷӯ мекунем, на як шайъеро дар миёни ашёи дигар. Пас, мо Худоро дар сафҳаи замон ва дар сафҳаи макон ҷустуҷӯ намекунем, яъне дар миёни ин мавҷудоти замонӣ намегардем бубинем, Худо дар куҷои замон қарор гирифта, дар миёни мавҷудоти маконӣ ҳам намегардем, ки бибинем ӯ дар куҷои макон қарор гирифтааст. Балки Худо он қадар вуҷуди куллӣ ва фарогире дорад, ки дар воқеъ мо мехоҳем бибинем, ки ин олами ҳастӣ ғайр аз сафҳаи замон ва макон сафҳаи дигаре ки сафҳаи ниҳон аст, дорад ё надорад?

Бинобар ин, замон ва маконро дар масъалаи Худо набояд дахолат дод. Оё мо агар қоил ба Худо бошем, бояд ба маҳдуд будани макон ва фазо қоил бошем? Ки агар мо ба номаҳдуд будани макон қоил шудем, бо эътиқод ба Худо мунофот дошта бошад?

Баъзеҳо хаёл мекунанд, ки Худо яъне баъд аз ин ки фазои олам тамом шуд, навбат ба Худо мерасад; яъне маҳдуд будани фазои оламро ҷузъи шароити эътиқод ба Худо медонанд. Оё чунин аст? Албатта ки на; Худое, ки бихоҳад дар канори олам қарор бигирад (бино бар фарз, вагарна тасаввури канору вусъат барои олам, як тасаввури баччагона аст), ӯ аслан Худо нест. Худо он аст, ки дар замин ва осмон ва дар миёни тамоми заррот ба таври яксон ҳузур дорад; ба таъбири Қуръони Карим "Ӯст Худо дар осмон ва дар замин”, "Ба ҳар тараф рӯй оваред, ба тарафи Худо рӯй овардаед”.

Болотар аз ин маҳдуду номаҳдуд будани замон аст. Бисёре аз афрод хаёл мекунанд, ки лозимаи эътиқод ба Худо ин аст, ки замон маҳдуд бошад, яъне олам аз назари замонӣ оғоз дошта бошад; ба иборати дигар, агар мо ба ақиб баргардем, ба ҷое мерасем, ки он ҷо дигар олам набудааст.

Мо агар бихоҳем эътиқод ба вуҷуди Худо дошта бошем, бояд замонро маҳдуд ва мутаноҳӣ бидонем. Чаро? Барои ин ки дар он вақт будааст, ки Худо оламро эҷод кардааст, чун агар замон маҳдуд набошад, пас кай Худо оламро халқ кардааст. Ҷавобаш ин аст, ки Худо ки оламро халқ кардааст, асосан "кай?” надорад. Ин "кай”-ҳо азони мост. Худо ҳоло ҳам оламро халқ карда истодааст, олам пайваста дар ҳоли халқ шудан аст, чи аз назари замонӣ оғозе дошта бошад, ё надошта бошад.

Касоне ки барои исботи Худо, думболи маҳдуд будани замон мераванд, барои инҳо Худо яъне касе, ки рӯзи аввал оламро халқ кардааст. Хаёл кардаанд Худо мисли як сохтмонсоз аст, ки баъд ҳам рафта истироҳат кунад”. (Поёни хулосаи мабоҳиси устод Мутаҳҳарӣ (р).

Иншоаллоҳ дар навиштори баъдӣ, перомуни исботи далелҳои вуҷуди Худо хоҳем шуд.

Сайид Маҳмуд Бурҳонов


[1] Ин назария, як назарияи илмист, ва лаҳзаи оғозини ҷаҳони маҳсусро гӯянд (на ҳастӣ ба маънои мутлақро), ки кулли ҷаҳони маҳсус (шомили ситорагон, замин, хуршед ва ҳатто замон ва ҳар се буъд) аз он ҳангом, бар тибқи ин назария, шурӯъ шудааст. Бар тибқи ин назария, ҷаҳони феълии мо, аз зарраи бисёр кучактар аз кучактарин зарроти бунёдӣ ба вуҷуд омада.

Албатта қобили ёдоварӣ бошад, ки соҳибони ин назария, дар бораи ҳангоми пеш аз ин инфиҷор чизе нагуфтаанд. Асосан, сухани онон фақат нозир бар "ҷаҳони маҳсус” аст, на беш.

Бахш: Худошиносӣ | Просмотров: 1068 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Сентябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz