Сешанбе, 19.03.2024, 14:46
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Август » 31 » Озодае, ки ҳамин шабу рӯзҳо ҷоми шаҳодат нӯшид
Озодае, ки ҳамин шабу рӯзҳо ҷоми шаҳодат нӯшид
00:40

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳоким дар Мустадраки худ бо санади саҳеҳ ривоят мекунад, ки рӯзе ҳазрати Паёмбар (с) хитоб ба Алӣ (к) фармуд: "Баъд аз ман, ин уммат ба ту хиёнат хоҳанд кард, ва ин дар ҳолест, ки ту бар дину ойини ман зиндагӣ ба сар дорӣ, ва (бидон, ки) ту бар равишу сираи ман кушта хоҳӣ шуд. Ҳар кӣ туро дӯст дорад, маро дӯст доштааст, ва ҳар кӣ бо ту душманӣ кунад, бо ман душманӣ кардааст. Бидон, ки ба зудӣ риши ту бо хуни сарат рангин мегардад”,[1] яъне ба зудӣ ҷоми шаҳодат хоҳӣ нӯшид.

Дар ривояте дигар омадааст, ки Паёмбари гиромӣ (с) Алӣ (к)-ро мухотаб қарор дода, фармуд: эй Алӣ! Оё медонӣ бадбахттарини пешиниён чӣ касест? Алӣ (к) посух дод: кушандаи ноқа (шутур)-и Самуд. Ҳазрат (с) фармуд: дуруст гуфтӣ. Боз фармуданд: медонӣ бадбахттарин кас аз ояндагон чӣ касест? Алӣ (к) гуфт: намедонам. Паёмбари гиромии ислом (с) фармуд: Бидон, ки бадбахттарин шахс ҳамон касест, ки туро мекушад ва ба шаҳодат мерасонад”.[2]

Ҳол, ин бадбахттарин шахс, ки Алӣ (к)-ро ба шаҳодат расонид, чӣ касест? Номи ӯ Абдураҳмон ибни Мулҷами Муродӣ аст. Ӯ аз боқимондаҳои Хавориҷ буд. Ҳол, шоиста аст андак дар бораи Хавориҷ маълумот диҳам. Хавориҷ, гурӯҳе аз сипоҳиёни Имом Алӣ (к) мебошанд, ки дар набарди Сиффайн; яъне ҳамон ҷанге, ки Алӣ (к) бо Муовия дошт, аз саффи сипоҳиёни Алӣ (к) ҷудо шуда ва оҳанги душманӣ бо Алиро сар доданд.

Хавориҷ

Достони Хавориҷ – чунон ки таърихнигорон аз ҷумла Ибни Касир дар китоби таърихи хеш нақл мекунад - ба ин шарҳ аст, ки сипоҳиёни Муовия ибни Абӯсуфён вақте мебинанд дар баробари сипоҳиёни Алӣ (к) шикаст мехӯранд, хостанд барои наҷоти худ, аз роҳи фиреб вориди майдон шаванд. Амр ибни Ос, вазири Муовия, ба сипоҳиёни Шом дастур медиҳад, ки Қуръон сари найзаҳо қарор дода ва аз тарафдорони Алӣ (к) бихоҳанд ба ҷои ҷанг, Қуръонро миёни худ ва онҳо довар қарор диҳанд.

Фармондеҳони сипоҳи Алӣ (к) аз он ҷо ки медонистанд, ин кор найранге беш нест, ба набарди худ идома доданд. Вале гурӯҳе аз сипоҳиёни содалавҳ гӯли ин найрангро хӯрда, аз Алӣ (к) хостанд фавран фармони таваққуфи набард дода ва ба пешниҳоди шомиён гӯш фаро бидиҳад ва Қуръонро довар миёни мусалмонон қарор диҳад.

Алӣ (к) ҳарчанд борҳо ба онҳо тавзеҳ медод, ки ин найранги Ибни Ос ва Муовия аст ва набояд гӯли онро хӯрд, вале ин содалавҳони бехирад бар гуфтаи худ пофишорӣ мекарданд, то кор ба ҷое расид, ки Алӣ (к)-ро таҳдид ба қатл намуданд агар ба гуфтаашон гӯш фаро надиҳад.

Ин ҷо буд, ки Алӣ (к) дастури таваққуфи набард дод ва қарор бар ин шуд, ки аз ҳар ду ҷониб намояндае интихоб шуда ва ин ду нафар бо ҳам барои ҳалли мушкил ба тавофуқ бирасанд ва ба ҳар қароре, ки расиданд, бар ҳамагӣ пойбандӣ ба он воҷиб бошад.

Аз ҷониби Муовия, Амр ибни Ос намояндаи гуфтугӯ таъйин шуд, ва аз ҷониби Алӣ (к) чунин шуд, ки Алӣ (к) мехост яке аз ёрони бовафояш ӯро дар ин гуфтугӯҳо намояндагӣ кунад, вале дар ин ҷо ҳам Хавориҷ вориди майдон шуда ва ҳар касеро, ки Алӣ (к) ӯро барои намояндагӣ пешниҳод мекард, ба ин далел, ки ҳавои Алиро ба сар дорад, рад мекарданд.

Саранҷом, бо пешноҳод ва пофишории Хавориҷ, қарор бар ин шуд, ки Абӯмӯсои Ашъарӣ (р), ки бо Алӣ (к) миёнаи хубе надошт, аҳли Куфаро намояндагӣ кунад. Дар як ҷое ин ду намоянда гирди ҳам омада ва ба чунин тавофуқ расиданд, ки ҳам Алӣ (к) ва ҳам Муовияро, ки ба гумонашон ин ду нафар боиси рехта шудани хуни мусалмонон шудаанд, аз мақомашон барканор сохта ва интихоби халифаро бар ӯҳдаи Шӯро қарор бидиҳанд.

Ба ҳамин тартиб, Абӯмӯсо (р) болои минбар қарор гирифта ва ҳар ду нафар; яъне Алӣ (к) ва Муовияро аз мақом барканоршуда эълон намуд. Аммо вақте Амр болои минбар баромад, бар хилофи тавофуқе, ки бо Абӯмӯсо (р) намуда буд, Алӣ (к)-ро аз мақом барканоршуда эълом карда, Муовияро ба унвони халифаи мусалмонон эълом намуд.

Ин ҷо буд, ки Хавориҷ пай ба иштибоҳашон бурда ва фаҳмиданд, ки ин кор аз ҷониби Муовия найранге беш набудааст ва онҳо бехуд ба Алӣ (к) исрор карда будаанд. Аммо наомаданд эълом кунанд, ки мо иштибоҳ кардем, балки баръакс, ба Алӣ (к) ҳуҷум оварданд, ки ту чаро розӣ ба доварӣ ва ҳакамият шудӣ?

Ин ҷо ҳам Алӣ (к) ба онҳо мегуфт, ки боз шумо иштибоҳ мекунед. Чун аз аввал ба суханам гӯш надодед ва исрор кардед, ки розӣ ба ҳакамият шавам, ва баъд, ки розӣ ба он шудам, на ба хотири ин буд, ки ҳакамият аз реша нодуруст буда ва танҳо ба хотири лаббайк гуфтан ба хостаҳои шумо ба он иқдом карда бошам. Чунин нест, балки худи масъалаи ҳакамият дуруст аст.

Аммо ҳеҷ гуфтаи Алӣ (к) рӯи онҳо таъсир намегузорад ва шиор медоданд, ки "Ло ҳукма илло лиллоҳ” (яъне ҳукм ҷуз аз барои Худо собит нест). Рафта-рафта ин мавзегирии ғалати ин гурӯҳ боиси ташаккул ва пайдоиши як назарияи сад дар сад ботил дар миёни мусалмонон мешавад, ки қоил ба ин буд, ки ҷуз Худо касе наметавонад ҳоким бошад. Соҳибони чунин тарзи тафаккур, ҳамаи мусалмонон аз ҷумла Алӣ (к)-ро ба кофирӣ нисбат медоданд ва даъват мекарданд, ки Алӣ (к) бояд тавба кунад.

Дар оғоз, Алӣ (к) мутаарризи онҳо намешуд ва ба ёронаш ҳам дастур дода буд, ки мутаарризи онҳо нашаванд. Вале вақте дид ин гурӯҳи аҳмақ ва бехирад даст ба қатли мусалмонон заданд, дигар дастури набард бо ин ғуддаи саратонӣ дода ва дар набарде дар Наҳравон ҳамаи онҳоро ба ҷуз теъдоди андак, ки тавонистанд фирор кунанд, ба қатл расонид. Алӣ (к) борҳо дар суханрониҳояш ифтихор мекард, ки худ решаи ин фитнаи бузург дар исломро хушконидааст ва касе ҷуз ӯ наметавонист бо ин гурӯҳ рӯ ба рӯ шавад.

Маҳрияи хунин

Абдураҳмон ибни Мулҷам аз ҷумлаи ҳамон боқимондагон аз Хавориҷ буд. Дар соли чиҳилуми ҳиҷрӣ, ӯ ва ҳамдастонаш дар Макка гирди ҳам омада ва тарҳи террори халифаи мусалмонон; яъне Алӣ ибни Абӯтолиб (к)-ро рехтанд. Қарор бар ин шуд, ки Ибни Мулҷам Алӣ (к)-ро бикушад.

Ӯ ба ҳамин манзур ба Кӯфа омад ва ҳеҷ касро аз нияти палиду шуми хеш огоҳ насохт... Ӯ дар хонаи яке аз Хавориҷи Кӯфа, бо Қутом, ки зани бисёр зебое буд вохӯрда, дил ба ӯ бохт ва ба фикри издивоҷи ӯ афтод. Вақте аз ӯ хостгорӣ кард, Қутом гуфт: "Маҳрияи ман се ҳазор дирҳам пул, як банда ва низ куштани Алӣ ибни  Абӯтолиб аст”.

Қутом, аз пеш, ба хотири ҳалокати падару бародараш дар ҷанги Наҳравон ба дасти Алӣ, бо Алӣ (к) кина меварзид ва бо ӯ душманӣ дошт. Ибни Мулҷам назди Қутом фош кард, ки иттифоқан барои ҳамин кор ба Кӯфа омадааст. Бад-ин тартиб, Ибни Мулҷам дар тасмими қаблии худ, ба ҳавои комҷӯӣ аз Қутом мусаммамтар шуд ...

Ибни Мулҷам бо ду нафар аз ҳамдастони худ, шаби нуздаҳуми моҳи Рамазонро дар масҷиди Кӯфа бо ин фикри палид, ки чӣ гуна Алӣ (к)-ро ба қатл бирасонад мегузаронд ...

Тақрибан сию чанд сол пеш аз он шаби шум, ҳазрати Алӣ (к) аз Паёмбар (с) шунида буд, ки дар моҳи Рамазон кушта хоҳад шуд.

Беҳтар аст достонро аз забони худи Алӣ (к) бишнавем:

"Вақте Паёмбар (с) он хутбаи машҳурро дар бораи моҳи Рамазон хонд, ман бархостам ва пурсидам: эй Паёмбари Худо! Арзишмандтарини кирдорҳо дар ин моҳ чист? Фармуд: парҳез аз гуноҳон. Он гоҳ Паёмбар (с) дардмандона гирист ва аз шаҳодати ман дар ин моҳ хабар дод...”.[3]

Охирин лаҳазот

Аз вазъи рафтору гуфтори Алӣ (к) дар он айём низ ошкор буд, ки медонад дар ин моҳ ба шаҳодат хоҳад расид. Ҳамон сол фармуда буд: "Имсол дар мавсими ҳаҷ дар миёни шумо нестам”.

Ин чунин вақте ба ӯ мегуфтанд: чаро ҳангоми ифтор кам таом майл мекунед? Мефармуд: "Мехоҳам бо шиками холӣ Худоро мулоқот кунам”.[4]

Ҳазрат дар шаби нуздаҳум ҳеҷ нахобид ва мураттаб мефармуд: "Ба Худо савганд, дурӯғ намегӯям ва низ дурӯғ ба ман гуфта нашудааст. Ин шаб ҳамон шаби ваъдашуда аст”.[5]

Саранҷом, саҳаргоҳи он шаб, ҳангоме ки ҳазрати Алӣ (к) ба масҷид омад, дар ҳоли адои намози субҳ, шамшери заҳрогин ва хуношоми палидтарини мардумони рӯи олам; яъне Ибни Мулҷам бар сари муборакаш фуруд омад..., ва бад-ин тартиб, хуршед дар меҳроби ҳақ гулгун шуд ва ду рӯз баъд, дар шаби бисту якуми моҳи Рамазон, дар соли чиҳилуми ҳиҷрӣ ғуруб кард...[6]

Тани покашро дар хоки муқаддаси Наҷаф ниҳоданд, ки имрӯз маҳалли зиёрати мусалмонон аст.

Имом Алӣ (к), ҳамон гуна ки дар ҳамаи умр бо ёди Худо мезист, дар лаҳзаи вуқӯи ин фоҷеа низ ба ёди Худо буд ...

Чун шамшери Ибни Мулҷам аз пушт пешонии рӯшани он азизро шикофт, нахустин ҷумлае, ки гуфт ин буд: "Фузту ва раббил каъба” яъне ба Худои Каъба савганд, ки растагор шудам.

Он гоҳ, он имомро ғарқ дар хуни покаш ба хона бурданд …

Ду рӯз дар бистари шаҳодат орамида буд ва дар ҳамаи лаҳзаҳо боз ба фикри салоҳу саломати мардум буд ...

Охирин суханони Имом Алӣ (к)

Дар лаҳзаҳои вопасин, ба фарзандон, наздикон ва ба ҳамаи мусалмонон чунин васият фармуд:

Суфориши ман ба шумо ин аст, ки ба Худо ширк наварзед ва суннати Муҳаммад (с)-ро аз байн набаред. Ин ду сутуни динро барпо доред ва ин ду чароғро рӯшан нигаҳ доред, он гоҳ сазовори ҳеҷ сарзанише нахоҳед буд ...

Шуморо ба тарс аз Худо суфориш мекунам. Ба дунёпарастӣ рӯй наоваред, гарчи дунё ба суроғи шумо ояд, ва бар он чи аз дунё аз даст медиҳед, ғамгин машавед. Ҳақро бигӯед ва барои подоши илоҳӣ амал кунед, душмани золиму ёвари мазлум бошед.

Шумо ва тамоми хонадону фарзандонам ва касонеро, ки ин васият ба онҳо мерасад, ба тарс аз Худо ва назм дар корҳои зиндагӣ, ва эҷоди сулҳу оштӣ дар миёнатон суфориш мекунам, чун ман аз бобои шумо Паёмбар (с) шунидам, ки мефармуд: "Ислоҳкорӣ байни мардум, аз намозу рӯзаи яксола бартар аст”.

Аз Худо битарсед! Аз Худо битарсед дар бораи ятимон. Накунад, ки онҳо гоҳе сер ва гоҳе гурусна бимонанд ва ҳуқуқашон аз байн равад!

Аз Худо битарсед! Аз Худо битарсед дар бораи ҳамсоягон. Ҳуқуқашонро риоят кунед, ки васияти Паёмбари шумост, ки ҳамеша ба хушрафторӣ бо ҳамсоягон суфориш мекард, то он ҷо ки гумон кардем барои онҳо меросе таъйин хоҳад кард.

Аз Худо битарсед! Аз Худо битарсед дар бораи Қуръон. Мабодо дигарон дар амал кардан ба дастуроташ, бар  шумо пешӣ гиранд.

Аз Худо битарсед! Аз Худо битарсед дар бораи намоз, чаро ки сутуни дини шумост.

Аз Худо битарсед! Аз Худо битарсед дар бораи хонаи Худо (Каъба). То ҳастед онро холӣ нагузоред, зеро агар Каъба хилват шавад, мӯҳлат дода намешавед.

Аз Худо битарсед! Аз Худо битарсед дар бораи ҷиҳод бо молу сарвату ҷонҳо ва забонҳои худ дар роҳи Худо.

Бар шумо бод пайвастан бо якдигар ва бахшиши ҳамдигар. Мабодо аз ҳам рӯй гардонед ва пайванди дӯстиро аз байн бубаред.

Амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро тарк накунед, ки агар тарк кардед, бадҳои шумо бар шумо мусаллат мешаванд, он гоҳ ҳар чи Худоро бихонед, ҷавоб нахоҳад дод.

Эй фарзандони Абдулмутталиб! Мабодо пас аз ман даст ба хуни муслимин фурӯ баред ва бигӯед, ки Амирал-мӯъминин кушта шуд. Бидонед, ки ғайр аз кушандаи ман, каси дигар набояд кушта шавад. Дуруст бингаред! Агар ман аз зарбати ӯ мурдам, ӯро танҳо як зарбат бизанед ва дасту по ва дигар аъзои ӯро набуред. Ман аз Паёмбар (с) шунидам, ки фармуд: "Бипарҳезед аз буридани аъзои мавҷудот, гарчи саги девона бошад”.

Поёни навиштор

Кимиёи саодат


[1] Фазоилул-хамса: ҷ 3, с 52 ба нақл аз Мустадрак: ҷ 3, с 142. (ҳамчунин наздик ба ҳамин маъно дар Таърихи кабири Бухорӣ: ҷ 2, с 174, р 2103; Муснади Баззор: ҷ 3, с 92, р 869; Муснади Ҳорис: ҷ 2, с 905, р 984; Далоилун-набувваи Байҳақӣ: ҷ 6, с 440; Таърихи Бағдод: ҷ 11, с 216, р 5928; Мизонул-эътидол: ҷ 2, с 93; Тазкиратул-ҳуффоз: ҷ 3, с 995, р 925; Таърихи Ибни Асокир: ҷ 42, с 447; Таърихи Ибни Касир: ҷ 6, с 244; ҷ 7, с 365).

[2] Фазоилул-хамса: ҷ 3, с 67 ба нақл аз Қасасул-анбиёи Саълабӣ: с 100; (ҳамчунин дар Аттароиф: с 105, р 156; Муснади Аҳмад: ҷ 2, с 325; Таърихи кабири Бухорӣ: ҷ 8, с 320; Мустадраки Ҳоким: ҷ 3, с 122, р 4590; Мусаннафи Ибни Абӯшайба: ҷ 7, с 444, р 37087; Мӯъҷамул-кабири Табаронӣ: ҷ 1, с 63; ҷ 2, с 247, р 2037; ҷ 8, с 38, р 8310; Маҷмауз-завоид: ҷ 9, с 136; Муснади Баззор: ҷ 4, с 254, р 1424; Табақоти Ибни Саъд: ҷ 2, с 153; Мусаннафи Абдураззоқ: ҷ 10, с 154; Хасоиси Насоӣ: р 153; Сунанул-куброи Насоӣ: ҷ 5, с 153, р 8538; Фазоилус-саҳобаи Аҳмад: ҷ 2, с 566, р 953; Муснади Абӯяъло: ҷ 1, с 377-430, р 485-569; Фатҳул-борӣ: ҷ 7, с 74).

[3] Уюн: ҷ 1, с 297.

[4] Иршод: с 151.

[5] Иршод: с 8.

[6] Иршод: с 5.

Бахш: Таърихи исломӣ | Просмотров: 1062 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Август 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz