Чоршанбе, 24.04.2024, 04:55
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Феврал » 4 » Озодӣ, маъбуди ман аст
Озодӣ, маъбуди ман аст
23:13

Сайидюнуси Истаравшанӣ

"Озодӣ, маъбуди ман аст! Ба хотири озодӣ, ҳар хатаре бехатар, ҳар зиндоне раҳоӣ, ҳар ҷиҳоде осудагӣ ва ҳар марге ҳаёт аст...” Ин суханон, суханони марҳуми дуктур Алии Шариатӣ мебошад, ки ба назар мерасад, касе озодиро некӯтар ва зеботар аз Шариатӣ баён надошта бошад. Оре, Шариатӣ рост мегӯяд он ҷо ки мегӯяд, ба хотири озодӣ ҳар марге ҳаёт аст. Одамӣ, то ба ҷое ба озодӣ алоқаманд аст, ки ҳозир аст барои ба даст овардани он, ҳама чизи хеш ҳатто ҳаёти худро нисори он кунад.

Дар зер, суханон ва калимоти чанд тан аз абармардони торих дар бораи Озодӣ-ро пешкаши хонандагони гиромӣ хоҳам кард:

Афлотун: "Зинати инсон се чиз аст: дониш, муҳаббат, озодӣ”.

Суқрот: "Эй мардуми Отен! Чи маро бегуноҳ шуморед ва озод кунед, ва чи накунед, ман ҳаргиз аз роҳи хеш бознамегардам, ҳатто агар сад бор кушта шавам”.

Арасту: "Инсони озода аз касе салби озодӣ намекунад”.

Имом Алӣ (к): "Қомати мардонагиро дар баробари ағёр ба тамаи дирҳаму дунё хам макунӣ, ва тавқи бандагии дигарон ба гардан наяндозӣ. Арзиши озодӣ ва озодагиро бидон ва ин гавҳари шарифро дар миёни қалби гарм ва хуни маввоҷи хеш мӯҳтарам бидор. Худо туро озод офарида ва озодиро ба номи азизтарин мавоҳиби хеш ба ту ато фармудааст. Зинҳор онро ба ҳеҷ қимат аз даст магузорӣ. Аз он осоиш чӣ ҳосил, ки ба қимати рафтани озодӣ ба даст ояд? Ва аз он лаззат ва ширинӣ, ки доғи бандагӣ бар пешонии озодагон ниҳад, чӣ ҳаловат?..”

Уруди бузург (аз подшоҳони ашконӣ): "Озодӣ, панҷараи рушду шукуфоии кишвар аст, бастани он сиёҳиҳо дар пай дорад”.

Ва ҳам аз ӯ: "Огоҳӣ, танҳо роҳи расидан ба озодӣ аст”.

Имом Ҳусайн (а): "Агар дин надоред, лоақал дар дунёи худ озод бошед”.

Кунфусюс (Confucius): "Марди озода ба ҳеҷ ваҳҷ абзори дасти касе қарор намегирад, яъне барои вай шоиста нест, ки худро абзори ҳадафи дигарон созад. Ӯ ҳадафи хештан аст”.

Мунтискю (Montesquieu): "Ба ман озодӣ бидиҳед, ё марг”

Ҳойнриш Ҳойне (Heinrich Heine): "Озодӣ, мазҳаби ҷадид аст, мазҳаби замони мо”.

Ҳерберт Эспенсер (Herbert Spencer): "Озодӣ мутааллиқ ба як нафар нест, моли ҳама аст”.

Моксим Горкий: "Дурӯғ ойини арбонон ва бардагон, ва ҳақиқат худои инсонҳои озод аст”.

Ричорд Бох (Richard Bach): "Чаро душвортарин кор дар ҷаҳон ин аст, ки ба парандае ин боварро бидиҳӣ, ки озод аст?”

Ва ҳам ӯ: "Танҳо қонуни дуруст он аст, ки ба озодӣ мунтаҳӣ шавад; қонуни дигаре вуҷуд надорад”.

Ва ҳам ӯ: "Мо метавонем худро аз асорати нодонӣ озод кунем; метавонем худро ба унвони офаридаҳои бошуур, бофазилат ва дорои маҳорат бозшиносем; метавонем раҳоӣ ёбем; метавонем парвозро биёмӯзем”.

Жон Пул Сортер (Jean-Paul Charles Aymard Sartre): "Ман ҳангоме озодам, ки ҳамаи ҷаҳониён озод бошанд; то ҳангоме ки як нафар асир дар ҷаҳон ҳаст, озодӣ вуҷуд надорад”.

Ва ҳам ӯ: "Ҳеҷ кас наметавонад озодии худро ҳадафи хеш созад, магар ин ки озодии дигаронро низ ба ҳамон гуна ҳадафи худ қарор диҳад”.

Жон Жок Русу (Jean-Jacques Rousseau): "Инсон аз модар озод офарида шудааст”.

Фронсуво Волтер (Voltaire): "Ду чиз барои ман ба маънои зиндагӣ аст: озодӣ ва бонуе, ки ӯро дӯст дорам”.

Муҳаммади Хиёбонӣ: "Зинда бод миллате, ки барои доштани озодӣ, зиндагиро дӯст дорад”.

Имом Хумайнӣ (р): "Ислом беш аз ҳар дине ва беш аз ҳар маслаке, ба ақаллияти мазҳабӣ озодӣ додааст; онон низ бояд аз ҳуқуқи табиии худашон, ки Худованд барои ҳамаи инсонҳо қарор додааст баҳраманд шаванд”.

Алии Шариатӣ: "Эй Озодӣ! Туро дӯст дорам, ба ту ниёзмандам, ба ту ишқ меварзам, бе ту зиндагӣ душвор аст, бе ту ман нестам. Ҳастам, аммо ман нестам; як мавҷуде хоҳам буд тухолӣ, пук, саргардон, бе умед, сард, талх, безор, бадбин, кинадор, уқдадор, бе тоб, бе руҳ, бе дил, бе рӯшанӣ, бе ширинӣ, бе интизор, беҳуда. Манӣ бе ту, яъне ҳеҷ... Эй Озодӣ! Ман аз ситам безорам, аз банд безорам, аз занҷир безорам, аз зиндон безорам.., аз ҳар чӣ ва ҳар кӣ туро дар банд мекашад, безорам. Зиндагиям ба хотири туст, ҷавониям ба хотири туст, буданам ба хотири туст... Эй Озодӣ! Чӣ зиндонҳо бароят кашидаам, ва чӣ зиндонҳо хоҳам кашид ва чӣ шиканҷаҳо таҳаммул кардаам ва чӣ шиканҷаҳо таҳаммул хоҳам кард. Аммо худро ба истибдод нахоҳам фурӯхт, ман парвардаи озодиам, устодам Алист; марди бе биму бе заъфу, пурсабр...”

Кимиёи саодат

Бахш: Фалсафа ва ҳикмат | Просмотров: 1023 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz