Ҷумъа, 19.04.2024, 19:46
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Октябр » 9 » Озодӣ
Озодӣ
19:10

Сайидюнуси Истаравшанӣ

"Эй Озодӣ! Туро дӯст дорам, ба ту ниёзмандам, ба ту ишқ меварзам, бе ту зиндагӣ душвор аст, бе ту ман нестам. Ҳастам, аммо ман нестам; як мавҷуде хоҳам буд тухолӣ, пук, саргардон, бе умед, сард, талх, безор, бадбин, кинадор, уқдадор, бе тоб, бе руҳ, бе дил, бе рӯшанӣ, бе ширинӣ, бе интизор, беҳуда. Манӣ бе ту, яъне ҳеҷ... Эй Озодӣ! Ман аз ситам безорам, аз банд безорам, аз занҷир безорам, аз зиндон безорам.., аз ҳар чӣ ва ҳар кӣ туро дар банд мекашад, безорам. Зиндагиям ба хотири туст, ҷавониям ба хотири туст, буданам ба хотири туст... Эй Озодӣ! Чӣ зиндонҳо бароят кашидаам, ва чӣ зиндонҳо хоҳам кашид ва чӣ шиканҷаҳо таҳаммул кардаам ва чӣ шиканҷаҳо таҳаммул хоҳам кард. Аммо худро ба истибдод нахоҳам фурӯхт, ман парвардаи озодиам, устодам Алист; марди бе биму бе заъфу, пурсабр...” (Алии Шариатӣ, аз китоби Худсозии инқилобӣ – озодӣ).

Ин ки навиштаи навбатии хешро бо ин қитъа аз суханони марҳум Алӣ Шариатӣ оғоз кардам, бад-ин ҷиҳат аст, ки пеши одамӣ, аз миёни арзишҳои воло, ширинтар аз "озодӣ” чизе дигар ёфт намешавад, ва суханони ин абармарди торихи муосир, шояд некӯтарин ва зеботарин суханон дар бораи озодӣ бошад. Аммо...

... бо ин ки дар бораи озодӣ зиёд гуфтаанд ва фаровон шунидаем, вале ҳанӯз як тасаввури дақиқ ва фарогире аз он дар даст надорем. Тасаввури башари имрӯз аз мафҳуми озодӣ, ба вижа ғарбиёну ғарбзадаҳо, фақат озодии иҷтимоӣ аст.

Озодии иҷтимоӣ

Озодии иҷтимоӣ; яъне ин ки дар ҷомеа, касе ва ё касоне монеи рушду такомули инсон нашаванд ва ҷилави фаъолиятҳои ӯро нагиранд. Ҷомеашиносони ғарбӣ таърифе, ки аз озодӣ пешкаш мекунанд, ҳамин навъ аз озодист. Мегӯянд: "Озодӣ имкони амалӣ кардани тасмимҳоест, ки фард ё ҷомеа, ба майл ё иродаи худ мегирад”.[1] Албатта, озодиро ба ду дастаи мутлақ ва машрӯъ тақсим карда, аввалиро ғайри қобили қабул ва дуюмиро писандида мешуморанд. Озодии мутлақ; яъне ин ки "инсон битавонад ҳамаи тасмимҳоеро, ки мегирад, амалӣ кунад, ва касе ё созмоне андеша, гуфтор ва кирдори ӯро маҳдуд накунад ва дар қайду банд дарнаёварад”.[2] Аммо ин ки ин қисм аз озодиро ғайри қобили қабул донистаанд, аз он ҷост, ки чун инсонҳо ба таври иҷтимоӣ зиндагӣ мекунанд, "озодии бе ҳадду марзи як фард, ба поймол шудани озодии афроди дигари ҷомеа меанҷомад”.[3] Озодии машрӯъ ва писандида он аст, ки инсон, дар чорчӯби қонун ва то ҳадде, ки музоҳими ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон нашавад, битавонад тасмимҳои худро амалӣ намояд.

Бе тардид, ин қисм аз озодӣ, мавриди таъйиди ислом ҳам ҳаст. Қуръони Карим, яке аз аҳдофи муҳимми паёмбарони илоҳиро раҳо кардани инсонҳо аз асорати якдигар ва барқарории озодии иҷтимоӣ мешуморад. Ояти "Ҳеҷ як аз мо, ҷуз Худо фарди дигареро арбоби худ надонад”,[4] ишора ба ҳамин навъ аз озодӣ аст. Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ҳам, бар ҳамин гуна аз озодӣ такя дорад.

Аммо, оё озодӣ фақат дар ҳамин маҳдуда корбурд дорад? Гуфтем, ки андешмандони муосир, ба вижа ҷомеашиносони ғарбӣ, озодӣ-ро фақат ба ҳамин маъно ба кор мегиранд, аз ин рӯ, "инсони озода” дар назари эшон, касест, ки дар ҷомеа битавонад тасмимҳоеро, ки ба майл ва иродаи худ мегирад амалӣ кунад; албатта то ҳадде, ки музоҳими озодии дигарон нашавад.

Навъи дигаре аз озодӣ ҳам ҳаст, ки мактаби паёмбарон, ба вижа ойини муқаддаси ислом, ба он таъкид дорад. Аз дидгоҳи ислом, ҳадафи паёмбарони илоҳӣ, фақат раҳо сохтани башар аз қайду банди ҳамнавъонаш нест, балки илова бар он, омадаанд то ба инсонҳо озодии маънавӣ ҳам бидиҳанд. Озодии иҷтимоӣ, озодии инсон аст аз қайду банди дигарон, аммо озодии маънавӣ яъне озодии инсон аз худаш. Ҳол, бояд каме тавзеҳ бидиҳем.

Озодии маънавӣ

Инсон, бар хилофи соири мавҷудот, дорои ду ҷанба аст; ҳам ҷанбаи моддӣ дорад ва ҳам ҷанбаи илоҳӣ. Худованди Мутаол дар Қуръони Карим он ҷо ки дар бораи офариниши Одам сухан мегӯяд, мефармояд, ки Одамро аз хок офаридам (ҷанбаи моддӣ), сипас аз руҳи худ дар ӯ дамидам (ҷанбаи илоҳӣ).[5] Ин ки одамӣ гоҳе худро маломату сарзаниш мекунад, ба вижа он ҷоҳое, ки аз ӯ гуноҳе сар мезанад, далели рӯшан бар ин воқеият аст, ки шахсияти ӯ мураккаб аз ду ҷанба мебошад.

Ҳол, озодии маънавӣ; яъне озод кардани ҷанбаҳои маънавӣ ва илоҳии инсон аз ҳукумат ва сайтараи ҷанбаҳои моддӣ. Масалан, инсон гоҳ дар сари чунин дуроҳие қарор мегирад, ки ё бояд шарофат, иззат ва каромати худро ҳифз кунад ва бо фақр бисозад, ё аз иззату шарофати худ даст кашад ва тан ба як хорӣ ва зиллат бидиҳад то дар ивази он, неъматҳои моддии зиёде барояш фароҳам шавад. Дар як чунин мавориде, мебинем, ки инсонҳои шариф ҳаргиз ҳозир нестанд тан ба зиллат диҳанд, агарчи моддиёти зиёде аз даст бидиҳанд, аммо одамони пасте ҳам ҳастанд, ки таҳаммули муқовимат дар баробари васвасаҳои дунявӣ надоранд ва таслим мешаванд, ҳар чанд дар умқи виҷдонашон эҳсоси саршикастагӣ мекунанд.

Он ҷо ки ҷанбаҳои маънавӣ ва илоҳии инсон мағлуби ҷанбаҳои моддии ӯ шавад, метавон ин ҳолатро бардагии маънавӣ номид. Бардагии маънавӣ, гоҳ ба сурати залил шудан назди шахси дигар аст ва гоҳе ҳам, ки аз он бадтар аст, бардагии инсон нисбат ба молу сарват аст. Албатта на ин ки ҳақиқатан инсон банда ва бардаи маъдану коғаз, ки молу сарват аз он дуруст шудааст гардад, балки дар воқеъ бандаи хасоиси ҳайвонии худ мешавад; яъне ҳайвонияташ инсонияти ӯро ба бандагӣ мегирад. Ҳамчунин инсон мумкин аст бардаи шаҳавоти худ шавад ва ё бардаи хашм ё манфиатталабии худ.

Хулоса, маънии озодии маънавӣ, ки гуфтем аз аҳдофи муҳимми паёмбарони илоҳӣ мебошад, ин аст, ки анбиё нагузоранд шарофату инсонияту ақлу виҷдони инсон, асири шаҳвату хашму манфиатталабиву соири ҷанбаҳои ҳайвонии ӯ бишавад. Аз ин рӯ мебинем, инсон метавонад озодии иҷтимоӣ дошта бошад, аммо аз назари маънавӣ, асири ҳайвонияти худ бошад.

Масалан, ҳамагон медонем, ки дар ҷавомеи ғарбии имрӯз, шаҳрвандон аз ҳадди аксари озодии иҷтимоӣ бархӯрдоранд; яъне барои худ ҷомеае дуруст кардаанд, ки мардумонаш дар айни риояти ҳуқуқ ва озодии дигарон, аз озодии иҷтимоии матлубе бархӯрдоранд. Аз ин назар, инсофан ин ҷавомеъ қобили ситоиш ҳастанд. Аммо, айбе, ки дорад ин аст, ки сиёсатпешагонаш як чунин озодии иҷтимоиро фақат барои шаҳравандони худ қоил ҳастанд, на барои кулли башар.

Ҳукуматдорони Англис ва ё Амрико масалан, он озодиеро, ки барои як шаҳрванди англисӣ ва ё амрикоӣ фароҳам кардаанд, барои як шаҳрванди арабӣ ва ё як шаҳрванди кишваре аз кишварҳои ҷаҳони сеюм, ки мардумонаш бо истибдоди ҳуккоми ситампеша ва диктатор мувоҷеҳ ҳастанд, намехоҳанд, балки баръакс, мехоҳанд ҳуккоме дар ин кишварҳо сари кор қарор гиранд, ки фақат гӯш ба фармони эшон бошанд, чӣ шаҳрвандони бадбахташ аз озодӣ бархӯрдор бошанд ва чӣ набошанд. Дар воқеъ, ғарбиён бо ин кирдор, озодии иҷтимоии дигаронро мӯҳтарам намешуморанд. Сабабаш чист?

Омили ин гуна адами эҳтиром ба озодии иҷтимоии дигарон, ҷуз ҳисси манфиатталабӣ нест. Яъне, фақат ба худ андешидан ва танҳо хостаҳои худро бароварда сохтан. Ҳатто бархе, як чунин сиёсати палидонаро тавҷеҳ ҳам мекунанд. Мегӯянд, бояд ҳар кас ва ё ҳар давлате, манфиати худро дар назар бигирад; яъне ба ин навъ ситам ва таҷовуз ҳақ медиҳанд.

Он чи метавонад ҷилави як чунин сиёсати нописандро бигирад, ҷуз озодии дарунӣ ва озодии маънавӣ нест. Ин афрод, ҳарчанд аз назари иҷтимоӣ, аз озодии матлубе бархӯрдоранд, аммо аз назари маънавӣ, асири ҳайвонияти худ, асири манфиатталабии худ, асири шаҳавоти нафсонии худ мебошанд. Бузургтарин мусибати асри мо он аст, ки ин инсонҳо, аз озодӣ, танҳо мафҳуми озодии иҷтимоиро мефаҳманд ва ба суроғи озодии маънавӣ намераванд.

Ва ин дар ҳолест, ки муҳимтарин барномаи ойини муқаддаси ислом, озодии маънавӣ ва тазкияи нафс аст. Ислом на танҳо мазлумро барои расидан ба озодии иҷтимоӣ ташвиқ мекунад, балки золимро ҳам бо озодии маънавӣ ба қиём алайҳи худ мехонад.

Кимиёи саодат


[1] http://en.wikipedia.org/w/index.php?title=Freedom_%28political%29&oldid=191045909

[2] Манбаи пешин.

[3] Манбаи пешин.

[4] Сураи Оли Имрон, ояти 64.

[5] Сураи Ҳиҷр, ояти 29.

Бахш: Симои идеологии Ислом | Просмотров: 1483 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Октябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz