Ҷумъа, 29.03.2024, 17:57
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 11 » Ҳокимияти дурӯғсолорӣ бар ҷомеаи Амрико
Ҳокимияти дурӯғсолорӣ бар ҷомеаи Амрико
23:07

Як фаъоли сулҳи амрикоӣ мегӯяд, руасои ҷумҳури Амрико дар низоми ҳукуматии дурӯғсолорӣ, хатарноктарин дурӯғҳоро ба мардуми ин кишвар мегӯянд.

Антони Лаусон, фаъоли сулҳ ва филмсози амрикоӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи PressTv тасреҳ кард, ки иқдомоти давлати Иёлоти Муттаҳида дар солҳои ахир борҳо мардуми ин кишварро ба ваҳшат андохтааст.

Ин коргардони амрикоӣ бо зери суол бурдани низоми демукросӣ дар Амрико хотирнишон кард, ки агарчи мақомоти Кохи Сафед талош мекунанд, ки ба ҷаҳониён ин гуна тафҳим кунанд, ки дар ин кишвар демукросӣ ҷараён дорад, аммо низоми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Амрико худ нақзи мусаллами демукросӣ аст.

Лаусон бар ин бовар аст, ки низоми интихоботи риёсати ҷумҳурии Амрико, ки ҳар чаҳор сол як бор баргузор мешавад, на танҳо заминасози барқарории ҳукумати мардумсолорӣ нест, балки дар ҳақиқат шакли ҷадиде аз ҳукумати сарватмандсолорӣ ё ақаллиятсолориро дар ин кишвар ҳукмфармо месозад.

Вай дар идома зимни ишора ба интихоботи миёндавраии Кунгураи Амрико, ки ҳар ду сол як бор баргузор мешавад, ин интихоботро сохта хонд ва таъкид кард, ин интихоботи миёндавраӣ дар воқеъ заминасози ба қудрат расидани гурӯҳест, ки дар ақаллият қарор доранд.

Ин фаъоли сулҳ бо тавсифи ин матлаб, ки ин рӯзҳо дар бисёре аз кишварҳои ғарбӣ, сиёсатмадорон пеш аз баргузории интихобот бо ҳадафи пирӯзӣ ва касби қудрат раъйи иддаеро мехаранд ва ба ин тартиб навъе ноҳамоҳангӣ ба вуҷуд меоваранд, афзуд, арсаи рақобати сиёсӣ дар Амрико бо чунин иқдомоте ба шиддат торик аст.

Лаусон аслитарин омили ҳокимияти ҳукумати дурӯғсолорӣ бар ҷомеаи Амрикоро ғалабаи қудрати пинҳонии режими "Исроил” ва таъсироти фаровони шаҳрвандони сарватманди исроилӣ-амрикоӣ бар ҳукумати ин кишвар унвон кард ва гуфт: "Имрӯза бисёре аз шаҳрвандони сарватманди амрикоӣ-исроилӣ дар раъси мақомҳои бонуфузи давлатӣ қарор доранд”.

Ин фаъоли сулҳ ва филмсози амрикоӣ дар поён таъкид кард, ки наслҳои ҷавонтар дар Амрико ба шиддат аз рафтори дурӯғсолоронаи сиёсатмадорони ин кишвар таъсир пазируфтаанд ва ин рафтор, рафта-рафта ба як улгуи умумӣ дар ҷомеаи амрикоӣ табдил хоҳад шуд.

Кимиёи саодат

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 628 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz