Ҷумъа, 22.09.2017, 18:22
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 3 » Оё таъсиси ҳизби сиёсии исломӣ, аз назари шариат дуруст аст?
Оё таъсиси ҳизби сиёсии исломӣ, аз назари шариат дуруст аст?
23:33

Пурсиш: Баъзеҳо мегӯянд, ки дар дини ислом ҳизб нест ва ислом бо ҳизбсозӣ зид аст. Ва мегӯянд, ки ҳамаи аҳзоби исломӣ дар асри бистум ба дасти душманҳои ислом ва ғарбиҳо сохта шудааст то миёни уммати исломӣ тафриқа ва ихтилоф ба вуҷуд оварад. Мисол мезананд, ки Ихвонул муслимин ва дигар ҳизбҳои сиёсии исломӣ ба дасти англисҳо сохта шудааст то, ки империяи усмониро, ки хилофати исломӣ буд барҳам зананд. Ин сухан оё дуруст аст? Агар ки дуруст бошад, назари шумо дар бораи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон чист?

Бо ташаккур Султон Зарипов

Посух: Пеш аз посухи ба тафсил ба ин пурсиш, лозим медонам ба як нукта таваҷҷӯҳи шуморо ҷалб намоям, ва он ин аст, ки пурсише, ки шумо матраҳ фармудед, ғолибан аз сӯи ду даста аз мардумон матраҳ мешавад: бархе, аслан ба ислому мусалмонон алоқае надоранд, балки баръакс, чи басо душманӣ ҳам дошта бошанд, ва ҳадафашон аз тарҳи як чунин пурсишҳое, сирфан сиёсист ва манзуре ҷуз беэътибор сохтани ҳаракот ва аҳзоби исломӣ надоранд. Бархе ҳам ҳастанд, ки ғаразе надоранд, балки шубҳае дар робита бо ин мавзӯъ гиребонгирашон шудааст ва мехоҳанд он шубҳа бартараф гардад. Мо бо дастаи аввал коре надорем, зеро ҳар чи ҳам ки мавзӯъро барояшон рӯшан созем, боз тағйире нахоҳад кард. Камина мутмаин ҳастам ҷаноби шумо аз зумраи дастаи дуюм ҳастед.

Ба назари камина, маншаи асосии пайдоиши як чунин шубҳа ва пурсише дар зеҳн, адами таваҷҷӯҳ ба як матлаби хеле муҳим дар ислом аст. Ва он, ҷудоӣ нагузоштан байни ҳадаф ва васила аст. Аввалан, барои бисёреҳо, ҳанӯз ҳам рӯшан нашудааст, ки чӣ чизе дар ислом ҳадаф аст ва чи чизе васила? Ва сониян, ҳатто агар маълум шуда бошад, ки ҳадаф кадом аст ва васила кадом, вале ҳанӯз барояш рӯшан нест, ки ҳадаф дар ислом аз чӣ ҷойгоҳе бархӯрдор аст ва васила чӣ ҷойгоҳе дар шариат дорад?

Тавзеҳи матлаб ин ки шариати муқаддаси ислом, як силсила масоилро ба унвони ҳадаф таъйин намудааст, чи дар сатҳи фард ва чи дар сатҳи ҷомеа. Масалан, дар сатҳи ҷомеа, ислом яке аз аҳдофи фиристодани паёмбаронро барпоии қист (адолат) дар ҷомеа медонад: "Ҳар ойина паёмбаронамонро бо ҳуҷҷатҳои рӯшан фиристодем ва бо эшон китоб ва тарозу (василаи тамйизи ҳақ аз ботил) фурӯ фиристодем то мардум ба адолату инсоф бархезанд...” (Ҳадид/27), ва ё мефармояд: "Бигӯ (эй Муҳаммад!), ки парвардигори ман ба адолат фармон дода...” (Аъроф/29), ва ҳатто мӯъминонро ба барпоии адолат дар ҷомеа дастур мефармояд: "Эй касоне ки имон овардаед, пайваста барподорандагони адолат бошед...” (Нисо/135). Аҳдофи дигаре ҳам ҳастанд, ки ин ҷо фурсати зикри так-таки онҳо нест, феълан ба зикри ҳамин як ҳадаф басанда мекунам, зеро ба мазӯъи мавриди назар иртибот дорад.

Пас, барпоии адолат дар ҷомеа, яке аз аҳдофи ислом аст ва мусалмонон, ба ҳукми мусалмон буданашон, муваззаф ҳастанд ба ин ҳадаф ҷомаи амал бипӯшонанд. Ҳол, чӣ гуна ва бо чӣ роҳе ин ҳадафро муҳаққақ бисозанд? Ва ба иборати дигар, бо чӣ василае ба ин ҳадаф даст ёбанд? Оё ислом, ҳамон гуна ки ҳадафро муайян кардааст, васоили расидан ба он ҳадафро низ, таъйин намудааст? Масалан, оё бо ном мушаххас кардааст, ки роҳи расидан ба фалон ҳадаф, фалон васила аст? Ё на, ба ном муайян накарда, балки ба гунае дигар онро матраҳ кардааст?

Донишмандони исломӣ ва касоне ки бо дақоиқи шариат ва ҳақоиқи Қуръону суннат огоҳ ҳастанд, бар онанд, ки шариат, дар мавриди васоил ва роҳҳои расидан ба ҳадаф, ба ҳамин иктифо кардааст, ки бигӯяд, ту метавонӣ барои расидан ба ҳадаф, ба ҳар василае мутавассил бишавӣ танҳо бо ин қайд, ки он васила, мухолифи мақосид ва аҳдофи шариат набошад. Яъне метавонӣ аз ҳар василае истифода кунӣ модоме ки бо мақосиди куллии шариат мухолиф набошад. Масалан, наметавонӣ бо фурӯши маводди мухаддир, ҳадафи шариатро таъмин намоӣ, зеро ин васила мухолифи мақсад ва ҳадафи куллии шариат аст, ки иборат мебошад аз расонидани башар ба саодат ва камолашон, ва ҳувайдост, ки маводди мухаддир башарро на ин ки фақат ба саодат намерасонад, балки мояи шақовати ӯ хоҳад шуд.

Дар замони ҳазрати паёмбар (с) вақте ҷанге пеш меомад, ҷанобаш (с) барои ҷангидан, ба васоили мухталифе мутавассил мешуданд. Боре, беруни шаҳр мерафтанд, боре ҳам дохили шаҳр мемонданд, боре сеюм ҳам бо машварати саҳобагон хандақ мекофтанд ва... Яъне ба ҳар василае мутавассил мешуданд то ба пирӯзӣ бирасанд модоме ки он васила чизе мухолифи худи шариат набошад.

Ҳол, бармегардем ба асли мавзӯъ. Ҳеҷ як аз уламои исломӣ нагуфтаанд, ки таъсиси ҳизб ва ё ҷамоати сиёсӣ ва ё иҷтимоӣ бо қайди исломият, дар шариати мо як ҳадаф аст. Ҳатто касоне ҳам, ки ҳизби исломӣ роҳ андохтаанд, намегӯянд, ки мо ба ин ҷиҳат ҳизб роҳ андохтаем, ки чун шариат таъсиси онро ҳадаф медонад. Балки ҳамагӣ онро василае беш барои ҷомаи амал пӯшондан ба як ҳадафи шариат намедонанд. Ҳадафи шариат, ин барпоии адолат дар ҷомеа аст, чунон ки дар боло ёдвор шудем. Барпоии адолати иҷтимоӣ дар асри ҳозир чӣ гуна сурат мепазирад? Оё ба ҷуз роҳандозии як ҳизби сиёсӣ? Ин як васила аст, ва мухолифи шариат ҳам намебошад.

Агар касе ҳам ба исломгароён ишкол бигирад, ки шумо бо таъсиси ҳизби сиёсӣ, мақсаде ҷуз расидан ба арикаи қудрат надоред, ҷавобаш хеле рӯшан аст. Оре, ҳадаф, расидан ба қудрат аст. Магар ишколе дорад агар ҳадафи шумо як ҳадафи шариф ва воло ва барпоии адолат дар ҷомеа бошад ва шумо бихоҳед аз роҳи қонунӣ ва дар чорчӯби қонун, ин ҳадафро муҳаққақ созед? Тоза, фарқи исломгароён бо дигарон, чи басо ин бошад, ки исломгароён арикаи қудратро ҳаргиз ҳадаф намедонанд, балки онро василае барои таҳқиқи як ҳадафи шариф, ки ҳамон барпоии адолати иҷтимоӣ аст, қаламдод мекунанд.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳам бо ҳадафи барқарории адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа таъсис шуда ва бунёнгузораш ҳадафе ҷуз ин надошт. Имрӯз ҳам ҲНИТ бо ҳамин ҳадаф пеш меравад ва ҳаргиз худи ҳизбро ҳадаф намедонад, балки василае медонад барои таҳқиқи ҳамон ҳадаф.

Аммо, бояд мутаваҷҷеҳ буд, ки мабод касоне исломро қурбони сиёсат кунанд. Ин бадтарин шакли суистифода аст, ки камина роҷеъ ба ин матлаб дар як мақолаи ҷудогонае бо унвони "Баҳрабардории сиёсӣ аз дин” ба тафсил баҳс кардаам, ки метавонед ба он муроҷиа намоед.

Комёб бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бахш: Пурсишу посухҳои фиқҳӣ | Просмотров: 502 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz