Ҷумъа, 29.03.2024, 12:59
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Апрел » 14 » Оё марзи “худ” аз “бегона” бароямон мушаххас шудааст?
Оё марзи “худ” аз “бегона” бароямон мушаххас шудааст?
03:03

Сайидюнуси Истаравшанӣ

"Бегонапарастиро аз байн бурданамон даркор!”, суханест мансуб ба раиси ҷумҳури кишварамон, ки чанд рӯз пеш, тоҷикистониён онро дар нишасте, ки фароянди баррасии тарҳи қонуни масъулияти падару модарро натиҷагирӣ кард, аз забони эшон шуниданд. Суханест баҷо ва тардиде нест, ки ҳар тоҷики ғаюр, миҳандӯст ва алоқаманд ба сарнавишти кишвар на ин ки онро инкор накунад, балки аз таҳи дил таъйид ва болотар аз он, орзуе буд, ки аз дербоз дар сар мепарваронд. Аммо...

... аввалан, оё ҳадду марзи "худ” аз "бегона”, тавассути ҳеч ниҳоде аз ниҳодҳои марбута, баъд аз эълони истиқлоли кишвар (ки ҳудуди 20 сол аз он сипарӣ мешавад) то ба имрӯз, барои шаҳрвандони сокин дар сарзамини Тоҷикистон, ба гунаи расмӣ ва ба сурати дақиқ таъйин шудааст, ки то мо бо шинохти он, "худпараст”-ро аз "бегонапараст” бишносем?

Сониян, агар то кунун ин ҳадду марз ба таври дақиқ мушаххас нашудааст (ки дар воқеъ ҳам чунин аст), пас, чӣ касоне мутасаддии таъйини ҳудуду суғури он ҳастанд? Оё давлатмардон, ё фарҳангиён? Ва ба сухани дигар, оё марзи "худ”-ро сиёсати зудгузар ва мутаҳаввил (ки самту сӯбахши он ҷуз масолеҳу манофеъ намебошад) таъйин мекунад, ё фарҳангу суннату одоту русуму боварҳои собит ва тағйирнопазири ин марзу бум?

Ниҳодҳои кишварӣ дар таъйини ҳадду марзи "худ” аз "бегона” ҳанӯз ҳарфе собит назадаанд

Дар иртибот бо масъалаи нахуст, бояд ёдовар шуд, ҳанӯз тавассути ҳеч ниҳоде ҳадду марзи "худ” аз "бегона” ба гунаи дақиқ таъйин нашудааст, ки "худ”-и мо тоҷикон дар арсаи фарҳанг, боварҳо, суннатҳо ва одоту русум ва ғайра, кадом аст?

Ба унвони мисол, ниҳодҳои марбутаи кишварӣ оё дини мубини исломро як унсури "худ” барои мо тоҷикон медонанд, ё унсуре "бегона”? Ин ки давлати мо як давлати дунявист, ҳарфе нест, аммо давлатмардони тобеи ин давлат (-и дунявӣ), билохира таклифи худро дар робита бо дини ислом рӯшан кунанд; оё онро як падидаи "худӣ” медонанд, ё "ғариба”?

Агар хештанро мусалмон ва дини мубини исломро ойини тоҷикон меҳисобанд, ки зоҳиран чунин аст, пас, ситези эшон бо падидаҳое исломӣ чун сатру ҳиҷоб, ё пофишории онон бар манъи омаду шуди навҷавонони то синни 18 сол ба масоҷид ва ё исрорашон бар манъи таълими маорифи исломӣ барои шаҳрвандон ба сурати хусусӣ ва ғайраро чӣ гуна арзёбӣ намоем? Мубориза бо "худ”? Худситезӣ?

Аммо агар пеши худ исломро унсуре "ғариба” ва "бегона” ташхис додаанд ва аз ин рӯ бо падидаҳои исломӣ (ба унвони "унсури бегона”) ва бо баҳонаҳое воҳӣ чун ҷилавгирӣ аз тундравӣ ва ифротгароӣ, ба ситез бархостаанд, пас, беҳтар аст ба сурати аланӣ ва ошкор эълом кунанд, ки ин дин барои мо тоҷикон бегона аст, чаро ҳарфе мушаххас бар забон ҷорӣ намесозанд?

Ҳол, ки дар ин замина тавассути ниҳодҳои кишварӣ ҳеч сухане собит матраҳ нашудааст, пас, исломхоҳон ва ё касоне ки машғули фарогирии дониши исломӣ ҳастанд, гарчи дар берун аз марзҳои Тоҷикистон, набояд "бегонапараст” унвон бишаванд. Чунин унвоне, иҳонатест бас нораво нисбат ба онон. Роқими сутур, бо шинохте, ки аз бисёре аз фарогирони тоҷики машғули таҳсил дар ин марокиз дорам, бо қотеияти тамом мегӯям, ки миҳандӯстӣ ва дилсӯзие, ки дар ин ҷавонон нисбат ба кишварашон дида мешавад, камтар дар вуҷуди ҷавононе, ки дар дохили кишваранд машҳуд аст.

Тоза, фарогирии дониш, ҳаргиз марзу бум нашнохта, чи имрӯз бошад ва чи дар гузашта. Дар ҳамин Бухорои Шарифи худамон, замоне, аз тамоми гӯшаву канори гетӣ мусалмонон барои фарогирии дониш меомаданд ва солҳои тӯлонӣ ва то такмили дониш онҷо боқӣ мемонданд ва ба сурати маҷҷонӣ ва ройгон ҳам таълим мегирифтанд. Аморати Бухоро низ ҳаргиз ба андешаи суистифода аз онон дар ростои манофеи давлаташ наяфтода.

Шояд гуфта шавад, нигаронии давлатмардон, аз фарогирии асли улуми динӣ нест, балки нигаронӣ аз он аст, ки ҷавонони машғул дар берун аз марзҳои Тоҷикистон, ба доми ифротгароён меафтанд ва ба қавли раиси ҷумҳури мӯҳтарам, "бозичаи даст”-и бегонагон хоҳанд шуд. Агар чунин аст ва бар фарз эҳтимолашро баид надонем, вале ин роҳи ҳал дорад. Роҳи ҳалли мантиқии он ҳам, фароҳамоварии шароити муносиб барои алоқамандон ба таҳсили улуми исломӣ дар дохили кишвар аст. Далватмардони мо, ба ҷои фишор рӯи руҳонияти огоҳ ва манъи эшон аз таълими улуми исломӣ дар манозилашон, барояшон иҷозат диҳанд то ҳар як ба сурати расмӣ мадориси исломӣ роҳ андозанд. Манъу ҷилавгириву фишору тасвиби қавонин пушти сари ҳам дар ин росто, роҳи ҳал нест ва чи басо паёмадҳое манфӣ ба дунбол дошта бошад, ва ба қавли бародари азизамон Салими Аюбзод, "таълимоти динӣ дубора ба низоми пинҳониву махфӣ хоҳад гузашт ва ончиро ба дунё хоҳад овард, ки имрӯз давлат бо тарҳи мазкур мехоҳад, аз он пешгирӣ кунад.”

Чӣ касе мутасаддии таъйини ҳадду марзи "худ” аз "бегона” аст?

Мушкили имрӯзи ҷомеаи мо ин аст, ки ҳанӯз фарҳехтагон ба сурати ҷиддӣ камари ҳиммат барои таъйини дақиқи ҳадду марзи "худ” аз "бегона” набастаанд, ва мутаассифона дар ин росто то ҳудуде мунтазири мавзеъи давлатмардон буданд, ки чӣ чизеро ҳукумат "худ” ташхис медиҳад, то ба он обу ранг бидиҳанд. Агар рӯзе сиёсат Имоми Аъзам (р)-ро "худ” ташхис дод, ҳамагон қалам ба даст мегиранд ва минбар мебароянд ва шурӯъ мекунанд ба шарҳу тафсили зиндагонӣ ва афкору андешаҳои ӯ. Агар рӯзе дигар, маслиҳати сиёсат бар он шавад, ки Зардуштро "худ” ташхис бидиҳад, инон ҳам даст ба кор мешаванд ва дар тавсифу тамҷиди Зардушту андешаҳояш то ҷое мераванд, ки ҳатто худи зардуштиён ба шигифт меоянд.

Фарҳангиву рӯшанфикру донишманд набояд чунин бошад. Ин айб аст. Дар гузашта, ки бархе шуаро ва ё нависандагонро "уламои дарборӣ” мехонданд ва ба навъе мавриди накӯҳиш ҳастанд, бад-ин хотир аст, ки ҳунару истеъдоди худро дарбаст дар ихтиёри давлату савлат мегузоштанд ва ҳамму ғамме ҷуз мадҳу ситоиши ҳоким надоштанд. Имрӯз низ агар донишманде дар арзёбии ашё мунтазири назару дидгоҳи сиёсат биншинад ва ҳар ончиро ӯ "некӯ” ташхис дод, некӯяш бидонад ва ҳар ончиро "бад” ташхис дод, ӯ низ бад қаламдод кунад, вай низ дарборист ва эътиборе барои худ нахоҳад гузошт.

Ба ҳар ҳол, имрӯз яке аз ниёзҳои мубрам дар ҷомеаи мо ин аст, ки фарҳехтагон даст ба кор шаванд ва ба дур аз сиёсати ҳукумат, ки рафтанист, аммо кори фарҳехта монданист, ҳадду марзи "худ” аз "бегона”-ро ба гунаи дақиқ мушаххас созанд. Дар ташхис ҳам, таҳти таъсири ҳеч омиле, ҳатто гароишҳо ва андешаҳои шахсӣ, қарор нагиранд.

Он гоҳ ва баъд аз мушаххас шудани шохисаҳои "худ” аз "бегона”, бигузор сиёсатмадору давлатмард пойбанди дидгоҳи фарҳеҳтагон гардад, на фарҳехтагон пойбанди мавзеъу дидгоҳи давлатмадор.

Кимиёи саодат

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 681 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Апрел 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz