Ҷумъа, 19.04.2024, 06:26
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Апрел » 14 » Оё Худо дар офариниш “табъиз” қоил шудааст?
Оё Худо дар офариниш “табъиз” қоил шудааст?
03:05

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Чанд рӯз пеш, ки роқими сутур зимни як мақола, дар бораи ҳамҷинсгароӣ дидгоҳҳои худро изҳор доштам, дар ҳошияи мақола яке аз хонандагон навишт: "Магар ҳамҷинсгароёнро Худо ё "дастгоҳи офариниш” ҳамон гуна ки ҳастанд, наофаридааст? Зоҳиран Худо ононро ҳамин гуна офарида ва иҷозаи зиндагӣ ва ҳатто ризқ додааст, вале шумо як идда меойеду аз номи Худо ҳукм мекунед, ки онон набояд миёни башар зиндагӣ кунанд, ё ҷинси худро иваз кунанд ё бимиранд? Сониян, агар ин истисно дар навъи башарро шумо ғайритабиӣ медонед, ки "бояд муолиҷа шаванд”, зоидаи ҳамон "дастгоҳи офариниш” нест, пас зоидаи чист? Шояд "кори шайтон” бошад, ки дар офариниш дахолат карда? Ва шумо меойеду ислоҳаш мекунед? Пас чӣ гуна мешавад иддао кард, ки дастгоҳи офариниш дар ниҳояти камол ва бенуқс аст?

Сухани шахси мавриди назарро метавон ба гунае дигар ҳам матраҳ кард, ва он ин ки: агар мо дар ҷаҳон касоне чун ҳамҷинсбоз (ё ҳар истиснои дигаре)-ро мебинем, ин навъ афрод, аз ду ҳолат хориҷ нестанд: ё ин аст, ки худашон сабабгари инҳироф шудаанд, ё он аст, ки дастгоҳи офариниш (ё офаридгор) ононро ҳамон гуна ки мебинем ва бо ҳамин табиат офаридааст. Ва зоҳиран, эҳтимоли дуюм дуруст аст; яъне дастгоҳи офариниш эшонро чунин офарида. Ҳол, агар касе дар мисоли ҳамҷинсбоз эътирозе дошта бошад, метавон мисоли дигаре овард, ва он, вуҷуди инсонҳои хунсо дар ҷаҳон аст (хунсо касест, ки дар айни ин ки зан аст, аммо олати мардона ҳам дорад).

Инҷост, ки эътироз ва ё ишкол нисбат ба дастгоҳи офариниш (ё офаридгор) ҷиддитар мешавад. Мегӯяд: агар офаридгор одил аст, пас чаро ҳамагонро як гуна наёфарида? Чаро якеро сафедпӯст, дигареро сиёҳпӯст халқ намуда? Чаро якеро инсон (ки худ ӯро ашрафи махлуқот номида), дигареро хук (ки ба мӯътақидинаш гуфта хук наҷис аст) офарида, ва ғайра?...

Барои ёфтани посух ба як чунин ишколе, ҳам файласуфон даст ба кор шудаанд ва ҳам динбоварон. Касоне аз фалосифа, ки натавонистанд посухе қонеъкунанда пеши худ биёбанд, нисбат ба ҷаҳони офариниш бадбин ва мӯътақид шуданд, ки дастгоҳи офариниш бар асоси адолат бино ниҳода нашуда:

Эй чархи фалак, харобӣ аз кинаи туст,

Бедодгарӣ шеваи деринаи туст.

Эй хок, агар синаи ту бишкофанд,

Бас гавҳари қимате, ки дар синаи туст.

Ва ё мегӯяд:

Чун ҳосили одамӣ дар ин дайри дудар,

Ҷуз дарди дилу додани ҷон нест дигар.

Хуррам дили он ки як нафас беш набвад,

В-осуда касе, ки худ назод аз модар.

Ва аз ин қабил чарандиёт, ки мансуб ба Хаёми шоир аст, на Хаёми филсуф.

Аммо баъзе аз фалосифа, бавижа фалосифаи исломӣ чун Бӯалӣ ва Мулосадро, дар ин масъала бештар ғавр карданд ва посухе дуруст ва дар айни замон қонеъкунанда доданд, ва он гоҳ барои ёфтаҳои фалсафии хеш таъйидот ва шавоҳиде низ аз додаҳои исломӣ (Қуръон ва суннат) пайдо карданд.

Роқими сутур дар ин навиштор саъй хоҳам кард, бо парҳез аз бакоргирии мафоҳими печидаи фалсафӣ, бо забони хеле сода, посухи ин ишколро ёдовар бишавам, ки ба шарҳи зерин аст:

Ҷаҳоне беҳтару некӯтар аз ин ҷаҳон қобили тасаввур нест

Худованд одил аст ва асосан маҳол аст аз ӯ зулм ва табъизе сар бизанад. Ӯ ҷаҳони ҳастиро ба беҳтарин ва некӯтарин шакл офарида; ба гунае ки ҷаҳоне беҳтару некӯтар аз он қобили тасаввур нест. Ихтилоф ва рангорангие, ки бар ҷаҳони ҳастӣ ҳумфармост (яке инсон аст, дигаре ҳайвон аст, сеюме санг аст, чаҳоруме хуршед аст, панҷуме ситора аст, шишуме об аст ва ...), бояд бошад, ки агар набуд, асосан ҷаҳоне набуд. Барои беҳтар фаҳмидани ин матлаб, метавон ҷаҳони ҳастиро, дар маҷмӯъ, ба як инсон ташбеҳ кард.

Агар ба инсон дар маҷмӯъ нигоҳ карда шавад, ӯ беҳтарин ва некӯтарин шаклро дорост ва ҳар узве дар бадани ӯ дар ҷои худаш қарор дода шудааст, дар айни ин ки чашм ғайр аз гӯш аст, даст ғайр аз пост, мӯи сар ғайр аз нохун аст ва... Шояд узви таносулии инсон (агар забон дошта бошад) эътироз кунад, ки чаро ман чашм офарида нашудам; чаро касе ки мо - аъзои ин бадан - ро офарида "табъиз” қоил шуда ва чашмро мӯҳтарам ва дар ҷое муносиб қарор дода, аммо маро дар ҷое қарор дода, ки ҳамвора пинҳон ва аз чашмон мастурам?... ғофил аз ин ки инсони комил, зебо ва бенуқс, касест, ки бояд олати таносули ҳам дошта бошад, ки агар надошта буд, ӯ ноқис аст, ва ҷояш ҳам ҳамонҷо бошад, на дар он ҷо ки чашм (масалан) қарор дода шудааст.

Ҷаҳони ҳастиро низ бояд дар маҷмӯъ арзёбӣ кунем, на ин ки ҳар мавҷуде дар онро ба сурати ҷудогона ва мустақил арзёбияш намоем. Агар дар ҷаҳон инсон аст, ҳайвон ҳам бояд дар канораш бошад. Агар дар маҷмӯи ҳастӣ, хук набуд, ҷаҳон комил набуд; хук ҷойгоҳи махсуси худ дар маҷмӯи ин ҷаҳонро дорад. Агар дар ҷаҳон каждум набуд, ҳастӣ комил набуд; ӯ дар маҷмӯи ҷаҳон ҷойгоҳ ва вазифае дорад, ки чи басо бароямон пӯшида бошад. Хулоса, ҳар чизе дар ҷои худаш офарида шуда ва агар набуд, ҷаҳон комил набуд.

Дар ҷое хонда будам, ки солҳои 50 ё 60 қарни пешин (қарни 20) чиниҳо гунҷишкҳоро, ки кӯчаву хиёбонҳоро олуда мекарданд, аз байн бурданд; ба ин гумон, ки ин мавҷудот мавҷудоти беҳудае ҳастанд ва ҷуз зарар аз ноҳияи эшон чизе дигар бар мо оид нест. Чанд сол гузашт ва диданд, кӯчаву хиёбонҳояшон пур аз малах шуда ва ҳатто одамон наметавонанд аз манозили худ берун оянд. Ба фикр фурӯ рафтанд, ки иллаташ чӣ бошад? Фаҳмиданд, иллаташ набуди он гунҷишкҳои "беҳуда” будааст ва онгоҳ ба сахтӣ аз ҷоҳои дигар он навъ аз гунҷишкҳоро оварданд ва мушкилашон бартараф шуд.

Бинобар ин, мо бояд хушбин бошем на бадбин ва ба фармудаи Мавлои Рум:

Бода к-андар хум ҳамеҷӯшад ниҳон,

З-иштиёқи рӯйи ту ҷӯшад чунон.

Эй ҳаме дарё! Чӣ хоҳӣ карданам?

В-эй ҳама ҳастӣ! Чӣ меҷӯйӣ адам?

Ту хушиву хубиву кони ҳар хушӣ,

Ту чаро худ миннати бода кашӣ?

Тоҷи «каррамно»-ст бар фарқи сарат,

Тавқи «аътайнока» овези барат.

Илм ҷӯйӣ аз кутубҳои фусус?!

Завқ ҷӯйӣ ту зи ҳалвои сабус?!

Май чӣ бошад ё ҷимоъу ё самоъ

То ту ҷӯйӣ з-он нашоту интифоъ?!

Офтоб аз зарра кай шуд вомхоҳ?

Зӯҳрае аз хумра кай шуд ҷомхоҳ?

Ошиқам бар лутфу бар қаҳраш ба ҷид,

Эй аҷаб ман ошиқи ин ҳар ду зид.

Мушкил дар поин аст, на дар боло

Ва аммо дар мавриди ин ки чаро баъзе аз инсонҳо солим аз модар зоида шудаанд, вале баъзеи дигар шалу кӯру кару песу лоли модарзод ба дунё омадаанд? Ин магар "табъиз” нест? Чаро Худо дар офариниш "табъиз” қоил шуда?

Посухаш он аст, ки файзу атои Худованд бар ҷаҳони ҳастӣ як гуна меборад ва ҳеч табъизе дар кор нест. Агар мушкиле ҳаст, он мушкил дар поин аст, на дар боло. Мисоле мезанам, шояд масъала рӯшантар шавад. Фарз кунед, ду дарахти себ дар баробари шумо қарор дорад ва ҳар ду дар як макон рӯидаанд, аммо меваи яке тару тоза аст, дигарӣ бемазза ва ғайриқобили тановул. Иллати ин ихтилоф чист? Оё барои яке, шуъои хуршед бештар ва барои дигарӣ камтар расида? Рӯшан аст, ки чунин нест, чун ҳар ду дар як макон ва ба ҳам наздиканд. Оё борон бар яке бештар ва барои дигарӣ камтар борида? Чунин ҳам нест... Пас мушкил дар куҷост?

Посухаш он аст, ки деҳқоне, ки мутасаддии нигоҳубини ин ду дарахат буда, барои яке бештар аҳаммият дода ва барои дигарӣ камтар. Маншаъ ва сарчашмаи ин ихтилоф, аз ноҳияи боло (хуршед ё борон) нест, балки ношӣ аз адами таваҷҷӯҳи касе аст, ки мебоист ба он дигарӣ ҳам хуб расидагӣ мекард, аммо накардааст.

Қонуне, ки бар ҷаҳони ҳастӣ ҳукмфармост (яъне қонуни иллият, ки ношӣ аз иродаи азалии Худост) бар ин устувор аст, ки агар дарахте мавриди нигоҳубини деҳқон қарор нагирад, ноқис хоҳад рӯид ва мевае номатлуб хоҳад дод.

Дар мавриди афроди истисноӣ (мисли ҳамҷинсбоз, хунсо, шалу кӯри модарзод ва ғайра) дар миёни башар, мутахассисини соҳаи пизишкӣ мӯътақиданд, ки иллаташ дар жени волидайни онҳо буда; яъне падару модари инон коре кардаанд ва муртакиби иштибоҳе шудаанд, ки самарааш ҳам ин ноқисулхалқҳост. Бархе аз фарзандон аз модар бо бемории СПИД мутаваллид мешаванд, чаро? Чун падар ё модари ӯ ҳомили ин вирус буда ва табиатан сироят карда ба он бечора. Чунин нест, ки Худо ӯро – алаёзу биллоҳ – СПИД халқ намуда бошад. Қонуни ҳоким бар ҷаҳон чунин аст, ки фарзанди ҳомили ин вирус, бемор мутаваллид мешавад.

Албатта қобили ёдоварӣ бошад, ки Худованд касонеро, ки дар ин дунё ба иллати гуноҳу иштибоҳи волидайнашон ноқис мутаваллид шудаанд, дар ҷаҳони дигар (охират) ҷубронашон хоҳад намуд.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ

Кимиёи саодат

Бахш: Фалсафа ва ҳикмат | Просмотров: 1197 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Апрел 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz