Ҷумъа, 29.03.2024, 18:46
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Октябр » 1 » Оё дин зоидаи ҷаҳл аст?
Оё дин зоидаи ҷаҳл аст?
19:46

Нақде бар андешаҳои Огюст Конт роҷеъ ба маншаи дин

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Кисмати аввал

Аз иштибоҳоти фоҳиши муддаиёни рӯшанфикрӣ дар ҷомеаи мо яке ин аст, ки вақте роҷеъ ба дин ва падидаи диндорӣ изҳори назар мекунанд, аз он ҷо ки ба гунаи бояд аз маорифи исломӣ огоҳ нестанд, бо ҳамон айнаке ба ойини ислом менигаранд, ки замоне андешмандон ва рӯшанфикрони ислоҳгаройи ғарбӣ ба кеши масеҳият нигоҳ мекарданд.

Яке аз натоиҷи чунин нигоҳ ин аст, ки мепиндоранд, ҳамон гуна ки омили пешрафту тараққии чашмгиронаи Аврупо дар чанд сад соли ахир, пушт кардани аврупоиён ба дину мазҳаб аст, мо мусалмонон низ агар бихоҳем мисли ғарбиҳо, рӯ ба тараққии ҳамаҷониба оварем, чорае надорем ҷуз ин ки дар мавзеъ ва ҷойгоҳи худ дар баробари дину ойинамон таҷдиди назар кунем.

Бе тардид, як чунин изҳори назар, ҳикоят аз беиттилоии соҳиби он аз маорифи ойини ислом мекунад. Воқеан, агар андешманде, ба маорифи волои исломӣ, ки аз пуштвонаи ақлии муҳкаме бурхӯрдор аст огоҳ мебуд, ҳаргиз роҷеъ ба падидаи дину диндорӣ дар ҷавомеи исломӣ, он намегуфт, ки замоне рӯшанфикрони ғарбӣ ба ҳақ роҷеъ ба ойини масеҳияти ҳоким дар Аврупои қуруни вусто мегуфтанд. Оре, аз ӯ баид буд, ки бигӯяд: "Мавзӯи дин, идеология ва диндорӣ камранг шудааст... Ҳарчанд ба таври сунъӣ ба ин мавзӯъҳои пешина зиракона (ва гоҳо маккорона) доман мезананд. Мардум аз ин ваъдаҳои хушк ва бебунёди аҳли дин хаста шудаанд... Имтиёзҳои деринаи дин доранд ранг мебозанд... Докторинаҳои пешинаи мазҳабӣ дигар коргар нестанд... Миллатҳо, давлатҳо, мазҳабҳо ва ҷомеаҳои ҷаҳонӣ мутаассифона, ба ин раванди рӯшанфикрии навини ҷаҳонӣ омодагии кофӣ надоранд. Сахт мутаассиб ва хурофотианд...

Ҳол, нигоранда, вазифаи худ медонад мулоҳазоти худро перомуни як чунин дидгоҳи ғалат пешкаш кунад. Албатта, аз он ҷо ки назири чунин суханоне садҳо сол пеш аз сӯи андешмандоне чун Огюст Конт (1798-1857), файласуф ва ҷомеашиноси шаҳири фаронсавӣ, ки ӯро поягузори мактаби исботгаройӣ (positivism) медонанд, иброз гардидааст, сазовор мебинад дидгоҳҳои ин донишмандро, ки дигарон тӯтивор онро такрор мекунанд, мавриди нақду баррасӣ қарор бидиҳад.

Огюст Конт мӯътақид буд, ки дин зоидаи ҷаҳл ва нодонист. Ӯ мегӯяд, аз он ҷо ки инсон асли қонуни иллият (ва ин ки ҳар ҳодисае ниёз ба падидоваранда дорад)-ро пазируфта аст, дар мавриди ҳар падидае, ҳамвора ба думболи падидоварандаи он мегардад. Башари ибтидоӣ, чун аз иллатҳои аслии ҳодиса ва падидаҳо огоҳ набуд, онро ба як силсила мавҷудоти ғайбӣ, аз қабили худоён ва фариштаҳо нисбат медод, аз ин рӯ, барои ҳар падидае худое қоил буд: худои борон, худои тӯфон, худои зилзила ва ғайра. Конт, як чунин давраи инсониро, ки башар дар он, ҳаводисро бо қувваҳои моварои табиӣ тавҷеҳ мекард ва иллати ҳар чизро Худо ё худоён медонист, давраи раббонӣ меномад.

Сипас, бо гузашти айём, башар аз ҷиҳати фикрӣ пешрафт кард ва ба асли иллият пай бурд, аммо ҳанӯз ба тафсил иллатҳои ашёро намедонист. Ҳол, чун ба асли иллият пай бурда буд, дар бораи ҳар ҳодисае ҳукм мекард, ки иллате дар худи табиат дорад, на дар моварои табиат. Ба ақидаи Конт, башар дар ин давра, ба вуҷуди қувва дар табиат пай бурда буд ва сарбаста ҳукм мекард, ки дар табиат як силсила қувваҳо вуҷуд дорад, ки дар вуқӯи ҳаводис нақши аслиро бар ӯҳда доранд. Дар ин давра, аз он назар, ки башар куллӣ фикр мекард, ҷуз ин наметавонист изҳори назар кунад, ки фалон ҳодиса иллате дорад, аммо ин ки он иллат чист ва чӣ хусусиятҳое дорад, посухе надошт. Конт ин давраро давраи фалсафӣ меномад.

Бо гузашти рӯзгорон, башар боз ҳам аз назари фикрӣ нерӯмандтар гардид ва он гоҳ ба тафсил ба иллатҳои ашё дар табиат пай бурд. Дар ин давра, башар аз тафаккури куллӣ (ва ба гуфтаи Конт, тафаккури фалсафӣ) рӯй гардонд ва равиши илмиро пеша сохт. Барояш комилан рӯшан шуд, ки як робитаи занҷирӣ падидаҳоро ба якдигар марбут мекунад. Конт ин давраро давраи илмӣ барои башар мехонад.

Пас, аз назари ҷаноби Конт, башар фақат замоне ба Худо мӯътақид ва ба дину шариати ӯ пойбанд хоҳад буд, ки нисбат ба иллати ашё дар табиат ҷоҳилу нодон бошад, ва ҳар гоҳ ба он иллатҳо пай бурд, лузуман аз эътиқод ба Худову пойбандӣ ба шариати ӯ, рӯй хоҳад гардонд. Ба сухани дигар, омили аслии эътиқод ба Худо ва диндорӣ, ҷуз ҷаҳлу нодонии башар нест.

Нақди дидгоҳи Огюст Конт

Ҳол, дар оғоз бояд бибинем, оё воқеан чунин дидгоҳе дуруст аст? Яъне, ба ҳар андоза, ки инсон нодон ва ҷоҳил бошад, диндор, ва ба ҳар миқдор, ки бар доноияш афзуда шавад, аз дин дуртар, ва дар ниҳоят, вақте донишаш комил гардид, бедин хоҳад шуд?

Аз он ҷо ки асоси диндориро эътиқод ба Худо ташкил медиҳад, пас, сазовор ин аст, ки бибинем пояҳои эътиқод ба Худо дар ниҳоди одамӣ кадом аст? Донишмандон дар ин замина чӣ мегӯянд?

1. Бархе бар ин боваранд, ки худошиносӣ дар фитрат ва сиришти одамӣ ниҳода шудааст; яъне инсон ба гунае офарида шудааст, ки ба муқтазои сохтмони руҳии худ Худоро меёбад бе он ки чизе дар ин замина аз берун барояш талқин шуда бошад, ва ба қавли Мавлои Рум:

Ҳамчу майли кӯдакон бо модарон

Сирри майли худ надонад дар лабон

Ҳамчу майли муфрити ҳар навмурид

Сӯи он пири ҷавонбахти маҷид

Ҷузъи ақли ин аз он ақли кулл аст

Ҷунбиши ин соя з-он шохи гул аст

Сояаш фонӣ шавад охир дар ӯ

Пас бидонад сирри майлу ҷустуҷӯ

Донишмандони зиёде ҳастанд, ки ба вуҷуди як шӯру ишқу ҷунбише дар умқи руҳи одамӣ, ки ӯро ба Худо пайванд медиҳад имон доранд. Аз ҷумлаи ин донишмандон, андешманди маъруф Алексис Каррел (Alexis Carrel), соҳиби китоби "Инсон – мавҷуди ношинохта” аст. Вай дар бораи дуо мегӯяд:

"Дуо парвози руҳ ба сӯи Худост”.[1]

Ва ҳам ӯ мегӯяд:

"Дар умқи виҷдон шӯълае фурӯзон аст. Инсон худро он чунон ки ҳаст мебинад. Аз худхоҳиҳояш, ҳирсаш, гумроҳиҳо ва каҷфикриҳояш ва аз ғуруру нухувваташ парда бармедорад. Барои анҷоми таклифи ахлоқӣ ром мешавад. Барои касби хузӯи фикрӣ иқдом мекунад; дар ҳамин ҳангом салтанати пурҷалоли омурзиш дар баробари ӯ падидор мегардад”.[2]

Аз ҷумлаи ин донишмандон Уилям Ҷемс (William James) аст. Вай мегӯяд:

"Гарчи (порае аз) ангеза ва муҳаррики майлҳои мо аз олами табиат сарчашма гирифтааст, (аммо) ғолиби майлҳои мо ва орзуҳои мо аз олами моварои табиат сарчашма мегирад, чаро ки ғолиби онҳо бо ҳисобҳои моддӣ ва ақлонӣ ҷур дарнамеояд”.[3]

Ҳам ӯ мегӯяд:

"Ман ба хубӣ мепазирам, ки сарчашмаи зиндагии динӣ дил аст, ва қабул ҳам дорам, ки формулаҳо ва дастуруламалҳои фалсафӣ монанди матлаби тарҷумашудаест, ки асли он ба забони дигаре мебошад”.[4]

Ҳам ӯ мегӯяд:

"Умуман, мӯътақиданд, ки имони худро бар пояҳои фалсафии муҳкам сохтаанд ва ҳол он ки мабнои фалсафӣ бар рӯи имон қарор дорад”.[5]

Паскал (Pascal), ки "муҳаббатро бартар аз ақл медонад ва бунёди илму эътиқодро бар ишроқи қалбӣ қарор медиҳад”, мегӯяд:

"Ба вуҷуди Худо дил гувоҳӣ медиҳад на ақл, ва имон аз ин роҳ ба даст меояд”.[6]

Қуръони Карим, китоби осмонии мо мусалмонон, ин ҳақиқатро, ки худошиносӣ ва дингаройӣ, дар сиришти одамӣ ниҳода шудааст, ба некӯтарин баён бозгӯ сохта. Қуръони Маҷид мефармояд:

"Пас, рӯи хеш ба сӯи дини яктопарастӣ овар дар ҳоле ки аз ҳамаи кешҳо (-и дурӯғин) рӯй бартофта ва ҳақгарой бошӣ; ба ҳамон фитрате, ки Худо мардумро бар он офаридааст. Офариниши Худо (мар фитрати тавҳид)-ро дигаргунӣ нест. Ин аст дини рост ва устувор, вале бештари мардум намедонанд”.[7]

2. Бархе ҳам бар ин боваранд, ки одамӣ аз роҳи мутолеаи табиат низ пай ба вуҷуди Худо мебарад; яъне мутолеаи аҳволи мавҷудоти олами табиат нишон медиҳад, ки сохтмони ҷаҳон ҳисобшуда аст, на ин ки аз рӯи тасодуф падид омада бошанд. Ин сохтмони муназзам ва мураттаб ҳикоят аз вуҷуди нозими ҳакиме мекунад, ки онро роҳандозӣ намуда, ва ба қавли Саъдӣ:

Офариниш ҳама танбеҳи Худованди дил аст

Дил надорад кӣ надорад ба Худованд иқрор

Ин ҳама нақши аҷаб бар дару девори вуҷуд

Ҳар кӣ фикрат накунад, нақш бувад дар девор

Аҷоиби назму ҳамбастагӣ дар табиат қобили шумориш нест, ҳар гӯшае аз онро бингарем, ҷуз назму ҳамоҳангӣ ва ҷуз осори дахолати иродаи ҳакимона дар махлуқот намебинем.

"Ҳамоно дар офариниши осмонҳо ва замин, аз пайи ҳам омадани шабу рӯз, киштиҳое, ки барои фоидаи башар дарёҳоро тай мекунанд, обе, ки Худо аз боло фуруд меоварад ва ба василаи он замини мурдаро аз нав ҷон медиҳад ва анвои ҷондорҳоро дар рӯи замин мепароканад, чархиши бодҳо ва абр, ки миёни замин ва осмон ба кор гумошта шудааст, (дар ҳамаи инҳо)  нишонаҳое бар вуҷуди Худованд барои мардуме, ки тааққул ва тафаккур мекунанд, вуҷуд дорад”.[8]

Идома дар қисмати баъдӣ


[1] Рисолаи Ниёиш, тарҷумаи Алии Шариатӣ.

[2] Ҳамон манбаъ.

[3] Китоби Дин ва равон, тарҷумаи Маҳдии Қоинӣ.

[4] Ҳамон манбаъ.

[5] Ҳамон манбаъ.

[6] Сайри ҳикмат дар Аврупо, таълифи Фурӯғӣ.

[7] Сураи Рум, ояти 30.

[8] Сураи Бақара, ояти 164.

Бахш: Худошиносӣ | Просмотров: 1054 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Октябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz