Шанбе, 20.04.2024, 09:44
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Октябр » 22 » Ҳофиз дар каломи Оятуллоҳ Хоманаӣ
Ҳофиз дар каломи Оятуллоҳ Хоманаӣ
19:23

Ба баҳонаи бузургдошти Хоҷаи Шероз

Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари Эрон, дар ойини гушоиши ҷашнвораи ҷаҳонии бузургдошти Ҳофиз, таъбироте бисёр арзишманд дар тавсифи ин шоири баландовоза ба кор бурдааст, ки нақли онҳо дар ин рӯзҳо, ки ба ин шоири барҷаста ва беназири форсӣ тааллуқ дорад, барои хонандаи тоҷик аз фоида холӣ набошад. Он чи дар пай меояд, порае аз ин суханронист:

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Алҳамду лиллоҳ, вас-салоту ало расулиллоҳ ва ало олиҳит-тоҳирин...

Ба ҳусни хулқу вафо кас ба ёри мо нарасад

Туро дар ин сухан инкори кори мо нарасад

Агарчи ҳуснфурӯшон ба ҷилва омадаанд

Касе ба ҳусну малоҳат ба ёри мо нарасад

Ба ҳаққи сӯҳбати дерин, ки ҳеҷ маҳрами роз

Ба ёри як ҷиҳати ҳақгузори мо нарасад

Ҳазор нақш баромад зи килки сунъу яке

Ба дилпазирии нақши нигори мо нарасад

Ҳазор нақд ба бозори коинот оранд

Яке ба сиккаи соҳибаёри мо нарасад

Дареғи қофилаи умр к-он чунон рафтанд

Ки гардашон ба ҳавои диёри мо нарасад

Бисӯхт Ҳофизу тарсам, ки шарҳи қиссаи ӯ

Ба самъи подшаҳи комкор нарасад

Беҳтарин фотеҳаи сухан дар бузургдошти ин азизи ҳамешагии миллати Эрон ва гавҳари ягонаи фарҳанги форсӣ, сухане аз худи ӯ буд, ки ин ғазал ба унвони ибрози иродате ба Хоҷаи Шероз, бузургшоири тамомии қуруну аъсор, дар ҳузури шумо бародарону хоҳарону меҳмонони гиромӣ хонда шуд.

Дурахшонтарин ситораи фарҳанги форсӣ

Бидуни шак Ҳофиз дурахшонтарин ситораи фарҳанги форсист. Дар тӯли ин чанд қарн то имрӯз ҳеҷ шоире ба қадри Ҳофиз дар аъмоқу завоёи зеҳну дили миллати мо нуфуз накардааст.

Ӯ шоири тамомии қарнҳост ва ҳамаи қишрҳо; аз урафои маҷзуби ҷилваҳои илоҳӣ то адибону шоирони хушзавқ, то риндони бесарупо ва то мардуми маъмулӣ, ҳар кадом, дар Ҳофиз сухани дили худро ёфтаанд ва ба забони ӯ шарҳи васфи ҳоли худро сурудаанд.

Шоире, ки девони ӯ то имрӯз пурнашртарин китоб баъд аз Қуръон аст ва дар ҳама ҷои ин кишвар ва дар бисёре аз хонаҳо бо қадосату ҳурмат дар канори китоби илоҳӣ гузошта мешавад.

Шоире, ки лафзу маъно ва қолабу муҳтаворо бо ҳам ба авҷ расондааст ва дар ҳар мақулае зубдатарин, муҷазтарин ва ширинтарин гуфтаро дорад.

Ҳофиз, ҳамчунон ношинохта

Албатта дар ҷомеаи мо ва дар берун аз кишвари мо, дар бораи Ҳофиз суханҳо гуфтаанд ва қаламҳо задаанд ва ба даҳҳо забон девони ӯро баргардондаанд, садҳо китоб дар шарҳи ҳоли ӯ ё девони шеъраш навиштаанд, аммо ҳамчунон Ҳофиз ношинохта мондааст.

Инро эътироф мекунем ва бар асоси ин эътироф бояд ҳаракат кунем ва ин ҷашнвора бузургтарин ҳунараш иншоаллоҳ ин хоҳад буд, ки ин ҳаракат гоме ба ҷилав бошад.

Дар ин ҷашнвора асотиди бузург, шуаро, удабо ва соҳибфазилатон ва афроди соҳиназар биҳамдиллоҳ бисёранд. Бояд бигӯянду бисароянду бинависанд ва пас аз ин ҷаласа ҳам бояд ин ҳаракат идома пайдо кунад.

Шеъри Ҳофиз мустафод аз Қуръон мебошад

Мо Ҳофизро фақат ба унвони як ҳодисаи торихӣ арҷ намениҳем, балки Ҳофиз ҳамчунин ҳомили як паём ва як фарҳанг аст. Ду хусусият вуҷуд дорад, ки моро вомедорад аз Ҳофиз таҷлил кунем ва ёди ӯро зинда нигаҳ дорем.

Аввал, забони фохири ӯ, ки ҳамчунон бар қуллаи забону шеъри форсӣ истодааст ва мо ин забонро бояд арҷ биниҳем ва аз он меъроҷе бисозем ба сӯи забони пок, пироста, комил ва воло; чизе, ки имрӯз аз он маҳрумем.

Дуввум, маорифи Ҳофиз, ки худи ӯ таъкид мекунад, ки аз нукоти қуръонӣ истифода кардааст. Қуръон дарси ҳамешагии зиндагии инсон аст ва шеъри Ҳофиз мустафод аз Қуръон мебошад.

Ҳофиз худ эътироф дорад, ки нукоти қуръониро омӯхта ва забони худашро ба онҳо гушудааст. Пас, муҳтавои шеъри Ҳофиз он ҷо ки аз ҷанбаи баёнии маҳз хориҷ мешавад ва қадам дар водии баёни маорифу ахлоқиёт мегузорад, як ганҷина ва захира барои миллати мо ва миллатҳои дигар ва наслҳои оянда аст. Чаро ки маорифи волои инсонӣ марз намешиносад. Аз ин рӯ, бузургдошти Ҳофиз, бузургдошти фарҳанги қуръонӣ, исломӣ ва иронӣ аст ва низ бузургдошти он андешаҳои нобест, ки дар ин девони кучак гирдоварӣ шуда ва ба беҳтарин ва ширинтарин забон баён гардидааст.

Ман мойил будам, ки имрӯз ҳадди ақалл битавонам баҳсе мавриди қабул дар ин маҷмаъ дошта бошам. Иродат ба Ҳофиз ва эҳсоси масъулият дар муқобили паёми Ҳофиз ва ҷаҳонбинӣ ва забони ӯ, маро ба ширкат дар ин иҷтимоъ ва ҳамкорӣ бо шумо вомедорад. Аммо вақт маҳдуд ва гирифториҳо ба ман иҷоза намедиҳад он чунон ки дилхоҳи як дӯстдори Ҳофиз аст, дар бораи ӯ сухан бигӯям, дар истеъҷол бо истимдод аз ҳофиза ва Ҳофиз матолиберо омода кардаам, ки арз мекунам.

Баҳсро дар се қисмат матраҳ хоҳам кард: як қисмат дар боби шеъри Ҳофиз, қисмати дигар дар боби ҷаҳонбинии Ҳофиз ва қисмати сеюм дар боби шахсияти ӯ.

Шеъри Ҳофиз, авҷи сухани форсӣ

Он чунон ки ман аз девони Ҳофиз ва аз маҷмӯаи сухани ӯ бардошт мекунам, шеъри Ҳофиз дар авҷи ҳунари форсӣ аст ва аз ҷиҳоти мухталиф дар ҳадди аълост. Ин баҳс, ки беҳтарин шоири форсӣ кист, то кунун баҳси беҷавобе мондааст ва шояд баъд аз ин ҳам беҷавоб бимонад. Аммо метавон иддао кард, ки ба авҷи сухани Ҳофиз; яъне ба авҷе, ки дар сухани Ҳофиз ҳаст, ҳеҷ сухансаройи дигаре нарасидааст. На ин ки мартабаи шеъри Ҳофиз дар ҳамаи ғазалиёту сурудаҳо дар мартабаи волотар аз дигарон аст, балки ба ин маъно, ки дар бахше аз ин маҷмӯаи гаронбаҳо ва нафис, авҷе вуҷуд дорад, ки шабеҳи онро дар каломи дигарон мушоҳида намекунем.

Ғазал ба таври табиӣ шеъри ишқ аст. Ҳар навъ ғазал, чӣ орифона ва чӣ ғайри орифона, баёни латифтарин эҳсосоти инсони мутааҳҳид аст ва ба таври табиӣ наметавонад аз шеваҳо, услубҳо ва калимоте истифода кунад, ки ба сахофати шеър хоҳад анҷомид; чизе, ки дар қасида ва маснавӣ ба роҳатӣ метавон аз он баҳра бурд.

Аз ин рӯ шумо мебинед, ки Саъдӣ бузургустоди сухан, сахоеро, ки дар Бӯстон нишон медиҳад, дар ғазалиёти худаш наметавонад нишон бидиҳад. Ин табиати забони ғазал аст ва ҳар шоире ногузир дар ғазал маҳдудиятҳое дорад.

Ҳоло агар нигоҳ кунед ба ташбибҳо ва насибҳое, ки шуаро маъмулан дар муқаддамоти қасоид доштаанд - дар гузашта камтар қасидае буд, ки аз ташбибу насиб; яъне аз ҳамон абёти ошиқонае, ки шоир дар ибтидои қасида месуруд, холӣ бошад - хоҳед дид, ки ҳеҷ кадом аз ин абёте, ки ба унвони ташбиб дар муқаддима ва талиаи қасоид суруда шуда, натавонистааст кори як ғазалро дар байни мардум бикунад...

Ҳамзамонии латофату истеҳком дар ғазали Ҳофиз

Ба назар мерасад, латофат ва нозукӣ дар ғазал, ба таври табиӣ бо табиати истеҳком ва муҳкам будани шеър дар қасида мунофот дорад. Аммо агар мо шеъре пайдо кардем, ки бо вуҷуди ғазал будан, аз лиҳози истеҳкоми алфоз кучактарин нақисае надошта бошад, ин шеър бартарин шеър аст.

Агар ғазалеро мо ёфтем, ки илова бар лутфи сухан ва латофати калимот, аз як истеҳком ва устуворӣ ҳам бархӯрдор буд; ба тавре ки битавон ҷои калимае аз калимоти онро иваз кард ё чизе бар он афзуд ё чизе аз он кост, бояд қабул кунем, ки ин ғазал дар ҳадди авҷ аст ва дар девони Ҳофиз аз ин қабил ашъор бисёр аст.

Истеҳкоми сухан дар ғазали Ҳофиз назарҳоро ба худ ҷалб мекунад. Касоне ки дар хусусиёти лафзии сухани ӯ кор мекунанд, минҳои масоили маънавӣ, билошак яке аз чизҳое, ки онҳоро мабҳут мекунад, ҳамин истеҳкоми сухани Хоҷа аст.

Албатта намехоҳам бигӯям, ки ҳамаи ғазалиёти Ҳофиз чунин аст, ба қавли Ғании Кашмирӣ:

Шеър агар эъҷоз бошад, бе баланду паст нест

Дар яди баёзо ҳама ангуштҳо якдаст нест

Бинобар ин, дар шеъри Ҳофиз ҳам кӯтоҳу баланд вуҷуд дорад, ва тасодуфан шеърҳои пойини Ҳофиз он чизҳоест, ки нишонаҳои мадҳ дар он ҳаст:

Аҳмадуллоҳа ало муаддилиҳис-султонӣ

Аҳмад Шайхи Увайси Илконӣ

Ҳофиз инро барои мадҳ гуфтааст ва метавон гуфт, ки шеъри Ҳофиз ба шумор намеояд. Шеъри Ҳофизро дар ҷоҳои дигар ва бахшҳои дигаре боисти ҷустуҷӯ кард.

Хусусиёти лафзии Ҳофиз

Бархе аз хусусиёти шеъри Ҳофизро ман арз мекунам:

1. Қудрати тасвир:

Яке аз хусусиёти шеъри Ҳофиз, қудрати тасвирҳост, ва ин аз чизҳоест, ки камтар ба он пардохта шудааст. Тасвир дар маснавӣ чизи осон ва мумкинест. Бинобар ин, шумо тасвиргарии Фирдавсиро дар Шоҳнома ва махсусан Низомиро дар китобҳои маснавияш мушоҳида мекунед, ки табиатро чӣ зебо тасвир мекунад. Ин кор дар ғазал кори осоне нест, ба хусус вақте ки ғазал бояд дорои муҳтаво ҳам бошад. Тасвир бо он забони муҳкам ва бо латофатҳои вижаи шеъри Ҳофиз ва бо мафоҳими хоссаш чизе наздик ба эъҷоз аст. Чанд намунае аз тасвирҳои шеърии Ҳофизро ман мехонам, чун рӯи тасвиргарии Ҳофиз гумон мекунам камтар кор шудааст. Бибинед чӣ қадар зебо ва қавӣ ба баёну тавсиф мепардозад:

Дар саройи муғон рафта буду об зада

Нишаста пиру салое ба шайху шобзада

Сабукашон ҳама дар бандагияш баста камар

Вале зи тарки калла чатр бар саҳоб зада

Шуъои ҷому қадаҳи нури моҳ пӯшида

Узори муғбаччагон роҳи офтоб зада

Гирифта соғари ишрат фариштаи раҳмат

Зи ҷуръа бар рухи ҳуру парии гулобзада

То мерасад ба ин ҷо ки:

Салом кардаму бо ман ба рӯи хандон гуфт

Ки эй хуморкаши муфлиси шаробзада

Чӣ касе ҳастиву чӣ кораиву чӣ гунаӣ

... суол мекунад то мерасад ба ин ҷо ки:

Висоли давлати бедор тарсамат надиҳанд

Ки хуфтаи ту дар оғӯши бахт хобзада

Паёми шеърро бибинед чӣ қадар зебо ва баланд аст ва шеър чӣ қадар бархӯрдор аз истеҳкоми лафзӣ аст, ки ҳақиқатан камназир аст ҳам аз лиҳози истеҳкоми лафзӣ ва ҳам дар айни ҳол, ин гуна тасвиргарии саройи муғону пиру муғбачччагонро нишон медиҳад ва ҳоли худашро тасвир мекунад. Тасвире, ки инсон дар ин ғазал мушоҳида мекунад, чизи аҷибест ва назоири ин дар девони Ҳофиз зиёд аст. Ҳамин ғазали маъруф:

Дӯш дидам, ки малоик дари майхона заданд

Гили Одам бисириштанду ба паймона заданд

Сокинони ҳарами сатру ифофи малакут

Ба мани роҳнишин бодаи мастона заданд

Як тарсими бисёр рӯшан аз он чизест, ки дар як мукошафа ё дар як илҳоми зеҳнӣ ё дар як биниши ирфонӣ ба шоир даст додааст ва эҳсос мекунад, ки инро ба беҳтарин забон зикр мекунад ва агар мо қабул кунем – ки қабул ҳам дорем – ки ин паёми ирфонӣ аст ва баёни маърифате аз маорифи ирфонӣ, шояд ҳақиқатан онро ба беҳтар аз ин забон ба ҳеҷ забоне нашавад баён кард.

Тасвиргарии Ҳофиз яке аз барҷастатарин хусусиёти ӯст. Бархе аз нависандагону гӯяндагон низ ибҳоми баёни Ҳофизро бузург доштаанд ва чун дар борааш зиёд баҳс шуда ман такрор намекунам.

2. Шӯрофаринӣ:

Аз хусусиёти дигари забони Ҳофиз, шӯрофаринии он аст. Шеъри Ҳофиз шеъре пуршӯр асту шӯрангез...

Дар намозам хами абрӯи ту ба ёд омад

Ҳолате рафт, ки меҳроб ба фарёд омад

Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем

Эй бехабар аз лаззати шурби мудоми мо

Ҳошо, ки ман ба мавсими гул тарк мекунам

Ман лофи ақл мезанам ин кор кай кунам

Ин ашъор, саросар шеъру ҳаракату ҳаяҷон аст ва ҳеҷ шабоҳате ба шеъри як инсони беҳол афтода ва торики дунё надорад. Ҳамин шеъри маъруфе, ки аввали девони Ҳофиз аст ва сароғози девони ӯ низ мебошад:

Ало ё айюҳас соқӣ адир каъсан ва новилҳо

Ки ишуқ осон нумуд аввал, вале уфтод мушкилҳо

... намунаи боризе аз ҳамин шӯрофаринӣ ва валвалаофаринӣ аст ва ин яке аз хусусиёти шеъри Ҳофиз аст.

3. Истифодаи густарда аз мазомин:

Хусусияти дигараш ин аст, ки шеъри Ҳофиз саршор аз мазомин ва он ҳам мазомини ибтикорӣ аст. Хоҷа мазомини шуарои гузаштаро бо беҳтарин баён ва ғолибан беҳтар аз баёни худашон адо кардааст; чӣ мазомини шуарои араб ва чӣ шуарои форсизабони пеш аз худаш мисли Саъдӣ ва чӣ шуарои муосири худаш мисли Хоҷу (-и Кирмонӣ) ва Салмони Соваҷӣ, ки гоҳе мазмунеро аз онҳо гирифта ва ба зеботар аз баёни худи онҳо онро адо кардааст.

Ин ки гуфта мешавад дар шеъри Ҳофиз мазмун нест, ношӣ аз ду иллат аст: яке ин ки мазомини Ҳофиз он қадар баъд аз ӯ такрору тақлид шудааст, ки имрӯз вақте мо онро мехонем ба гӯшамон тоза намеояд. Ин гуноҳи Ҳофиз нест. Дар воқеъ ин мадҳи Ҳофиз аст, ки шеъру сухану мазмуни ӯ он қадар даст ба даст гашта ва ҳама онро такрор кардаанд ва гирифтаанд ва тақлид кардаанд, ки имрӯз ҳарфе тоза ба гӯш намеояд.

Дуввум ин ки зебоӣ ва сафои сухани Хоҷа он чунон аст, ки мазмун дар он гум мешавад, бар хилофи бисёре аз сарояндагони сабки ҳиндӣ, ки мазомини олиро ба кайфияте баён мекунанд, ки зебоии шеър латма мебинад. Албатта ин нақси он сабк низ нест. Он ҳам дар ҷои худ баҳс дорад ва назар ҳаст, ки ин худ яке аз камолоти сабки ҳиндӣ аст. Ба ҳар ҳол, мазмун дар шеъри Ҳофиз он чунон ҳамвору ором баён шуда, ки худи мазмун гӯйи ба чашм намеояд.

4. Камгӯӣ ва гузидагӯӣ:

Камгӯӣ ва гузидагӯӣ, хусусияти дигари шеъри Ҳофиз аст; яъне ҳақиқатан ҷуз бархе аз абёт ё баъзе аз ғазалиёту қасоиде, ки ғолибан ҳам маълум мешавад, ки марбут ба авзоъу аҳволи хосси худаш ё мадҳи ину он мебошад, дар бақияи девон намешавад ҷоеро пайдо кард, ки инсон бигӯяд дар ин ғазал агар ин байт набуд беҳтар буд; коре, ки бо девони хеле аз шуаро мешавад кард.

Инсон девонҳои бисёр хубро аз шуарои бузург мехонад ва мебинад дар қасидае ба ин қашангӣ ё ғазале ба ин шевоӣ байти баде вуҷуд дорад ва агар шеър як дасттар буд, беҳтар буд. Инсон дар шеъри Ҳофиз чунин чизеро наметавонад пайдо кунад.

5. Ширинии баён:

Равонӣ ва сайқалзадагии алфоз, таркиботи бисёр ҷаззоб ва лаҳни ширин, яке дигар аз хусусиёти аслии шеъри Ҳофиз аст. Баёни ӯ бисёр шабеҳ ба Хоҷу аст. Гоҳ инсон вақте шеъри Хоҷуи Кирмониро мехонад, мебинад, ки хеле шабеҳ ба шеъри Ҳофиз аст ва қобили иштибоҳ бо ӯ. Аммо қаринаи баёни Ҳофиз дар ҳеҷ девони дигаре аз давовини шеъри форсӣ - то он ҷое ки банда дидаам ва эҳсос кардаам – мушоҳида намешавад.

Баъзе Ҳофизро муттаҳам ба такрор кардаанд. Бояд арз кунам, такрори Ҳофиз, такрори мазмун нест, такрори идеяҳо ва мафоҳим аст. Як мафҳумро ба забонҳои гуногун такрор мекунад, намешавад инро такрори мазмун номид.

6. Мусиқии гӯшнавоз:

Мусиқии алфози Ҳофиз ва гӯшнавозии калимоти он низ яке дигар аз хусусиёти барҷастаи шеъри ӯст. Шеъри ӯ ҳангоме ки ба тарзи маъмулӣ хонда мешавад гӯшнавоз аст; чизе, ки дар шеъри форсӣ назираш инсофан кам аст. Баъзе аз ғазалиёти дигар ҳам албатта ҳамин гуна аст... Бисёре аз ғазалиёти Саъдӣ (низ) бар ҳамин сиёқ аст. Баъзе аз маснавиёт низ чунинанд. Аммо дар Ҳофиз ин як сибғаи куллӣ аст ва касрати зарофатҳо ва резакориҳои лафзӣ аз қабили ҷиносҳо ва мурооти назирҳо ва иҳом ва тазоддҳо иломошоаллоҳ. Шояд камтар битавон ғазале ёфт, ки дар он чанд маврид аз ин зарофатҳо ва резакориҳо ва тарсимҳо ва саноеи лафзӣ вуҷуд надошта бошад...

7. Расоии баён:

Яке дигар аз хусусиёти шеъри Ҳофиз, равонӣ ва расоии он аст, ки ҳар касе бо забони форсӣ ошно бошад, шеъри Ҳофизро мефаҳмад. Вақте ки шумо шеъри Ҳофизро барои касе ки ҳеҷ саводе надошта бошад бихонед, роҳат мефаҳмад:

Пурсише дорам зи донишманди маҷлис бозпурс

Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд

Ҳеҷ ибҳоме ва нуктае, ки печу хамӣ дар он бошад мушоҳида намешавад. Нав мондани забони ғазал ба қавли яке аз удабо ва нависандагони муосир, мадюни Ҳофиз аст ва ҳамин ҳам дуруст аст.

Яъне имрӯз шевотарин ғазали мо он ғазалест, ки шабоҳате ба Ҳофиз мерасонад. Намегӯям агар касе дуруст нусхаи Ҳофизро тақлид кунад, ин беҳтарин ғазал хоҳад буд, на, забону таҳаввули сабкҳо ва пешрафти шеър яқинан моро ба ҷоҳои ҷадиде расонда ва ҳақ ҳам ҳамин аст. Аммо дар ҳамин ғазали ноби пешрафтаи имрӯз он ҷое ки шабоҳате ба Ҳофиз ва забони Ҳофиз дар он ҳаст, инсон эҳсоси шевоӣ мекунад.

8. Ба кор бурдани киноя:

Хусусияти дигар, ба кор бурдани маонии рамзӣ ва киноӣ аст, ки ин ҳеҷ шакке дар-аш нест. Яъне ҳатто касоне ки шеъри Ҳофизро яксара шеъри ошиқона ва ба қавли худашон риндона медонанд ва ҳеҷ мӯътақид ба гароиши ирфонӣ (воқеан ин ҷафо ба Ҳофиз аст) ҳам дар мавориде наметавонанд инкор кунанд, ки сухани Ҳофиз сухани рамзӣ аст; яъне комилан рӯшан аст, ки сухани Ҳофиз ин ҷо ба кинояву рамз аст:

Нақди сӯфӣ на ҳама софии беғиш бошад

Эй басо хирқа, ки муставҷиби оташ бошад

Khamenei.ir

Бахш: Машоҳири исломӣ | Просмотров: 3023 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Октябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz