Сешанбе, 19.03.2024, 11:31
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Октябр » 22 » Некӯтарин роҳи исботи ҳаққонияти ойини ислом
Некӯтарин роҳи исботи ҳаққонияти ойини ислом
00:54

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Оё дини ислом дини ҳақ аст? Ба назари камина, некӯтарин ва шояд наздиктарин роҳ барои исботи ин матлаб, нигоҳест ба сира ва равиши зиндагии оварандаи он яъне ҳазрати Муҳаммад (с), ки чӣ гуна буда? Роқими сутур мӯътақид аст, баррасии торихи зиндагонии оварандаи ойине, чӣ аз забони мувофиқон ва чӣ аз забони мухолифонаш, кофист одамиро ба ҳаққоният ва ё адами ҳаққонияти он дин воқиф созад.

Барои исботи ҳаққонияти ойини ислом, далелҳои зиёде овардаанд ва албатта аз зовияҳои гуногун, ки ҳар як дар ҷои худаш дар хӯри таваҷҷӯҳ аст. Аммо некӯтарин роҳ ва наздиктарини он, чунон ки ишора шуд, баррасии зиндагонии оварандаи ойини муқаддаси ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ба вижа пеш аз он ки иддаои паёмбарӣ намояд мебошад. Чаро?

Зеро агар фарзро бар ин бигузорем, ки ойини ислом ойини ҳақ нест, лозимаи чунин фарзе ин аст, ки ҳазрати Муҳаммад (с) дурӯғ гуфтааст; яъне аз пеши худ ин ойин тарошидааст; ҳол, ё ба хотири молу манол ва ё ба хотири обрӯю эътибор, ба ҳар ҳол, дурӯғ гуфтааст.

Аз як сӯ, таҷруба нишон медиҳад – ва инро ҳар инсоне таҷруба кардааст – ки касе ки дурӯғгӯст, инсони солиме намебошад, миёни мардумони ҷомеаи худ ҷойгоҳе нахоҳад дошт ва касе ба ӯ эътимод нахоҳад кард. Асосан, суннати ҳоким бар ҷавомеи башарӣ, аз куҳан то ба ҳол, чунин аст, ки инсоне дар ҷомеа аз обрӯю эътибор бархӯрдор хоҳад шуд, ки дорои ахлоқи писандидае чун садоқат, вафодорӣ, ростӣ, дурусткорӣ, амонат ва аз ин қабил рафторҳои некӯ бошад.

Нигоҳе гузаро ба сира ва равиши зиндагии ҳазрати Муҳаммад (с) дар миёни мардумони ҷомеааш, ба вижа пеш аз паёмбарӣ, кофист барои ҳар инсоне ин боварро эҷод намояд, ки аслан маҳол аст як чунин инсоне ва дорандаи чунон ахлоқе, сухани дурӯғ ва иддаои газофе кунад. Ҳоло, камина чанд ривояте аз китобҳои мӯътабари торихӣ нақл мекунам то хонанда худ доварӣ кунад.

Дар Сираи Ибни Ҳишом, ки аз мӯътабартарин китобҳои сира ба шумор меравад омадааст, ки вақте мушрикон аз муқобила бо паёмбар хештанро нотавон диданд, Абӯҷаҳл пешниҳод кард, ки биёед ба мардум бигӯем, ки Муҳаммад ҷодугар аст. Назр ибни Ҳорис, ки яке аз сарсахттарин душманони он ҷаноб (с) ба шумор мерафт, баланд шуд ва гуфт: "Эй гурӯҳи Қурайш! Шумо ҳамагӣ некӯ медонед, ки Муҳаммад аз кӯдакӣ то ин замон, ки дар байни шумост, писандидатарин, ростгӯтарин ва амонатдортарин шахс дар миёни шумоён буд, ҳол, ки дар ин синну сол иддаои паёмбарӣ мекунад, мегӯед, вай ҷодугар аст? Ба Худо савганд, ки ӯ ҷодугар нест. Беҳтар аст барои муқобила, як фикри дигар бикунед...

Бухорӣ ривояте дар Саҳеҳи худ нақл мекунад, ки бо интишори хабари паёмбарии он ҷаноб (с) дар ақсо нукоти гетӣ, аз ҷумла Рум, Ҳерақл подшоҳи Рум ба навкарони худ дастур медиҳад то афродеро, ки аз Ҳиҷоз ба Рум барои тиҷорат омадаанд, пеши вай биёваранд. Абӯсуфён, ки яке аз душманони сарсахти паёмбар (с) маҳсуб мегашт, дар он ҳангом дар Рум қарор дошт. Ӯро пеши Ҳерақл ҳозир месозанд. Ҳерақл аз ӯ мепурсад:

- Оё ту ин шахсеро, ки иддаои паёмбарӣ мекунад мешиносӣ?

- Оре мешиносам, писарамуи ман аст.

- Оё аз хонаводаи обрӯмандест?

- Оре.

- Пайравонашро чӣ касоне ташкил медиҳанд: аъёну ашроф ё табақаи маҳрум?

- Бештар табақаи маҳрум

- Оё бар пайравонаш афзуда мешавад, ё коста?

- Рӯза аз рӯз афзуда мешавад.

- Оё чунин иттифоқе афтодааст, ки касе баъд гароиш ба ин ойини ҷадид, аз он мутанаффир шуда, раҳояш созад?

- На.

- Оё то ин замон; яъне то замони иддаои паёмбарӣ, аз ин шахс сухани дурӯғе шунида будед?

- На, ҳаргиз.

- Оё хиёнате аз вай дидаед?

- На.

- Аслан ин шахс шуморо ба сӯи чӣ мехонад?

- Мегӯяд, худои ягонаро бипарастед ва ба ӯ ширк маварзед, суханони бепояи аҷдоди хешро раҳо кунед. Мегӯяд, намоз хонед, ростгӯ бошед, иффат пеша кунед ва робитаи хешовандӣ қатъ макунед...

Он гоҳ Ҳерақл ба тарҷумони худ дастур дод то ба Абӯсуфён бигӯяд, ки вақте аз насабаш пурсидам, посух додӣ, ки аз хонаводаи обрӯманд аст, пас, бидонед, ки ҳар паёмбар ва фиристодае аз миёни шарифтарини мардумон аз назари насаб баргузида мешавад. Пурсидам, оё дар ӯ то ин замон дурӯғе дидаед, посух додӣ, ки на, пас, бидонед, ки касе ки аз сухани дурӯғ ба мардумон парҳез мекунад, ҳаргиз бар Худо дуруӯғ намебандад. Пурсидам, ки оё аъёну ашроф пайравони вайро ташкил медиҳанд ё табақаи маҳрум, посух додӣ, ки бештар табақаи маҳрум, пас, бидонед, ки ин табақаи маҳрум аст, ки ҳамвора фиристодагонро пайравӣ мекунанд, на табақаи мураффаҳ... Пурсидам, ки ба сӯи чӣ чизе даъват мекунад, посух додӣ, ки ба сӯи парастиши Худои Ягона ва ширк наёвардан ба ӯ, пас, бидонед, ки ҳамаи паёмбарон чунин буданд...

Ривояти дигаре дар кутуби мӯътабар нақл шуда, ки вақте ҳазрати паёмбар (с) маъмури даъвати ошкоро мешавад ва Худованд дастур медиҳад, ки аз ин пас даъвататро ошкор соз, он ҷаноб (с) болои кӯҳи Сафо мебарояд ва аз мардумон мехоҳад он ҷо ҷамъ шаванд. Вақте ҳамагон гирд меоянд, аз ҷумла душманони сарсахташ чун Абӯҷаҳлу Абӯлаҳаб, мефармояд:

- Агар ба шумоён бигӯям, ки ҳаминак гурӯҳе дар пушти ин водӣ қарор доранд ва мехоҳанд бар шумо ҳамла намоянд, оё тасдиқам хоҳед кард?

- Оре, мо ҳаргиз аз ту дурӯғе нашунидаем.

- Пас, бидонед, ки ман бимдиҳанда ҳастам шумоёнро аз азобе дарднок.

Агар дар бораи сира ва равиши зиндагонии он ҷаноб (с) дар ҷомеа сухан биронем, яке ду мақола басанда нест, китобҳо бояд навишт, ки навиштаанд. Хонандаи азиз метавонад барои ошноӣ бо сираи он ҷаноб (с) ба китобҳое чун Сираи Ибни Ҳишом, Торихи Табарӣ ва дигар кутуби торихӣ муроҷеа кунад ва бибинад чӣ шахсияте буд ҳазрати Муҳаммад (с). Он гоҳ худ доварӣ хоҳад кард, ки асосан маҳол аст як чунин шахсияте сухани дурӯғ бигӯяд. Албатта ин, илова бар он аст, ки мо далоиле дигар бар ҳаққонияти паёмбарии ӯ дар даст дорем, ки дар як фурсати муносиб баёнаш хоҳем намуд.

Комёб бошед

Кимиёи саодат

Бахш: Таърихи исломӣ | Просмотров: 692 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Октябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz