Ҷумъа, 22.09.2017, 18:22
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Март » 12 » Мусоҳибаи маҷаллаи “Фурсат”
Мусоҳибаи маҷаллаи “Фурсат”
01:42

Маҷаллаи "Фурсат”, нашрияи Маркази омӯзишҳои кӯтоҳмуддат ва фурсатҳои мутолеотии вобаста ба Донишгоҳи байналмилалии Мустафо (с) Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба муносибати баргузориисеввумин нишастаи "Накӯдошти пажӯҳишгарони бартар”, мусоҳибае бо Сайидюнуси Истаравшанӣ тартиб дода, ки машрӯҳи он пешкаши хонандагони пойгоҳи Кимиёи саодат мешавад.

Фурсат: Имсол дар севвумин "Накӯдошти пажӯҳишгарони бартар”-и Донишгоҳи байналмилалии Мустафо (с), Сайидюнуси Истаравшанӣ, муҳаққиқ ва пажӯҳишгари тоҷикистонӣ ва устоди ин донишгоҳ, аз миёни садҳо пажӯҳишгарон ва муҳаққиқини эронӣ ва кишварҳои мухталиф, ба унвони "Пажӯҳишгари баргузида” интихоб ва бад-ин хотир аз эшон таҷлил ва қадрдонӣ ба амал омад. Барои маҷаллаи "Фурсат” фурсати мусоҳиба ва гуфтугӯ бо эшон фароҳам шуд, ки дар зайл машрӯҳи ин гуфтугӯро тақдими хонандагони гиромӣ менамоем:

Саломун алайкум, дар оғоз шоиста аст табрикот ва таҳниоти хешро ҷиҳати баргузида шудани ҷаноби олӣ ба унвони "Пажӯҳишгари баргузида” дар соли ҷорӣ хидмататон арз бидорем. Нахустин суоли мо ин аст, ки шумо дар маросими ин накӯдошт ва эътои ҷоиза, бо ин ки ба унвони "Пажӯҳишгари баргузида” интихоб шудед, ташриф надоштед. Метавонед иллати адами ҳузури худро тавзеҳ бифармоед.

Сайидюнуси Истаравшанӣ: Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ, Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим, бо ташаккур, оре, мутаассифона тавфиқи ҳузур дар ин маросимро надоштам, албатта субҳи ҳамон рӯз хидмати дӯстони ситоди баргузорӣ, телефонӣ арз карда будам, ки камина бо коре воҷибтар аз ин муносибат машғулам. Қиблагоҳиам яъне модари гиромиям, ки солҳо аз ноҳияи по дучори бемории ортрез буданд, эшонро барои муолиҷа аз Тоҷикистон ба Эрон овардем ва он рӯзҳо амали ҷарроҳӣ рӯи пои муборакашон анҷом дода шуд, ки ҳузури ман дар канори қиблагоҳӣ воҷибтар ва заруртар аз ширкат дар ин маросим буд.

Фурсат: Худованд сояи эшон бар сари шумо мустадом бифармояд, иншоаллоҳ, ки ба хубӣ анҷом гирифт.

Сайидюнуси Истаравшанӣ: Оре, Худоро шукр, ба хубӣ анҷом пазируфт.

Фурсат: Худоро шукр. Чунон ки дӯстони ситоди баргузорӣ ишора фармуданд, иллати баргузида шудани ҷаноби олӣ, ба иловаи чанд таҳқиқ ва пажӯҳишҳое, ки ин авохир анҷом дода будаед, бештар ба ҷиҳати чанд китобе омӯзишӣ буда, ки таълиф фармудед ва ахиран чопу нашр шудаанд. Лутф кунед ва перомуни ин корҳоятон тавзеҳоте барои хонандагони гиромиямон бифармоед.

Сайидюнуси Истаравшанӣ: Оре, шояд бештар ба ҷиҳати китоби омӯзишии "Бидоятул мубтадӣ” бошад, ки аз 6 ҷилд иборат аст. Ҷилди аввали ин китобро, ки дар заминаи омӯзиши сарфи арабӣ ва мутуни арабӣ аст, соли 1992-93, ки камина ҳанӯз ба Эрон наомада будам, дар Доғистони Русия, ҳамроҳ бо яке аз дӯстони самимиям ҷаноби Қамаруддини Афзалӣ, таълиф намуда будем. Ду бор ҳам чоп шуд, ки албатта дар чопҳои баъдӣ андак тағйиру иловаҳое низ ба он ворид карда будам. Сипас, соли 1994, ҷилди дуввумашро, ки роҷеъ баомӯзиши наҳви арабӣ аст, таълиф кардам, ки он низ ду бор чоп гардид. Ончи ахиран Интишороти Донишгоҳи Мустафо (с) чоп кард, дар воқеъ чопи севвуми ин китоб аст. Чопи аввалаш ба кӯмаки дӯстон дар Русия чоп шуд, дуввумаш ба кӯмаки марҳум Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (р), поягузори Наҳзати Исломии Тоҷикистон чоп гардид.

Ҳадаф аз таълифи ин китоб ин буд, ки он вақт мо дар Тоҷикистон, китобе омӯзишӣ дар заминаи омӯзиши сарфу наҳви арабӣ барои мадориси динӣ ба гунаи шуста рӯфта надоштем, барои ҳамин, даст ба таълифи он зада будем. Баъд, соли 2003, ҳангоме ки дар Сурия машғули таҳсил дар донишгоҳ будам, дар авқоти фароғат, шурӯъ кардам ба таълифи ҷилди севвум, чаҳорум, панҷум ва шашуми ин китоб.

Ҷилди севвуми ин китоб, бо унвони "Дурусун фил мантиқ” дар заминаи омӯзиши илми мантиқ аст барои касоне ки тоза мехоҳанд бо ин дониш ошно шаванд, ки матнаш ба арабӣ аст албатта бо шарҳи муфассали форсӣ. Ҷилди чаҳорум, бо унвони "Усулуд дин фил Қуръонил Карим”, дар заминаи ошноӣ бо усули дин яъне ақоиди ойини мубини ислом аз нигоҳи Қуръони Карим аст, ки ба забони арабист. Ҷилди панҷум, бо унвони "Дурусун фи илмил балоға” дар заминаи омӯзиши илми балоғат ва фасоҳати забони арабист, ки он ҳам ба забони арабӣ мебошад, ва ниҳоятан, ҷилди шашуми ин китоб бо унвони "Дурусун фил ахлоқ” баргузидаест аз мабоҳиси ахлоқии китоби арзишманди Эҳёи улуми дини марҳуми Ғаззолӣ (р), ки ин ҳам ба забони арабӣ таълиф шудааст.

Ин шаш ҷилд китоб, дар воқеъ, китобҳои омӯзишӣ ҳастанд, ки донишҷӯи улуми динӣ, бо такмили онҳо, албатта ба тартиб, дигар метавонад ба истилоҳи мо тоҷикон мулло шавад.

Фурсат: Ташаккур устод, чунон ки дӯстон фармуданд, ҷилди чаҳоруми ин китоб яъне Усули дин дар Қуръони Карим, ки ҳам ба форсӣ буда ва ҳам ахиран арабии он чоп шудааст, бештар мавриди таваҷҷӯҳ будааст ва ибтикоре аз ҷониби шумо дар ин замина шумурда шуда. Имтиёзи он ба назари шумо дар чист, ки мавриди истиқбол қарор гирифта?

Сайидюнуси Истаравшанӣ: Ба назари камина, шояд имтиёзаш дар ин бошад, ки дар он, ақоиди мусалмон бо такя ба Қуръони Карим баён гардидааст. Агар мусалмонон, аз аввал, дар заминаи усули дин ва ақоид, танҳо ба Қуръони Карим такя мекарданд, имрӯз мо шоҳиди ихтилоф миёни онҳо набудем. Мутаассифона бештари ихтилофоти мазоҳиби исломӣ дар маҷоли ақоид, реша дар оёт ва ё ривоёти мутавотира надорад, балки бештар бархоста аз оро ва андешаҳои мандароварданӣ ва ё ривоёти оҳод ҳастанд. Масалан, яке аз ихтилофоти онон, марбут буд ба Каломи илоҳӣ, ки оё қадим аст, ҳодис аст ва ... Мо дар Қуръони Карим ҳеч ишорае роҷеъ ба ин мавзӯъ надорем, аммо мусалмонон дар гузашта бо андармони кардани хеш бо ин гуна мабоҳиси бегона аз Қуръон, ба ҷони ҳам афтоданд ва мутаассифона хунҳое ҳам рехта шуда буд.

Фурсат: Ташккур устод, оё дар ҳоли ҳозир машғули таълиф ва ё таҳқиқе ҳастед?

Сайидюнуси Истаравшанӣ: Оре, ахиран Пажӯҳишкадаи Донишгоҳи Мустафо (с) хост дар заминаи мабонии фикрии бархе аз ҳаракоти исломӣ мисли Ихвонул муслимин ва ё Ҷамоати исломии Покистон, кор кунам, бинобар ин, ҳамроҳи бародари азизамон Ҷаноби Оқои дуктур Кошонӣ шурӯъ ба ин таҳқиқ намудем. Албатта, имрӯзҳо, илова бар тадрис дар ин муассиса (Маркази омӯзишҳои кӯтоҳмуддати Донишгоҳи байналмилалии Мустафо (с)), бештар машғули фаъолият дар пойгоҳи интернетиям ҳастам (Кимиёи саодат).

Фурсат: Мамнун устоди азиз, ки вақт барои мо гузоштед, аз Худованди Мутаол орзуи муваффақиятҳои бештар барои шумо мехоҳем.

Сайидюнуси Истаравшанӣ: Ташаккур.

Маҷаллаи Фурсат

Бахш: Ҳадиси рӯз | Просмотров: 585 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 4.5/2 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Март 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz