Панҷшанбе, 28.03.2024, 20:56
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Март » 18 » Мушората, муроқаба ва муҳосаба
Мушората, муроқаба ва муҳосаба
01:36

Тавсияҳое ахлоқӣ аз забони Имом Хумайнӣ (р)

Аз умуре, ки лозим аст аз барои муҷоҳид, мушората, муроқаба ва муҳосаба аст.

Мушората он аст, ки дар аввали рӯз, бо худ масалан шарт кунад, ки имрӯз бар хилофи фармудаи Худованди Таборак ва Таоло рафтор накунад ва маълум аст, ки як рӯз хилоф накардан, амре аст хеле саҳлу осон ва инсон метавонад ба осонӣ аз ӯҳда (-и он) барояд. Ту озим шав ва шарт кун ва таҷруба намо ва бибин чӣ қадр саҳл аст. Мумкин аст Шайтон ва ҷунуди (лашкари) он малъун, бар ту ин амрро бузург намоиш диҳанд, вале ин аз талбисоти (васвасаҳои) он малъун аст. Ӯро аз рӯи воқеъ ва (аз таҳи) қалб лаън кун ва авҳоми ботиларо аз қалб берун кун ва як рӯз таҷруба кун; он вақт тасдиқ хоҳӣ кард.

Пас аз ин мушората, бояд вориди муроқаба шавӣ ва он, чунон аст, ки дар тамоми муддати шарт, мутваҷҷеҳи амал ба он бошӣ ва худро мулзам бидонӣ ба амал кардан ба он, ва агар Худой нахоста дар дилат афтод, ки амреро муртакиб шавӣ, ки хилофи фармудаи Худост, бидон, ки ин аз Шайтон ва ҷунуди ӯст, ки мехоҳанд туро аз шарте, ки кардӣ, боздоранд. Ба онҳо лаънат кун ва аз шарри онҳо ба Худованд паноҳ бибар ва он хаёли ботил аз дил берун намо ва ба Шайтон бигӯ, ки ман як имрӯз бо худ шарт кардам, ки хилофи фармони Худованди Таоло накунам. Валинеъмати ман солҳои дароз аст ба ман неъмат дода, сиҳҳату саломату амният марҳамат фармуда ва лутфҳое карда, ки агар то абад хидмати ӯ кунам, аз ӯҳдаи яке аз онҳо барнамеоям. Сазовор нест як шарти ҷузъиро вафо накунам. Умед аст иншоаллоҳ Шайтон тард шавад ва мунсариф гардад ва ҷунуди Раҳмон ғолиб ояд ва ин муроқаба бо ҳеч як аз корҳои ту аз қабили касбу сафару таҳсилу ғайра, мунофот надорад.

Ба ҳамин ҳол бош то шаб, ки мавқеи муҳосаба аст ва он, иборат аст аз ин ки ҳисоби нафсро бикашӣ дар ин шарте, ки бо Худои худ кардӣ, ки оё баҷо овардӣ ва бо валинеъмати худ дар ин муомилаи ҷузъӣ хиёнат накардӣ?

Агар дуруст вафо кардӣ, шукри Худо кун дар ин тавфиқ ва бидон, ки як қадам пеш рафтӣ ва мавриди назари илоҳӣ шудӣ ва Худованд иншоаллоҳ туро роҳнамоӣ мекунад дар пешрафти умури дунё ва охират ва кори фардо осонтар хоҳад шуд.

Чанде ба ин амал мувозабат кун; умед аст малака (одат) гардад аз барои ту; ба тавре ки аз барои ту, кор хеле саҳлу осон шавад.

Ба нақл аз китоби Чиҳил ҳадис-и Имом Хумайнӣ (р)

Дар поён, шеъре аз Имом Хумайнӣ (р) меоварем ва ба ҳамагон аз Худои Таоло тавфиқ амал ба тавсияи ахлоқии ин бузургвор мехоҳем.

Умрро поён расиду ёрам аз дар дарнаёмад,

Қиссаам охир шуду ин ғуссаро охир наёмад.

Ҷоми марг омад ба дастам, ҷоми май ҳаргиз надидам,

Солҳо бар ман гузашту лутфе аз дилбар наёмад.

Мурғи ҷон дар ин қафас беболу пар афтоду ҳаргиз,

Он ки бояд ин қафасро бишканад аз дар наёмад.

Ошиқони рўи ҷонон, ҷумла беному нишонанд,

Номдоронро ҳавои ў даме бар сар наёмад.

Корвони ишқи рўяш саф ба саф дар интизоранд,

Бо кӣ гўям охир он маъшуқи ҷонпарвар наёмад.

Мурдагонро рўҳ бахшад, ошиқонро ҷон ситонад,

Ҷоҳилонро инчунин ошиқкушӣ бовар наёмад.

Кимиёи саодат

Бахш: Ахлоқи исломӣ | Просмотров: 755 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Март 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz