Ҷумъа, 29.03.2024, 18:21
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 5 » Мусалмон ба чӣ касе гуфта мешавад ва бояд чӣ гуна бошад?
Мусалмон ба чӣ касе гуфта мешавад ва бояд чӣ гуна бошад?
03:44

Пурсиш: Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ, устод Сайидюнус! Хеле Худоро шукр мекунем, ки аз мақолаҳои шумо бисёр истифода намуда, бо ислом ошно мешавем. Аз шумо як хоҳиш доштем. Мо чанд нафар аз муҳоҷирини тоҷик ҳастем, ки дар Россия барои кор омадаем, аз шумо хоҳиш мекунем, ки хеле бо забони сода ва равон, барои мо баён намоед, ки як нафар мусалмон бояд чӣ гуна инсон бошад?

Имрӯзҳо худатон медонед, ки фирқаҳои гуногун пайдо шудаанд, ки ҳамаашон иддио мекунанд, ки исломи ҳақиқиро онҳо мегӯянд ва дигар фирқаҳо ва равияҳои исломиро қабул надоранд. Салафӣ, таблиғӣ, таҳрирӣ, аҳли суннат, шиъа ва ғайраю ҳоказо пайдо шуда якдигарашонро сарзаниш мекунанд, ки роҳи мо дуруст аст ва роҳи дигар фирқаҳо нодуруст. Дар миёни онҳо, як нафар мусалмони оддӣ гаранг мешавад. Мо бояд чӣ гуна бошем? Аз шумо хоҳишамон ин аст, ки бо забони содда ва тоҷикӣ нависед, баъзе аз мақолаҳоятон забонаш сахт аст ва форсии эронӣ мебошад. Мехостем, ки бо забони тоҷикӣ баён кунед. Маъзарат!

Бо ташаккур, чанд нафар муҳоҷирини тоҷик дар шаҳри Свердловски Россия.

Посух: Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ. Саъй мекунам бо забони равон посухи пурсишҳои шуморо бидиҳам. Албатта пурсиши шумо як пурсиш нест, балки чанд пурсиш ва бисёр куллӣ ҳам ҳаст, ки посухи тафсилӣ барои онҳо, дар як навиштор намегунҷад. Вале камина саъй мекунам дар як навишта, ба гунаи куллӣ (на ҷузъӣ), ба андозаи тавонам матлабро бирасонам.

Дар як нигоҳи куллӣ, мусалмон ва мӯъмин ба касе гуфта мешавад, ки:

1. Имон ва бовари қалбӣ ба вуҷуди Худо ва ягонагии вай дошта ва бидонад, ки зоти поки Худо огоҳ аст, тавоно аст, шунаво аст, ҳаким аст, одил аст ва... Ҳамчунин, мусалмони муваҳҳид (яктопараст) бояд Худоро ҳамакораи ҳастӣ бидонад ва ин ки ҳеҷ падидае дар ҳастӣ бидуни иҷозат ва хости Парвардигор падид намеояд. Бояд бидонад, ки аз миёни мавҷудоти ҳастӣ, Худованд одамиро соҳибихтиёр офарида ва инсон дар паймоиши роҳи зиндагӣ мухтор аст; метавонад роҳи Худоро бипаймояд, ки натиҷааш саодату хушбахтӣ дар дунё ва вуруд ба биҳишт дар охират аст; ва ҳам метавонад роҳи Худоро напаймояд, ки натиҷааш шақовату бадбахтӣ дар дунё ва вуруд ба дӯзах дар охират аст. Ҳамчунин, мусалмони яктопараст бояд фақат дар баробари Худо сар ба саҷда ниҳад ва танҳо ӯро бипарастад ва касеро ғайри Худо сазовори парастидан надонад.

Инҳо, куллиёти имон ба Худо ва тавҳид аст, ки барои як нафар мусалмони оддӣ кофист ба гунаи иҷмол ба онҳо имон дошта бошад. Аммо масоиле аз ин қабил, ки оё Худо дида мешавад ё на, ва арши Худо, ки дар Қуръон омадааст ба чӣ сурат аст, ва қазо ва қадари илоҳӣ чӣ гуна тафсир мешавад; оё бо соҳибихтиёр будани инсон қобили ҷамъ аст ё на, ва оё зиёрати қубури анбиё ва авлиё ширк аст ё на (ки қатъан ширк нест ва бархе аз рӯи адами огоҳӣ онро ширк қаламдод мекунанд) ва ғайра, ҳамагӣ ҷузъиёти имон ба Худо ва тавҳид ҳастанд, ки миёни мазоҳиб дар мавриди онҳо ихтилоф ҳаст ва ин ихтилофашон ҳеҷ якеро аз доираи ислом берун намекунад ва ҳамагӣ мусалмон боқӣ хоҳанд монд;

2. Имон ба паёмбарони илоҳӣ; аз ҳазрати Одам (а) то ҳазрати Хотам (с), дошта ва бидонад, ки Худованд паёмбаронро барои ҳидоят ва роҳнамоии башар ба сӯи камол ва саодаташон фиристодааст, ва бидонад, ки саодати одамӣ дар гарави пайравӣ аз роҳи паёмбарон аст, ва роҳи паёмбарон баъд аз фиристода шудани ҳазрати Муҳаммад (с), фақат дар ойини муқаддаси ислом мутабалвар аст ва бинобар ин, ҳар касе ки бихоҳад роҳи Худоро бипаймояд, бояд аз шариати муҳаммадӣ (с) пайравӣ кунад;

3. Имон ба китобҳои осмонӣ, ба хусус Қуръони Карим дошта бошад;

4. Имон ба фариштагони илоҳӣ дошта бошад;

5. Имон ба рӯзи қиёмат ва ин ки одамӣ пас аз мурдан зинда хоҳад шуд дошта ва бидонад, ки инсон ибтидо дар олами барзах ва сипас дар қиёмат дар пеши Парвардигор хоҳад истод ва аз тамомии кардаҳояш дар ин дунё бозхост хоҳад шуд;

Пас аз имон ба аркони номбурда, бар ӯҳдаи мусалмон аст анҷоми як силсила аъмоле аз қабили барпоии намозҳои рӯзона (бомдод, пешин, аср, шом ва хуфтан), адои закоти мол, гирифтани рӯзам моҳи Рамазон, адои фаризаи ҳаҷ (агар тавоност) ва ғайра. Як мусалмони оддӣ, бояд дар чигунагӣ ва кайфияти анҷоми ибодатҳои номбурда, аз як муҷтаҳид пайравӣ кунад ва ин ки мебинем бархе аз мусалмонон ҳанафимазҳаб, бархе шофеимазҳаб, бархе ҳанбалимазҳаб, бархе моликимазҳаб, бархе ҷаъфарӣ, бархе зайдӣ ва ... ҳастанд, ба ин маъност, ки онҳо дар кайфияти анҷоми ин аъмол, аз ин соҳибмазҳабон ва муҷтаҳидони мазҳаб пайравӣ мекунанд. Ӯ коре ба ихтилофи муҷтаҳидон надошта бошад ва бидонад, ки муҷтаҳидон, ҳар яке, аҳкомро аз манобеъаш, ки Қуръону суннат аст баргирифтаанд ва агар ихтилофе миёнашон ҳаст; мисли ин ки бархе фатво додаанд, ки намозгор бояд ҳангоми намоз дастонаш раҳо бошад, бархе бар онанд, ки баста бошад, бархе ҳам мӯътақиданд, ки зери ноф бошад, ё болои сина бошад, ё оминро баланд бихонад, ё ба сурати махфӣ бихонад ва ғайра... бидонад, ки ин гуна ихтилофҳоро шариат пазируфта аст ва ба як маъно, ҳамаашро дуруст медонад.

Сипас, мусалмон баъд аз пойбандӣ ба анҷоми ибодоти номбурда, вазифа дорад хештанро ба ахлоқи исломӣ ороста ва аз ахлоқи разила ва паст худро дур нигаҳ дорад. Зеро мусалмон исломашу имонаш комил нест магар он замон ки хушахлоқ бошад. Дар ҳадисе ҳазрати Муҳаммад (с) мефармоянд: "Вазнинтарин чизе, ки рӯзи қиёмат дар тарозу гузошта мешавад, тақвои илоҳӣ ва хулқи некӯст”. Аз Расули Худо (с) пурсиданд: Эй Расули Худо! Кадом мӯъмин имонаш бартар аст? Ҳазраташ фармуд: "Касе, ки дорои некӯтарин хулқ бошад”.

Ва аммо ахлоқи разила ва паст, ки мусалмон бояд худро аз онҳо дур нигаҳ дорад, ин аст, ки шикампараст набошад, лиҷоми забонашро раҳо насозад; яъне ин ки бояд муроқиби забонаш бошад ва вориди бигӯмагӯҳои беҳуда нашавад ва худро аз мирову ҷидол дур созад ва дурӯғ нагӯяд ва ғайбат накунад, ғазаб нанамояд, кина дар дил нагирад, ҳасад наварзад, молпараст набошад, ҷоҳталаб набошад, риёкор набошад, такаббур наварзад, уҷб наварзад (уҷбро метавон ба форсӣ ба худ болидан ва ё худбинӣ маънот кард).

Ва аммо ахлоқи ҳамида ва писандидае, ки ҳар мусалмоне хештанро ба онҳо биёрояд ин аст, ки мусалмон бояд ростгӯ ва содиқ бошад, ба ваъдаҳояш вафо кунад ҳатто он ҷо ки ба як кофире ваъда додааст, шуҷоъ ва далер бошад, ихлос дар кор дошта бошад, сабур ва шикебо бошад ва ҳамчунин:

1. ҳамвора дар ҳоли тавба бошад, зеро Худованд тавбакунандаро дӯст дорад. Дар ҳадисе омадааст: "Тавбакунанда ҳабиб ва дӯсти Худост. Тавбакунанда аз гуноҳ мисли касест, ки гуноҳе аз ӯ сар назадааст”;

2. дар ҳоли раҷо ва хавф бошад. Дар забони тоҷикӣ ба раҷо умед ва ба хавф тарсу бим мегӯянд; умед ба раҳмати Худо ва тарс аз азоби ӯ. Бандаи мӯъмин бояд ҳамеша байни раҷо ва хавф зиндагӣ кунад. На чунин бошад, ки бо такя ба раҳмати Худо, бепарво зиндагӣ карда ва анҷоми гуноҳ барояш мисли об хӯрдан гардад. Ва на чунин ҳам бошад, ки бо тарс аз хашму ғазаб ва азоби Худо, ноумед аз раҳмату бахшоиши Худо гардад;

3. зоҳид бошад. Зуҳд иборат аст аз берағбатӣ ба дунё магар ба андозаи зарурат. Зуҳд дар дунё, мунофоте бо зиёдии молу сарват надорад. Яъне инсон метавонад дар айни доштани молу сарвати бисёр, дил ба он набандад ва молу сарват ӯро аз зикру ёди Худо андармон накунад;

4. ҳамвора таваккул ба Худо намояд. Маънои таваккул ба Худо аз дидгоҳи шариат, ин аст, ки банда тамоми асбоб ва муқаддимотеро, ки ба анҷом расидани коре бастагӣ ба онҳо дорад ба амал оварда, вале анҷоми онро ба дасти ин асбоб ва васоил надонад, балки ба дасти Худо бидонад. Боре як аъробӣ шутури худро раҳо кард ва мехост ба дунболи кораш биравад. Ҳазрати Паёмбар (с) аз ӯ пурсид, ки чаро чунин кардӣ ва онро набастӣ, ки фирор накунад? Ӯ гуфт: Ба Худо таваккул кардам. Паёмбар (с) ба ӯ фармуд: "Аввал онро бибанд, сипас таваккул бикун”;

5. муҳаббат ва унс ба Худо дошта бошад то Худо ҳам ӯро дӯст бидорад. Муҳаббат ва дӯст доштани Худо бандаашро иборат аз ин аст, ки Худои Мутаол парда аз қалби бандааш бардорад то банда бо қалби худ Худоро бибинад;

6. ҳамвора дар ҳоли муҳосаба ва муроқабаи худ бошад. Муҳосаба ба маънои ҳисобу китоби нафс аст ва муроқаба ба маънои зери назар гирифтани он.

Илова бар оростагии нафс ба ахлоқи номбурда, мусалмон бояд ҳамвора дар талаби илм бошад, зеро талаби дониш аз гаҳвора то гӯр ба ҳар марду зани мусалмон фарз аст. Илму дониш ҳам, фақат илму дониши илоҳӣ нест, балки ҳар он илме, ки мояи саодат ва пешравии инсон мебошад. Мусалмон набояд аз ин ҷиҳат ақибафтода бошад.

Ҳамчунин мусалмон бояд ҳақҷӯ ва ҳақгӯ бошад, аз гуфтани сухани ҳақ ҳатто дар баробари ҳокими ситампеша ибо наварзад.

Аз ҳама муҳим, мусалмон бояд ҳамвора дар андешаи бародарони мусалмони худ бошад. Паёмбари акрам (с) дар ҳадисе мефармоянд: "Ҳар он касе ки субҳ кунад ва ба фикри умури мусалмонон набошад, мусалмон нест”. Агар ӯ дорои молу сарват бошад, вале ҳамсояаш гурусна ва он гоҳ шиками ӯро сер накунад, дар воқеъ мусалмон нест. На танҳо ҳамсояи вай, балки агар мусалмононе дар як гӯшаи олам, дар озору азият ба сар баранд ва ӯ ба фикри онҳо набошад, мусалмон нест.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Кимиёи саодат

Бахш: Пурсишу посухҳои ақоидӣ | Просмотров: 1652 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 3.0/2 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz