Ҷумъа, 19.04.2024, 06:18
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Март » 10 » Монеи илму ҳунар аммома нест
Монеи илму ҳунар аммома нест
01:45

Тааммулоте бар тавҷеҳоти раиси мӯҳтарами Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба лоиҳаи қонун "Дар бораи...”

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Муддатест оро ва андешаҳое мувофиқу мухолиф перомуни лоиҳаи қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияти фарзанд” дар ҷомеаи азизамон ба вижа дар расонаҳо матраҳ мешавад. Ахиран, раиси мӯҳтарами Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Абдураҳим Холиқов, дар гуфтугӯ бо бародари азизамон Амруллоҳи Низом, хабарнигори сомонаи Рӯзгор, матолиберо баён фармуданд, ки ба назари эшон, тавҷеҳкунандаи зарурати тасвиби қонуни номбурда мебошад.

Ба назари роқими сутур, ҳеч як аз тавҷеҳоти раиси мӯҳтарами Кумитаи оид ба умури дин, ки дар он гуфтугӯ баён фармудаанд, на танҳо қобили қабул нестанд, балки болотар аз он, аз мантиқи дурусте ҳам бархӯрдор намебошанд.

Бинобар ин, дар ин навиштор, бар он шудам, то роҷеъ ба ин муддао; яъне ғайри қобили қабул ва мантиқӣ набудани тавҷеҳоти эшон, нукотеро ёдовар шавам. Албатта, камина қасде ҷуз баёни андеша ва тааммулоти худ роҷеъ ба дидгоҳҳои эшон надорам. Ҷаноби Абдураҳим Холиқов, ҳамчун як шахсияти илмии кишвар, шоистаи эҳтиром ҳастанд. Бе ҳеч таоруфе бояд бигӯям, ки камина, зимни дақоиқе сӯҳбат ва гуфтугӯ, ки ахиран дар Теҳрон бо ҳам доштем, эшонро шахсияте вораста ва қобили эҳтиром ва дорои руҳияи интиқодпазирӣ дидам.

Ҳол, дар оғоз, сазовор мебинам, тавҷеҳоти мӯҳтарам Холиқовро зикр намоям:

Тавҷеҳот:

1. "Ба ҷойи ин ки масҷидҳоро мавзеи буду боши кӯдакон гардонему муллогиро касб, беҳтар он аст, ки онҳоро ба омӯзишу илму дониш сафарбар намуда, меҳнати софдилонаю содиқона, сабру таҳаммул ва муҳаббат ба ватанро ба ҷавонон омӯзонем, садҳо бор фоидааш афзалтар аст...”

2. "Тоҷикистони ободу зеборо барои фардоиён ба мерос гузорем. Чунин Тоҷикистонро на бо ҷалби ҷавонон ба иттиҳодияҳои динӣ, балки ба омӯзиши илмҳои замонавӣ, созандагию бунёдкорӣ мумкин аст барпо намуд...”

3. "Мо тоату ибодати диниро манъ намекунем, бигузор ҷавонон назди волидонашон озод аз кашмакашиҳои динӣ, ба қонеъ намудани эътиқоди диниашон машғул бошанд. Вале онҳо аз мактаб ва раванди таълим заррае дур набошанд...”

4. "Ниҳоят, илм омӯхтан низ ибодат аст. Аз назари меъёрҳои динӣ, ислом, масеҳия ва ҳамаи динҳо қариб, ки илмро болотар аз ибодат медонанд. Имом Ғазолӣ дар боби илм, ба нақл аз ҳадиси паёмбари Ислом (с) овардааст, як боб илм омӯхтан беҳтар аз сад ракаъат намоз хондан аст. Даҳҳо ҳадиси Паёмбари ислом (с)-ро дар ин замина далел овардан мумкин аст...”

Ду шоҳид барои тавҷеҳ:

Ҷаноби Холиқов ду шоҳид ҳам барои тавҷеҳоти худ ёдовар мешаванд, бад-ин шарҳ:

1. "Ба ёд оред замонеро, ки нахустдавлати мутамаркази тоҷикон Сомониён чи тавр аз саҳнаи таърих фурӯ рафт. Вақте лашкари қарахонӣ дарвозаи Бухороро мекуфт, аҳли дарбор ба мардуми Бухоро муроҷиат карда, даъват бар он мекард, ки амирони Сомониро дастгирӣ намуда, ватан ва мулки хешро аз ин хоинон ва ғосибон ҳифз намоянд… Бино ба маълумоти муаррих Ҳилол ас-Сабӣ, "...он замон ба мардуми Бухоро "фақеҳони” мӯҳтарами замон фатво доданд, ки Сомониён ва Карахониён байни худ на барои дин, балки барои ҳокимият мубориза мебаранд, аз ин лиҳоз, мусалмонон набояд ба ин низоъ дахолат кунанд...” Яъне мо ҳама мусулмонем ва як ҳастем. Онҳо дар доираи уммати исломӣ ҳарф зада, ҳуқуқ ба сиёсату идораи мустақилонаро дар сарҳади аҷдодии мардуми тоҷик аз назар дур монданд... Афсӯс, ки касе он замон гуфта наметавонист, ки чунин биниши бегонапарастона, чароғи идораи миллиро ба мӯҳлати қариб ҳазор сол ба олами хомӯшӣ хоҳад партофт...

2. "Ё бингаред замони мустамликаи кишварҳои исломиро, ки чи тавр миллатҳои чандсадмиллионаи мардуми шарқ тобеи халқиятҳои 3-4 миллионаи донишманди Аврупо гаштанд. Ҳақ ба ҷониби Иқболи Лоҳурист, ки гуфтааст:

Қуввати Мағриб на аз чангу рубоб,

Не зи рақси духтарони беҳиҷоб,

Не зи сеҳри соирони лоларӯст,

Не зи урёнсоқу не аз қатъи мӯст.

Муҳкамӣ ӯро на аз лодинӣ аст,

Не фурӯғаш аз хати лотинӣ аст.

Қуввати Афранг аз илму фан аст,

Аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст...”

Лозимаи тавҷеҳоти Холиқов:

Лозимаи тавҷеҳоти ҷаноби Холиқов ин аст, ки агар ҷавонону навҷавонони мо дар масоҷид омаду шуд дошта бошанд ва ё ба иттиҳодияҳои динӣ гароиш пайдо кунанд, аз омӯзиши илму дониш бозхоҳанд монд, софдилу содиқ нахоҳанд буд, муҳаббат ба ватан нахоҳанд дошт, аз фарогирии улуми замонавӣ ақиб хоҳанд афтод, созандаву бунёдкор нахоҳанд гардид, аз мактабу "раванди таълим” дур хоҳанд шуд ва ғайра...

Намедонам, ин пешфарзҳо аз куҷо дар зеҳни мубораки ҷаноби Холиқов пайдо шудаанд? Магар омаду шуди як навҷавон ба масоҷид, монеъ аз фарогирии илму дониш хоҳад шуд? Магар ҷавоне, ки масҷид меравад, аз омӯзиши улуми замонавӣ ақиб хоҳад афтод?

Ақли мӯҳтарам, ки чунин намегӯяд; яъне хиради одамӣ, ки ду ба иловаи дуро чаҳор меёбад, рафтан ба масҷидро баробар бо маҳрумият аз омӯзиши илму дониш намебинад.

Ҳол, ки ақл чунин намебинад, пас, чӣ чизе мӯҳтарам Холиқовро водор ба ин намудааст, ки чунин иддаое намоянд? Шояд ба назари эшон, моҳияти диндорӣ чунин аст? Яъне омаду шуд ба масоҷид, ки мунҷар ба диндор шудани ҷавон мешавад, ногузир ӯро аз фарогирии илму дониш бозхоҳад дошт?

Аммо, мебинем, дин, ба вижа ойини муқаддаси ислом, баръакс диндоронро ба сӯи фарогирии ҳарчи бештари илму маърифат фаро мехонад; то бад-он ҷо, ки исломи азиз илмомӯзиро як фарзи илоҳӣ басон адои намоз барои ҳар фарди мусалмон, чи зан бошад ё мард, мешуморад. Дар ҳадисе маъруф аз ҳазрати Муҳаммад (с) омадааст: "Фарогирии дониш бар ҳар марду зани мусалмон фарзи айн аст”. Илмомӯзӣ дар ислом, ба андозае муҳим аст, ки ин ойини муқаддас диндоронро "аз гаҳвора то гӯр” ба фарогирии илм дастур мефармояд.

Ва чунин ҳам тасаввур нагардад, ки донише, ки ислом ба сӯи он мусалмонро фаро мехонад, фақат дониши илоҳӣ бошад. Ҳаргиз чунин нест, балки дониши мавриди тавсияи ислом, улуми дунявиро низ шомил аст. Дар ривояте омадааст, ки ҳазраташ (с) фармудаанд: "Дониш омӯзед гарчи бо сафар ба сӯи Чин бошад” ва низ фармудаанд, "Донишро гарчи аз дасти як мушрик фаро бигиред”. Рӯшан аст, ки донише, ки Паёмбари ислом (с) мо мусалмонҳоро барои фарогирии он ба диёри Чин сафарбар мекунанд, ва ё дастур мефармоянд, ки гарчи аз дасти як нафар мушрик ҳам, ки бошад, онро фаро бигирем, дониши дунявист на динӣ, зеро ки дониши динӣ, аз нигоҳи ислом, ҳамагӣ дар Қуръону Суннат мутабалваранд.

Пас, ҷавоне, ки дар масҷид омаду шуд дорад, ногузир дар ин макони муқаддас бо тавсияҳо ва дастуроти ҳазрати Паёмбар (с) ошно хоҳад гардид, ки аз ҷумлаи авомири он ҷаноб (с), дастури эшон барои фарогирии илму дониш аст. Ин ки дар оғоз арз кардем, ки тавҷеҳоти ҷаноби Холиқов ғайри қобили қабул ва аз мантиқи дурусте бархӯрдор нестанд, ба ҳамин далел аст; яъне омаду шуди навҷавонон ба масоҷид, бар хилофи иддаои Холиқов, мояи таваҷҷӯҳи бештари ӯ ба илму маърифат хоҳад шуд, на сабаби маҳрумияташ.

Гузашта аз матни дин, таҷруба низ ба хубӣ нишон додааст, ки аксари уламо, донишмандон ва мутафаккирони мо тоҷикон, пеш аз ҳар чиз, диндор ва болотар аз он, соҳибназарони улуми исломӣ буданд. Асосан, дар гузашта, олиму донишманд будан (дар ҳар соҳае аз соҳаҳои маърифат), баробар буд бо олими дин будан.

Аз сӯи дигар, торих гувоҳ аст, ки мо тоҷикон ҳар андоза, ки аз масоҷид дур шудем, ба ҳамон андоза аз илму дониш ҳатто дунявияш низ ақиб афтодем. Агар дар гузашта Ибни Сино доштем, Форобӣ доштем, Носири Хисрав ва ғайра аз абармардони майдони илму маърифат доштем, бад-ин ҷиҳат буд, ки дар ҷомеа дин ҳузур дошт. Чаро баъд аз сайтараи болшевикҳо бар сарзаминамон ва ҷузъе аз Шӯравӣ гардидани мо, ки дар он, бо падидаи дину диндориву масоҷид мубориза мешуд, то ҳанӯз, лоақал як "синояке” аз мо зуҳур накард? Боре шуда аз худамон бипурсем, ки иллати ин "адами зуҳури Синову Форбиҳо” аз миёни моён баъд аз "шӯравӣ” шуданамон, чист?

Ривояте ҳам, ки ҷаноби Холиқов ба нақл аз марҳуми Ғаззолӣ аз Паёмбар (с) зикр фармуданд, ки илмомӯзӣ бартар аз адои сад ракъат намоз ва фарогирии дониш худ ибодат аст, дар айни сиҳҳат ва дурустӣ, ҳаргиз иддаои ҷаноби Холиқовро натиҷа намедиҳад. Магар Паёмбар (с) дар ин ривоят, илмомӯзиро дар муқобили "рафтан ба масоҷид” гузоштаанд? Дар мантиқ қоидае ҳаст, ки мегӯяд, "исботи шайъ нафйи мо адо намекунад”; яъне агар касе дар мақоми исботи матлабе бошад, лузуман дар мақоми нафйи чизи дигаре нест. Онҷо ки Паёмбар (с) мефармоянд, "омӯхтани илм бартар аз адои сад ракъат намоз аст”, дар мақоми ин нестанд, ки бигӯянд, илм биёмӯз ва адои намоз дигар раҳо кун. Он ҷаноб (с) фақат дар мақоми баёни аҳаммияти фарогирии илм ва ҷойгоҳи илмомӯзӣ дар нигоҳи исломи азиз ҳастанд. Мехоҳанд бигӯянд, савоби талаби дониш, бартар аз савоби адои сад ракъат намози нофила аст. Ҳеч донишманди исломӣ ҳам, то ҳанӯз, чунин бардоште, ки ҷаноби Холиқов аз ин ривоят ва назоири он менамоянд, накардааст.

Ва аммо роҷеъ ба шоҳиди торихӣ...

Шояд ин барои нахустин бор аст, ки омили суқути давлати Сомониён, фуқаҳо ва мавзеъгирии эшон қаламдод бишавад. Ҷаноби Холиқов, сароҳатан иллати суқути ин давлатро мавзеъгирии фуқаҳои исломӣ баён мефармоянд.

Ва он мақтаъ аз торих, ки ҷаноби Холиқов ба унвони шоҳиди муддаои хеш ёдовар мешаванд, баръакс, муддаои мо мабнӣ бар таназзул ва суқути мо тоҷикон, онҷо ки аз дину масҷид дур шудем-ро собит мекунад. Зеро, тааммул дар навиштаҳои торихӣ роҷеъ ба авохири умри давлати Сомониён нишон медиҳад, ки хонадони Оли Сомон дар авохири ҳукмронии худ, мутаассифона аз равиши аҷдоди хеш дар чигунагии давлатдорӣ ва таваҷҷӯҳ ба тӯдаи мардум ва пойбандӣ ба маорифи рӯшноибахши ойини муқаддаси ислом, фарсахҳо дур шуданд. Фарзандони амир бештар андармони ҷанҷолу даргириҳои дохилӣ ва ба ҷони ҳам афтодан буданд, бар хилофи ҷадди бузургворашон Амир Исмоили Сомонӣ.

Торихнигорон, аз ҷумла Наршахӣ дар "Торихи Бухоро”, роҷеъ ба иртиботи танготанги Амир Исмоил бо фуқаҳои замон аз ҷумла Имом Абӯабдуллоҳ, писари Имом Абӯҳафси Кабир (Аҳмад ибни Ҳафси Бухорӣ), нукоти ҷолиберо нақл мекунанд. Асосан, Имом Абӯабдуллоҳ (р) аст, ки роҳро барои омадани Амир Исмоили Сомонӣ ба Бухоро ва заминаро барои таҳкими пояҳои ҳукумати Оли Сомон ҳамвор кардааст. Ба гузориши Наршахӣ, замоне ки Исмоил наздики шаҳр расид, "писари Хоҷа Абӯҳафси Кабир берун омад ба истиқбол, ва ашрофи Бухоро, аз арабу аҷам, бо вай буданд, то ба Кирмина. Ва Абӯабдуллоҳ яъне ҳамон писари Абӯҳафс бифармуд то шаҳрро биёростанд, ва Амир, чун Абӯабдуллоҳ ибни Хоҷа Абӯҳафс берун омад, дили вай қавӣ шуд.”

Агар наводаҳои Амир Исмоил низ бар ҳамон минвол, ки ҷаддашон ҳукумат меронд, ҳукумат мекарданд, тардиде нест, ки фуқаҳо аз эшон дастгирӣ менамуданд.

Оре, ин нукта, ки ҷаноби Холиқов аз забони фуқаҳои исломӣ мефармоянд, ки "мо ҳама мусалмонем ва як ҳастем” ва ин ки "фуқаҳо дар доираи уммати исломӣ ҳарф мезананд”, нишондиҳандаи ҷанбаи мусбати ойини муқаддаси ислом аст, на буъди манфии он. Аз нигоҳи ислом, он чи пеш аз ҳар чизе аҳаммият дорад, буъдии маънавии инсон, ҳар кӣ бошад; чи араб бошад ва чи аҷам, аст, на буъди нажодии ӯ. Магар башари қарни бистум ва бистуякум, марзҳое сохтагиро, ки миёни инсонҳо ҷудоӣ меандохт ва ба инсон аз зовияи миллату нажодаш нигоҳ мекард, дарнавардид? Магар пеши башари муосир, ин гуна марзбандиҳои сохтагӣ ва ҷаълӣ, дигар кӯҳна нашудаанд? Ислом, ин ойини инсонӣ, 1400 сол пеш, аз ин ҳақиқат парда бардошта ва ба сароҳат эълом доштааст, ки: "Ҳамоно гиромитарини шумо назди Худованд, парҳезгортарини шумост”, на тааллуқоти миллӣ ва нажодӣ ва на ранги пӯсти шумо.

Албатта, ин на ба он маъност, ки ислом посдорӣ аз марзҳои миҳан ва суннатҳои миллиро нодида ва таваҷҷӯҳе ба миҳандӯстиву миллатгароӣ надорад. Чунин нест. Ислом, дар айни он ки меъёр дар бартариро танҳо парҳезгории фард медонад на ранги пӯсту тааллуқи нажодӣ, аммо, дар айни ҳол, "муҳаббат ба ватан” ва "посдорӣ аз онро” ҷузъе аз имони мусалмон мешуморад. Ривояти "Ҳуббул-ватани минал имон”, гарчи аз назари санад саҳеҳ нест, аммо бар асоси шӯҳрат, мавриди қабули бисёре аз андешмандони исломӣ мебошад.

Бештари миҳандӯстону мудофеони ватан, аз фуқаҳои исломӣ буданд

Дар тӯли торих, агар сафаҳоти он некӯ таварруқ бишавад, хоҳем дид, ки ин танҳо фуқаҳо ва андешмандони исломӣ буданд, ки ҳамвора аз марзу буми миҳани мо ва аз истиқлоли вай ба дифоъ пардохтаанд. Дур намеравем, нигоҳе гузаро ба вақоеъи пас аз ишғоли сарзаминамон тавассути болшевикҳо ва низ нигоҳе ба ҳаводиси камтар пеш аз истиқлоли кишварамон, худ кофист, муддаои моро собит кунад.

"Босмачиҳо”, ки мутаассифона ҳанӯз аз эшон ба некӣ ёд намешавад, чӣ касоне буданд? Магар ҳаминон набуданд, ки дар баробари ишғолгарони болшевик, камар ба дифоъи марзу буми хеш бастанд? Бештари касоне ки ба ин унвон (яъне босмачӣ) ёд мешаванд, саронашон ё аз фуқаҳо буданд ва ё аз муҳассилини мадрасаи Бухоро ва ё соири мадориси динӣ. Вақте дигарон оғӯши худ барои болшевикҳо боз карданд, инон машғули дифоъ ва мубориза бо ишғолгарони рус буданд.

Ҳамчунин, нигоҳе гузаро ба вақоеъи камтар пеш аз истиқлол; яъне бисту анде сол пеш, басанда аст муддаои моро собит намояд. Касоне ки имрӯз дам аз истиқлолу миҳандӯстӣ мезананд, дар воқеъ касоне ҳастанд, ки рӯи мавҷ нишастаанд. Рӯи мавҷ нишастан, ҳунар нест, балки ҳунар, эҷоди мавҷ аст. Чӣ касоне мавҷи истиқлолхоҳӣ дар кишвари азизамонро эҷод намудааст? Оё ҷуз Устод Нуриву Ҳимматзодаву Тӯраҷонзодаву амсоли эшон, ки ҳамагӣ аз фуқаҳову андешмандони исломӣ ба шумор мераванд? Албатта дар канори эшон, талошу кӯшишҳои аҳзоб ва ҷараёнҳои миллие чун Ҳаракати Растохезу Ҳизби Демукроту Ҷунбиши Лаъли Бадахшону амсоли онҳо, шоёни тақдир аст.

Оре, ҳанӯз аз ёди касе нарафтааст, ки оқои Тӯраҷонзода, қозии он даврон ва намояндаи порлумон, нахустин касе буд, ки дар Маҷлис (порлумон) сухан аз пули миллӣ, артиши миллӣ ва истиқлоли воқеӣ ба миён меовард ва дигарон, ки имрӯз беш аз ҳар чизе дам аз истиқлолу миҳандӯстӣ мезананд, чӣ вокунишҳои тунде ба суханони ӯ аз худ нишон медоданд ва суханонашро ба унвони дидгоҳҳое "мухолифи назари ҳукумати марказӣ (Маскав)”, ба боди интиқод мекашиданд, ҳатто унвони "хоини миллат” ҳам барояш эъто намуда буданд.

Иқбол чӣ мегӯяд?

Ва аммо он қитъа аз шеъри Иқболи Лоҳурӣ, ки ҷаноби Холиқов, онро низ ба унвони шоҳид бар муддаои худ овардаанд, ҷолиб аст. Магар Иқбол дар ин пора аз шеъри худ чӣ мегӯяд? Албатта, мазмунаш рӯшан аст ва ниёзе ба тавзеҳ надорад. Касе ки онро ба унвони шоҳид овардааст, ё дар муҳтавои он диққат ба амал наоварда, ва ё як дафъа ҳотифи ғайб онро бар забонаш ҷорӣ сохта.

Иқбол гуфтанист, пушт кардан ба мазоҳир ва падидаҳои динӣ, ба хилофи пиндори бархе аз ғарбзадаҳои замонаш, ки мепиндоштанд, сабаби пешрафт ва замонавӣ шудан аст, мояи ақибафтодагист на пешравӣ. Дуруст шабеҳи ҳамин андеша, ки имрӯза домангири бархе аз давлатмардони мо шуда ва лоиҳаи қонуни мавриди муноқиша низ, бар пояи ҳамин тарзи тафаккур устувор аст. Ҳол, хоҳиш мешавад, андаке бо тааммул ин шеърро аз назар гузаронем:

Қуввати Мағриб на аз чангу рубоб

Не зи рақси духтарони бе ҳиҷоб

Не зи сеҳри соҳирони лоларӯст

Не зи урён соқу не аз қатъи мӯст

Муҳкамӣ ӯро на аз лодинӣ аст

Не фурӯғаш аз хати лотинӣ аст

Қуввати Афранг аз илму фан аст

Аз ҳамин оташ чароғаш рӯшан аст

Ҳикмат аз қатъу буриди ҷома нест

Монеи илму ҳунар аммома нест

Илму фанро эй ҷавони шӯху шанг!

Мағз мебояд на малбуси фаранг

Комёб бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ, Кимиёи саодат

Акс аз радиои Озодӣ

Бахш: Симои идеологии Ислом | Просмотров: 1111 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Март 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz