Имом хатиби яке аз масоҷиди аҳли суннати Эрон, бо таъкид бар ин ки бархӯрди хашини ҳукуматҳо бо мӯътаризон ва қиёмҳои мардумӣ аз назари мо маҳкум аст, тасреҳ кард: "Тавсияи мо ба сарони кишварҳои Ховари Миёна ин аст, ки ба ҷои саркӯби миллатҳо, ба ҳарфҳо ва мутолиботи онон гӯш диҳанд.”
Ба гузориши Taghribnews, Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ,
уз уламои барҷастаи аҳли суннат ва имом хатиби масҷиди Маккии Зоҳидони
Эрон, дар хутбаҳои намози ҷумъаи ҳафтаи гузашта изҳор дошт: "Ҳаракатҳои
мардумӣ дар Ховари Миёна, ношӣ аз бетаваҷҷӯҳии сарони бархе аз кишварҳо
ба хост ва мутолиботи миллатҳояшон аст.”
Вай афзуд: "Истибдоди ҳокимон дар Либӣ,
Миср, Яман ва Баҳрайн мӯҷиби қиёми миллатҳо шудааст ва иштибоҳи сарони
ин кишварҳо низ дар ин нукта аст, ки ба ҷои Худо, ба истикбор ва Ғарб
вобаста шудаанд.”
Мавлавӣ Абдулҳамид идома дод: "Бархӯрди
хашини ҳукуматҳо бо мӯътаризон ва қиёмҳои мардумӣ аз назари мо маҳкум
аст ва тавсияи мо ба сарони кишварҳои Ховари Миёна ин аст, ки ба ҷои
саркӯби миллатҳо, ба ҳарфҳо ва мутолиботи онон гӯш диҳанд.”
Вай идома дод: "Дахолати бархе кишварҳо
дар умури Баҳрайн низ кори иштибоҳ аст ва ҳеч ҳукумате ҳақ надорад дар
умури миллатҳои дигар дахолат кунад.”
Хатиби ҷумъаи Зоҳидон изҳор дошт: "Мо ба
ҳамон андоза, ки барои миллати шиъаи Баҳрайн ҳаққи интихоби сарнавишт
ва озодиро мӯҳтарам мешуморем, аз давлатҳои шиъаи минтақа ва бародарони
шиъаи худ мехоҳем, ки ба ҳуқуқи аҳли суннат эҳтиром бигузоранд ва озодии
мазҳабии аҳли суннатро ҳифз кунанд.”
Мавлавӣ Абдулҳамид идома дод: "Мо худро
эронӣ медонем ва Эрон мутааллиқ ба мост ва ба ҳамин далел, иҷозаи
дахолати ҳеч ҳукуматеро дар умури дохилии кишвар намедиҳем ва ҳамвора
низ аз тамомияти арзии кишварамон дифоъ кардаем.”
Вай бо ишора ба лузуми таваҷҷӯҳ ба
ҳаққуннос низ хотирнишон кард: "Ҳар зулму ситаме, ки дар ҳаққи мазлум
ворид шавад, посухе ба ҳамон мизон аз сӯи Худо ба шахси золим дода хоҳад
шуд ва ин тавр нест, ки ҳаққи мазлум поймол шавад.”
Ин олими барҷастаи аҳли суннати Эрон
ҳамчунин бо ишора ба зилзилаи маҳиб дар Жопун, аз умуми намозгузорон
хост барои наҷоти миллати Жопун ва нузули раҳмату ҳидояти илоҳӣ бар онон
дуо кунанд.
Кимиёи саодат
|