Шанбе, 23.09.2017, 12:05
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 31 » Масъулияти мусалмони муосир дар раванди ҷаҳонишавӣ
Масъулияти мусалмони муосир дар раванди ҷаҳонишавӣ
21:03

Машрӯҳи суханони Муҳйиддин Кабирӣ дар дидор бо ҷавонон

Қисмати аввал

Ба номи Худованди Бахшоянда ва Меҳрубон.

Бародарон ва хоҳарони азиз,

Пеш аз ҳама Худовандро шукр мегӯем, ки пас аз сафарҳои тӯлонӣ, боз бо якдигар рӯбарӯ шудему ҳамаи шуморо сиҳҳату саломат ва бо руҳияи хуб дар ватан пайдо кардем...

Гузорише кӯтоҳ аз сафари ахир

Сафарҳои урупоии мо аксаран суханрониҳо дар назди донишҷӯён, коршиносон ва олимони урупоӣ буд, чи дар Ландан ва чи дар Берлин. Хотимаи сафарҳоямон, бо ду рӯз меҳмонӣ назди муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Владимири Маскав анҷом ёфт. Фикр мекунам, ин сафар фарқияте аз дигар сафарҳоямон дошт, ки пурра бо барномаҳои илмӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ бахшида шуда буд.

Глобализатсия ва таъсири он ба ислом

Мавзӯи сӯҳбати имрӯз, ҳамон тавре ки пештар гуфта будам, вазъи ҷаҳони ислом ва масъулияти як мусалмони муосир аст. Албатта ин як мавзӯи васеъест ва зермавзӯъҳое дар худ дорад, ки талош мешавад, ки барои ҳар кадом 5 то 10 дақиқа ихтисос бидиҳем. Дар оғоз мехостам перомуни як масъалаи ниҳоят муҳим, яъне масъалаи глобализатсия ва таъсири он ба ислом сӯҳбат намоям. Глобализатсия ё ҷаҳонишавӣ, наметавонад мо мусалмонҳоро дар канор бигузорад. Имрӯз ҳар яки мо ин равандро эҳсос мекунем. (Масалан) ҳамин телефони мобил, ки дар дасти аксар ҳаст, ҳамчун василаи гуфтугӯ ва сабт, худаш як омили бисёр муҳимме барои тезонидани раванди ҷаҳонишавӣ ё глобализатсия ба шумор меравад. Ҳамчунин, интернет, антенаҳои моҳвораӣ, ва... Агар шумо ҳамин ҳоло чизе сабт кунед, метавонед онро фавран баъди чанд сония, ба дигар нуқтаи сайёра пахш намоед. Шумо бибинед, ки як сайти Викиликс дар ҷаҳон чӣ инқилоберо ба вуҷуд овард. Раванди ҷаҳонишавӣ дигар як раванде нест, ки як кишвар, як ҳизб, як нафар ва ҳатто маҷмӯе аз кишварҳо битавонанд пеши роҳи онро бигиранд.

Ҷаҳонишавӣ равандест, ки як шамшери дудама ва дутеғаро монад, ки метавон бо он, ҳам кори бадеро анҷом дод ва ҳам кори хуберо. Шумо бо корд метавонед себ пок кунед, ки кори баде нест, ё чӯб битарошед, вале мешавад бо ин корд, як кори бад ва ҷиноятеро анҷом дод.

Глобализатсия (имрӯз) барои башарият имкониятҳои наверо нишон дод. Дар натиҷаи ин раванд, интернет вориди ҳар хонадон шудааст. Шумо ҳатто дигар зарурат ба компютер ҳам надоред, худи ҳамин дастгоҳи телфониятон метавонад шуморо ба интернет пайваст кунад. Метавонед аз он барои табодули ахбору рушди илму пахш кардани иттилоот истифода кунед, дигарон ҳам метавонанд аз ин васила алайҳи шумо истифода баранд.

Барои мисол, (имрӯз) аз тарафи интернет, ҷавонони мо дар маърази хатарҳои иттилоотӣ ва ё ахлоқиву фарҳангӣ қарор гирифтаанд. Компютере, дар хонаи шумост, ҳам метавонад василаи пешрафти фарзандонатон бошад ва дар айни вақт, метавонад василае бошад барои ворид шудан ба як олами фисқу фуҷур ва бадахлоқӣ.

Пас, олами ислом дар ин раванд чӣ нақш дорад? Оё қурбонии ин раванд аст, ё яке аз бозигарони он, ва ҳатто метавонад аз он истифодаи некӯ бибарад? Дар оғози ин раванд, бисёре аз кишварҳо онро ҳамчун як хатар қаламдод карданд ва ҳатто барномаҳое низ барои гирифтани пеши роҳи он рехтанд. Аммо баъдан маълум шуд, ки ин раванд мисли як селе аст, ки шумо ҳар чи қадар садде пеши он нагузоред, онро рахна хоҳад кард, ва ҳатто метавонад шуморо низ дохили селоб бикашонад. Баъзеҳо барномаи дигареро пешниҳод карданд, гуфтанд, модоме ки бо ин селоб муқобила кардан имкон надорад, беҳтар аст мо василаҳои шино кардан дар ин селоб ва наҷот ёфтан дар ин селобро пайдо кунем. Шумо вақте ки селоб меояд, наметавонед муқобили вай шино кунед, пас беҳтарин роҳ он аст, ки ҳамроҳӣ кунед бо ин селоб ва бо ин раванд ба тарафи маҷро, ва талош кунед, ки худро аз қурбон шудан дар ин маҷро наҷот диҳед.

Ҷаҳони ислом имрӯз масъулият ва вазифааш аз нигоҳи мо, ҳамин аст, ки дигар муқобила бо ин раванд накунад, баръакс роҳу равишҳоеро барои истифодаи дуруст аз ин раванд ва берун кашидани худ аз оқибатҳои хатарзои он пайдо кунад.

Бархӯрди тамаддунҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ

Нуктаи дигаре, ки мехостам перомуни он бо шумо сӯҳбат шавад, ва давоми ҳамон баҳси ҷаҳонишавӣ ё глобалтзатсия аст, ин ошкор ва бармало шудани бархӯрди тамаддунҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ аст. Мавзӯъҳое, ки матраҳ мекунам, шояд як каме фаротар бошанд, аммо ман ба ин хотир бо шумо ин сӯҳбатҳоро мекунам, ки аз сӯҳбатҳои қаблӣ маълум шуд, ки ҷавонони мо - касоне ки дар ин сӯҳбатҳо ширкат мекунанд - на танҳо тавони бардошти ин гуна сӯҳбатҳоро доранд ва дарк мекунанд, балки ҳарфи гуфтан дар ин мавзӯъҳоро низ доранд. (Бинобар ин) аз миқёс ва маҳдудаи як кишвар ва як проблемаи кучак мо бояд берунтар биравем, ба масъалаҳои васеътар ҳам даст бизанем. Ҳар қадре ки инсон ҳиммати худро баланд гирад, ҳамон қадр ба баландиҳои бештар парвоз хоҳад кард.

Масъалаи бархӯрди тамаддунҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ, яке аз масъалаҳое аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар атрофи он сӯҳбат мекунад. Баъзе аз назарияпардозони ғарбӣ мисли Самуэл Хантингтон, идея ё назария бархӯрди тамаддунҳо-ро матраҳ кард ва талош кард, ки ин назарияро дар ҷаҳон ҳамчун як аксиома ё назарияи исботшуда матраҳ кунад. Хулосаи фикраш ин буд, ки ҷаҳони имрӯз ногузир аз бархӯрди тамаддунҳо ва ба қавли худаш clash of civilizations аст ва ҳатман рӯзе байни тамаддуни ғарбӣ, ки тамаддуни масеҳӣ аст ва тамаддуни исломӣ, бархӯрд ҳосил хоҳад шуд ва мо чорае дигар ё гурезе аз бархӯрди тамаддунҳои ҷаҳони имрӯз надорем. Олими дигари ғарбӣ Фукуяма ин назарияро як каме тағйир дод ва гуфт, мо тақрибан дар поёни торих зиндагӣ дорем ва торихи башар, метавон гуфт, ки ба нуқтаи авҷи худаш расидааст, ки баъд аз он чӣ ҳолате рух медиҳад, такрибан, маълум нест. Мумкин аст ба ҷои башарият як махлуқ ё ҷондори дигаре биёяд. Албатта, ин ҳама баёнгари ноумедиҳо буд. Ғарб дар масоили фарҳангӣ ва андеша ба як нуқтае расида, ки дигар ноумед гашта ва беҳтарин назарияаш ҳамин аст, ки матраҳ мекунад.

Гуфтугӯи тамаддунҳо ба ҷои бархӯрди тамаддунҳо

Дар муқобил, андешмандони исломӣ назарияҳои дигарро матраҳ карданд. Барои мисол, Муҳаммади Хотамӣ раиси собиқи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба ҷои назарияи бархӯрди тамаддунҳо, назарияи гуфтугӯи тамаддунҳо-ро матраҳ кард. Ӯ гуфт, на, дуруст аст, ки бархӯрди тамаддунҳо имкон дорад, вале назарияи гуфтугӯи тамаддунҳо ҳоло бештар рузмарра аст ва бояд бошад. Чаро мо ноумед мешавем аз башарият ва аз инсоният? Ислом роҳи ҳал дорад, дар бораи гуфтугӯи тамаддунҳо сӯҳбат мекунад. Ва чун ин назария, аз тарафи андешманд ё кишваре матраҳ шуд, ки Ғарб омодаи қабулаш набуд (мавриди истиқбол қарор нагирифт), чун медонед, ки Ғарб имрӯз бо Эрон ва ҳатто бо андешмандони Эрон ҳам омодаи гуфтугӯ нест ва андешаи ғарбӣ, мутаассифона то ба ҳадде сиёсӣ шудааст ва мавзеъгириҳо то ҳадде таассубнок шудааст, ки дигар як андешаи солим аз тарафи як кишвар ё андешманди исломӣ матраҳ шавад, ҳатман ба ин ё он баҳона рад мешавад. Вале ин андеша ва тарҳ, чун дорои як ҷавҳар аст, намешуд аз он сад дар сад сарфи назар шавад, бинобар ин, бо як ислоҳе бо ибтикори Туркия ва Испания - ки сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Урдуғон ва сарвазири Испания Сапатера ин назарияро каме тағйир доданд - ба сурати дигар, яъне иттиҳоди тамаддунҳо (Alliance of civilization) матраҳ шуд. Гуфтанд, пас мо метавонем дар бораи иттиҳоди тамаддунҳо, ки манзур аз он, тамаддуни исломӣ ва масеҳӣ аст, як тарҳеро дар сатҳи ҷаҳон пешниҳод кунем. Ҳоло соли дуюм аст, ки ин тарҳ дар шаклҳои гуногун амалӣ мешавад ва андешмандон ё сиёсатмадорони ҳар ду тараф гоҳ гоҳе ҷамъ мешаванд, ки мо ҳам дар яке аз ин нишастҳо дар шаҳри Мадрид даъват шуда будем, вале ба сабаби интихоботҳои дохилӣ натавонистем дар он ширкат кунем. Нишасти дуюм дар шаҳри Доҳаи Қатар бо ибтикори амири Қатар ва шабакаи телевизионии Ал-ҷазира баргузор мешавад, ки мо ҳам ахиран даъват шудем ва агар Худо бихоҳад, нияти ширкат кардан дорем.

Нокомии тарҳи бинои "фарҳанги муштарак”

Раванди ҷаҳонишавӣ мушкили башариятро бештар ошкор мекунад. Сарвазири имрӯзаи Олмон, хонум Ангела Меркел, дар яке аз сӯҳбатҳояш, бисёр ноумедона ва бо як руҳияи бисёр писсимистона гуфт, ки дар ин 30 - 40 соли ахир, тарҳи урупоии завабони мусалмонҳо дар фарҳанги ғарбӣ ноком шудааст. Ва гуфт, он идея, ки мо доштем, ки битавонем масалан аз ҳамаи шаҳрвандони Олмон ё Урупо, як фарҳанги муштарак бисозем, ноком шуд. Дар анҷумани ахири Ҳизби Христиан-демократии Олмон, ин ноумеди эълон шуд.

Ин баёнгари он аст, ки Ғарб ва ба вижа Урупо, ки даъвои доштани фарҳанги авло ва бартарро мекард, натавонист дигар шаҳрвандон ва намояндагони соири миллатҳо, ки аз ҳисоби муҳоҷирин буданд, дар ҳаёти рузмарраи худаш ворид кунад. Ин нокомиро қаблан Шӯравӣ ҳам аз сар гузаронида буд. Шумо албатта ёд надоред, вале насли мо як каме дар ёд дорад. Солҳое, бар зеҳни мо, вожаи "шаҳрванди шӯравӣ” ё "инсони шӯравӣ” бисёр садо медод ва Шӯравӣ мехост аз ҳамаи қавмҳо, динҳо ё сокинон, як шаҳрванди муштарак ё инсонеро ба вуҷуд биоварад бо номи "инсони шӯравӣ”. Дигар, на тоҷик бошад, на украинӣ, на латвиягию кирғиз, балки "инсони шӯравӣ” бошад. Алайҳи дин ҳам муборизаи шадид бурда мешуд ҳамчун "афюн”; "афюни башар”. Бояд дин аз байн биравад ва дигар як "инсони шӯравӣ” ба ҷои он биёяд, вале ин тарҳ ноком шуд. На танҳо ноком шуд, балки мусибатҳо болои ин милатҳо овард. Баъд аз пош хӯрдани Шӯравӣ, он инсонҳое, ки бояд шӯравӣ мешуданд, ба ҷони якдигар афтоданд ва дидед, ки озарбойҷонӣ бо арманӣ меҷангид, молдовӣ бо рус меҷангид, кирғиз бо узбак меҷангид. Чанд моҳ пештар дар Оши Кирғизистон чӣ мушкилиҳое шуд.

Хулоса, дар аксарияти кишварҳои собиқ Шӯравӣ ин тарҳ натиҷаи баръакс дод. Ҳамчуноне ки дар Урупо ҳам билохира ин тарҳи урупоӣ натиҷаи акс дод ва сабаби аслиро мо дар чӣ мебинем? Ман дар сӯҳбате, ки дар ин сафари ахир дар донишгоҳи Берлин доштам, ишорае ба ин нукта ҳам карда будам, ки чаро натавонистанд урупоиҳо ба вижа Олмон, натавонистанд ин 4 - 5 миллион мусалмони шаҳрванди олмониро ба фарҳанги олмонӣ ворид намоянд? Чаро дар Берлин ҳанӯз ҳам кварталҳои махсуси туркҳо ҳаст? Дар Ҳоланд квартал ё як микрорайоне ҳаст, ки ҳанӯз ҳам фақат мағрибиҳо, яъне касоне ки аз кишвари Мағриб (Марокаш) баромадаанд, дар он ҷо зиндагӣ мекунанд? Онҳо ошхонаҳои хосси худро доранд, клубҳои худро доранд, магазинҳои худро доранд, бо мардуми таҳҷоӣ тақрибан сар ба сар намешаванд, ҳатто баъзеяш дар он ҷо таваллуд шудааст, забони олмонию ҳоландиро дуруст намедонад. Дар Фаронса квартали алҷазоирҳо вуҷуд дорад. Яъне чаро Ғарб, бо ин ҳама тамаддун, натавонист чанд миллион мусалмонро вориди фазои фарҳангиву ҷамияти худ бисозад?

Назари мо ин аст, ки Ғарб як иштибоҳ кард, вақте ки тарҳро пешниҳод кард, фарҳанги урупоӣ ва ғарбиро ҳамчун фарҳанги доминант ва ба истилоҳ доминирующий ё авлавиятнок ва афзалиятнок матраҳ кард. Як каме мағрур буданд ва фикрашон ин буд, ки бояд ин мусалмонҳо, чиниҳо ё африкоиҳое - ки фарҳангашон дар зинаи поинтар қарор дорад, тамаддунашон ба сатҳи тамаддуни ғарбӣ нарасидааст – вақте ба назди мо меоянд, ё ба таври автоматӣ ё аз ноилоҷӣ, бояд фарҳанги моро қабул кунанд. Африкоӣ африкоӣ бимонад ва осиёӣ осиёӣ, вале тафаккур ва ҷаҳонбинияш, бояд, ки сирф урупоӣ ва ғарбӣ гардад.

Метавон гуфт, ки кибру ғурури фарҳангӣ боис шуд, ки муҳоҷирини Урупо ба вижа мусалмонҳояш барои худ як сипар сохтанд то ин ки ҳувияти худро аз даст надиҳанд. Онҳо атрофи худ як ҳошия сохтанд, девор сохтанд, рафтанд дар як гӯшаҳои Берлину Парижу Амстердам ва ҳар шаҳри урупоии дигар, ҳатто дар Белҷик кварталҳои мусалмоннишинро сохтанд ва бо истифода аз демукросиву озодиҳое, ки дар Ғарб аст, дар он ҷо масҷиду мадраса сохтанд ва метавон гуфт, ки як Алҷазоири кучакро дар Фаронса сохтанд, як Туркияи кучакро дар Берлин сохтанд, ё Марокаши кучакро дар Ҳоланд сохтанд, ва бо ин роҳ худро аз таҳоҷуми фарҳангӣ ҳифз карданд. Ҳоло дигар Ғарб дар саргумӣ ҳаст, ки чӣ бояд кард? Онҳо шаҳрвандони мо ҳастанд, вале бо мо нестанд, мисли мо фикр намекунанд.

Тарҳу пешниҳоди мо дар он сӯҳбатҳо ин буд, ки шумо агар воқеан мехоҳед мусалмонҳо худро ҷузъе аз Урупо эҳсос кунанд, бояд аз ин мақом ва ҷойгоҳе, ки барои тамаддуни худ сохтаед ва бо як кибру ғурур нисбати тамаддуни исломӣ сӯҳбат мекунед, каме поинтар фуруд ойед ва ҳамон тарҳи гуфтугӯ ё иттиҳоди тамаддунҳо бояд дар сатҳи баробар риоя шавад. Танҳо он вақт аст, ки як мусалмон метавонад эҳсос кунад, ки ӯ шаҳрванди комилҳуқуқ ва баробари урупоӣ аст ва омодааст, ки бо шумо зист кунад.

Ба ҳар сурат, ин мушкил боқӣ аст, ҳатто дар Русия ҳам чанд сӯҳбате, ки бо муҳоҷирин доштам, эҳсос мешавад, ки ҳамватанони мо, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, наметавонанд худро ҷузъи ин фазои Русия тасаввур кунанд. Дуруст аст, ки шиносномаи русӣ доранд, дуруст аст, ки шаҳрванд аст, вале ҷузъи онҳо нашудааст. Пешниҳоди мо ин аст, ки Русия метавонад он иштибоҳи Урупоро такрор накунад. Як далелаш ҳам он аст, ки ислом барои Русия, дини ҳиҷрат нест, дини муҳоҷирин нест. Ислом дар Русия, дини шаҳрвандони муқимии ин кишвар аст. Беш аз 950 сол мешавад, ки як қисми зиёди мардуми ин кишвар, яъне тоторҳо, бошқирҳо, доғистониҳо ва мардуми Қафқоз ислом овардаанд, ҳатто пештар аз он ки як қисм аз мардуми рус проваслав шуда бошанд. Пас, ин дин, дини муҳоҷирин ва ҳиҷрат нест. Русия метавонад аз иштибоҳи Урупо канораҷӯӣ кунад ва ҳамоиши бештар ва хубтари мусалмонҳоро ба хусус муҳоҷиринро дар фазои фарҳангии худ фароҳам бисозад.

Идома дар қисмати дуюм

Бахш: Симои идеологии Ислом | Просмотров: 693 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz