Шанбе, 20.04.2024, 18:46
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Март » 21 » Масъаларо шиъа ва суннӣ накунед!
Масъаларо шиъа ва суннӣ накунед!
23:56

Раҳбари Эрон бо таъкид бар ин ки масъалаи Баҳрайн, аз лиҳози моҳият мисли масоили дигар кишварҳои минтақа аст, хотирнишон кард: "Агар хайрхоҳоне дар ин байн вуҷуд доранд, ман ба онҳо эълом мекунам, ки масъаларо шиъа ва суннӣ накунед, чаро ки ин бузургтарин хидмат ба душманони уммати исломӣ аст, ки ҳаракати умумии зидди истибдодии як миллатро ҳамл кунанд ба даъвои шиъа ва суннӣ, ва ин дар ҳолест, ки даъвои шиъа ва суннӣ вуҷуд надорад.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, имрӯз (21.03.2011) дар суханоне ба муносибати фарорасии соли ҷадиди шамсӣ ва иди Наврӯз, дар ҷамъи мардуми Машҳади Эрон, изҳор дошт: "Ҳаводиси ахири минтақа; ҳаводиси Миср, Тунис, Либӣ ва Баҳрайн, ҳаводиси бисёр муҳиммест; таҳаввуле бунёдин дар минтақаи арабӣ ва исломӣ дар ҳоли вуқӯъ аст, ки нишонаи бедории уммати ислом аст.”

Хоманаӣ ду хусусият ва унсури асосӣ дар ин таҳаввулотро ҳузури мардум дар саҳна ва самтусӯи динӣ дар ин ҳаракатҳо унвон ва тасреҳ кард: "Ҳузури мардум бо ҷисми худ дар саҳна иттифоқе аст, ки дар инқилоби исломии Эрон рух дод ва ин дар ҳоле буд, ки аҳзоб, пуштимизнишинон, оҷнишинон ва таҳлилгарони зеҳнӣ, коре натавонистанд анҷом диҳанд.”

Ончи мардуми минтақаро ба саҳна кашонд

Раҳбари Эрон дар идома афзуд: "Ончи мардуми Миср, Тунис ва дигар кишварҳоро ба саҳна кашонд, масъалаи иззат ва каромати инсонии онҳо буд, чаро ки ғурурашон ба дасти ҳокимони золим ҷариҳадор шуда буд.”

Вай бо ишора ба иқдомоти Ҳусни Муборак, раиси ҷумҳури махлуи Миср дар ҳамроҳӣ бо режими ғосиби саҳюнистӣ дар муҳосираи мардуми мазлуми Ғазза, ёдовар шуд: "Вақте мардуми Миср диданд, ки раиси онҳо, ки дар раъси кишвар аст, ба ниёбат аз "Исроил” касифтарин корҳо ва ҷиноятҳоро муртакиб мешавад, ҷариҳадор шуданд.”

Мавзеи рӯшани Эрон, дифоъ аз миллатҳои мусалмон ва мухолифат бо диктотурҳо

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бораи мавзеи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробари таҳаввулоти минтақа гуфт: "Мавзеи рӯшан ва сареҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар масоили минтақа, дифоъ аз ҳуқуқи миллатҳои мусалмон ва мазлум ва мухолифат бо диктотурҳо ва мустакбирон аст.”

Ҳаракатҳои исломӣ, ки дар минтақа оғоз шудааст, қатъан ба пирӯзӣ хоҳад расид

Хоманаӣ амалкарди Амрико ва Ғарбро дар баробари таҳаввулоти минтақа хабосатомез ва музаввирона тавсиф ва таъкид кард: "Ҳаракате, ки дар минтақа оғоз шудааст, ҳаракати уммати исломӣ ва ба самти аҳдофи исломӣ аст ва тибқи ваъдаи илоҳӣ қатъан ба пирӯзӣ хоҳад расид.”

Амрико ҳамвора аз диктотурҳо ҳимоят кардааст

Оятуллоҳ Хоманаӣ идома дод: "Ончи ҳамвора дар рафторҳои амрикоиҳо то ба имрӯз дида шуда, пуштибонӣ аз диктотурҳо будааст ва онҳо ҳатто аз Ҳусни Муборак ҳам то охирин лаҳза дифоъ карданд ва вақте диданд намешавад, ӯро дур андохтанд, ки ин ҳам дарси ибрате барои сардамдорони вобаста ба Амрикост, ки бидонанд вақте торихи масрафи худро тай карда ва бефоида шаванд, онҳоро монанди кӯҳнае (латтапорае) дур меандозанд.”

Ончиро дар кишварҳои худкома иттифоқ афтод, хостанд дар Эрони Исломӣ пиёда кунанд

Хоманаӣ тасреҳ кард: "Амрико ва Ғарб баъд аз аздаст додани авомили худ дар кишварҳои ёдшуда, ду тарфанди дигарро дар пеш гирифтанд, ки яке фурсатталабӣ ва дигаре шабеҳсозӣ буд. Фурсатталабии онҳо ин буд, ки хостанд инқилобҳоро мусодира кунанд, вале дар он шикаст хӯрданд. Дуввум он ки талош карданд ончи дар ин кишварҳо иттифоқ афтод-ро дар Эрони Исломӣ; Эрони мардумсолорӣ ва Эрони миллат, пиёда кунанд.”

Вай афзуд: "Дар ин тарфанд, авомили онҳо дар дохили кишвар, афроди заиф ва фурӯмоя ва ҳақиқатан дастхуши ҳавоҳои нафсонӣ, ки саъй карданд шояд битавонанд ин корро анҷом диҳанд, аммо маълум буд ҳаракати шикастхӯрда ва корикотуре хандаовар ва бенатиҷа аст ва миллати Эрон бар даҳони онҳо кӯбиданд.”

Мунофиқи воқеӣ Амрикост

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома гуфт: "Нифоқи воқеӣ амалест, ки амрикоиҳо анҷом медиҳанд ва иддаои дифоъ аз миллатҳоро доранд. Онҳо дар мавриди Миср нифоқ ба харҷ дода ва мегӯянд, ки мо тарафдори миллатем ва ин дар ҳолест, ки онҳо дурӯғ мегӯянд ва бо душманони он миллат то охир ҳамроҳӣ карданд.”

Масъалаи Баҳрайн, масъалаи шиъа ва суннӣ нест

Раҳбари Эрон дар бахши дигаре аз суханони худ, бо таъкид бар ин ки масъалаи Бҳарайн, аз лиҳози моҳият мисли масоили дигар кишварҳои минтақа аст, хотирнишон кард: "Масъалаи Баҳрайн, бо Миср, Тунис ва Либӣ ҳеч фарқе надорад, чаро ки дар Баҳрайн низ миллате ҳастанд, ки ҳукуматашон ҳуқуқи онҳоро нодида мегирад.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ин ки миллати Баҳрайн бо ин қиём хостаи асосияшон ин аст, ки интихоботе сурат анҷом бигирад ва ҳар 1 нафар 1 раъй дошта бошад, ин пурсишро матраҳ кард, ки оё ин таваққӯи мардуми Баҳрайн, таваққӯи зиёдест?

Вай бо баёни ин ки ғарбиҳо дар масъалаи Баҳрайн фурсатро муғтанам шумурданд ва қасд доранд бо тарҳи масъалаи ҷадиди шиъа ва суннӣ, дар масоили минтақа дахолат кунанд, хотирнишон кард: "Баъзеҳо мегӯянд, мардуми Баҳрайн чун шиъа ҳастанд, набояд ҳеч кас аз онҳо ҳимоят кунад ва телевизиюнҳое, ки ҷузъиёти ахбори минтақаро пахш мекарданд, нисбат ба масъалаи Баҳрайн сукут карданд ва куштори мардуми Баҳрайнро гузориш накарданд.”

Хоманаӣ идома дод: "Бархе сиёсатмадорон ва рӯзноманигорони кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс низ газофагӯӣ карда ва мегӯянд, ки масъалаи Баҳрайн ҷанги шиъа ва суннӣ аст, дар ҳоле ки ин гуна нест ва масъалаи ин кишвар эътирози як миллат аст ба зулме, ки ба ӯ мешавад ва масъалаи Баҳрайн бо масъалаи Тунису Мисру Либиву Яман ҳеч фарқе надорад.”

Мо аз ҳамаи миллатҳои мазлум пуштибонӣ кардаем

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ин ки ғарбиҳо мегӯянд, "Чаро Эрон аз мардуми Баҳрайн ҳимоят мекунад?”, таъкид кард: "Мо аз ҳамаи миллатҳои мазлум пуштибонӣ кардаем. Мо 32 сол аст, ки аз мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунем. Кадом як аз давлатҳо чунин пуштибонӣ кардааст? Магар миллати Фаластин шиъа ҳастанд? Дар бораи Ғазза мардуми мо чӣ қадр талош карданд. Ҷавонони мо рафтанд ба фурудгоҳ то озими Ғазза шуда ва алайҳи "Исроил” биҷанганд, дар ҳоле ки роҳ баста буд.”

Вай афзуд: "Мардуми мо нисбат ба Фаластин, Тунис ва Миср ибрози эҳсосот карданд дар ҳоле ки онҳо шиъа набуданд ва аслан баҳси шиъа ва суннӣ дар миён нест. Ва ин дар ҳолест, ки ғарбиҳо ва амрикоиҳо бадхоҳона ва баддилона саъй мекунанд, масъалаи Баҳрайнро ба унвони масъалаи шиъа ва суннӣ қаламдод кунанд.”

Масъаларо шиъа ва суннӣ накунед!

Раҳбари Эрон бо баёни ин ки мутаассифона баъзеҳо, ки одам хаёл мекунад ангезаи баде надоранд низ дар ин дом афтодаанд, тасреҳ кард: "Агар хайрхоҳоне дар ин байн вуҷуд доранд, ман ба онҳо эълом мекунам, масъаларо шиъа ва суннӣ накунед, чаро ки ин бузургтарин хидмат ба Амрико ва душманони уммати исломӣ аст, ки ҳаракати умумии зидди истибдодии як миллатро ҳамл кунанд ба даъвои шиъа ва суннӣ, ва ин дар ҳолест, ки даъвои шиъа ва суннӣ вуҷуд надорад.”

Вай хотирнишон кард: "Мо байни Ғазза, Фаластин, Тунис, Либӣ, Миср, Баҳрайн ва Яман тафовуте намегузорем ва мӯътақидем, дар ҳама ҷо зулм ба миллатҳо маҳкум аст ва ҳаракати миллатҳо бо шиори ислом дар ҷиҳати озодӣ мавриди таъйиди мост.”

Вақоҳати амрикоиҳо

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар идомаи суханонаш бо ишора ба авҷи вақоҳати амрикоиҳо, ки ҳузури тонкҳои давлати Саудӣ дар хиёбонҳои Маномаро дахолат намедонанд, аммо вақте уламо ва хайрхоҳони мо мегӯянд, мардумро накушед, мегӯянд дахолат кардед, таъкид кард: "Ин ки мо ба як давлат ва режими золиме хитоб кунем, мардуми худро накушед, дахолат аст? Омадани тонкҳои бегона дар хиёбонҳо дахолат нест, аммо ин дахолат аст? Ин авҷи вақоҳати Амрико ва дунболаравонаш дар минтақа аст, ки ин гуна таблиғ мекунанд.”

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 927 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Март 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz