Панҷшанбе, 25.04.2024, 19:13
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Март » 25 » Кимиёи саодат ба хатти форсӣ
Кимиёи саодат ба хатти форсӣ
01:21

Аз ин пас, навиштаҳо ва мақолоти пойгоҳи Кимиёи саодат, ба хатти форсӣ низ бар рӯи сафҳаи интернет қобили дастрасии боздидкунандагон ва хонандагон хоҳад буд.

Агар мо тоҷикон чанд сабоҳе ночор ба хатти кирил менавиштем ва ҳанӯз ҳастем, ва он ҳам ба хотири таҳмили ин хатти бегона барои мо будааст, аммо аз ин пас, бояд бикӯшем ба ҳамон хатти аслиямон, ки расмулхатти арабист, баргардем. Агар имрӯз ва дар мавқеи кунунӣ, имкони баргашти дафъӣ вуҷуд надорад, аммо чанд сабоҳе дигар, ва ба сурати тадриҷӣ, ба хотири бозёфти хеш ва ақиб наяфтодан аз ҳаракат ба пеш, аз руҷӯъ ба хатти ниёконамон ногузирем.

Ба назари қосири мо, бешак яке аз авомили интиқоли тадриҷӣ ба ин хат, таъсис ва роҳандозии расонаҳо, чи рӯзномаву ҳафтаномаҳо ва чи сомона ва пойгоҳҳои интернетӣ, ба хатти форсӣ аст.

Бинобар ин, дастандаркорони пойгоҳи Кимиёи саодат, имсол, бо оғози соли нави шамсӣ, тасмим бар таъсиси пойгоҳи Кимиёи саодат ба хатти форсӣ намуданд, ва ҳамарӯза, ҳамзамон бо дарзи матолиб ба хатти кирил, форсии онро низ рӯи сафҳаи интернет хоҳанд овард.

Умедворем ин иқдоми ноқобил мавриди писанд ва мояи хушҳолӣ ва хурсандии боздидкунандагон ва хонандагони ин пойгоҳ қарор хоҳад гирифт. Мо бо камоли тавозӯъ ва хоксорӣ, аз ҷамии дӯстон хоҳеш менамоем, агар камбуд ва нуқсоне дар ин замина диданд, муҳаббат фармоянд ва назари гиромии хешро бароямон бирасонанд.

Ҳамчунин, аз қаламбадастони шарифи тоҷик, хоҳиш мешавад, агар матлабе ба хатти форсӣ ва дар робита бо масоили кишвари азизамон доштанд, метавонанд бароямон ирсол бифармоянд, то бар рӯи сафҳа бигузорем.

Дӯстон метавонанд ба ин нишонӣ istaravshani1969@mail.ruThis e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it матолиби хешро ирсол бифармоянд.

Ва аммо нишонии пойгоҳи Кимиёи саодат ба хатти форсӣ иборат аст аз:

http://www.kemyaesaadat.ir/

http://farsi.kemyaesaadat.com/

Комёб бошед

Кимиёи саодат

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 1202 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Март 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz