Шанбе, 20.04.2024, 16:49
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 1 » Худогоҳии миллӣ, ба исботи “худ” аст, на нафйи “ғайр”
Худогоҳии миллӣ, ба исботи “худ” аст, на нафйи “ғайр”
21:18

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Агар бихоҳем "хештан”-ро бишносем ва дигарон ҳам аз "буданамон” огоҳ гарданд, роҳаш нафйи "ғайр” нест, балки исботи "худ” аст; он ҳам ба гунае аз "исбот”, ки дигарон ногузир аз пазириши мо бошанд, бе он ки мо бо забон гуфта бошем, "моро бипазиред”.

1. "Худогоҳии миллӣ”-и мубтанӣ бар "нафйи ғайр”:

Гурӯҳҳое буданд ва ҳанӯз ёфт мешаванд, ки "идеулужии миллӣ”-и хешро бар пояи навъе бартарӣ қоил шудан барои миллат ва нажоди худ ва поинтар донистани соири нажодҳо ва милал бино ниҳодаанд, ҳол, ин бартар донистан, чи ба "хубӣ”-ҳои он миллат бошад ва чи ба "бадӣ”-ҳои ӯ, ва ба сухани дигар, меъёри бартарӣ, сирфи тааллуқ ба ҳамон миллат ва нажод аст, на чизе дигар.

Чунин нигариш ва ҷаҳонбинӣ, гузашта аз бепоягиаш дар сатҳи теурӣ, дар сурати густариш ва расидани мӯътақидонаш ба арикаи қудрат, бас хатарнок хоҳад буд. Яъне дар он сурат, инон, на танҳо дар марҳилаи теурӣ ба бартарии хештан ва таҳқири дигарон басанда хоҳанд кард, балки амалан ба кушту куштори "ғайр” даст хоҳанд зад. Дар торих метавон ба намунаҳои зиёде аз ин гуна гурӯҳҳо ишора кард, ки боризтаринашон нозиҳои Олмон ва низоми опортойд дар Африқои Ҷанубӣ буд, ки дидем поёни корашон ба куҷо расид. Имрӯза, низоми саҳюнистӣ дар "Исроил” низ, бар пояи як чунин идеулужии хатарнок бино ниҳода шуда, ки мебинем муртакиби чӣ ҷиноятҳое мешавад, ки ҳатман поёнаш ҳамон саранҷомест, ки гиребонгири нозиҳо дар Олмону нажодпарастони опортойд дар Африқои Ҷанубӣ шуд.

Метавон гуфт, пояи ин гуна аз ҷаҳонбинӣ, бар "нафйи ғайр” устувор аст то "исботи худ”.

2. "Худогоҳии миллӣ”-и мубтанӣ бар "исботи худ”

Дар муқобил, милале буданд ва ҳастанд, ки тавонистанд "хештан”-ро, ҳам барои насли худ "исбот” кунанд ва ҳам барои дигарон, бе он ки даст ба "нафйи ғайр” бизананд. Ба сухани дигар, фароянди "худогоҳии миллӣ” дар назди ин милал, ба гунае сурат пазируфт, ки аввалан, бо такя бар пешинаи торихӣ ва собиқаи фарҳангии дурахшон, худ ва насли худро сохтанд, ва сониян, хештанро ба гунае барои дигарон муаррифӣ ва арза карданд, ки "ғайр” ногузир аз пазириши эшон шуд.

Албатта, бархе аз ин милал, воқеан аз пешинаи торихии дурахшон ва собиқаи фарҳангии волое бархӯрдор буданд, ки фароянди "худогоҳии миллӣ” назди эшон, бо эҳёи он пешина ва он гоҳ муттако қарор додани он сурат пазируфт. Ва бархе ҳам, чун аз ҳеҷ собиқае дурахшон бархӯрдор набуданд, аз ин рӯ, аввал барои худ пешинае "дурахшон” сохтанд ва он гоҳ "худогоҳии миллӣ”-и хешро бар мабнои он "собиқаи дурӯғин” бунён намуданд.

Аммо ба ҳар ҳол, ҳар ду, мабнои "худогоҳии миллӣ”-и хешро "исботи худ” қарор доданд, на "нафйи ғайр”, ки аз ин рӯ дар кори худ муваффақ ва комёб гардиданд.

Шоёни таваҷҷӯҳ аст, ки иллати асосии комёбии фароянди "худогоҳии миллӣ”-и мубтанӣ бар "исботи худ”, бештар, дар барҷаста кардан ва такяи милал бар сифати он пешина, ки "дурахшонӣ” ва "волоӣ”-и он аст нуҳуфта, на дар таъкиди сирф бар мавсуф, ки ҳамон пешина ва собиқа бошад. Ба сухани дигар, агар он милал дар торихи худ масалан қаҳрамоне доранд, сифоти некӯ ва инсонии он қаҳрамон, бештар мавриди таъкиди эшон қарор гирифта ва онро барҷаста сохтаанд, на ин ки барои фарзандони худ ва ё барои дигарон шарҳи ҳоли муфассале аз зиндагии он қаҳрамон ироа намоянд. Чун нек медонистанд, ки фарзандони онон, агар бо қаҳрамони худ биболанд ва мояи ифтихор, боландагӣ, иззат ва маншаи созандагии онон қарор бигирад, аз ин хоҳад буд, ки қаҳрамонашон чӣ андоза инсондӯст, исоргар, аз худ гузашта, парҳезгор, содиқ, мухлис, шуҷоъ, бовафо ва ғайра (аз сифот ва ахлоқи некӯ ва писандидаи башарӣ) будааст, на ин ки масалан модараш ё падараш кӣ будааст, чанд то одам куштааст ва ё чанд сол ҳукумат рондааст. Ҳатто агар аҳёнан он қаҳрамон бо "ғайр” ҷангидааст, хайри он "ғайр”-ро мехоста, на нафйу нобудии ӯро. Оре, агар ин қаҳрамон бо як чунин сифоте имрӯз бар насли он "ғайр” ҳам арза гардад, мавриди пазириши ӯ қарор хоҳад гирифт, зеро алоқа ба дорандаи сифоти некӯ ва писандида, дар сиришти одамӣ нуҳуфта ва нохудогоҳ ба ӯ алоқаманд хоҳад шуд.

Ду сол пеш дар Ирон ба муддати тақрибан як солу анде як сериали мусалсали кореяӣ ба номи "Ҷумунг”; як қаҳрамони устураии миллати Корея, пахш шуд ва чунон мавриди алоқаи ирониён қарор гирифт, ки собиқае дар Ирон надошт. Ин қаҳрамони дар асл дурӯғин, ба улгуи ҷавонони иронӣ табдил ёфт; ҳар ҷо ки мерафтед, акси ӯ пайдо буд, ҷавонон дар равишу маниш адои ӯро дармеоварданд, ҳатто духтарони иронӣ ҳар киро, ки чашмони танг (мисли он қаҳрамон) дорад, барои дӯстӣ ва ё ҳатто ҳамсарӣ бармегузиданд. Имрӯз кор ба ҷое расида, ки дар Ирон, фарҳанги миллати Корея ва як фарди кореяӣ, фарҳанге барои улгу бардоштан қарор гирифта; он ҳам Ироне, ки дар пешинаи торихии дурахшон ва собиқаи фарҳангии воло (на сохтагӣ), аслан қобили қиёс бо пешинаи кишваре мисли Корея нест, ки асосан рӯшан нест воқеан аз чӣ собиқае торихӣ ва фарҳангӣ бархӯрдор аст.

Албатта, дасти ин кореяиҳо дард накунад, ки бо сохтани филме бар асоси як устураи дурӯғин, тавонистанд ҳам ба фарзандони хеш руҳияи иззат ва сарбаландӣ бидаманд ва ҳам фарҳанги хеш бар дигарон исбот ва таҳмил намоянд, бе он ки бо забон гуфта бошанд, ки "Ҳон мардум! Моро бипазиред”. Оре, натиҷаи табиии бунёни "худогоҳии миллӣ” бар мабнои "исботи худ”, ҷуз ин намебошад.

Агар имрӯз барои як нафар ҷавони иронӣ фарҳанги миллати Корея ва қаҳрамонаш улгу гардидааст, ин тақсири кореяиҳо нест, балки кӯтоҳӣ аз худи ирониҳост, ки ҳанӯз натавонистанд пешинаи дурахшони худ ва қаҳрамонони воқеӣ (на дурӯғин)-и хешро, ки торихи башар назири онҳоро надидааст, барои ҷавонони худ барҷаста ва нишон бидиҳанд.

Ҳоло Иронро бигузорем канор, бибинем мардумони худамон яъне тоҷикон имрӯз аз ин лиҳоз дар чӣ вазъе қарор доранд. Ирониҳо, ҳар чи ҳаст, корҳое дар ин росто анҷом додаанд ва медиҳанд. Бибинем, фароянди "худогоҳии миллӣ” дар Тоҷикистон, бар чӣ мабное пеш меравад: оё бар пояи "нафйи ғайр” ё "исботи худ”?

Гунаи фароянди "худогоҳии миллӣ”-и тоҷикон

Аз замоне андак пеш аз фурӯпошии низоми Шӯравӣ ва пас аз он (то ба имрӯз), рӯшанфикрони тоҷик камар ба шиносонидани "худи миллӣ” (ё ҳамон "худогоҳии миллӣ”) бастанд, вале мутаассифона дида мешавад ин фароянд бештар бо "нафйи ғайр” пеш меравад то "исботи худ”.

Аз ҳамон оғози кор, ҳаргоҳ мақола ё навиштаеро бо мавзӯи худшиносии миллӣ бармехӯрдед, медидед кӯшиши соҳиби қалам дар он навишта, беш аз он ки исботи "худ” бошад, нафйи "ғайре” ба номи ӯзбак ё турк аст; гӯи мо агар бихоҳем худамонро бишносем ва ё ба дигарон бишносонем, ногузир аз эҳзори он "ғайр”-ем, то намоён шавем. Ба сухани дигар, гӯи зуҳур ва падидор шудани мо, ба ҷуз бо нафйу тарди он "ғайр” нест. Ҳатто аҳёнан кор то бад-ин ҷо мерасад, ки хонанда бештар бо он "ғайр” ошно мегардад то бо "худ”-и нигоранда. Масалан, мефаҳмад, ки "ғайр” решае надоштааст, ҳар чи иддао мекардааст дурӯғ будааст, Темуре, ки бо он меболидааст, мебоист мояи зиллати ӯ бошад, на иззаташ, Навоие, ки сардафтари адабиёти ӯ шумурда мешавад, шогирде беш мар яке аз бузургони моро набудааст, ва... Хулоса, ҳамааш ҷуз нафйу тарду аҳёнан таҳқири он "ғайр” нест.

Аз "худ” ҳам агар сухане ба миён биёварад, ба ҷуз ин ки изҳор бидорад, ки "ман” бартарам, нажоди "ман” ориёӣ аст, ҷадди "ман” Куруш аст, бузурги "ман” Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Исмоил ва ... аст, чизе дигар аз ӯ ба чашм намехӯрад. Ва ин дуруст ҳамон нигаришест, ки дар оғози мақола аз он ёдовар шудем; яъне "идеулужӣ”-ест, ки бар пояи навъе бартарӣ қоил шудан барои миллат ва нажоди худ ва поинтар донистани соири нажодҳо ва милал мубтанист, ва меъёри бартарӣ ҳам пеши ӯ, сирфи тааллуқ ба миллат ва нажод аст, на чизе дигар. Ин ҳамон навъ идеулужиест, ки аз олмониҳо нозӣ, аз сафедпӯстони сокини Африқои Ҷанубӣ нажодпараст ва аз яҳуд саҳюнист ба бор овард.

Ба назари камина, пайдоиши як чунин нигарише пеши бархе аз рӯшанфикрони тоҷик – бо ин ки аз пешина ва собиқаи дурахшоне бархӯрдор ҳастем ва барои худёбӣ ниёзе ба нафйу тарди "ғайр” надорем – гузашта аз адами огоҳии лозим аз пешинаи худ ба иллати хат, инчунин реша дар бемории маҳалгаройие дорад, ки дар замони Шӯравӣ ба он мубтало гардида буданд; бад-ин шарҳ, ки як нафар инсон, ки маҳалгаройӣ бо хуну пӯсташ аҷин шудааст, хост "миллигаро” бишавад, аммо бидуни он ки дар навъи ҷаҳонбинӣ ва гунаи нигаришаш ба ашё, таҷдиди назар намояд. Ва дар ин фароянд, танҳо коре, ки аз ӯ сохта буд ин буд, ки маҳдудаи ҷуғрофиёии ҷаҳонбинияшро андаке фарохтар намуд; яъне хештанро аз маҳдудае муайян ба номи "маҳал” берун овард ва дар маҳдудае васеътар ба номи "кишвар” маҳсур сохт, аммо нигариш ҳамон нигариш ва ҷаҳонбинӣ ҳамон ҷаҳонбинӣ. Агар то дирӯз "ғайр” барояш сокинони маҳалле дигар буд, акнун ин "ғайр” сокинони кишваре дигар гардид.

Ва ин ҳама дар ҳолест, ки мо тоҷикон ва куллан порсиён, агар бихоҳем "худ”-ро биёбем ва барои насли оянда ва низ барои дигарон хештан шиносонем, аслан ниёзе ба нафйу тарди "ғайр” надорем, балки бояд камар ба исботи "худ” бибандем. Мо аз пешинаи торихии чунон дурахшон ва собиқаи фарҳангии чунон ғание бархӯрдорем, ки агар гӯша ва ҷилвае аз он барои ҷаҳониён бармало гардад, рӯй ба мо оваранд ва моро улгуи хеш қарор бидиҳанд. Дар гузашта мо чунин будем. Имрӯз ҳеҷ тоҷик ва порсигӯйе ҳаст, ки аз худ бипурсад, чӣ буд, ки фарҳанг ва забони порсӣ то замоне начандон дур, фарҳанги роиҷ ва забони расмии милале аз Туркия гирифта то Ҳиндустон бошад? Чӣ чизе боис шуда буд, ки ин "ғайр”-ҳо моро то ин ҳад бипазиранд: оё фақат бад-ин ҷиҳат буд, ки аз худ чизе надоштанд, ё он ки пешиниёни мо тавониста буданд "худ”-ро то ба ҳадде "исбот” намоянд, ки "ғайр”-ҳо ногузир аз пазириши мо бишаванд?

Сухан ба дарозо намекашам ва дар поёни мақол ба нукоте чанд ба унвони пешниҳодҳое барои "худёбӣ” ва исботи "худ” ишора мекунам ва навишторро ба поён мерасонам. Агар мо бихоҳем "худ”-ро исбот намоем, ниёз дорем:

  1. Ҳар чи сареътар бо ин хатти кирил худоҳофизӣ ва ба хатти пешинаи худамон, ки ҳамон расмулхатти арабист баргардем;
  2. Ислоҳоти решаӣ ва муҳтавоӣ (на сурӣ ва шаклӣ) дар маводди илмӣ ва омӯзишии худ, ки дар марокизи илмиямон – аз Окодемии улум гирифта то мактабҳои миёна – мутадовал аст, ҷорӣ созем. Бо ин маводди омӯзишие, ки дар марокизи илмии мо тадрис ва дар порае аз онҳо мутаассифона ҳанӯз пешинаи дурахшони беш аз ҳазор солаи мо (яъне даврони исломӣ) бароямон торик нишон дода мешавад, ба ҳеҷ ҷое нахоҳем расид;
  3. Улуме инсонӣ аз қабили дониши фалсафа, ки бидуни фарогирии дақиқи он, гом бардоштан ба сӯи "худёбӣ” ва "хештаншиносӣ” имконпазир нест, ба гунаи ҷиддӣ барои фарзандони тоҷик омӯхта шавад ва он ҳам ба забони модари он фалсафа; яъне фалсафаи исломӣ ба забон ва хатти арабӣ ва ё порсӣ ва фалсафаи ғарбӣ ба забони англисӣ ё немисӣ, на ин ки дар омӯзиши онҳо аз тарҷума (масалан тарҷумаи русӣ) истифода шавад. Агар устоде кофӣ надорем, бигузор аз дигар кишварҳо устод биёварем, масалан аз Ирон барои омӯзиши фалсафаи исломӣ ва аз Олмон ва ё Фаронса (ки дар дониши фалсафа ҳарфи аввалро мезананд) барои таълими фалсафаи ғарбӣ. Ҳол агар имкони овардани устод набуд, аз миёни донишҷӯёни алоқаманд ба фарогирии дониши фалсафа, фарҳехтагон баргузида шуда ва бо кӯмаки ҳукумат ба он кишварҳо фиристода шаванд, бо ин тааҳҳуд, ки агар ба ҷое расиданд, ҳатман ба кишвари худ баргарданд ва камар ба хидмат бибанданд, на ин ки он ҷо мондагор шаванд;
  4. Боло бурдани миқдори маоши пажӯҳишгарон ва муҳаққиқони марокизи илмӣ (мисли Окодемии улум), асотиди донишгоҳ ва донишкадаҳо ва муаллимони мактабҳои миёна то ба он андоза, ки дигар барои имрори маош, дунболи бозор ва ё ҳиҷрат ба кишваре дигар нараванд. Яъне маоши эшон ба андозае бошад, ки бо вуҷуди он, дигар хештанро ба куллӣ сарфи таҳқиқу пажӯҳиш ва ё парвариши шогирдон намоянд;
  5. Чопу нашри тамомии кутуби илмӣ ва торихии нигошташуда тавассути пешиниёнамон ба хатти модар (форсӣ ё арабӣ), ки дар китобхонаи миллии Фирдавсӣ нигаҳдорӣ мешаванд;
  6. Таваҷҷӯҳ ба ҳунар, хусусан ҳунари синамо. Имрӯза ин ҳунари синамост, ки бештарин нақш дар исботи "худ” ва муаррифии он ба ҷаҳониёнро бар дӯш дорад. Имрӯза, як филми ҳунармандона, метавонад аз миллати бесобиқа, миллате собиқадор созад ва баръакс, миллате бо пешинаи дурахшонро миллате ироа бидиҳад, ки решае надорад. Имрӯз, густаришу ривоҷи фарҳанги ғарбӣ дар ҷаҳон, бештар марҳуни ҳамин навъ аз ҳунар аст. Кишвари мо алҳамду лиллоҳ ҳунармандони забардасте дорад, танҳо сармоягузорӣ мехоҳад, ки мутаассифона намешавад;

Шояд нукоте дигар дар ин росто ҳаст, ки ба зеҳни камина намерасад, аммо он чи ба зеҳни қосири ман расид ҳаминҳо буд ва аз дигарон хоҳиш мекунам дидгоҳу пешниҳоди худ дар ин заминаро иброз бидоранд.

Комёб бошед

Кимиёи саодат

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 942 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz