Душанбе, 20.11.2017, 12:37
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Май » 20 » Кадомин огоҳӣ матлуб аст?
Кадомин огоҳӣ матлуб аст?
03:45

ё, чаро имрӯз донишманди воқеӣ надорем?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке мепурсид, чаро мо имрӯз донишманди воқеӣ надорем; донишманде, ки битавонад роҳро аз чоҳ ташхис бидиҳад ва нав оварад, на ин ки ҳар ончиро пешиниён ва ё дигарон овардаанд, тӯтивор такрор бикунад? Роқими сутур дар ин навиштор бар он аст, то парда аз чеҳраи ин муаммо бардорад.

Барои посухёбӣ ба ин пурсиш, нахуст лозим аст, бидонем, мурод аз донишмандӣ чист ва донишманд кист?

Мутаассифона, имрӯз, пиндори ғолиб ин шудааст, ки "донистан” ва ё "донишмандӣ”, яъне ин ки ҳарчи бештар бидонӣ ва огоҳиҳо ва иттилооти ту густарда бошад. Бар асоси чунин пиндори нодуруст аст, ки имрӯз ба касе ки каммият ва миқдори огоҳиҳои ӯ - дар ҳар соҳа аз соҳаҳои дониш - бештар бошад, мегӯянд донишманд аст. Масалан, физик ба касе итлоқ мешавад, ки аз ҳар ончи дар арсаи дониши физик гуфта шуда ва мешавад огоҳ аст ва медонад; яъне як доиратулмаорифи ба тамоми маъно дар дониши физик шуда. Торихнигор ба касе мегӯянд, ки огоҳ ба тамоми рухдодҳои торихӣ аз даврони куҳан то ба имрӯз мебошад. Файласуф ба касе итлоқ мешавад, ки ошно ба тамоми дидгоҳҳои ҳукамо аз даврони пеш аз Суқрот бигир то ба назариёти фалосифаи имрӯз. Ҳатто дар заминаи улуми динӣ низ, фақеҳ ба касе гуфта мешавад, ки ошно бо фатовои тамоми муҷтаҳидон дар тӯли торих аст ва ба ҳамин минвол...

Вақте бардошти ғолиб аз мафҳуми донишманд чунин шуд, қатъан набояд таваққӯъ дошт, ки донишманди навовар ва ба гуфтаи пурсанда "воқеӣ” миёни мо буруз кунад. Пас, барои ин ки бихоҳем, донишманди воқеӣ аз миёнамон барояд, нахуст, бардошти худ аз мафҳуми "донишмандӣ” ва ин ки ба чӣ касе "донишманд” гуфта мешавад, тасҳеҳ бикунем.

Огоҳӣ ду гуна аст; кайфӣ ва каммӣ

Огоҳӣ ду гуна аст; кайфӣ ва каммӣ. Тавзеҳ он ки шумо он ҷо ки мехоҳед нисбат ба як мавзӯъ дониш пайдо кунед ва аз он огоҳ гардед, як вақт ҳаст тамоми кутуб ва навиштаҳо перомуни он мавзӯъро мутолиа мекунед ва бо онҳо ошно мешавед; масалан, сад китоби навишташуда дар мавзӯи мавриди назарро мутолиа мекунед ва хуб ҳам аз онҳо огоҳ мегардед. Ин, як гуна огоҳӣ аст, ки ба он огоҳии каммӣ мегӯянд, яъне миқдори огоҳии шумо нисбат ба он мавзӯъ, густарда ва тақрибан иттилооти комил доред. Намунаи боризаш ҳам, ширкаткунандагон дар барномаи "Чӣ? Кай? Дар куҷо?” ҳастанд, ки аз шабакаи якуми Русия аҳёнан пахш мешавад ва барномаи бисёр ҷолиб ва диданӣ аст ва касоне ки ширкат мекунанд, ба ҳақ аз иттилооти бисёр густардае бархӯрдоранд.

Аммо як вақт ҳаст шумо вақти худро сарфи мутолиаи тамоми навиштаҳо ва кутуб дар он мавзӯъ намекунед (албатта агар кардед ҳам, хуб аст), балки ба ҷои он, вақтатонро сарфи тафаккур ва таҳлилу таҷзияи ҳар сатр аз сутури навиштаи китобе муайян (албатта беҳтарин китобе, ки дар он мавзӯъ навишта шудааст) мекунед; ба гунае ки вақте мутолиаи он китобро ба поён бирасонед, дигар бидонед, ки куҷо чӣ гуфтааст ва ба назари шумо дуруст менумояд (ҳатто агар назари шумо нодуруст бошад) ва куҷояш ба назари шумо нодуруст аст. Дар ин фароянд, шояд шумо фақат бист то китоб дар он мавзӯъ (на сад то) мутолиа кардаед, аммо ҳамроҳ бо тафаккур ва таҷзия ва таҳлил. Ин, огоҳии кайфӣ аст. Яъне огоҳии шумо нисбат ба мавзӯе мушаххас, гарчи аз назари каммӣ зиёд нест, аммо аз назари кайфӣ ва умқ беҳтар аст.

Ончи аз огоҳӣ, ки донишманд мезояд ва барои ҷомеа олим таҳвил медиҳад, ин навъ аз огоҳӣ аст; яъне огоҳии кайфӣ, на огоҳии каммӣ. Албатта камина гуфтанӣ нестам, огоҳии каммӣ матлуб нест. Огоҳии каммӣ матлуб аст, аммо замоне ки ҳамроҳ бо тафаккур ва таҷзия ва таҳлил бошад, на огоҳии сирф. Агар касе пайдо бишавад, ки ба ҷои бист китоб, сад китобро ҳамроҳ бо тафаккуру тааммул мутолиа кунад, чӣ беҳтар.

Аз қазо, бештари донишмандони воқеӣ, ки дар тӯли торих суроғ дорем, чунин набуд, ки роҷеъ ба мавзӯе муайян, тамоми назариёти матраҳ дар онро мутолиа карда бошанд, балки донишмандии онон, марҳуни тафаккуру тааммули бештари онон дар он мавзӯъ будааст. Агар дӯстон шарҳи ҳоли зиндагонии донишмандоне чун Бӯалӣ Сино, Берунӣ, Фрэнсис Бэкон, Эйнштейн ва дигаронро мутолиа кунанд, хоҳанд дид, ки ин бузургон агар дар арсаи дониш нав овардаанд, ба чӣ иллате буда.

Зикри чанд намуна

Ба унвони намуна, Мулло Садрои Шерозӣ, файласуфи навовари ҷаҳони ислом, ки китоби "Ҳикмати Мутаолия”-и ӯ шоҳкоре аст дар заминаи фалсафаи исломӣ ва тамоми фалосифаи баъд аз ӯ ҳанӯз хӯрандаи дастархони вай ба шумор мераванд, ин китобро натиҷаи тафаккури ҳудуди даҳсолаи худ медонад ва мегӯяд, ман ҳудуди даҳ сол дар деҳе (деҳе ба номи Каҳак дар Эрон) ки холӣ аз машғала буд фақат ба тафаккур нишастам ва натиҷааш ҳамин китоб шуд.

Китобе ҳаст ба номи "Илм ва дин” навиштаи профессор Иен Барбур, донишманди амрикоӣ, ки воқеан китобе камназир дар баёни робитаи илм ва дин аст. Ин китоб ҳудуди 300 сафҳа бештар нест, аммо нависанда дар пешгуфтор мегӯяд, ки ин китоб самараи тафаккури 20 соли ман аст. Яъне 20 сол нишаста ва фақат фикр карда ва онгоҳ шолудаи тафаккурот ва андешаҳои худро рӯи варақ ба нигориш дароварда.

Яке аз асотиби дониши исломӣ дар Эрон (оқои Ҷаъфари Субҳонӣ) дар бораи устодаш Имом Хумайнӣ (р), ки ошноён медонанд имом дар заминаи улуми исломӣ ва бавижа фиқҳи исломӣ чӣ навовариҳое дорад, мегуфт, имом ҳангоми тадрис он ҷо ки роҷеъ ба як мавзӯи муайян баҳс мекард, фақат ба тарҳи дидгоҳи чанд фақеҳ иктифо мекард ва онгоҳ назари худашро иброз медошт, ӯ назари ҳамаи фуқаҳо перомуни он мавзӯъро матраҳ намекард, ва ин, боис гардид мо фикр бикунем, ки шояд ӯ китобҳои ононро надорад, ва бинобар ин, як рӯз шуморе аз китобҳои фуқаҳоро гирд овардем ва хидмати эшон арз кардем, ки агар надоред, метавонед аз инҳо истифода кунед. Имом фармуд, ман дар манзил ин китобҳоро, ки овардед дорам. Мо бо тааҷҷуб пурсидем, агар доред, пас чаро ба тарҳи назароти эшон намепардозед? Ин ҷо имом сухане фармуд, ки ҳамаи моро такон дод. Фармуд, агар ман тамоми вақти худро сарфи мутолиаи ин китобҳо бикунам, пас барои тафаккур вақте боқӣ мемонад?

Ин аст, ки марҳуми Имом Хумайнӣ (р) дар ҳар замина аз заминаҳои улуми динӣ; аз фалсафаву ирфон бигир то фиқҳу калом, дидгоҳҳои ноб ва нав дорад.

Бояд донишомӯзон ва донишҷӯёни худро ба ин кор ташвиқ кунем

Ба ҳар ҳол, имрӯз дар марокизи илмии мо; аз мактабҳои миёна бигир то донишкадаву донишгоҳҳо, ниёз аст донишомӯзон ва донишҷӯёнро бештар ба тафаккуру тааммулу таҷзия ва таҳлил перомуни мавзӯот водор кунем, то огоҳӣ ба тамоми навиштаҳо. Роҳҳои водор кардан ба чунин чизе мухталиф аст. Масалан, яке аз роҳҳои он ин аст, ки пеш аз тарҳи як мавзӯъ, донишомӯзонро муваззаф кунем роҷеъ ба он мавзӯъ фикр бикунанд ва онгоҳ хулосаи андешаҳои худро рӯи коғаз бинависанд. Бигузор иштибоҳ бошад, ишколе надорад, агар хато бошад, устод онро тасҳеҳ хоҳад намуд.

Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна, камина синфи 9 ва 10 худро дар мактаби шумораи 14 шаҳри Истаравшан гузарондаам. Як устоди риёзӣ (математика) доштем бо номи Турсунов, ки Худояш раҳмат кунад, ки чанд сол аст дунёи фониро тарк гуфта. Ӯ шояд аз устодҳои ангуштшумор дар он даврон буд, ки илова бар риёзидони камназир будан, аз маҳоратҳои тадрису таълим некӯ бархӯрдор буд. Ҳамвора пеш аз тарҳи як мавзӯъ, донишомӯзонро вазифадор мекард перомуни он мавзӯъ дар хона кор кунанд ва ҳарчи ба зеҳаншон омад, чи дуруст ё ғалат, фардо барои ӯ гузориш бикунанд. Ҳамин ибтикори ӯ буд, ки бештари донишомӯзони ин мактаб, баъд аз хатми мадраса, бидуни ҳеч душворие ба роҳатӣ вориди донишгоҳҳо мешуданд, ва чанд тан аз донишмандони имрӯзи Тоҷикистонро мешиносам, ки хатмкардаи ҳамин мактаб ва аз шогирдони марҳум Турсунов ҳастанд ва имрӯз ё дар Окодемии улум машғули кору фаъолият ҳастанд ва ё дар яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон ба унвони устод тадрис мекунанд.

Ба ҳар ҳол, дигар сухан ба дарозо намекашам. Умедворам рӯзе дар Тоҷикистони азизамон, ки мардумонаш ба ҳақ яке аз боҳуштарин мардумони ҷаҳон ба шумор меоянд, донишмандон ва олимоне бархезанд, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷаҳон дар тамоми соҳаҳои дониш навовариҳо ба армуғон оваранд.

Кимиёи саодат

Бахш: Фалсафа ва ҳикмат | Просмотров: 1206 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 4.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz