Душанбе, 20.11.2017, 12:31
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 25 » Изҳори андӯҳи Раҳмон аз ҳодисаи теруристии Маскав
Изҳори андӯҳи Раҳмон аз ҳодисаи теруристии Маскав
20:12

Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз ҳодисаи мудҳиши теруристӣ, ки дирӯз бегоҳӣ (24.01.2011) дар фурӯдгоҳи Домодедоваи шаҳри Маскав рух дод, андӯҳгин буда, аз дақиқаҳои аввал ҷараёни расондани кӯмакҳо ба шаҳрвандони осебдидаи Тоҷикистонро зери назорати доимӣ қарор додааст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар натиҷаи ин воқеаи даҳшатбор, ки дар миёни издиҳоми мусофирон рух додааст, 35 нафар ҳалок шуда, беш аз 100 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, 12 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон низ осеб дидаанд.

Намояндагони Сафорат ва Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия фавран ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ба шаҳрвандони Тоҷикистон ғамхорӣ зоҳир намуданд. Айни ҳол ба ҳамаи маҷрӯҳон, аз ҷумла 12 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар беморхонаҳои шаҳри Маскав ёрии таъҷилии тиббӣ расонида мешавад.

Дар бораи вуҷуд доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни фавтидагон ягон маълумот нест. Баробари расидани хабарҳои дақиқ маълумоти иловагӣ дар бораи ин ҳодиса тавассути воситаҳои ахбори умум паҳн карда мешавад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, вазири корҳои дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров ва Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ-ро вазифадор намуд, ки пайваста дар ҷараёни кӯмакрасонӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон буда, барои ғамхорӣ зоҳир кардан ба онҳо мусоидати фаъол намоянд.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҳадиси рӯз | Просмотров: 410 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz