Ҷумъа, 29.03.2024, 15:59
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Апрел » 26 » Инсони комил аз дидгоҳи Мавлоно
Инсони комил аз дидгоҳи Мавлоно
05:41

Мусоҳибаи Фирдавси Аъзам бо Сайидюнуси Истаравшанӣ

Вожаи "инсони комил” ё худ "инсони ормонӣ”, аз дерзамон мавриди таваҷҷӯҳи ҳукамову урафову фузало ва ҳатто одамони оддӣ ҳам будааст, ва рӯйи ин ном, китобҳои зиёд навишта ва таҳқиқоти фаровон анҷом ёфта. Роқими сутур мехоҳам бо яке аз муҳаққиқони тоҷик ҷаноби Сайидюнуси Истаравшанӣ дар ҳамин замина; яъне дар заминаи инсони комил, аммо аз дидгоҳи Мавлоно сўҳбат биёроям, ки бо ҳам мурур мекунем.

Баъзе аз мутафаккирон ва аҳли тасаввуф, инсони комилро инсоне медонистанд, ки дар шариат, тариқат ва ҳақиқат ба камоли матлуб расида бошад. Дар биниши орифонаи Мавлоно, инсони комил ё худ инсони ормонӣ кист ва чӣ касе метавонад ба ин марҳила бирасад?

- Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Пеш аз посух ба ин пурсиши ҷаноби шумо, лозим медонам ибтидо таърифе аз "инсони комил”, гар чи ба гунаи мухтасар, ироа бидиҳам, то бо як биниши комил вориди баҳси мавриди назар бишавем.

Барои "инсони комил”, аз тарафи макотиби фикрии мухталиф, таърифҳои гуногуне шуда ва ҳар мактабе, бо таваҷҷӯҳ ба ҷаҳонбиние, ки дар робита бо ҷаҳон ва инсон дорад, онро таъриф кардааст. Ин сӯҳбат гунҷоиши нақду баррасии яко-яки он таърифҳоро надорад, вагарна ҳар якро матраҳ мекардем.

Аммо беҳтарин таъриф, ба назари камина, таърифест, ки мутафаккири шаҳир Муртазо Мутаҳҳарӣ ироа додааст. Ӯ китобе дорад ба ҳамин унвон; яъне унвони "Инсони комил”, ки дар он, баҳси ҷомеъу монеъе дар ин мавзӯъ ба амал овардааст, ки тавсия мешавад азизон онро мутолеа кунанд. Мутаҳҳарӣ мӯътақид аст, ки инсони комил касест, ки "қаҳрамони ҳамаи арзишҳои инсонӣ аст ва дар ҳамаи майдонҳои инсоният, қаҳрамон аст”.

Мутаҳҳарӣ, ки дар ин замина, инсони комил ва ормонии мавриди назари исломро матраҳ мекунад, мегӯяд, инсони комил аз дидгоҳи ислом, касе нест, ки танҳо дар як буъд аз абъоди инсонӣ ба камол расида ва дар соири абъод ноқис бошад. Масалан, инсоне бошад, ки танҳо дар буъди ақлӣ комил бошад, ва ё инсоне бошад, ки фақат дар ҷанбаи зуҳду заҳодат ба камол расида бошад, ва ё касе бошад, ки танҳо аз назари ҷисмӣ солим бошад ва ғайра. Чунин нест, балки инсони комил, касест, ки дар ҳамаи абъоди вуҷудӣ, яъне дар ҷамии абъоде, ки барои одамӣ арзиш ба шумор меояд, комил бошад; яъне ба ҳадди аъло расида бошад.

Мисдоқи боризи инсони комил ҳам, вуҷуди мубораки ҳазрати паёмбар (с) ҳастанд, ки дар тамомии ҷанбаҳои инсонӣ комил буданд. Он ҷаноб (с) дар майдони ибодат қаҳрамон буданд, дар майдони ҷанг ҳам қаҳрамон буданд, дар майдони оиладорӣ ҳам назире надоранд ва ғайра.

Ҳол, мепардозам ба посухи пурсиши шумо. Ин ки фармудед, урафо инсони комилро инсоне медонистанд, ки дар шариат, тариқат ва ҳақиқат ба камоли матлуб расида бошад, дар воқеъ, муродашон ҳамон инсони комили мавриди назари ислом аст. Аз назари урафо, шариат ҳамон муқаррарот ва аҳкоми шаръӣ аз қабили адои намозу рӯзаву ҳаҷҷу ғайра мебошад, ва тариқат ботини шариат аст, ва ҳақиқат, ки поёни роҳ аст, ҳамон тавҳидест, ки солик дар он ҷуз Худо намебинад, ва пас аз фано аз худ, ҳосил мешавад.

Ва аммо дар робита бо ин ки инсони комил аз дидгоҳи Мавлоно чӣ касест, хидмататон арз кунам, ки ҳоло агар бихоҳам дар бораи "инсони комил” аз дидгоҳи Мавлавӣ ва ин ки ӯ чӣ касест ва чӣ вижагиҳое дорад ва ё бояд дошта бошад ва мисдоқи "инсони комил” чӣ касоне ҳастанд ва ғайра, ки Мавлавӣ дар тамомии ин заминаҳо сухан рондааст баҳс ба амал оварам, шояд яке ё ду нишаст кофӣ набошад. Бинобар ин, дар ин сӯҳбат мехоҳам фақат ду хасисаеро, ки Мавлои Рум барои "инсони комил” бармешумурад ва ба назари ман Мавлавӣ рӯйи он ду хеле таъкид дорад, ёдовар шавам.

"Инсони комил”-и Мавлои Рум, касест, ки аввалан, ба ҷиҳати он ки ба камол расидааст, халифа ва ҷонишини Худо дар рӯйи замин ба шумор меояд, ва сониян, на танҳо халифа, балки воситаи файзи илоҳӣ ҳам ҳаст. Ҳол, ба баёни ин ду нукта каме муфассалтар мепардозам: 

1. Инсони комил, халифаи Худованд дар замин аст:

Мавлоно инсони комилро халифа ва ноиби зоти Ҳақ таоло медонад; ба ин маъно, ки чун Худованд зотест дорандаи сифоти камол ва ба гунаи беинтиҳо, аз ин рӯ, инсони комил, ки ҳамон инсонест ороста ба сифоти камолӣ, дар воқеъ ҷилвае аз ҷилваи Ҳаққро мемонад. Ин ки Худованд ҳазрати Одам (а)-ро халифаи худ дар рӯйи замин медонад ба чӣ маъност? Халифа яъне ҷонишин ва ноиб, ва ба чӣ касе ноиб мегӯянд? Ноиб касест, ки манубро нишон медиҳад. Мануб яъне касе ки ноиб аз ӯ ҷонишинӣ мекунад.

Мавлоно ин мақомро дар дараҷаи аввал азони паёмбари акрам (с) ва сипас анбиёи илоҳӣ дониста ва пас аз эшон мутааллиқ ба ақтоб медонад.

Аз дидгоҳи ӯ, мақоми хилофати ҳазрати расули акрам (с) ба унвони мазҳари тамом ва аълои инсони комил, мақомест, ки бартар аз он қобили тасаввур намебошад:

Зодаи сонист Аҳмад дар ҷаҳон

Сад қиёмат буд ӯ андар аён

Байни вай ва Ҳақ фосила ва ҷудоӣ нест:

«Мо рамайта из рамайт» Аҳмад будаст,

Дидани ӯ дидани Холиқ шудаст.

Яъне партоби ӯ, ҳамон партоби Худост, дидани ӯ ҳамон дидани Худост. Яъне, вақте инсон ба дараҷае аз камол бирасад, ки ҷуз Худо набинад, дар воқеъ, тамоми ҳаракоту саканоташ худоӣ мешавад; ҳеҷ ҳаракат ва сукуне аз ӯ, ба худаш тааллуқ надорад, ҳама аз Худост. Аз ҳамин ҷост, ки Мавлоно мегӯяд, мо набояд байни ҳазрати паёмбар (с) ва Худо ҷудоӣ андозем:

Чун ҷудо бинӣ зи Ҳаққ ин хоҷаро,

Гум кунӣ ҳам матну ҳам дебоҷаро.

Албатта пурвозеҳ аст, ки Мавлоно дар ин ҷо аз ҳаракоту саканоти он ҷаноб (с) сухан мегӯяд, ки ҳама худоӣ ва аз Худост ва аз ҳамин рӯ набояд ҷудоӣ бибинем, на ин ки мақоми зоти парвардигор ва зоти он ҷаноб (с) манзури ӯ бошанд, ки бе тардид ин куфр аст.

Мақоми хилофат, дар дараҷаи баъдӣ, барои соири паёмбарони илоҳӣ низ собит аст:

Чун Худо андар наёяд дар аён,

Ноиби ҳаққанд ин пайғамбарон.

На, ғалат гуфтам, ки ноиб бо мануб,

Гар ду пиндорӣ, қабеҳ ояд, на хуб.

Мегӯяд, ноиб, ки паёмбаронанд ва мануб, ки зоти Ҳақ таолост-ро набояд ду пиндорем.

Ҳамчунин, барои авлиёи Худо низ чунин ҷойгоҳеро қоил аст. Мавлои Рум достони Боязиди Бастомӣ ва азимати ӯ барои зиёрати хонаи Худоро нақл карда, мегӯяд, Боязид дар роҳ бо пири комили рӯшанзамире ошно мешавад ва он пир ба Боязид пешниҳод медиҳад, ки бар гирди ман тавоф намо ва инро некӯтар аз тавофи Каъба ба шумор меоварад.

Ин ҷо Мавлои Рум, дар воқеъ, ба мақоми хилофати авлиёи илоҳӣ ишора дорад, ва тоату ҳамди валии комилро тоату ҳамди Худованд мешуморад:

Чун маро дидӣ, Худоро дидаӣ,

Гирди Каъбай сидқ баргардидаӣ.

Хидмати ман, тоату ҳамди Худост,

То напиндорӣ, ки Ҳаққ аз ман ҷудост.

Чашм некӯ боз кун, дар ман нигар,

То бибинӣ нури Ҳаққ андар башар.

Боязид он нуктаҳоро ҳуш дошт,

Ҳамчу заррин ҳалқааш дар гӯш дошт.  

2. Инсони комил, восита дар файз аст:

Он ҷо ки Мавлоно ҳазрати паёмбар (с)-ро ба унвони сарвари коинот ном мебарад, на танҳо аз ин бобат аст, ки ҷанобаш (с) халифаи барҳаққи Худо дар рӯйи замин аст, балки аслан вуҷуди мубораки ҳазрати расули акрам (с)-ро воситаи файзи илоҳӣ ва иллати офариниши мосиваллоҳ медонад, ки агар он ҷаноб (с) намебуд, офаринише набуд. Маънои ҳадиси маъруфи "Лавлока ламо халақтул-афлок” (Агар ту намебудӣ, ҳеҷ коинеро намеофаридам) низ ҷуз ин намебошад:

Осмонҳо бандаи моҳи вайанд,

Шарқу Мағриб ҷумла нонхоҳи вайанд.

З-он ки «лавлок» аст бар тавқеъи ӯ,

Ҷумла дар инъому дар тавзеъи ӯ.

Гар набудӣ ӯ, наёбидӣ фалак,

Гардишу нуру маконии малак.

Гар набудӣ ӯ, наёбидӣ биҳор

Ҳайбату моҳиву дурри шоҳвор.

Гар набудӣ ӯ, наёбидӣ замин

Дар даруна ганҷу берун ёсамин.

Ризқҳо ҳам ризқхорони вайанд,

Меваҳо лабхушки борони вайанд.

Пас, хулоса ин шуд, ки "инсони комил” аз дидгоҳи Мавлоно, касест, ки аввалан, халифа ва ноиби Ҳаққ дар рӯйи замин аст ба ин эътибор, ки чун инсони комил инсонест, ки ба ҷое расида, ки ҷуз Худо намебинад, аз ин рӯ, тамоми вуҷудаш ҳикоятгари Ҳақ мешавад. Ва сониян, инсони комил воситаи файзи илоҳӣ мебошад.

Албатта Мавлои Рум як баҳси дигаре дорад дар робита бо ҷойгоҳи инсони комил аз ақли кулл, ки чун баҳсест амиқ ва барои шарҳи он ниёз ба баёни бархе муқаддимоти фалсафӣ ҳаст, аз ин рӯ аз вуруд ба он сарфи назар мекунам.

Мегӯянд дар чашми инсони комил ҳама чиз, чи мулку чи малакут, мастур нест ва ӯ қодир ба фаҳму дарки ҳар гуна сирру асрор ва ҳикмати ҷаҳонист. Бо дар назардошти ин иддао, пас метавон таъкид кард, ки хикмати Худованд дар биниши Мавлоно ошкор буд?

- Дақиқан чунин аст. Мутаассифона инсон худашро намешиносад. Дар ҷавҳари одамӣ чунон истеъдодҳое нуҳуфтааст, ки агар шукуфо бишаванд, барои вай на танҳо рози мулку малакут ошкор хоҳад шуд, балки ба ҷое ҳам хоҳад расид, ки ҳар гоҳ чизеро ирода кунад, ба маҳзи иродааш он чиз таҳаққуқ хоҳад ёфт. Дар як ҳадиси қудсӣ ба ин мазмун дорем, ки Худованди таоло хитоб ба инсон мефармояд, ки эё инсон! Агар бо анҷоми нофилаҳо ба Ман наздик шавӣ, ба мисоли худи ман хоҳӣ шуд, ки ҳар гоҳ чизеро ирода карда ва ба он бигӣйӣ бишав, он чиз таҳаққуқ хоҳад ёфт.

Оре, агар инсон хештанро аз разоили ахлоқӣ пок ва бо фазоили ахлоқӣ ороста намуда ва бо анҷоми намозҳои нофила, ки беҳтарин ва некӯтарини он ҳангоми шаб; яъне қабл аз намози бомдод аст, ба Худо наздик гардад ва корҳояшро фақат ба ҷиҳати ҷалби ризои парвардигор анҷом диҳад ва риёву худхоҳиву такаббуру худнамоиву худбиниву дигар хӯйҳои пасту зиштро аз худ дур кунад, бовар кунед тамоми пардаҳо аз пеши рӯйи ӯ бардошта шуда ва ноил ба дарки ҳақоиқи ҳастӣ хоҳад шуд, чунон ки Мавлоно мефармояд:

Он ки ӯро чашми дил шуд дидабон,

Дид хоҳад чашми ӯ айнул-аён.

Ва яқинан, худи Мавлавӣ низ, аз ҷумлаи афродест, ки дар натиҷаи тайи мароҳили сайру сулук ба мақоме расида, ки ҷуз авлиёи барҳаққи илоҳӣ ба он намерсанд. Бархе аз бузургони водии ирфон бар ин боваранд, ки агар Мавлоно худ дар ин водӣ қарор надошт, маҳол буд аз ӯ Маснавӣ; ин асари бебаҳо суруда шавад.

Ойинай дил чун шавад софиву пок,

Нақшҳо бинӣ бурун аз обу хок.

Ҳам бубинӣ нақшу ҳам наққошро,

Фарши давлатрову ҳам фаррошро.

Оё дар Қуръони Маҷид барои инсони комил мақомот ва камолоте баён шудааст?

- Қуръон вижагиҳои инсони комилро дар оятҳое чанд баён мекунад. Ба муҳимтарини онҳо феҳрествор ишора мекунам:

1. Тақво: "Ҳамоно гиромитарини шумо дар назди Худо парҳезкортарини шумост”;

2. Илм: "Оё касоне ки медонанд ва касоне ки намедонанд, баробаранд?”;

3. Кӯшоӣ: "Худованд кӯшоёнро бар як ҷо нишастаҳо бо подоше бузург бартарӣ бахшидааст”;

4.  Ибодат: "Ононро дар ҳоли рукӯъ ва суҷуд мебинӣ, дар ҳоле ки аз Худо талаби фазлу ризоят мекунанд, аз чеҳраҳшон асари саҷда намоён аст”;

5. Истиғфор: "Саҳаргоҳон аз Худо талаби омурзиш металабанд”;

6. Ороста будан ба сифоте чун ҳилму бурдборӣ вам адами такаббур: "Бандагони хосси Худованди раҳмон ҳамонҳое ҳастанд, ки бо оромиш ва бе такаббур бар замин роҳ мераванд ва ҳангоме ки ҷоҳилон ононро мухотаб созанд, ба онҳо салом мегӯянд (ва бо бе эътиноӣ ва бузургворӣ мегузаранд)...”

Хулоса, инсони комил аз дидгоҳи Қуръон, касест, ки ба вазоифи фардӣ ва иҷтимоии худ амал мекунад; ҳам аҳли ибодат аст ва ҳам аҳли хидмат.

Ташаккури фаровон.

- Ба шумо низ ташаккур.

Бахш: Ирфони исломӣ | Просмотров: 2012 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Апрел 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz