Чоршанбе, 24.04.2024, 20:28
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 28 » Ибни Рушд секулор набуд
Ибни Рушд секулор набуд
00:56

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қисмати аввал

Тафовути умдаи як пажӯҳишгар ва муҳаққиқ бо як хабарнигор ин аст, ки хабарнигор дар нигориши матолиб то ҳудуде мутлақулинон аст, аммо пажӯҳишгар дар иртибот бо матлабе, ки мехоҳад ба риштаи таҳрир дароварад, ё бояд худаш дар мавзӯъе, ки дар садад аст перомуни он матлаб нигорад тахассуси лозим дошта бошад, ва ё лоақал дар так-таки ҷумалоте, ки меоварад, онҳоро мустанад ба орои коршиносони он соҳа намояд.

Ахиран, мақолае тавассути ҷаноби Зоҳири Давлат бо унвони "Давлатҳои дингурез ва исломи амрикоӣ” дар ҳафтавори Миллат ба чашм хӯрд, ки дар маҷмӯъ мақолаи хубе аст, ки соҳиби қалам талош кардааст роҷеъ ба секулорисм ва ҳудуду суғури он, иттилооти муфиде барои хонанда ироа бидиҳад, ки сазовори тақдиру таҳсин аст. Аммо...

... роқими сутури ин мақола, дар ҷое аз навиштаи худ, муртакиби иштибоҳи бас фоҳиш шудааст, ки лозим дидам дар ин маврид андаке рӯшанӣ андозам. Ӯ, он ҷо ки аз пешинаи торихии секулорисм сухан ба миён меоварад, Ибни Рушд, файласуф ва фақеҳи барҷастаи исломиро ба унвони касе, ки гӯи "идеяҳои аввалияи секулорисм” дар осораш пайдост, муаррифӣ мекунад. Албатта, ин иддао на ин ки мустанад нест, аммо қатъан мустанад ба навиштаҳо ва осори худи Ибни Рушд намебошад. Шояд истинодаш, суханони бархе аз мусташриқон ва ё Доиратулмаорифҳое (мисли Википедия) аст, ки дар бораи Ибни Рушд ва осораш, ҳамон ҷафоеро раво дидаанд, ки дар мавриди Ибни Сино ва осори ӯ муртакиб шудаанд.

Оре, Ибни Рушд низ, мисли Ибни Сино ва шояд беш аз ӯ, мавриди суистифодаи мусташриқон қарор гирифтааст. Норавотарин тӯҳматҳое, ки ба соҳати барии ин абармард задаанд, яке ин аст, ки гӯи вай "ба абадӣ будани рӯҳ” мӯътақид набудааст, ва яке дигар ин ки гӯи бар ин бовар будааст, ки "фалсафа бо дин носозии том” доштааст, ва норавотар аз ҳама, ин ки "Ибни Рушд ва пайравони мактаби ӯ мӯътақид ба ҷудоии дин аз фалсафа буданд”.

Агар бигӯям, тамоми ин иддаоҳо бепоя ва дурӯғе беш нестанд, шояд шигифтовар намоён шавад ва гуфта шавад, ки магар касоне ки чунин суханон дар бораи Ибни Рушд ва осораш матраҳ кардаанд, дурӯғ гуфтаанд? Оре, дурӯғ гуфтаанд, зеро дар иртибот бо матолиби номбурда, осори ин мард тамоман чизе дигар мегӯянд. Билохира, довар дар ин васат осор ва гуфтаҳои худи ӯст, на дидгоҳи дигарон.

Ҳол, дар бораи Ибни Рушд ва назароташ, бо истинод ба нигоштаҳои худи Ибни Рушд ва низ бо истифода аз мақолаи "Фалсафа ва дин аз дидгоҳи Ибни Рушд” навиштаи донишманди вораста Муҳаммади Софиҳиён,[1] андаке ба тафсил сӯҳбат хоҳем орост.

Чакида: Яке аз дастовардҳои муҳимми Ибни Рушд, кӯшиши вай барои нишон додани ҳамоҳангӣ байни ҷаҳонбинии динӣ ва фалсафӣ ва ба иборати дигар, оштӣ миёни ақлу имон аст. Ба ин тариқ, вай дар навиштаҳои муҳимме, ки ба риштаи таҳрир даровардааст, ба пайванд байни ақлу имон ва дину фалсафа пардохтааст. Ҳастаи марказии назариёти Ибни Рушд дар ин замина он аст, ки фалсафа махсуси нухбагон, ва шариат барои умуми мардум аст. Ҳадафи дин ё шариат, саодати оммаи мардум, ва ҳадафи фалсафа баъзе аз онҳост. Натиҷаи поёние, ки Ибни Рушд аз пажӯҳишҳои худ дар бораи ҳамоҳангӣ байни дин ва фалсафа мегирад, ин аст, ки фалсафа дӯсти шариат ва ҳар ду дар ҷавҳар ва сиришти худашон дӯстдори якдигаранд.

Муқаддима

Эҷоди вифоқ байни илму дин ва низ ҳикмат ва шариат, масъалае аст, ки аз дер боз андешмандони зиёде ба он таваҷҷӯҳ дошта ва хостаанд байни додаҳои ақл ва додаҳои имон иртибот ва инсиҷом падид оваранд.

Таваҷҷӯҳе, ки файласуфони ислом ба ин мавзӯъ нишон додаанд, аз чанд ҷанба аст: яке он ки фалсафаи қадими Юнон дар чанд мавзӯъ бо дини ислом мухолиф буд аз ҷумла, масъалаи халқи олам ва сифоти Худо ва амсоли он. Дигар он ки гоҳе фалсафа аз сӯи уламои мазҳабӣ мавриди сарзаниш қарор мегирифт ва эҳсос мекарданд, ки фалсафа барои дин хатаре бузург аст. Ин гурӯҳ ғолибан мардумро алайҳи ин пешрафти фикрӣ таҳрик мекарданд. Дар муқобил, файласуфон, бо ин кори худ, мехостанд аз осеби ин гурӯҳ дар амон бимонанд ва ин шеваро ривоҷ доданд то дар паноҳи он битавонанд дигар ақоиди худро тарвиҷ кунанд.

Мӯътазила пеш аз ҳама, ба фикри эҷоди вифоқ байни дин ва фалсафа афтоданд. Онҳо гуфтанд: ақл ва ваҳй, ҳар ду аз ҷониби Худованд ва яке мукаммили дигарӣ буда ва байнашон ҳеҷ гуна таорузе нест.  Ваҳй маъқул аст, зеро аз ҷониби Худои Ҳаким аст ва чун маъқул аст, бо ақл таноқузе надорад ва агар байни ваҳй ва ақл ихтилоф дида шуд, бояд ба таъвил пардохт.

Киндӣ аз файласуфоне аст, ки ба чунин кӯшише бархост. Ӯ дар рисолае, ки барои Аҳмад ибни Мӯътасим навиштааст, мехоҳад байни фалсафа ва дин вифқ диҳад. Ӯ мегӯяд: "Ба ҷони худам савганд, ки гуфтори Паёмбари ростгӯ Муҳаммад (с) ва ҳар чиро ки аз ҷониби Худованд овардааст, чун ба миқёси ақл санҷида шавад, дархури пазиришанд ва ҷуз касоне, ки аз неъмати ақл бебаҳра бошанд, ба дафъ ва инкори онҳо барнахезанд”.[2]

Дигар файласуфон низ чунин буданд. Аммо Ибни Рушд мехост ҳарфи охирро бизанад ва мавзӯъро ба наҳви хоссе ба тафсил баён кунад. Ба хусус дар асри ӯ, фуқаҳо комилан бар муқобили фалсафаи Юнон ва ба хусус фалсафаи Арасту ҷабҳа гирифта буданд. Дар ин замина, тамоюли бархе аз мусалмонони замони ӯ, ки ба муваҳҳидон маъруф буданд, ба Ғаззолӣ (соҳиби китоби Таҳофутул-фалосифа), худ аз авомили муҳим ба шумор мерафт.

Ғаззолӣ ва Ибни Рушд

Ғаззолӣ шадидан фалсафаро мавриди ҳамла қарор дод ва гуфт: "Хато (-и файласуфон) бузург ва низоъашон бисёр ва ороашон пароканда ва роҳу равишашон гуногун ва мунҳариф аст, ва мо ба баёни таноқузе, ки дар гуфтори пешвои эшон, файласуфи мутлақ ва муаллими аввал Арасту дида мешавад, мепардозем. Ӯ бар ҳамаи ҳукамои моқабли худ, ҳатто устодаш, ки ӯро Афлотуни илоҳӣ мегӯянд, хӯрда гирифта ва ақоиди ӯро рад кардааст. Ва ман ба ин мавзӯъ ишора кардам, то бидонӣ, ки худ ба мазҳаби худ яқин надоранд ва бештари аҳкомашон бар мабнои занну гумон ва тахмин аст, на таҳқиқ ва яқин. Илми ҳисоб ва мантиқро далели сиҳҳати эътиқодашон дар улуми илоҳӣ қаламдод мекунанд ва уқули заъифаро мефиребанд. Агар улумашон дар илоҳиёт низ аз бурҳони саҳеҳ бархурдор ва аз тахмин ба дур мебуд, ҳамчунон ки дар илми ҳисоб ихтилофе надоранд, дар он илм низ ихтилофе намедоштанд”.[3]

Ибни Рушд, бо қотеияти тамом, ба баҳс дар ин мавзӯъ пардохт; зеро худ сахт мавриди ҳуҷуми мухолифони фалсафа буд ва ба Арасту ишқ меварзид. Ӯ нахуст зарбаи муҳкамашро бар Ғаззолӣ фуруд овард, чунон ки аркони мазҳаб ва иддаоҳои ӯро мутазалзил сохт ва ба мардум фаҳмонд, ки фалсафа бо дин мухолиф нест, балки сабаби устувории мабонии дин ва тафсири румуз ва асрори он аст.

Қасди аслии Ибни Рушд ин буд, ки худро аз таърифи мутаассибон бираҳонад. Ибни Рушд китоби Таҳофутут-Таҳофут[4] ва низ рисолаи Фаслул мақол ва тақриру мобайнал ҳикмати вашшариа минал иттисол (Сухани файсалабахш ва баёни пайванде, ки байни ҳикмат ва шариат барқарор аст)[5] ва низ рисолаи Алкашф ан маноҳиҷил адилла фи ақоидил милла ва таърифу мо вақаъа фиҳо биҳасабит таъвил минашшубаҳил музаййафа вал-ақоидил музилла (Пардабардорӣ аз чеҳраи равиши далелҳо дар ақоиди миллат ва таърифи он чи дар он воқеъ шуда ба ҳасаби таъвил аз шубҳаҳои бепоя ва ақоиди гумроҳкунанда)[6]-ро дар ин боб таълиф кард.

Лозим аст пеш аз он ки дидгоҳи Ибни Рушд дар ин замина мавриди баррасӣ қарор бигирад, ба чанд матлаб таваҷҷӯҳ шавад:

а) Мурод аз илм ва дин чист, сипас аз иртибот байни он ду сухан ба миён ояд. Дар баҳси "таорузи илм ва дин”, мурод аз илм маҷмӯаи донишҳоест, ки аз роҳҳои оддии касби маърифат (ҳис, таҷруба, тааққул, истидлол, нақл, кашф ва шуҳуд) ба даст меояд. Бинобар ин, метавон баҳсро ин гуна тарҳ кард: Агар аз роҳи оддӣ собит шуд, ки А Б аст ва аз роҳи ғайри оддӣ – яъне ваҳю илҳом, гуфта шуд, ки А Б нест, чӣ бояд кард?

б) Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ, тафкик ва ҷудоӣ афкандан миёни таорузи зоҳирӣ ва воқеӣ аст. Агар мурод таорузи зоҳирӣ бошад, дар вуҷуди ин таоруз миёни илму дин, ҳеҷ шакке нест; мисли ин ки дин қоил ба ҳафт осмон (сабъа самовот) буда ва илм қоил ба як осмон аст. Пас аз ин ки таорузи зоҳирӣ мусаллам шуд, иддае мегӯянд: ин таоруз фақат зоҳирӣ аст. Иддаи дигар онро воқеӣ дониста ва пас аз тааммул низ онро боқӣ медонанд. Гурӯҳи аввал дар ҳақиқат, дар садади рафъи таорузанд ва роҳҳои рафъи таоруз дар садади нишон додани ин мавзӯъ аст, ки таоруз фақат зоҳирӣ аст. Аммо агар таоруз воқеӣ бошад, роҳе барои рафъи он вуҷуд надорад. Агар битавонем собит кунем, ки таоруз зоҳирӣ аст, мушкил рафъ шудааст. Аммо агар таоруз воқеӣ бошад, чун ҷамъ байни ду мутаориз маҳол аст, пас бояд даст аз дин бардорем то олим бимонем ва ё бояд даст аз дин бардорем то диндор бимонем;

в) Зикри ин нукта зарурӣ аст, ки мутуни муқаддаси диниро бояд аз тафсир ва фаҳми олимони дин тафкик ва ҷудо кард. Ин кор дар рафъи таоруз муассир аст. Масалан дар Қуръон, таъбири "сабъа самовот” (ҳафт осмон) омадааст ва муфассирон чун дар он замон бо ҳайъати Батламюс (Птоломей) ошно буданд, онро ба "ҳафт фалак” маъно мекарданд. Аз ин рӯ, агар акнун пас аз асри Коперник, Кеплер, Галилей ва Нютон, гуфта шавад, ки ин гузора, бо воқеияти илмӣ мутаориз аст, бояд дар мақоми ҷавоб ибтидо мулоҳиза кард, ки оё Қуръон мегӯяд ҳафт фалак? Маълум аст, ки дар Қуръон таъбир ба афлок нашудааст ва ин муфассирон будаанд, ки ба далели унс бо ҳайъати Батламюс ҳафт фалакро аз он фаҳмидаанд. Аммо афроде амсоли Аллома Таботабоӣ дар ин замина, "сабъа самовот”-ро ҳафт фалак маъно намекунанд.[7]

Албатта агар касе маънои ҳафт фалакро рад кард, аз ӯ пурсида мешавад, ки пас иборати мазкур ба чӣ маъност? Вале ба ҳар ҳол, иддаои таоруз ботил шудааст.

Ҳосили сухан он аст, ки аз тафсири муфассирон метавон баргашт, аммо аз худи гузораи динӣ наметавон. Ҳоло бояд дид чӣ роҳҳое барои рафъи таоруз ироа шудааст.[8]

Дин ва фалсафа

Яке аз дастовардҳои муҳимми Ибни Рушд, кӯшиши вай барои нишон додани ҳамоҳангӣ байни ҷаҳонбинии динӣ ва фалсафӣ ва ба дигар сухан, оштӣ додани ақлу имон аст. Бинобар ин, вай барои аз байн бардоштани даргириҳои сохта байни чаҳонбинии фалсафӣ ва динӣ, ки Ғаззолӣ беш аз ҳама ба оташи он доман зада буд, навиштаҳои муҳимме падид овард, ки дар ҳар ҷо, ба пайванд байни ақлу имон ва дину фалсафа пардохтааст.

Ҳастаи марказии назариёти ибни Рушд дар ин замина он аст, ки фалсафа махсуси нухбагон, ва шариат барои ҳамагон ё оммаи мардум, ва ба таъбири худи вай, барои ҷумҳур аст. Ҳадафи дин ё шариат, саодати оммаи мардум ва ҳадафи фалсафа баъзе аз онҳост. Ё чунон ки худи вай мегӯяд: "Фалсафа ҳадафаш таърифи саодати ақлии баъзе аз инсонҳост ва инҳоанд, ки бояд ҳикматро биомӯзанд аммо шароеъ қасдашон омӯзондани ҳамаи мардум аст”.[9]

Роҳи ҳалли таорузи илму дин

Ба назари Ибни Рушд, ин таоруз ба ин сурат қобили рафъ аст, ки аз маънои ҳақиқии гузораҳои илмӣ, ки дар мутуни муқаддас омада ва бутлони он тавассути улуми башарӣ маълум шуда ва хилофи он собит гардидааст даст бардорем ва онҳоро ҳамл бар маҷоз кунем. Ӯ барои равише, ки баргузидааст, ба Қуръон истидлол кардааст; зеро Қуръон назари ақлиро воҷиб дониста ва ин, ба фаро гирифтани фалсафа мунҷар мешавад. Он гоҳ ӯ ба ин нукта мепардозад, ки мардум аз ҳайси назар ва қариҳа яксон нестанд ва ба ҳамин сабаб, дар шариат, зоҳир ва ботин вуҷуд дорад ва барои дарки ботини Қуръон ниёз ба қоидаҳоест, ки мутафаккир бояд аз он баҳра гирад то битавонад ба таъвили ақволи шариат ноил ояд ва зоҳири оёт ва ақоидро, ки шариат барои оммаи мардум хостааст, бишносад.

Бар ин асос, зимни чанд муқаддима, аз китоби машҳури Ибни Рушд, Фаслул мақол, (ки дар радди китоби Ғаззолӣ мебошад) ба тавзеҳи каломи ӯ мепардозем:

Идома дар қисмати дуюм

Қисмати сеюм


[1] Моҳномаи Маърифат, шумораи 42, вижаномаи улуми исломӣ, соли 1389 ҳш.

[2] Абурайда Муҳаммад Абдулҳодӣ, Расоилул Киндӣ алфалсафия, Дорулфикрил арабӣ, Қоҳира, 1950, саҳ.244.

[3] Абуҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ, Таҳофутул-фалосифа, Дорул-маориф, Қоҳира.

[4] تهافت التهافت

[5] فصل المقال وتقرير ما بين الحكمة والشريعة من الاتصال

[6] الكشف عن مناهج الادلّه فى عقايد الملّة وتعريف ما وقع فيها بحسب التأويل من الشبه المزيفة والعقائد المضلّه

[7] Таботабоӣ, Мизон дар тафсири Қуръон, ҷ 17, с 392.

[8] Маликиён, Масоили ҷадид каломӣ.

[9] Ибни Рушд, Таҳофутут таҳофут, с 582.

Бахш: Фалсафа ва ҳикмат | Просмотров: 868 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 4.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz