Панҷшанбе, 28.03.2024, 17:01
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Май » 13 » Ҳиҷоб ё бикини?
Ҳиҷоб ё бикини?
02:03

Ин унвони мақолаест ба қалами Ҳенри Маков (Henry Makow). Нависанда дар ин мақола, дар баробари ҳаё ба унвони вижагии духтари ҷавони мусалмон, сари таъзим фуруд меоварад, чунон ки эҳтиромашро нисбат ба зани мусалмон махфӣ намекунад, зеро зани мусалмон зиндагии худро барои хонавода, тарбият ва рушди фарзандон мутамаркиз кардааст. Дар нуқтаи муқобил, нохушнудии худро аз паёмадҳои инҳитоти арзишҳо ва ҳаяҷонҳои ҷинсӣ дар зиндагии духтарони амрикоӣ, иброз менамояд.

Доктор Ҳенри Маков, устоди донишгоҳ, мухтареи бозии маъруфи Scruples, нависанда ва пажӯҳишгар дар масоили занон ва ҷунбишҳои озодибахш аст. Мақолаи доктор Ҳенри, аксуламалҳои мусбат ва манфии зиёдеро дар Амрико доштааст.

Ду чеҳраи мутафовит

Доктор Ҳенри дар ин мақола менависад: "Рӯйи девори дафтарам, ду акс часпондаам: акси аввал, тасвири зани мусалмон ва боҳиҷоб аст, ва дар канораш, тасвири зани амрикоӣ қарор дорад, ки дар мусобиқаи Маликаи зебоӣ ширкат карда ва чизе ҷуз як бикини бар тан надорад. Зани нахуст, комилан пӯшида аст ва дигарӣ, комилан урён”.

Ҷумлаҳое аз муқаддимаи ин мақола буд барои намоиши ду намунаи мутафовит дар гаройиш ва рафтор.

Ҷанге бо ҳадафи гуногун

Нависанда ба ангезаҳои пинҳони Ғарб дар ҷанг алайҳи уммати исломӣ ишора мекунад ва тавзеҳ медиҳад, ки ин ҷанг дорои абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ аст, зеро ба думболи сарватҳо ва захираҳои уммати исломӣ ҳастанд, ба изофаи ин ки арзишмандтарин дороии мусалмононро; яъне дин ва ганҷинаҳои фарҳангӣ ва ахлоқиро ҳадаф гирифтаанд. Дар заминаи масоили занон, ҷойгузин кардани ҳиҷоб бо бикини, кинояе аст аз урёнӣ ва фасоди ахлоқӣ.

Нависанда мегӯяд: "Нақши зан дар умқи ҳар фарҳанг нуҳуфтааст, ҷанги Ховари Миёна, илова бар дуздии нафти мусалмонон, ба думболи гусасти онон аз дину фарҳангашон ва ҷойгузин кардани ҳиҷоб бо бикини аст”.

Дифоъ аз арзишҳо

Доктор Ҳенри, арзишҳои ахлоқии ҳиҷоб ва пӯшиши зани мусалмонро меситояд ва мегӯяд: "Ман коршиноси масоили занони мусалмон нестам. Ман зебоии занонро дӯст дорам, ба ҳамин далел ин ҷо, ангезае барои дифоъ аз ҳиҷоб надорам, вале аз бархе арзишҳое, ки ҳиҷоб гӯёи он аст дифоъ мекунам”.

Ӯ изофа мекунад: "Ҳиҷоб аз назари ман ба ин маъност, ки зан худро барои ҳамсар ва хонаводааш мутамаркиз кунад. Танҳо касоне, ки зани мусалмонро бидуни ҳиҷоб мебинанд, хонаводаи ӯ ҳастанд ва ин масъала таъкиде бар вижа будани зани мусалмон аст”.

Зани мусалмон, мураббии наслҳо

Нависанда, аз вазифа ва ормони зани мусалмон ва таваҷҷӯҳ ва ҳирси ӯ ба саломати хонавода ва тарбияти насли солеҳ тақдир мекунад ва мегӯяд: "Тамаркузи зани мусалмон бар хонаи хеш аст; фарзандонро ба дунё меоварад ва тарбияташон мекунад. Зани мусалмон решаест, ки зиндагӣ ва руҳи хонаводаро истимрор мебахшад... Фарзандонро тарбият мекунад ва зиндагӣ меомӯзад ва ёригари ҳамсар ва паноҳгоҳи ӯст”.

Аммо зани амрикоӣ...

Баъд аз шарҳи тасвири нахусти девори дафтараш; яъне акси зани мусалмон, доктор Ҳенри акси дуюмро тафсир мекунад ва менависад: "Дар нуқтаи муқобил, маликаи зебоии амрикоӣ аст. Бикини бар тан карда ва нимаурён, дар баробари миллионҳо нафар дар сафаҳоти телевизион, ишвагарӣ мекунад. Ӯ маликаи умумӣ аст; баданашро дар музойидаи ҳамагонӣ ба болотарин қимат арза карда ва ҳар рӯз дар музойидаи аланӣ худфурӯшӣ мекунад”.

Ӯ изофа мекунад: "Дар Амрико, меъёри арзишии зан, ҷаззобияти ӯст. Бар асоси ин меъёрҳо, арзиши зан ба суръат коста мешавад, чун худ ва аъсоб ва равонашро барои худнамойӣ ба кор мегирад”.

Масоили ҷинсӣ ва отифаҳои пуч

Доктор Ҳенри аз инҳирофи духтарони навҷавони амрикоӣ дар даврони булуғ, урёнӣ ва равобити номашрӯи онон интиқод мекунад ва менависад: "Улгуи духтарони навҷавони амрикоӣ, Бритни Спирс аст. Ӯ овозахони нимаурён аст. Бритни ба ту меомӯзад, танҳо вақте маҳбуб ҳастӣ, ки равобити номашрӯъ дошта бошӣ. Ва ин гуна аст, ки вобастагӣ ба отифаҳои пучро ҷойгузини равобити хонаводагӣ, муҳаббати ҳақиқӣ ва сабр мекунанд”.

Духтарони писарнамо

Сипас нависанда ба тавзеҳи паёмадҳои зиндагии девонавори духтарони ҷавони амрикоӣ мунтақил мешавад ва мегӯяд: "Пеш аз издивоҷ, даҳҳо писар бо ӯ муртабит ҳастанд. Покии худро, ки бахше аз ҷаззобияташ аст, аз даст дода. Баъд табдил ба инсони ҷомид ва ҳилагар мешавад, ки тавони муҳаббат варзидан нахоҳад дошт”.

Ӯ ишора мекунад: "Зан дар ҷомеаи Амрико, худро маҷбур ба пайравӣ аз зиндагии мардон мебинад. Ҳамин масъала боис шуда, ки занони амрикоӣ пархошгар ва музтариб бошанд, шоистаи ҳамсар ва модар шудан набошанд. Танҳо ба абзоре барои комёбии ҷинсӣ табдил шаванд, на инсоне, ки ишқ ва модар шуданро пеша кардааст”.

Назми навини ҷаҳонӣ ва инзиво

Доктор Ҳенри аз системаи зиндагӣ дар дунёи муосир интиқод мекунад, зеро инсонро гӯшагир ва аз ҷамъ ҷудо мекунад. Ӯ менависад: "Падар будан қуллаи пешрафти инсон аст. Марҳилаи раҳоӣ аз ғарқ шудан дар шаҳватҳост, то инсон бандаи Худо гардад; тарбияте нав ва зиндагии ҷадид аст”.

Ӯ изофа мекунад: "Назми навини ҷаҳонӣ намехоҳад мо ба ин сатҳ аз рушд бирасем. Қасд дорад моро фардгаро ва гӯшагир кунад. Мехоҳад ташнаи равобити номашрӯъ бошем ва тасовири мустаҳҷанро ба ҷои издивоҷ ба мо арза мекунад”.

Дурӯғе ба номи озодсозии зан

Доктор Ҳенри, дурӯғ будани шиори "озодсозии зан”-ро ифшо мекунад. Ҳенри ин вожаро фиребе сангдилона тавсиф карда, мегӯяд: "Озодсозии зан, фиребе аз фиребҳои назми навини ҷаҳонӣ аст; фиребе сангдилона, ки занони амрикоиро иғво намуда ва тамаддуни Ғарбро вайрон кардааст”.

Нависанда таъкид мекунад: "Озодсозии зан таҳдиде барои мусалмонон ба шумор меравад” ва мегӯяд: "Ин масъала миллионҳо нафарро табоҳ карда ва таҳдиди бузурге барои мусалмонон аст”.

Дар поён доктор Ҳенри менависад: "Ман аз ҳиҷоб дифоъ намекунам, вале то андозае тарафдори арзишҳое ҳастам, ки ҳиҷоб гӯёи он аст. Ба шакли вижа, вақте зан худро вақфи ҳамсар ва хонаводааш мекунад, вақте зан бовиқор ва тавозуъ рафтор мекунад, бояд чунин мавзее ба ӯ дошта бошам”.

Асли мақолаи доктор Ҳенри ба забони англисӣ дар сомонаи интернетии ӯ:

http://www.savethemales.ca/180902.html

Бахш: Ислом ва занон | Просмотров: 976 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz