Чоршанбе, 22.11.2017, 06:19
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Феврал » 28 » Густариши рӯзафзуни нуфузи фарҳангии Туркия дар Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон
Густариши рӯзафзуни нуфузи фарҳангии Туркия дар Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон
22:14

Имрӯз дар Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбакистон ва ҳатто танҳо кишвари форсизабон яъне Тоҷикистон, даҳҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишварҳо дар мактабҳои Туркия омӯзиш дидаанд, ки дар густариши забони туркӣ, арзишҳо ва стандартҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, тамаддунӣ ва фарҳангии Туркия, дар кишварҳои худ муассиранд.

Дар поёни соли 2010, дар Туркия, китоби хотироти корманди асбақи Созмони ҷосусии ин кишвар Усмон Нурӣ Гуюндеш бо номи "Шоҳиди мустақими кудато ва ҳарҷу марҷҳо” мунташир шуд. Дар ин китоб омадааст, ки авомили Созмони ҷосусии Амрико (CIA) бо пӯшиши тадриси забони инглисӣ дар мадорисе, ки аз тарафи Сандуқи Фатҳулло Гулинэҷод шудааст, ҳузур ёфтаанд.

Гуюндеш муддаӣ шудааст, ки дар мадориси туркии мавҷуд дар кишварҳои туркнажод ва мусалмоннишини Шӯравии собиқ, афсарони CIA бо гузарномаҳои сиёсӣ ва ба унвони муаллимони забони инглисӣ ҳузур ёфта ва иқдомоти хосси худро пиёда мекунанд.

Вай ҳамчунин теъдоди ин муаллимони амрикоӣ дар Ӯзбакистонро ҳудуди 70 нафар ва дар Қирғизистон тақрибан 60 нафар унвон кардааст.

Гуюндеш аз соли 1964 то соли 1986 корманди Созмони ҷосусии Туркия ва дар даврони нахуствазирии хонуми Тонсу Чиллер дар Туркия, мушовири аршади иттилоотии вай будааст.

Нигоҳ ба навъи амалкарди Туркия дар Осиёи Марказӣ, баёнгари ин воқеият аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба ин мавзӯъ, ки коргузорони ин кишвар, кор бо кормандони CIA-ро таҷруба карда буданд, бо вуруд ба арсаи таълиму тарбият, ба парвариши қишри нухбаи тарафдори худ ҳиммат гумоштанд. Аммо шакли кори ин кишвар пас аз мақатъи замонии начандон тӯлонӣ ва озмоиш ва хато, ба самте ҳидоят шуд, ки тағйироти ин нухбапарварӣ ба тадриҷ намоён шуд.

Бо нигариш ба шакли кори Туркия дармеёбем, ки пас аз истиқлоли кишварҳои мусалмоннишини Осиёи Марказӣ аз Шӯравии собиқ, ҳамзамон бо талоши қудратҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ барои нуфуз дар Осиёи Марказӣ, Туркия низ талоши худро барои ҳузур дар ин минтақа, оғоз кард. Онкоро дар ибтидо тамоми ҳамми худро сарфи фаъолият дар арсаҳои фарҳангӣ ва омӯзишӣ кард ва ҳар аз гоҳе бархе таҳаррукоти маҳдуди сиёсӣ ва амниятӣ низ дар ин кишварҳо анҷом медод.

Туркия бо таваҷҷӯҳ ба иштирокоти нажодӣ, забонӣ ва фарҳангӣ бо бисёре аз кишварҳои минтақа, кӯшиш кард, то бо эҷоди Иттиҳодияи кишварҳои туркнажод, имкони ҳузур ва нуфузи худ дар ин минтақаро осон кунад. Аммо вобастагиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии ин кишварҳо ба Русия ва ҳамчунин равобити наздики бархе аз онон бо Амрико, Урупо ва соири кишварҳои хориҷӣ, монеъи таҳаққуқи барномаҳои Онкоро шуд.

Бинобар ин, Туркия ногузор навъи муносиботи худро бо кишварҳои минтақа тағйир дод ва талош кард, то дар ҳавзаҳои мухталифи омӯзишии ин кишварҳо, аз ибтидоӣ то олӣ, сармоягузорӣ кунад.

Сипас дар муддатзамони нисбатан кӯтоҳе, даҳҳо мактабу муассисаи омӯзишии муштараки Туркия бо кишварҳои минтақа ифтитоҳ шуданд. Чунон ки Туркия тайи ҳудуди 15 соли ахир, теъоди қобили таваҷҷӯҳе аз ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказиро дар заминаҳои мухталиф ва аз ҷумла низомӣ ва амниятӣ омӯзиш додааст.

Вуҷуди забон ва хатти муштараки лотин байни Онкоро бо бархе аз кишварҳои минтақа, заминаи табодули иттилоот байни Туркия ва кишварҳои минтақаро аз тариқи расонаҳо ва интишороти илмӣ ва пажӯҳишӣ, фароҳам кард.

Ба иловаи ин, секулор будани низоми ҳукуматии Туркия, нигаронии давлатҳои Осиёи Марказиро аз бобати нуфузи Туркия коҳиш додааст. Туркия аз ин фурсат барои густариши нуфузи фарҳангии худ баҳраи фаровоне бурда, ба наҳве ки на танҳо гӯи рақобатро аз бисёре аз кишварҳо дар ин замина рабуд, балки ҳатто бо Русия ба рақобат пардохтааст.

Туркия аз тариқи ҳузури мустақим дар амри омӯзиши кодрҳои илмӣ, омӯзишӣ ва низомӣ, заминаи нуфузи сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии ояндаи худро дар минтақаи Осиёи Марказӣ фароҳам кардааст. Дар ҳоли ҳозир, тақрибан ҳеч кишвари дигаре ба мизони Туркия дар парвариши нухбагон, дар ояндаи сиёсӣ ва иқтисодии минтақа нақш надорад ва ба эътиқоди таҳлилгарони масоили минтақа, дар дарозмуддат ин кишварҳо бо чолиши туркиягароии бахши азиме аз нухбагони ояндаи худ мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Ба назар мерасад, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ тарҷеҳ медиҳанд, то дар мавриди ояндаи ҳамроҳ бо ин чолиш, аслан фикр накунанд, дар ҳоле ки мавзӯъ фаротар аз баҳси равобити ин кишварҳо бо Онкоро аст.

Он гуна ки расонаҳои муҳимми минтақа аз ҷумла русӣ баён кардаанд, дар ҳоли ҳозир дар сатҳи кишварҳои Шӯравии собиқ, беш аз 200 мактаби туркӣ фаъол буда ва ҳудуди 7000 муаллим низ машғули тадрис дар ин мадорис ҳастанд; имтиёзе, ки камтар кишваре аз он бархӯрдор аст.

Дар тӯли 20 соли истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳазорон нафар аз ҷавонони ин минтақа дар донишгоҳҳои Туркия таҳсил карда ва бахши қобили таваҷҷӯҳе аз онон дар ниҳодҳои давлатии кишварҳои худ машғули кор шудаанд.

Ҳамчунин, акнун дар бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар сутуҳи мухталифи сиёсӣ, аз ҷумла дар сатҳи аҳзоб ва порлумон, лобиҳои тарафдори Туркия эҷод шуда, ки ин амр дар мавриди Қирғизистон, намуди бештаре дорад.

Албатта дар Тоҷикистон, ба далели форсизабон будани ҷамъияти он, мизони гароиш ба Туркия камтар аст, вале иқдомоти ахири фарҳангии Онкоро назири арзаи теъдоди зиёде аз филмҳо ва сериалҳо, эҷоди маркази тарҷума ва дубложи филм мавсум ба "Ҳамсадо” ва ғайра, ҳокӣ аз он аст, ки Туркия ба сурати барномарезишуда, ба дунболи таҳкими заминаҳои нуфузи худ дар ин кишвар аст.

Ба вижа бо таваҷҷӯҳ ба гароишҳои лоики давлатҳои минтақа ва рӯбарӯии онон бо рушди исломхоҳӣ дар кишварҳои худ, меъёрҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии Туркия ин фурсатро ба Онкоро додааст, ки муваффақияти бештаре дар кишварҳо дошта бошад.

Бо коҳиши нақши Русия ва забони русӣ дар кишварҳои минтақа, Туркия бо эҷоди "Созмони ҳамкории кишварҳои туркзабон” дар соли 1992, талош кард, то равобити фарҳангӣ бо ин кишварҳоро тавсиъа диҳад. Дар ҳамин росто, аз оғози соли 1993 бо иҷрои ду барномаи муштараки омӯзишӣ ва фарҳангӣ, донишомӯзон ва донишҷӯёнро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Туркия эъзом кард.

Ҳамзамон Онкоро иқдом ба эҷоди мактабҳои туркӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон кард.

Имрӯз дар Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбакистон ва ҳатто танҳо кишвари форсизабон яъне Тоҷикистон, даҳҳо ҳазор нафар дар мактабҳои Туркия омӯзиш дидаанд, ки дар густариши забони туркӣ, арзишҳо ва стандартҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, тамаддунӣ ва фарҳангии Туркия, дар кишварҳои худ муассиранд.

Илова бар вуҷуди даҳҳо мактабу маркази илмӣ ва пажӯҳишии туркӣ, дар бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мушаххасан дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон, донишгоҳҳои туркӣ низ фаъол ҳастанд ва солона садҳо нафар мутахассисро дар риштаҳои мухталиф парвариш медиҳанд.

Нуктае, ки набояд аз назар дур дошт, талоши Туркия барои нуфуз дар танҳо кишвари форсизабони Осиёи Марказӣ яъне Тоҷикистон аст. Чунон ки дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 7 муассисаи омӯзишии туркӣ эҷод шуда, ки дар онҷо фарзандони мақомоти олирутбаи давлатӣ ва маҳаллӣ ва кӯдакони боистеъдод омӯзиш мебинанд.

Ба вижа таваҷҷӯҳи ин мактабҳо ба омӯзиши забони инглисӣ сабаб шуда, ки вуруди фориғуттаҳсилони онҳо ба донишгоҳҳои Туркия ва соири кишварҳои ғарбӣ осонтар бошад, ки худ боиси гароиши бештар ба таҳсил дар ин мактабҳо шудааст.

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркия густариш меёбад

Оқилов нахуствазири Тоҷикистон ва Муҳаммад Мунис сафири Туркия дар Душанбе, дар дидоре, ки ахиран (26.02.2011) дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, заминаҳои мухталифи густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва тиҷории дуҷонибаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Дафтари матбуотии риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, бо судури иттилоияе, зимни таъйиди ин хабар, тасреҳ кард, ки дар ин мулоқот Оқилов бо ибрози ризоят аз сатҳи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ миёни Душанбе ва Онкоро, алоқамандии кишварашро ҷиҳати ҳузури сармоягузорони Туркия дар заминаи эҳдоси корхонаҳои мухталифи тавлидӣ ва эҷоди марокизи омӯзишии Туркия дар Тоҷикистон эълом кард.

Дар ин иттилоия омадааст, ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши таъмини амнияти минтақаӣ, мубориза бо теруризми байналмилал, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир, аз дигар мавзӯоти муҳимме буд, ки дар ҷараёни ин мулоқот мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифт.

Бар асоси гузориши Ожонси омори Тоҷикистон, арзиши мубодилоти тиҷории ду кишвар, дар соли гузаштаи милодӣ ба ҳудуи 435 милюн дулор расид, ки ҳокӣ аз боло будани сатҳи муносиботи иқтисодии ду кишвар аст.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҳадиси рӯз | Просмотров: 540 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 3.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz