Панҷшанбе, 25.04.2024, 18:39
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Апрел » 28 » Фалсафаи лаззат
Фалсафаи лаззат
05:57

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Инсон лаззатталаб аст; ҳам ҷисми ӯ лаззатхоҳ аст ва ҳам руҳаш. Асосан, ҳамин эҳсоси лаззат аст, ки инсонро барои расидан ба камоли матлубаш кӯмак мекунад. Агар дастгоҳи офариниш дар ниҳоди одамӣ чунин эҳсосеро қарор намедод, ҳаракат ба сӯйи камол барои инсон тақрибан маҳол буд.

Ҳоло беҳтар аст мисол бизанам то масъала рӯшантар шавад. Фарз кунед аз хӯрдану ошомидан мо лаззат намебурдем, дар ин сурат, оё касе барои таҳия ва фароҳамоварии ғизо барои худ ва иёлаш талошу кӯшиш мекард?

Агар аз омезиши ҷинсӣ эҳсоси лаззат наменамудем, оё касе ҳозир буд бо ҳазорон заҳмату машаққат ташкили хонавода бикунад? Асосан, оё насли одамизод боқӣ мемонд?

Ин ду мисол, барои лаззатҳои ҷисмӣ буданд, ки аз лозимаҳои зиндагӣ ҳастанд ва ба ҳамин манзур Худованди мутаол дар ниҳоди мо эҳсоси лаззат аз онҳоро гузошта.

Ҳоло мисоле ҳам мезанам барои лаззоти маънавӣ. Фарз кунед аз огоҳӣ ва донистан эҳсоси лаззат намекардем, оё дар ин сурат, касе ҳозир буд ба худ заҳмат дода ва ба хондану андӯхтани дониш бипардозад?

Маърифат, гузашта аз ин ки барои одамӣ як зарурат аст ва бо хиради хеш дармеёбад, ки агар нахонад боло нахоҳад рафт, қатъи назар аз он, ба худии худ ҳам, лаззатовар аст. Яъне агар дар ин миён фикри болоравӣ ҳам барои инсон намебуд, боз ҳам рӯ ба мутолеа меовард. Чаро? Чун лаззат мебарад. Ҳамчунон ки инсон аз омезиши ҷинсӣ лаззат мебарад, аз огоҳӣ ва донистан ҳам кайф мекунад.

Чӣ қадр Худованди мутаол ҳаким аст! Аз он ҷо ки огоҳӣ ва доноӣ камоли одамист, он ҳаким барои расидан ба ин камол, дар вуҷуди инсон эҳсоси лаззат аз онро ниҳода то ба он бирасад.

Пас, чаро лаззоти ҷисмӣ гоҳе нописанд дониста шудаанд?

Ҳол, агар дар додаҳои диниямон, ҷое лаззоти ҷисмӣ накӯҳиш шудаанд, на ба ин ҷиҳат аст, ки чунин эҳсосе, ба худии худ мазмум бошад. Ҳаргиз чунин нест. Худованд эҳсосеро, ки дар ҳадди зоти худ, мазмуму нописанд аст, дар вуҷуди одамӣ қарор намедиҳад.

Балки ба ин ҷиҳат аст, ки одамӣ дар он ифрот накунад; яъне зиёдаравӣ нанамояд, аз ҳадду ҳудуде, ки Худояш қарор дода по фаротар нагузорад ва ҳадди эътидолро риоя кунад. Мурооти эътидол ва миёнаравӣ дар ҳар чизе матлуб аст.

Агар инсон аз хӯрдану ошомидан лаззат мебарад, лозимааш ин нест, ки беш аз ҳадди лозим тановулад, зеро бар ҷисми ӯ зиёновар хоҳад буд. Ва ё ғизоро аз роҳи номашрӯъ ба даст оварад, зеро ҳаққи дигаронро поймол сохтааст.

Агар аз омезиши ҷинсӣ лаззат мебарад, лозимааш ин нест, ки дар он зиёдаравӣ намояд ва ё аз роҳи номашрӯъ ба он бирасад, зеро ҳам бар ҷисмаш зиёновар аст ва ҳам ҳаққи дигаронро поймол кардааст. Ин ки зино ва омезиш аз роҳи ғайри шаръӣ, дар ҳар дину ойине мазмум ва нописанд дониста шудааст, ба ҳамин ҷиҳат аст, на ин ки омезиш, ба худии худ, мазмум бошад. Зино бо зани бегона, яъне ҳаққи дигаронро зери по гузоштан; ҳамонанди ин ки шумо ғизои касеро ба зӯр аз даҳонаш кашида гирифта тановул карда бошед.

Чаро лаззоти ҷисмӣ зудгузар ва лаззоти маънавӣ пойдоранд?

Пӯшида нест, ки лаззоти ҷисмӣ ҳама зудгузар, вале лаззоти руҳӣ ва маънавӣ пойдоранд. Агар инсон аз омезиши ҷинсӣ лаззат мебарад, ин эҳсос бо интиҳои омезиш поён меёбад, аммо агар аз матлабе огоҳ шавад, он огоҳӣ мемонад; гӯйи ин ки инсон мудом дар эҳсоси лаззат ба сар мебарад. Чаро?

Камолоти ҷисмӣ, ҳамонанди худи ҷисм, нақши абзор ва василаро доранд. Ба иборати рӯшантар, ҳамон тавр ки ҷисми инсон маркаб ва василае беш барои руҳи ӯ нест, ҳамчунин камолоти ҷисмии вай низ василаи ба камол расидани руҳи ӯст. Аз ҳамин ҷост, ки камолоти ҷисмӣ, мисли худи ҷисм нопойдоранд. Ба хилофи камолоти руҳӣ ва маънавӣ, ки ҳамонанди худи руҳ, ки ҷавҳари пойдор ва ҷовидон буда ва ҳаргиз кавну фасод гиребонгираш намешавад, пойдору ҳамешагӣ ҳастанд.

Камоли руҳи одамӣ дар чист?

Пас, камоли ҳақиқии мо дар ноҳияи руҳи мо будааст, на дар ҷисмамон. Ҳол, камоли ҳақиқии руҳи мо дар чист, ки бо расидан ба он, дигар лаззати ҳамешагӣ насибамон ва оромиши абадӣ гиребонгирамон хоҳад шуд?

Огоҳии бештар, қудрати густардатар, ҳаёти абадӣ ва ҳикмат, ки худ аз самароти огоҳист, аз камолоти руҳӣ маҳсуб мешаванд. Одамӣ ҳар миқдор огоҳ шавад, боз ҳам мехоҳад огоҳтар гардад. Инсон ҳамвора хоҳони ҳаёти абадист. Башар ҳамеша ба думболи густариши ҳитаи қудрати худ аст. Дар ин заминаҳо ҳаргиз ба як нуқтае намеистад. Яке аз бузургон мегӯяд, "агар инсон бар тамоми кураи замин сайтара пайдо кунад, ба фикри тасхири кураҳои дигар мешавад, на ин ки дигар оромиш ёфта, бигӯяд, ки ман ба камоли ниҳоии худ расидаам”. Агар огоҳӣ мехоҳад, огоҳии бе интиҳо мехоҳад. Агар толиби қудрат аст, дар талаби қудрати бе интиҳост. Агар хоҳони ҳаёт аст, ҳаёти абадӣ мехоҳад ва ғайра... Чаро?

Чун одамӣ ошиқи камолоти бепоён аст, ошиқи бе интиҳоист...

Оре, руҳи инсон замоне ба оромиши ҳақиқӣ даст хоҳад ёфт, ки ба огоҳи бепоён бирасад. Замоне ба лаззати абадӣ дастрасӣ хоҳад намуд, ки ба қодири мутлақ бирасад. Ҳангоме ором ва хештанро саодатманди ҳақиқӣ хоҳад ёфт, ки ба зиндаи ҷовидон бирасад...

Огоҳи бепоён, қодири мутлақ ва зиндаи ҷовидон, ҳамон Худост. Одамӣ бо тақарруб ба зоте, ки ҷомеи камолоти бепоён буда ва башар ҳар чи дорад аз ӯст, ба оромиши ҳақиқӣ ва лаззати пойдор хоҳад расид.

Ин ҳамон ҳақиқатест, ки Қуръони карим; ин китоби ҷовидони зоти бепоён, ба он ишора карда фармудааст:

Огоҳ бошед, ки танҳо ба ёди Худост, ки дилҳо оромиш пайдо мекунанд. (Сураи Раъд/28). 

Оре, лаззати пойдор ва кайфи поённопазир он ҷост, ки одамӣ ба Худояш бирасад. Албатта, расидан ба ӯ кори сахте нест. Ӯ хеле меҳрубон аст. Мегӯяд, бандаам агар гоме ба сӯйи ман ниҳад, ман ду гом ба сӯйи ӯ хоҳам ниҳод. Чунин нест, ки фақат инсонҳои поку мутаҳҳар битавонанд ба Худо тақарруб ва наздикӣ намоянд, балки даргоҳи ӯ ба рӯйи гунаҳкорон ҳам боз аст. Шояд таваҷҷӯҳи он маъшуқи дилрубо ба ошиқи дилшикастае, ки аз зиёдии гуноҳон, дигар шарм дорад ба сӯйи ӯ даст дароз кунад, бештар бошад.

Худо ба андозае меҳрубон аст, ки ҳатто даргоҳи худро барои амсоли Фиръавне, ки хештанро "худо” меангошт, басташуда надонист. Ба Мӯсо (а), он ҷо ки ӯро маъмур сохт то мӯъминонро аз дасти Фиръавн раҳо созад, гуфт:

Ба сӯйи Фиръавн бирав, ки ӯ саркашӣ кардааст ва ба ӯ бигӯ: оё туро ҳеҷ майлу рағбате ҳаст, ки ба покӣ гаройӣ ва туро ба сӯйи парвардигорат роҳ намоям то битарсӣ? (Сураи Абаса/18-20).

Дар Қуръони карим, ҷумлаи "Худо тавбакунандагонро бисёр дӯст медорад” бисёр ворид шудааст. Дуое ҳаст маъруф ба "Дуои дӯстдорон” манқул аз Имом Зайнулобидин, набераи мукаррами ҳазрати Расули акрам (с), ки он имоми ҳумом маъмулан саҳаргоҳон, ки беҳтарин ҳангоми муноҷот бо Худост, онро замзама мекард.

Навиштори мазбурро бо овардани порае аз он дуо ба поён мерасонам ва умедворам Худо ҳамаи мо бандагони гунаҳкорро биёмурзад.

Худовандо!

Кист, ки соғари муҳаббат аз дасти нӯш карду ҳалқаи бандагии дигарӣ дар гӯш кард?

Кадомин наргис пойи ниёз дар чашмаи ту шусту чашми шефтагӣ ба ту надӯхт?

Худоё!

Кадомин каҳкашон бар гирди ту гашту ҳайрони ту нагашт?

Азизо!

Кадомин нилуфари обӣ ба ишқи ту сар фаро оварду ҷозибаи меҳри ту диду ба бурка гурехт?

Маъшуқо!

Кадомин инсон пешонии ишқ бар хоки рубубияти ту сойиду ширинии ту чашиду дил ба дигарӣ супурд?

Дилбаро!

Кадомин парвона шӯълаҳои мултаҳиби ҷамоли ту диду ба зулмат паноҳ бурд?

Умедо!

Кадомин Юсуф ба ишқи руъёи ту овора нагашт?

Шоҳидо!

Кадомин Мӯсо дар кураи Тур гудохта шуду ҳузури рақиби туро давом овард?

Раббо!

Кадомин Марям каломе бо ту гуфту лаб аз сӯҳбати дигарон нануҳуфт?

Шӯрофарино!

Кадомин Муҳаммад дар Ҳиро садои ту шуниду наларзид?

Худовандо!

Гиёҳи ба хушкӣ гаройидаи моро дар ҷӯйбори ҷории худат қарор деҳ ва аз зулоли муҳаббати хеш серобамон кун!

Худоё!

Мо, ки дил аз дунёву мофиҳо кандаем ва дил ба ғайри ту наспурдаем, дарунамонро дар кураи вудду меҳри хеш холис гардон!

Худовандо!

Моро аз он даста аз бандагонат қарор деҳ, ки парандаи иштиёқашонро дар осмони обии лиқои худат рухсати парвоз додӣ ва моҳии ризоёташонро дар дарёи қазои худат парварондӣ...

Онон ки дар тоқчаи ризоёташон нишондӣ ва ашки ҳиҷрони худатро аз мижгонашон чидӣ ва ғубори дуриятро бо дастҳои меҳроғуштаат аз чеҳраашон пок кардӣ ва дар чаманҳои сабзи садоқат дар ҷивори дарахти хеш ҷояшон додӣ ва зарфияти нӯшидан аз чашмаи ибодататро эътояшон кардӣ.

Худоё!

Моро аз он бандагонат қарор деҳ, ки дар дуди оташи ишқе, ки ту дар хирманашон афгандӣ тасвири рӯшани туро диданд ва хонаи дил барои вуруди ту аз ағёр тиҳӣ карданд.

Онон ки дар фазои хулусашон ҷуз бӯйи гули марями ту напечад ва дар буркаи чашмашон ҷуз нилуфари обии ту нарӯяд...

Онон ки синаҳояшон мамлув аз ҳавои тоати туст; онон ки усваҳои халоиқанд ва авҷтарин парвозҳо дар осмони ту, хосси онон аст.

Онон ки ту толиби муноҷоташон ва харидори розу ниёзашон ҳастӣ.

Онон ки боғчаҳои дилашонро ту худ ваҷин мекунӣ ва шохаҳои нобаҷоро аз гулдонашон – ки рушд ба сӯйи туро хадшадор кунад – ту худ мебурӣ.

Худоё!

Моро аз онон қарор деҳ, ки дилҳои ҳазину ғамгинашон бо дидори ту шод мешавад ва ғунчаҳои дарҳаму дардолудаи зиндагияшон бо офтоби рӯйи ту гушода.

Онон ки пешонияшон саҷдагоҳи азамати туст ва чашмонашон бехоби хидмати ту ва ашкҳояшон равони хашйати ту ва қалбҳояшон мутааллиқи муҳаббати ту ва дилҳошон ларзони маҳобати ту.

Эй он ки моҳтоби рухсори ту рӯшнойии роҳу зебойии нигоҳи ошиқони туст.

Эй он ки таназзуҳи ҷамолат дилҳои орифонро ҷалои иштиёқ мебахшад.

Эй орзуи дилҳои орзумандон ва эй иштиёқи муштоқон ва эй умеди умедворон ва эй ишқи ошиқон ва эй ғояти шефтагон ва эй дарди дардмандон!

Оташи ишқатро дар хирмани вуҷудам бияфкан, тухми дӯст доштанатро дар гулдони дилам бикор, сабзинаи муҳаббататро дар баргҳои ба зардӣ гаройидаи вуҷудам бидавон.

Худоё!

Ман ишқи туро ҳам аз ту мехоҳам ва ишқ ба ошиқони туро ва ишқ ба ҳар коре, ки маро ба ту наздик кунад.

Худоё!

Ишқатро дар дилам андоз ва ишқ ба авлиёятро ва ишқ ба ҷодаи мунтаҳӣ ба сӯйи туро ва ишқ ба аломоти роҳнамойӣ ба сӯйи ту ва ишқ ба зоирони туро ва ишқ ба роидони роҳи туро.

Худоё!

Ҳамзамон бо рушди гиёҳи муҳаббат дар боғчаи дилам, ҳар чи ҳарзаи гиёҳи муҳаббати дигаронро бисӯзон.

Худоё!

Маро пойе деҳ, ки фақат ба дари хонаи ту тавонам омад ва дасте, ки фақат дари хонаи ту тавонам кӯфт.

Худоё!

Маро чашме деҳ, ки фақат гирёни ту бошад ва синае, ки фақат сӯзони ту.

Ба ман нигоҳе деҳ, ки ҷуз рӯйи ту натавонад дид ва гӯше, ки ҷуз садои ту натавонад шунид.

Худоё!

Худатро маъшуқтарини ман қарор бидеҳ ва маро ошиқтарини хеш.

Худоё!

Мабод, ки чашмаи муҳаббати ман ба буркаҳои гилолуди дигарон бирезад.

Худоё!

Мабод, ки дили ман асири ҷуз ту ва пешонии қалбам бар хоки муҳаббати дигарӣ бисойад.

Мабод, ки андалеби дилам ғазалхони бӯстони дигар гардад.

Худоё!

Мурғи дилам, ки дар доми туст, мабод, ки ёди ошён кунад.

Худоё!

Накунад, ки рӯй аз ман битобӣ ва нашавад, ки нигоҳи ҳайронамро мунтазир бигузорӣ.

Маро шоистагии баҳрамандӣ аз канорат бахш.

Кимиёи саодат

Бахш: Дуо ва муноҷот | Просмотров: 944 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Апрел 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz