Шанбе, 23.09.2017, 11:57
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Апрел » 17 » Эрон дар матни инқилобҳои арабӣ
Эрон дар матни инқилобҳои арабӣ
05:14

Ба қалами: Ҳайдар Ҷамол

Ҳайдар Ҷамол, файласуф ва мутафаккири барҷастаи исломии Русия, бар ин бовар аст, ки решаи қиёмҳои мардумӣ дар кишварҳои арабиро бояд дар даҳаҳои гузашта ва рӯйдодҳои муртабит бо вуқӯи инқилоби исломии Эрон ҷустуҷӯ намуд.

Ин мутафаккири номдор, дар мақолае дар веблоги шахсии худ (www.kontrudar.com) тасреҳ кард: "Дақиқан 10 сол баъд аз шикасти охирин амвоҷи шӯру шавқи хиёбонӣ зери парчами либерализм дар Фаронса ва Чекослувокӣ, тӯдаҳои мардуми Эрон зери парчамҳои мутафовите ба хиёбонҳо рехтанд. Эрон пешгоми таҳаввулоте буд, ки мо акнун шоҳиди он ҳастем.”

Инак, машрӯҳи ин мақола:

Поёни асри постмодернизм

Дар мавриди таҳаввулоти ахир дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон, ҳар таҳлиле, ки ироа шавад, бисёр кучактар аз абъоди воқеии ин ҷараёнҳо ба назар меояд ва гӯё фақат "ҳошия”-и онро мунъакис мекунад. Бешак мо шоҳиди як зилзила дар торихи тамаддуни муосир ҳастем. Гароиши 200 соли ахир ба либерализм, лаззатҷӯӣ ва "зиндагии наздик” (яъне дунявӣ) ба поён мерасад ва нерӯҳое қиём мекунанд, ки дар тӯли торихи башар ҳарчанд авомили муҳимме буданд, вале дар чанд насли ахир, пушти парда пинҳон шуда буданд.

Баъд аз поёни ҷанги ҷаҳонии дуюм, "ҷомеаи намоишнома” вориди саҳна шуд, ки андешмандони муосири фаронсавӣ аз он интиқоди зиёде намуда буданд. Саҳнаи сиёсӣ пур аз нимааҳзоб бо барномаҳое шуд, ки тафкики онҳо аз якдигар тақрибан ғайри мумкин буд. Дар воқеъ, раҳбарони ин аҳзоб далқакҳое ҳастанд, ки дар варои ҳарфҳои авомписандашон, чизе вуҷуд надорад, аммо ин афрод "хабарсоз” шуданд.

Феллини, коргардони бузурги итолиёӣ, дар назарияи ҳунарии "Зиндагии ширин” (Dolce vita), моҳияти руъёи ҷадиди инсониро табйин кард. Башари муосири ғарбӣ фақат мехоҳад зиндагии ширин дошта бошад, тафреҳ кунад ва ба хоби тиллоии мудовим фурӯ рафта ва ба фикри марг набошад. Ин моҳияти ниҳоии бутпарастӣ аст. Тӯдаҳои мардуми Руми Бостон, ки дархости қудсии "Нон ва намоиш”-ро матраҳ мекарданд, ҳамин тавр буданд. Вале дар асри ҳозир, ин гурезгароӣ (аз мушкилоти зиндагӣ)-и ҳамешагии мардум ва тарси люмпенҳои шаҳрнишин аз масоили хашини маргу зиндагӣ, унвони зебои "постмодернизм”-ро ба худ гирифтааст.

Ва инак, бо рехтани тӯдаҳои мардум ба хиёбонҳо ва майдонҳои Тунис, Миср, Баҳрайн, Яман, Алҷазоир, Марокаш ва ғайра, постмодернизм ба поён расидааст. "Ҷомеаи намоишнома” фурӯ пошида. Ҳар касе метавонад ин воқеиятро бибинад ва дарк кунад. Акнун, тасовири телевизиюнӣ ҳаводисро эҷод намекунанд, балки ҳаводис тибқи мантиқи торих зинда ва на бар асоси сенорюҳои мутахассисони фанновариҳои сиёсӣ ва расонаҳои гурӯҳӣ, тавсиъа меёбанд.

Расонаҳои гурӯҳии Ғарб аз ҳеч талоше фурӯгузор накарданд, то маънои инқилоби Мисрро таҳриф кунанд. Онҳо зимни таҷлил аз мухолифон, ҳеч як аз шиорҳои воқеиро, ки мухолифон дар майдони Таҳрир сар медоданд, мунъакис намекарданд. Расонаҳои гурӯҳии Ғарб ҳунармандони моҳире ҳастанд. Дар воқеъ, метавон гуфт, шиорҳои мардуми Миср алайҳи "Исроил” ва ба нафъи Фаластин буд. Лекин сукути ифтироомези расонаҳои гурӯҳӣ натавонист муҳтаво ва мазмуни раванди торихиро тағйир диҳад. Суқути Муборак, сарфи назар аз шайтанатҳои расонаҳои гурӯҳӣ, зарбаи муҳкаме ба "Исроил” буд.

Дар ин рӯзҳо, "намоишнома” дар Либӣ низ шикаст мехӯрад. Тибқи фарзияи расонаӣ, ҳамаи мардуми Либӣ алайҳи Қаззофӣ ҷабҳагирӣ карда ва ӯро ба истеҳкомоти зеризаминиаш ронданд. Аммо дар ҳақиқат, мухолифони либиёӣ ба қадре "мутафарриқ” ва "заиф” ҳастанд, ки НАТО ҳатто наметавонад касеро пайдо кунад, ки аз онҳо дархости кӯмак намояд. Ин бор расонаҳои гурӯҳӣ дар ҷаъли таҳаввулоти ҷорӣ нотавон буданд.

Эрон пешгоми таҳаввулоте буд, ки мо акнун шоҳиди он ҳастем

Муҳимтарин рӯйдоде, ки тайи ду моҳи ахир иттифоқ афтод, бозгашти тӯдаҳои мардум ба саҳнаи торих аст. Ҳаракати Ғарб ба сӯи ислоҳоти либералӣ, аз вуруди тӯдаҳои бузурги мардум ба хиёбонҳо дар Фаронса ва сипас дар саросари Урупо шурӯъ шуда буд. Қарни нуздаҳум (ва нимаи аввали қарни бистум) табалвури талоши бевақфаи табақоти ҳоким барои бозгардондани тӯдаҳо ба хонаҳояшон буд. Бо оғози асри постмодернизм, ки баъд аз шикасти туғёнҳои донишҷӯён дар соли 1968 пирӯз шуд, ин ҳадаф дар амал ҳосил гардид.

Албатта, ин ҳадаф метавонист 100% амалӣ шавад, вале намунаи илҳомбахши Эрон аз ин амр мумониат кард. Дақиқан 10 сол баъд аз шикасти охирин амвоҷи шӯру шавқи хиёбонӣ зери парчами либерализм дар Фаронса ва Чекослувокӣ, тӯдаҳои мардуми Эрон зери парчамҳои мутафовите ба хиёбонҳо рехтанд. Эрон пешгоми таҳаввулоте буд, ки мо акнун шоҳиди он ҳастем. Миллати Эрон се маъмурияти бузургро иҷро кард, ки ҷараёни "табиӣ”-и умур ба нафъи нухбагони империёлистиро барҳам зада ва ҳуқуқи торихиро ба торих баргардонд.

Маъмурияти аввал, эҳёи тӯдаҳои мардум ба унвони омили асосии торихӣ буд. Касе наметавонад мункири таҳаққуқ ёфтани ин ҳадаф дар Эрон шавад. Миллионҳо нафар дар баробари мусалсалҳо ва тӯпҳои Шоҳ ба тазоҳуроти хиёбонӣ даст заданд. Ин фишор на барои сагҳои нигаҳбони режим қобили таҳаммул буд ва на барои худи Шоҳ. Тӯдаҳои мардум режими салтанатиро аз саҳна маҳв карданд.

Ҳадаф, ё маъмурияти бузурги дигар, бозгардондани "андеша” ба сиёсат буд. Империёлизм бо истифода аз "фарҳангсозон” ва дастгоҳи шустушӯи мағзӣ, тайи даҳаҳо барои ғайриидеулужикӣ кардани сиёсат талош намуд. Дар ниҳояти амр, онҳо муваффақ шуданд ҳатто дар Иттиҳоди Шӯравӣ (идеулужиктарин давлати он давра) ин амрро амалӣ созанд. Аз соли 1970 текнукротҳои солхӯрдае, ки фармони ҳизби бюрукротикшудаи Шӯравиро дар даст доштанд, тамоми фикрашон наздик шудан ба "биҳишт”-и колоии Ғарб ва фурӯши нафт бо суди бештар ба "сармоядории дар ҳоли пӯсидагӣ” буд. Онҳо орзу мекарданд, ки қиёмҳои дохилӣ ва инқилобҳо, пояҳои муҷаллали бозори либерали ҷадидро фурӯ нарезад. Дар ҳамон замон, ки миҳани собиқи прулеториёи ҷаҳон нисбат ба ҳама чиз ғайр аз шалвори ҷинс ва мусиқии "рок-н-ролл” беалоқа буд, дар Эрон даҳҳо миллион нафар якпорча собит карданд, ки инсон метавонад дар роҳи андешаҳо мубориза кунад ва шаҳид шавад. Ин мавзӯъ, андешаи хуб зиндагӣ кардан ва таъмини фарзандони худ нест, балки андешае ба номи Худо, ба номи адолат ва ба номи воқеияти номаръии руҳ аст.

Бозгашти шахсиятҳои воқеӣ ба саҳна

Маъмулан вуруди тӯдаҳои мардум ба саҳнаи торих, боис мешавад, ки инсонҳои бузург ва шахсиятҳои воқеӣ, нақши созандагони торихро ба худ бозгардонанд. Империёлизм на танҳо бо нақши тӯдаҳо, балки бо чунин афроде ҳам мубориза мекард ва ниҳояти талошҳои худро ба амал меовард, то нақши шахсият дар торихро лағв кунад. Авомиле чун қавонини казоии бозор, риёсати дастаҷамъии бошгоҳҳои зубда ва қаҳрамон ҷилва додани бозигарон ва рибохорӣ аз як сӯ ва далқакҳо ва ситораҳои "поп” аз сӯи дигар, ҳамагӣ, боисте имкони зуҳури як "капрали коризмотики ҷадид бо шинели хокистарӣ” (Нополеун)-ро ки ҷаҳонро мунқалиб карда ва зимомдоронро ба арбоби руҷӯи фурӯтан дар дафтари худ табдил кунад, мунтафӣ намояд.

Ҳаракати дигари дастгоҳи ғарбӣ дар ҷиҳати марги торих, интисоби "шахсиятҳо”-и козибе буд, ки коризмотик муаррифӣ мешуданд, вале дар ҳақиқат ҳунарпешаҳое буданд, ки аз чеҳраҳое, ки боиси дилтангии мардум мешаванд, тақлиди сатҳӣ мекарданд. Саддом Ҳусайнборизтарин намунаи "ҳунарпешаи тақлидкунанда” ба шумор меравад. Ин маъмури амрикоӣ бо истифода аз таблиғоти моҳирона, худро ба қутби рӯёрӯӣ бо империёлизм табдил карда ва умедҳо ва интизороти мардуми кӯчаву бозорро ба худ ҷалб намуда буд. Тамоми иқдомоти вай, аз ҷумла ҷанг бо Эрони инқилобӣ, коршиканӣ дар ҷабҳаи муқовимати зиддиисроилӣ ба баҳонаи эҷоди чолиши родикол барои "Исроил” ва низ қатли омми миллати Ироқ, фақат дар ҷиҳати хушхидматӣ ба Даҷҷол буд. Вале бисёре аз мардуми оддӣ ва ҳатто рӯшанфикрони гӯлхӯрда, зери бори ин бозӣ рафта ва Саддомро таълифе аз Фидел Кастро ва Сталин маҳсуб мекарданд.

Эрон ин симои воҳӣ ва пучро шикаста ва ба аввалин кишваре табдил шуд, ки бо ба чолиш кашондани шахсиятҳои дурӯғин, як шахсияти коризмотики воқеиро, ки азаматаш барои ҳама, аз Кортер то Горбачев ва аз араби алҷазоирӣ то чиниҳо, қобили баҳсу инкор набуд, ба саҳна овард. Ин шахсият Оятуллоҳ Хумайнӣ, парчами зиндаи инқилоби Эрон буд. Қудрати коризмоии ӯ ба қадре нерӯманд буд, ки ҳатто либеролҳои ғарбгарои эронӣ дар талоши худ барои ба даст овардани ибтикори амал, саъй мекарданд ӯро раҳбари худ эълом намоянд.

Эҳёи нақши шахсият дар торих, ҳадафи сеюме буд, ки Эрон бо муваффақият ба он даст ёфт. Ончи муҳим аст ин аст, ки дар марҳилаи ҷории тавсиъаи инқилоби исломӣ дар Эрон, касе риёсати давлатро бар ӯҳда дорад, ки муваффақ шуд ҳар се ҳадафи мазкурро ба гунае ҷадид дар як нуқта мутамаркиз созад. Бидуни тардид, Маҳмуд Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон, аз тӯдаҳои мардум бархостааст. Ҷаззобияти ӯ ба он аст, ки наздикии ӯ ба мардум, бо ҳуруфи бузург бар тамоми қомати ӯ навишта шуда ва дар ҳар ҳаракати ӯ буруз мекунад. Илова бар ин, Маҳмуд Аҳмадинажод на танҳо шахсияти сиёсӣ ва раиси давлат, балки назарияпардози ақидатӣ аст. Ҳар ҳузури вай дар сохтмони Созмони Милали Муттаҳид ва суханони ӯ хитоб ба сиёсатбозони беусул ва бетафовут ва ёдоварии аҳдофи олӣ ва маънои торих, шабеҳ ба инфиҷори бомб аст.

Имрӯза Эрон соҳиби саҳоми кунтрулкунандаи масоили муҳимми инқилобӣ аст. Кӯчаву бозори арабӣ ба дунболи Эрон ҳаракат мекунад. Ҷумҳурии Исломӣ бар ҳамин асос аз имконоти азиме барои тавсиъаи роҳбурдҳои сиёсӣ дар Ховари Миёна ва шимоли Африқо бархӯрдор аст. Акнун Эрон метавонад ба қутби қудрати фароминтақаӣ табдил шавад, ки нуфузи он бо Чин қобили муқоиса хоҳад буд. Вале барои таҳаққуқ бахшидан ба ин тавони билқувваи роҳбурдӣ, бояд чандлоя будани таҳаввулоти ҷорӣ ва диалектики пинҳонии онро ба таври жарф ва амиқ дарк кард.

Муборизаи тоифаҳо

Бидуни шак қиёми "хиёбонҳо” омили марказии инқилоби арабӣ аст. Вале ин ба он маъно нест, ки Кохи Сафед ва соҳиби сиёҳпӯсти амрикоии он саъй надорад аз он ба нафъи худ истифода кунад. Бадеҳӣ аст, ки нухбагоне, ки пуштибони ҳизби демукрот ва шахси Борок Убомо ҳастанд, ба ин мавҷ умед баста буданд, то мавозеи лобии ҷумҳурихоҳ дар минтақаи Ховари Миёнаро тазъиф кунанд.

Иёлоти Муттаҳида монанди дигар нуқоти ҷаҳон, ба саҳнаи рӯёрӯёӣ байни тоифаи ҷаҳонии баёкунандаи манофеи сармоядории санъатӣ ва истихроҷӣ ва тоифаи саррофон, ки то ин ҳад ҷаҳоншумул нест, мубаддал шудааст. Борок Убомо, ки намояндаи ҳамин тоифаи ахир аст, аз бӯҳрони иқтисодӣ баҳра гирифт, то ба сарнагунии шахсиятҳое бипардозад, ки ба урудгоҳи муқобил вафодор ҳастанд. Дар ҳамин росто, бояд бозиҳои гаронфурӯшон дар бурси маводди хӯрокӣ ба манзури афзоиши қимати нон ва ғайриқобили таҳаммул кардани зиндагии рӯзмарраи мардуми кишварҳои фақирро, ки суфориши ин корро аз Кохи Сафед дарёфт карданд, дар назар гирифт.

Муҳосиботи сиёсии демукротҳо рӯшан аст: Исроил, ба "сарбоз”-и ошкори онҳо табдил шудааст. Исроил мазҳар ва парчами ҷумҳурихоҳони ифротӣ аст, зеро барои онҳо ҳифзи Исроил масъалаи усулӣ ва мавзӯи имони динии фирқаии онҳост. Вале Борок Убомо бар он аст, ки Исроилро ба таслим водор кунад ва онро ба шиносоии давлати фаластинӣ бо риёсате, ки мустақиман аз Вошингтун кунтрул шавад, маҷбур намояд. Дар ин сурат, метавон тамоми ҷаҳони арабро зермаҷмӯаи Иёлоти Муттаҳида қарор дод, чаро ки омили асосии муноқиша яъне Исроили таҷовузгари мавриди ҳимояти ҷумҳурихоҳон аз байн рафт. Демукротҳо дар ин бозӣ ба маҳофили ғарбгарои либероли ҷомеаи арабӣ ва ба истилоҳ "мӯътадилҳо” умед бастаанд. Оё баъд аз иқдомоти Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ, эҳтимоли гароиши арабҳо ба Вошинтун бисёр заиф аст? (Шояд на) чунон ки – ба эътиқоди намояндагони Кохи Сафед - гароиши лаҳистониҳо (полякҳо) ба Амрико (ки ҳамеша ба Фаронса вафодор буданд) ва низ чекҳо ва маҷориҳо (венгерҳо), ки ба Олмон вобаста буданд, бисёр баид ба назар мерасид, вале Урупои Шарқӣ ва – бар хилофи гузаштаи худ – тақрибан дар сатҳи расмӣ барчасби "амрикоӣ” ба худ задааст.

Фурӯпошии ногузири иқтисоди Урупо ва - эҳтимолан дар ҳадди камтар – иқтисоди Иёлоти Муттаҳида, рӯи дигари ин сикка аст. Авҷгирии сареъи қиматҳои нафт, боиси тазъифи евро ва таназзули сатҳи зиндагии Иттиҳодияи Урупо ҳадди ақал ба мизони ду баробар хоҳад шуд. Кохи Сафед умедвор аст, ки дар шароити гароиши сиёсии амрикоии қисмати ҷанубии баҳри Миёназамин, Урупои бесубот ва ифротии ҷадид, ба омили муносибе барои ҳифзи назми дохилӣ дар Иёлоти Муттаҳида (аз тарси ин ки Амрико дучори сарнавишти Урупо шавад) табдил гардад.

Мавзеъгирӣ ва роҳбурди Эрон

Дар ин шароит, мавзеъгирӣ ва роҳбурди Эрон бисёр муҳим аст. Эрон ба омиле табдил мешавад, ки метавонад барномаҳои амрикоиро дар ҷиҳати "тағйири қолаб”-и Ховари Миёнаи Бузург нақши бар об бикунад. Беҳтар аст Эрон аз муҳимтарин иштибоҳи бозии амрикоӣ истифода кунад: амрикоиҳо дар шароити ҷорӣ, саъй мекунанд масоили жеуиқтисодиро бо истифода аз равишҳои сиёсӣ ҳал кунанд, ки ин шева маҳкум ба шикаст аст. (Албатта Иёлоти Муттаҳида баъд аз соли 1945 дар Урупои мағлубшуда, масоили сиёсиро бо истифода аз жеуқтисод – барномаи Маршалл – ҳал карда ва муваффақ шуда буд). Эрон бо таваҷҷӯҳ ба муодилоти сиёсии ояндаи наздик, метавонад мусоили сиёсиро матраҳ карда ва ҳал намояд. Эрон бо мардуми кишварҳои исломӣ иртибот дорад, ки дар гузашта афроде чун Саддом, Муборак ва ғайра, монеъ аз ин амр мешуданд. Дар ин робита се нукта бояд риоят шавад:

Аввалан, бояд нуфузи хонадони Саудиро ҳарчи бештар коҳиш дод. Агар ин кор анҷом шавад, созмони CIA муҳимтарин коноли нуфузи худ дар маҳофили исломиро аз даст хоҳад дод. Дар ин сурат, хаёли пуч ва воҳии вуҷуди як навъ "иҷрокунандаи вазифаи" халифаи динӣ аз байн хоҳад рафт. Хуруҷи салтанати Саудӣ аз рада, фавран таносуби нерӯҳоро тағйир дода ва суитафоҳум байни шиъаён ва аҳли суннатро ҳатто агар ба таври комил аз байн набарад, аммо қатъан беш аз пеш коҳиш хоҳад дод.

Сониян, бояд абзори нерӯманди исломии байналмилалиро эҷод кард, ки битавонад "кӯчаву бозор”-и арабиро кунтрул кунад. Созмони Ихвонул муслимин ва низ Ҳамос, ки дар муборизаи душвори мусаллаҳонаи сиёсӣ обдида шудааст, метавонад нақши ин абзорро ифо кунад.

Шарти сеюм, тақвияти иттиҳодияи низомӣ-сиёсӣ байни Эрон, Туркия, Сурия, Лубнон ва Фаластин аст, ки Миср ҳатман ба онҳо мулҳақ хоҳад шуд. Баъд аз он, як блоки нерӯманд ба вуҷуд хоҳад омад, ки се пояи қавмии исломи Ховари Миёна яъне аносури эронӣ, туркӣ ва арабиро муттаҳид хоҳад кард.

Агар салтанати Саудӣ бо ин блок рӯёрӯӣ накунад ва таҷрибаи Ҳамос ба тамоми фазои арабзабон густариш ёбад, ба яқин метавон нотавонии комили зимомдорони либероли режимҳоеро пешбинӣ кард, ки баъд аз суқути режимҳои худкома ба вуҷуд меоянд ва Кохи Сафед ба онҳо умедҳои зиёде бастааст. Эрон метавонад дар барномаи тағйироти зерсохтии уммати мусалмон, нақши калидӣ ифо кунад.

Ҳайдар Ҷамол

Манбаъ: Контрудар

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 411 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Апрел 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz