Ҷумъа, 19.04.2024, 11:02
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Феврал » 2 » Эй кош бақияи динситезон ҳам мисли Бозор Собир якчеҳра буданд!
Эй кош бақияи динситезон ҳам мисли Бозор Собир якчеҳра буданд!
23:32

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Нифоқ хислатест нописанд ва зишт. Мунофиқ, чи диндор бошад ва чи бедин, манфур аст. Одамиён, замоне осуда ва роҳат хоҳанд зист, ки рӯи замин аз лавси вуҷуди нифоқу мунофиқ пок гардад. Оре, ҳамон гуна ки диндори мунофиқ агар ошкоро чеҳраи зишт ва воқеии хешро бармало кунад, мардумон осуда хоҳанд буд, ҳамин тавр бедини дурӯя, ки ё бадурӯғ хештанро диндор матраҳ мекунад ва ё касе нишон медиҳад, ки ба дину диндорон эҳтиром қоил аст, агар аз чеҳраи воқеии хеш парда бардорад ва ошкоро бигӯяд ман бединам ва ба худою паёмбар коре надорам, бовар кунед одамиён нафаси роҳат хоҳанд кашид.

Нависанда ва шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир бедин аст ва ин ҳақиқат барои касе пӯшида нест ва худаш ҳам ибое аз ин надорад, ки бигӯяд ман бединам. Эй кош бақияи бединон ва динситезҳо ҳам мисли ӯ якчеҳра буданд! Оре, аз вижагиҳои некӯ ва писандидаи ин мард он аст, ки ақоид ва андешаҳои худро бепарда иброз медорад ва ҳар чиро ба он мӯътақид аст ошкоро мегӯяд ва барояш муҳим нест мардумон дар бораи ӯ чӣ хоҳанд гуфт, балки муҳим барояш якчеҳра будан аст.

Камина дар мақолае таҳти унвони "Андар фирори Бозир Собир”, навишта будам иллати фирори шоир аз Тоҷикистон, падидаи диндории ҷомеаи Тоҷикистон аст, на чизе дигар аз қабили таассубу ифрот, аммо бархе онро ба гунае дигар тафсиру тавҷеҳ карданд, ки гӯи Бозор Собир аз дасти таассубу ифроту тундравӣ фирор карда бошад.

Ончи Бозор Собир дар гуфтугӯи ахири хеш бо ҳафтавори Миллат, гуфтааст, ҳамон чизҳоест, ки ҳар динситезе мӯътақид ва пойбанд ба онҳост; бо ин тафовут, ки бақияи динситезон ақоиду аҳдофи хешро пинҳон ва ин мард ошкоро аз онҳо парда бармедорад.

Ин ки вай дар посух ба ин пурсиш, ки назари шумо дар мавриди мавҷудияти ҳизби динӣ дар Тоҷикистон чист, мегӯяд: "Агар ба ман вобаста мебуд, ҳизби диниро мебастам... Агар ҳизбҳои демократӣ, халқӣ, ё сотсиалистӣ бошанд, зарар надорад, бигзор бошанд, вале ҳизби наҳзати исломиро ҳатман мебастам”, чунин ақидае, ақидаи ҳар динситез аст; яъне агар ҳар динситезе, бар маснади қудрат нишинад, ҳамин корро хоҳад кард, ҳарчанд ба зоҳир худро тарафдори ҳуқуқи башар ва озодии баён, эҳтиромкунандаи раъю назари мардум ва демукросӣ ва аз ин қабил шиорҳои базоҳир фиребанда нишон бидиҳад. Чунин афрод, вақте мегӯянд, "мо ба раъйи мардум эҳтиром қоилем”, вожаи "мардум” дар ин гуфторашон шомили исломгароҳо ва касоне ки гароиши динӣ доранд нест, ҳарчанд аз пойгоҳи мардумӣ бархӯрдор ва аксарияти мардумро ташкил бидиҳанд. Чаро? Посухашро ҷаноби Бозор Собир, он ҷо ки аз ӯ пурсида мешавад, "Ин ҳизб (Ҳизби Наҳзати Исломӣ) дар Тоҷикистон пайравони зиёд дорад, вақте онро мебандем, шояд сафи норозиҳо зиёд мешаванд”, ба гунаи ошкор баён медорад. Ӯ мегӯяд: "Ҳа охир, ҳама пайравонаш мардуми ақибмонда аст, мардуми нимфеодал. Агар академик ҳам бошаду аз ҳамин ҳизб ҷонибдор бошад, ақибмонда аст. Агар зиёӣ ҳам бошад, дар асл як феодали асримиёнагӣ аст”.

Бад-ин сабаб аст, ки ҷаноби Бозор Собир, бо ин ки аз мунтақидони сарсахти сиёсатҳои ҳукумати вақти Тоҷикистон ба шумор меравад, аммо дар мавриди сиёсати ҳукумат дар мубориза бо падидаҳои динӣ бо ӯ мувофиқ, балки "косаи доғтар аз ош” ҳам мебошад. Он ҷо ки аз ӯ мепурсанд, "Шумо суханҳое мегӯед, ки ҳукуматдорон ҳам ҷонибдори онҳоянд. Масалан, ҳамин мухолифати Шумо бо ришу ҳиҷобу масҷиди бисёру мадрасахонии зиёд ва...”, мегӯяд: "Агар ҳамин хел бошад, бисёр хуб аст. Ҳамин ҳукумат агар он чизҳое, ки ман мегӯям бигӯяд, ин хеле хуб аст. Медонам гоҳ-гоҳе фикрҳои ман бо ҳукумат ва аз ҳукумат бо ман созгор меуфтанд. Ҳукумат дар солҳои пеш худаш ҳамин масҷиду мақбараву мазорсозиро пеша кард ва акнун дарк кард, ки бо ин роҳ мо наметавонем пешрафт дошта бошем”.

Оре, мутаассифона, чунин афрод, ки хештанро "рӯшанфикр” ҳам ном мениҳанд, дорои як чунин андеша ва ақидаи феодалӣ ва нимафеодалӣ ҳастанд. Яъне, пеши эшон, касоне ки диндмадор ва худобовар ҳастанд ва бар пояи ақоиди худ ҳизб ва ё ҳаракати сиёсӣ ва иҷтимоие роҳ андохаанд, кучактарин ҳурмате надоранд. Чунин афрод пеши худ як силсила меъёрҳое гузоштаанд ва фикр мекунанд ин меъёрҳо меъёрҳои собит ва барҳаққанд ва бар асоси онҳо мардумонро табақабандӣ мекунанд. Монанди ин меъёр, ки "ҳар кӣ диндор аст ва ба Худо бовар дорад ва зиндагии хешро бар асоси додаҳои шариат пеш мебарад, ӯ ақибмонда аст, феодалӣ аст, асримиёнаӣ аст”.

Асосан, маълум нест, муродашон аз "ақибмонда”, "феодал” ва "асримиёнаӣ” чист? Ғофил аз ин ки яке аз вижагиҳои феодализм он аст, ки дар он, мардум табақабандӣ мешуданд; табақае эҳтиром дорад ва раъю назараш мӯҳтарам аст мисли ҳамон табақаи феодалҳо дар қуруни вусто, ва табақае ҳам аслан эҳтироме надорад ва раъю назараш ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест, ки ҳамон табақаи ба истилоҳи худашон "табақаи пойин” аст.

Аз ҳама шигифтангез он аст, ки чунин афрод, мардумони динмадор ва худобоварро касоне медонанд, ки ба ҳуқуқи дигарон эҳтиром қоил нестанд ва агар зимоми умур ба даст гиранд, ҳамаро ҳазф хоҳанд кард.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҳадиси рӯз | Просмотров: 948 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 3
01.02.2013
3. Vilen4353 [Материал]
у нас на данном интернет-ресурсе можно взглянуть на громадный ассортимент интересных статей про http://medbaz.com/pages-more-415.html - причины высокого гемоглобина.

01.02.2013
2. Feofan7958 [Материал]
у нас на вышеприведенном интернет-портале можно посмотреть большой ассортимент интересных статей про http://ublaze.ru/forum/ftopic1149.html - ресивер триколор full hd 9303

06.02.2011
1. Хусейн [Материал]
бадбахттарин шахси миллати Точик ту хасти бозор собир!!! чи мешудки дар вакти чанги бародаркуши туро мекуштанд, чи кадар шахсони бузургро несту нобуд карданд чи кадар Олимони бузурги халки Точик кушта шуданд, сад афсуз!!!

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz