Шанбе, 20.04.2024, 15:02
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Май » 11 » Дуо, дарди дил бо Худост
Дуо, дарди дил бо Худост
00:19

Сайидюнуси Истаравшанӣ 

Гумони бештари мардумон ин аст, ки дуо ба даргоҳи Худо, фақат он ҳангомест, ки мушкиле барои касе ориз шавад ва ё ниёзе барояш падид ояд ва он гоҳ даст ба сӯйи даргоҳи Эзади маннон ёзида, аз ӯ бихоҳад мушкилашро бартараф ва ё ниёзашро бароварда созад.

Ин нодуруст нест, аммо маҳдуд донистани дуо фақат барои чунин маворид дуруст намебошад. Зеро, дуо, қатъи назар аз инҳо, агар аз самими қалб сурат пазирад, як руҳонияти бисёр олӣ барои инсон мебахшад, мисли ин аст, ки одамӣ худро ғарқ дар нур мебинад, шарофат ва каромати инсониятро дар он вақт эҳсос мекунад.

Дуо, худ як роҳ аст ба сӯйи камол. Камоли инсонӣ ҳам дар наздикӣ ба Худост. Вақте инсон бо Худояш розу ниёз мекунад, ба ӯ наздиктар мешавад, ва наздикӣ ба Худо, ки дар фарҳанги исломӣ аз он ба "тақарруб ба Худо” таъбир мешавад, худ ҳадафи офариниш аст. Ҳамон тавр ки одамӣ бо анҷоми аъмоли ибодӣ чун намозу рӯзаву ҳаҷҷу закоту ғайра, мехоҳад ба Худо наздик гардад, ҳамин тавр бо дуо ва розу ниёз бо парвардигор низ ба ӯ наздик мешавад.

Асосан, дидед, ки вақте нороҳат мешавем ва ё дар зиндагӣ бо мушкиле рӯбарӯ мегардем, ба думболи роздоре меравем, мехоҳем бо ӯ дарди дил намоем. Бо холӣ кардани он чи дар диламон ҷамъ мешавад, эҳсоси сабукӣ мекунем. Яъне худи ҳолӣ кардани дил, оромбахш аст, ҳарчанд бидонем коре аз дасти он роздор сохта нест.

Ва ин дар ҳолест, ки медонем чи басо пеши ҳамин шахсе ки рози худ ифшо ва мушкилоти хеш барояш бозгӯ мекунем, хурд ва кучак гардем.

Аммо вақте бо Худо дарди дил мекунем; Худое, ки бениёзи мутлақ аст; Худое, ки меҳрубонтар аз ӯ қобили тасаввур нест; Худое, ки дӯст дорад бандагон танҳо пеши вай даст ёзанд; Худое ки мегӯяд, ҳар кӣ аз ман хост азиз гардад ва ҳар кӣ аз ғайри ман хост хору залил шавад; Худое, ки беандоза меҳргустару богузашту нозанину дилрубост... вақте бо ӯ дарди дил мекунем, медонед чӣ сабукӣ ва оромиш моро даст медиҳад?!

Беҳтарин шакли розу ниёзу дарди дил бо Худо, он ҷост, ки одамӣ пеши ӯ ба гуноҳони худ эътироф кунад, пеши ӯ ҳар чи дар дил пинҳон дорад холӣ намояд, чизе нагузорад. Албатта, ин на ба он маъност, ки Худои доно аз рози мо бехабар аст. На, чунин нест. Чизе аз он зоти огоҳ пӯшида намебошад, балки эътироф ба гуноҳ пеши ӯ ва холӣ кардани дил дар маҳзари нозанинаш, худ зебост.

Имом Зайнулобидин (р), набераи мукаррами Расули акрам (с), дуое доранд мавсум ба "Муноҷоти шокиён”, ки хеле олист. Мехоҳам тарҷумаи онро барои хонандаи азиз пешкаш кунам, гар чи тарҷума тавони расондани он чи ки ба забони аслӣ яъне забони арабист-ро надорад. Ба ҳар ҳол бо истифода аз тарҷумаи бародари арҷмандамон оқои Шуҷоӣ саъй мекунам матлабро бирасонам.

"Малҷаи гурезҳои ман! Шунавои овои ман! Худои дардошнои ман! Танҳо паноҳгоҳи ман!

Гурезон ба шикоят омадаам... аз таҳоҷуми нафси лаими бисёр ба бадӣ амркунанда ва дар гуноҳон шитобанда ва дар саркашӣ озварзанда ва ба хашми кайфаромези ту дастёзанда.

Худо! Худо! Ин нафс, маро ба лабаи партгоҳ мекашонад ва ҳалокам мекунад.

Худоё! Ин нафс чӣ баҳонаҷӯ ва баландорзуст. Агараш шарре расад, фарёду нолаву шикоят мекунад, ва агараш хайре, мумониат.

Ин нафс чӣ бозигӯшу беҳудаҷӯст.

Худоё!

Аз шараёни ин нафс хуни ғафлат меҷаҳад ва дар дарахтони ин боғ сумуми хато мевазад.

Худоё!

Ин нафс инони маро ба партгоҳи гуноҳ мекашад ва гурез ба бӯстони тавбаатро занҷирам бар пой мениҳад.

Худои ман!

Гурезанда ба шикоят омадаам.

Аз душмане, ки парандаи руҳамро донаи гумроҳӣ мепошад ва доми инҳироф мегустарад ва аз шайтоне, ки панҷаи иғво бар қалбам мефишурад.

Худои ман!

Киштзори қалбамро ҳарзаи гиёҳҳои васваса пур кардааст ва даври онро парчини ҳавоҷис гирифтааст.

Худои ман!

Ин нафс даст ба дасти ҳавову ҳавасам медиҳад ва дунёро ба ҳамёрии ӯ бароям оройише дилфиребона мекунад ва байни ман ва ибодати ту, ману тоати ту, ману ишқи ту, ману ту девор мекашад.

Малҷаи ман! Ба ту шикоят мекунам аз санги дилам, ки сейли васвасаҳоро давом намеоварад, мелағзад, меғалтаду зеру забар мешавад.

Мақсуди ман!

Ба ту шикоят мекунам аз чашмоне, ки аз гиря барои хавфи ту хушкидаанд ва кавири дидагоне, ки офтоби ҳайбататро сӯхтаанд.

Худоё!

Чӣ гуна бигӯям, бо кадом забони шармолуда? Бо кадом дили дардоканда?, ки ин чашмҳо аз дидани он чи ту дӯст надорӣ шод мешаванд, пиндор мекунанд, ки дар занҷири гуноҳ озод мешаванд.

Худои ман!

Бе ту дармондаам, бе насими ту рокидам, бе ту ҳеҷ надорам, бе тавони дастҳои ту оҷизам, бе каманди исматат маро кадом наҷот аст аз чоҳи зулмати дунё?

Ва бе булуғи ҳикматат маро кадом сирот аст ба ҷуди олии аъло?

Ва бе нуфузи машийатат кадом камол аст ҷӯйбори маро ба сӯйи раъфати дарё?

Илоҳӣ!

Хонаи бетоби диламро дур аз сайли фитнаҳо бино соз ва бо маҳтоби ёрият аз шарри зулмати душманонам раҳо соз ва мар расвоии айбҳоямро парда биандоз...

Эй рофеи дилҳо ва ҳам дилҳо ба сӯйи ту роҷеъ! Эй ҳуҷуми балоро қалъаи эҳсони ту монеъ!

Ва эй рагбори тири маъосиро чатри икроми ту родеъ!

Бар ман, ба раъфатат, ки ҳамеша чунин бош. Эй авҷи раҳмати дигарон ҳазизи лутфи ту! Эй меҳргустартарини меҳрубонон!”

Поёни навиштор

Бахш: Дуо ва муноҷот | Просмотров: 2250 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/2 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz