Ҷумъа, 19.04.2024, 14:41
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Феврал » 19 » Давлати Усмон: “Инқилоби Эрон ниҳоли пажмурдаи ваҳдатро дубора дар қолаби уммати бузурги исломӣ зинда кард”
Давлати Усмон: “Инқилоби Эрон ниҳоли пажмурдаи ваҳдатро дубора дар қолаби уммати бузурги исломӣ зинда кард”
02:55

Ба баҳонаи ҳафтаи ваҳдати исломӣ

Давлати Усмон, сиёсатмадор ва пажӯҳишгари Муассисаи фалсафа ва Окодемии улуми Тоҷикистон, бо ишора ба ин ки инқилоби исломии Эрон ба раҳбарии Имом Хумайнӣ (р) ба унвони шахсияти барҷастаи олами ислом ва чеҳраи шинохтаи сиёсӣ ва динии ҷаҳонӣ, ниҳоли пажмурдаи ваҳдатро дубора дар қолаби уммати бузурги исломӣ зинда кард ва ба он ҷони тозае бахшид, гуфт: "Акнун ин ниҳоли кучак, ба дарахти бузурге табдил шудааст, ки решаҳои он то қалбҳои тамоми мусалмонон дар саросари ҷаҳон нуфуз карда ва ин уммат зери сояи ҳамин дархати тановар, ба ваҳдати комил хоҳанд расид.”

Давлати Усмон дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс дар Душанбе, бо ишора ба милоди фархундаи ҳазрати Муҳаммад (с) ва фаро расидани ҳафтаи ваҳдат афзуд: "Пирӯзии инқилоби исломӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, сарчашмаи таҳкими ваҳдат ва инсиҷом миёни уммати исломӣ дар саросари ҷаҳон шуд ва нақши ин кишвари дӯст дар тақвияти ҷойгоҳи ислом дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бисёр муҳим аст.”

Вай тасреҳ кард: "Дар садри ислом, яъне замоне ки ислом тавассути Паёмбари гиромии мо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар рӯи замин эъломи мавҷудият кард, дар оғоз, ваҳдати калимаи нисбатан қобили қабуле дар байни мусалмонон вуҷуд дошт; ба тавре ки душманони ислом ҷасорати муқобила бо мусалмононро надоштанд.”

Давлати Усмон дар идома гуфт: "Вале баъдҳо бар асари эҷоди тафриқа ва бархе аз мушкилоте, ки дар дохили ҷомеаи мусалмонон ба вуҷуд омад, ваҳдат байни муслимин то ҳудуди зиёде тазъиф шуда ва ҷои худро ба тафриқа дод.”

Пажӯҳишгари Муассисаи фалсафа ва Окодемии улуми Тоҷикистон, бо ибрози таассуф аз ин тафриқа ва ҷудоӣ байни мусалмонон, ки ба суди душманони дин буд, хотирнишон кард: "Мутаассифона дар ҳудуди 14 қарн аст, ки душманони ислом аз ин ҷудоӣ ва тафриқаи мавҷуд байни мусалмонон дар ҷиҳати мумониат аз густариши ислом ва ҳатто муқобила бо ислом ва мусалмонон истифода мекунанд.”

Вай таъкид кард: "Аммо ҷомеаи азими мусалмонон пас аз гузашти қарнҳо, ба ин натиҷа расиданд, ки дар ҷаҳони имрӯз бидуни ваҳдат, ҳамбастагӣ ва тавҳид байни якдигар, наметавонанд аз арзишҳои исломӣ ва ҳатто ҳуқуқи шахсии худ дифоъ кунанд.”

Ин сиёсатмадори барҷастаи тоҷик изофа кард: "Аммо инқилоби исломии Эрон ба раҳбарии ҳазрати Имом Хумайнӣ (р) ба унвони шахсияти барҷастаи олами ислом ва чеҳраи шинохтаи сиёсӣ ва динии ҷаҳонӣ, ниҳоли пажмурдаи ваҳдатро дубора дар қолаби уммати бузурги исломӣ зинда кард ва ба он ҷони тозае бахшид ва акнун ин ниҳоли кучак ба дарахти бузурге табдил шудааст, ки решаҳои он то қалбҳои тамоми мусалмонон дар саросари ҷаҳон нуфуз карда ва ин уммат зери сояи ҳамин дархати тановар, ба ваҳдати комил хоҳанд расид.”

Давлати Усмон тасреҳ кард: "Ин иқдоми Эрон, яъне талош дар ҷиҳати эҷоди ваҳдат байни уммати мусалмонон ва мазоҳиби исломӣ, як раванди усулӣ буд, ки бо гузашти солиёни на чандон тӯлонӣ, самароти арзишманде доштааст.”

Пажӯҳишгари Муассисаи фалсафа ва Окодемии улуми Тоҷикистон гуфт: "Бар асоси ҳамин омӯзаҳо, имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки дар замоне ки ба ҳар як аз муқаддасоти исломӣ дар яке аз нуқоти дурдасти ҷаҳон тавассути ҳар як аз душманони ислом тавҳин мешавад, тақрибан тамоми уммати исломӣ ба таври якпорча бапо хоста ва ба он ҳаракат ё иқдоми тавҳиномез эътироз мекунанд.”

Давлати Усмон изофа кард: "Ба хусус замоне ки Салмони Рушдии муртад, ба ислом ва чеҳраҳои бузурги ҷаҳони ислом тавҳин кард ва фатвои Имом Хумайнӣ (р) дар бораи ин шахс содир шуд, ҳамагӣ шоҳид будем, ки ин тасмими Имом Хумайнӣ (р), чи пуштибонии амиқ ва мисолзаданиро дар ҷаҳони ислом ба дунболи худ дошт.”

Вай дар поён таъкид кард: "Тамомии мусалмонони ҷаҳон бояд ба фармудаи Худованд ва тибқи ояти шарифаи Қуръон, ки мефармояд: "Шумо ба ресмони илоҳӣ чанг бизанед ва мутафарриқ нашавед” бо якдигар муттаҳид бошанд беш аз пеш бар ваҳдати уммати исломӣ пойбанд бошанд.”

Кимиёи саодат

Акс аз радиои Озодӣ

Бахш: Ваҳдати исломӣ | Просмотров: 895 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 1
16.05.2014
1. Richard [Материал]
So much info in so few words. Toltosy could learn a lot.

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz