Ҷумъа, 29.03.2024, 08:48
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Феврал » 5 » Дар бораи Ихвонул муслимин
Дар бораи Ихвонул муслимин
03:27

Таҳаввулоти ахири Миср ва алоими поёни даврони ҳукмронии Ҳусни Муборак бар ин кишвар ва нақши чашмгир ва таъсиргузори ҳаракати исломии Ихвонул муслимин дар ин таҳаввулот, анзори ҷаҳониёнро ба сӯи ин ҳаракат ҷалб кардааст ва мехоҳанд дар бораи Ихвонул муслимин огоҳиҳои бештар ва ин ки чӣ аҳдоферо дунбол мекунад, дошта бошанд.

Дар ин навиштор, бар он шудем то дар бораи ин ҳаракат, бо такя бар манобеи мӯътабар, матолиберо пешкаши хонандагони гиромии пойгоҳи Кимиёи саодат намоем. Пешопеш аз заҳматҳои бародари азизамон Акрамхони Зиёдуллоҳ ва ҳамсари гиромияшон Машҳурахон Ҷавҳаризода, ки дар фароҳамоварии ин навиштор талоши зиёд кашиданд, ташаккур намоем.

Дебоча

Ҷунбишҳои исломӣ дорои ду буъд: фикрӣ ва ҷомеашинохтӣ мебошанд. Бархе соҳибназарон, ҷунбишҳоро аз буъди фикрӣ ва баъзеи дигар аз буъди ҷомеашинохтӣ баррасӣ мекунанд, аммо барои мутолиаи ҳамаҷониба бояд ба ҳар ду буъди он пардохт. Чи басо битавон вокунишҳои мусалмонон дар ду қарни ахирро ба ду ҷараён: ҷараёни пайравӣ аз тамаддуни Ғарб ва ҷараёни эҳё ва бозсозии тафаккури динӣ тақсим кард. Ҳадафи аслии ҷараёни ислоҳталаби динӣ, дар қарни 19, дар ҷавомеи исломӣ, аксуламале дар баробари хатари фарҳангӣ ва сиёсии Урупо ва рафъи султаи онон бар ҷавомеи исломӣ буд.[1]

Яке аз муҳимтарин ҷунбишҳои исломӣ, ки таъсири шигирфе дар Миср ва чандин кишвари исломии дигар ниҳод, Ихвонул муслимин аст. Ин созмон дар шароите, ки Миср аз назари сиёсӣ, иҷтимоӣ, динӣ ва иқтисодӣ дар вазъияти бӯҳронӣ қарор дошт ташкил гардид. Аз як сӯ, барои ҳокимияти таъолими асосии ислом дар зиндагии иҷтимоӣ ва сиёсӣ мекӯшид, ва аз сӯи дигар, мехост мӯътақадоти исломиро аз ҳолати рукуд ва истоӣ хориҷ намояд.[2]

Шаклгири Ихвонул муслимин

Муассиси Ихвонул муслимин, Ҳасан ал-Банно дар ҳудуди соли 1900 дар шимоли ғарбии Қоҳира мутаваллид шуд. Баъд аз вуруд ба дабиристон, ба узвияти яке аз анҷуманҳои исломӣ даромад ва дар ин иртибот созмони ҷадиде ба номи Анҷумани имдоди Ҳисофия-ро поягузорӣ намуд, ки дорои ду ҳадафи аслӣ: нигаҳдорӣ ва густариши арзишҳои исломӣ ва дифоъ дар баробари ҳуҷуми миссионерҳои ғарбӣ буд. Ин созмон улгуе буд, ки мутобиқи он баъдҳо Ихвонул муслимин тарҳрезӣ шуд. Вай дар мавриди гусасти насли ҷавон ва донишҷӯён аз фарҳанги хеш ва ҳақоиқи ислом бисёр нигарон буд ва эътиқод дошт ояндаи ҳар миллат ва ҳар идеулужӣ дар дасти насли ҷавон, донишҷӯён ва рӯшанфикрон қарор дорад. Аз ин рӯ, фаъолиятҳои асосии худро мутаваҷҷеҳи ин қишрҳо кард. Вай дар пайи он буд, ки ҳамон тавре ки дар инқилобҳои чапӣ, кадри инқилобӣ аз табақаи пролетариат бармехезад, дар инқилоби исломӣ низ барои пешбурди аҳдоф бояд мустазъафинро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод. Ал-Банно дар масоҷид, марокизи фарҳангӣ ва умумӣ, дар бораи масоили идеулужии исломӣ суханронӣ мекард ва касонеро, ки таҳти таъсири суханони вай қарор гирифтанд, ба ҷаласоти хусусӣ даъват мекард ва аз ҳамин афрод кадри аслиро барои созмон интихоб менамуд. Дар соли 1927 ҷамъияти Шабобул муслимин (Созмони ҷавонони исломӣ) дар Қоҳира ба василаи бархе дӯстони қадимии вай ташкил шуд. Ҳасан ал-Банно намояндагии ин созмон ва масъулияти бахши маҷаллаи Ал-Фатҳ, ургони онро бар ӯҳда гирифт.[3]

Созмони Ихвонул муслимин дар соли 1928 тавассути Ҳасан ал-Банно ва шаш нафар аз ҳамфикронаш ташкил гардид. Дар ибтидо, фаъолиятҳои онон ҷанбаи нимапинҳон дошт ва барои густариши ҷунбиш, аз ҷузва, нома, суханронӣ ва мулоқотҳои шахсӣ истифода мекард.[4]

Даҳаи 1920, ки Ҳасан ал-Банно ҷунбиши худро бунён ниҳод, афкори сиёсии ислом байни андешаҳои се мактаб дар навасон буд:

1. Аносири муҳофизакори Алазҳар ё суннатгаронён, ки ҳар гуна созиш ё навсозии ҷомеа ва дигаргунии дину мазҳабро рад мекарданд;

2. Ҳомиёни навсозӣ ё шогирдони Муҳаммад Абдуҳ, ки ҳадафашон ҷомеае буд, ки дину сиёсат аз ҳам ҷудо бошад;

3. Ислоҳтлабони пайрави Рашид Ризо, ки хостори бозгашт ба ақоид ва равиши мусалмонони садри ислом буданд, ки дар ин байн Ҳасан ал-Банно ба мактаби сеюм тамоюл дошт.[5]

Фаъолиятҳои сиёсӣ-иҷтимоии Ҳасан ал-Банноро метавон дар се марҳила баён намуд:

Марҳилаи аввал, аз соли 1928 то 1939, ки тамоми саъю талоши вай бар корҳои назарӣ, суханрониҳо, интишори маҷаллот ва фарогир шудани наҳзат дар кишварҳо исломӣ буд;

Марҳилаи дуюм, аз соли 1939 то 1945, ки ба созмондеҳии сиёсии ҷунбиш пардохт;

Марҳилаи сеюм, аз соли 1945 то 1949, ки даврони асаргузории Ихвонул муслимин дар масоили асосии Миср буд, ки бо терур ва шаҳодати вай дар соли 1949 поён ёфт.[6]

Аҳдофи Ҳасан ал-Банно

Ҳасан Ал-Банно талошҳои худро дар се марҳила: "таблиғ”, "ҷазб ва созмондеҳӣ” ва "марҳилаи амалӣ” оғоз намуд.[7] Усуле, ки Ҳасан ал-Банно бар он эътиқод дошт, иборат буданд аз:

1. Иҷтиноб аз ҷидолҳои мазҳабӣ ва фирқаӣ: Аз замоне ки ҷамоати Тақриб байни мазоҳибӣ исломӣ дар Азҳар таъсис шуд ва Шайх Маҳмуд Шалтут ва Оятулло Қуммӣ дар таъсиси он саҳим буданд, ҳамкорӣ байни Ҳасан ал-Банно ва Ихвонул муслимин ва тақрибиён барқарор шуд.[8]

2. Сиёсати қадам ба қадам: Дар нигоҳи ал-Банно, ҷунбиш қабл аз он ки ба ҳадафи хеш бирасад, бояд ин мароҳил: "таблиғ”, "баён ва тафсир”, "амал ва натиҷагирӣ”-ро қадам ба қадам тай намояд;

3. Истифода аз нерӯҳои мухталиф, аммо шаръӣ, барои таҳаққуқи аҳдоф:

4. Барпоии ҳукумати исломӣ: Ихвонул муслимин ҳукуматро барои худ намехоҳад, балки ҳомии касоне мебошад, ки битавонанд масъулияти ҳукуматро бар ӯҳда бигиранд ва қавонини Қуръонро иҷро намоянд ва агар чунин фарде пайдо нашуд, ташкили ҳукумат яке аз барномаҳои Ихвонул муслимин хоҳад буд.

5. Муқовимат дар баробари таҷовузгарон.[9]

Ҷанги ҷаҳонии дуюм ва паёмадҳои Миср, раванди тасоудии нуфузи Ихвонул муслиминро дар Миср густариш дод, ташкилоти Ихвонул муслимин созмонёфтатар ва мавозеи сиёсӣ ва идеулужии он мунсаҷимтар гардид. Баъд аз ҷанг созмон аз вазъи ошуфтаи ҳизби Вафд истифода кард ва худро ба унвони созмони инқилобӣ ва мухолифи низоми мавҷуд муаррифӣ кард ва пойгоҳҳои кудаии ҳизби Вафдро ба суръат тасарруф кард.

Бар асари дасисаҳо ва бархе иқдомоти худсарона, ки баъзе аз афрод дар созмон алайҳи давлат анҷом медоданд, давлат дар соли 1948, бо сенздаҳ маврид иттиҳом ба созмон дар мавриди фаъолиятҳои теруристӣ, тавтиа алайҳи низоми салтанатии Миср, ҷамъоварии муҳиммоти низомӣ ва ғайра созмонро мунҳал эълом кард ва Ҳасан ал-Банно дар тавтиаи созмонёфтае дар феврали 1949 терур гардид.[10]

Ҷонишини Ҳасан ал-Банно

Баъд аз терури бунёнгузори созмон, даврони бӯҳронӣ ва мушкилот барои созмон ҳувайдо гардид ва яке аз илали нокомии созмон, сиёсати адами таҳаммули назарот дар давраи пас аз марги Ҳасан ал-Банно буд. Дар соли 1951 Ҳасан Ҳузаймӣ расман ба унвони муршиди омми Ихвонул муслимин мансуб гардид.

Бархе аз иқдомоти вай аз қабили тағйиру таҳаввул дар созмон, иртиботи вай бо Форуқ, маҳдуд кардани шохаи махфии Ихвонул муслимин ва мухолифати вай бо хушунат, сабаб гардид таорузоте дар созмон рӯй диҳад.

Ҳузаймӣ мӯътақид буд, дини ислом дини раҳмат аст на терур ва хушунат.[11]

Дар ин миён, созмони Афсарони озод (ки баъд аз Малик Форуқ ба сари қудрат нишаст) тасмим гирифт бо созмони Ихвонул муслимин иртибот барқарор кунад ва байни онон паймоне мунъақид гардид, ки Ихвонул муслимин ҳамаи имконоти худро дар ихтиёри созмони Афсарони озод қарор диҳад ва ҳамкорӣ байни онҳо дар соли 1951 ба авҷи худ расид.

Ҷамол Абдунносир ва гурӯҳи вай барои ҷалби ҳимояти тӯдаҳо, бар созмони Ихвонул муслимин такя мекарданд ва дар муқобил, созмон ҳам аз тариқи Афсарони озод ба аслиҳа ва омӯзиши низомӣ даст меёфт. Ҳаводорони Ихвонул муслимин мардумро ба нафъи инқилоб вориди хиёбонҳо карданд. Баъд аз пирӯзии инқилоб дар Миср, таорузот байни ду тараф падидор гашт. Ихвонул муслимин аз давлат дархост намуд дар ҷиҳати аҳдофи исломӣ, ҳаракатҳои худро дар ҷомеа оғоз кунад, вале Ҷамол Абдунносир мӯътақид буд, дин бояд аз сиёсат ҷудо бошад ва мазҳаб робитаи фардӣ байни инсон ва Худост ва набояд дар умури ҷомеа дахолат намояд.

Чун Ҳазмӣ бо ислоҳоти арзии Абдунносир мухолифат кард, Абдунносир ононро ҳомии сармоядорӣ муаррифӣ кард ва эълом намуд ихтилофи вай бо Ихвонул муслимин бар масъалаи иҷрои ислом нест, балки мавзӯи сармоядорӣ мебошад, вале ҳақиқат ин буд, ки Абдунносир намехост ғайр аз ташкилоти вай гурӯҳи қудратманди дигаре дар кишвар бошад.

Давлат дар январи 1954 тибқи қонуни инҳилоли аҳзоб, созмони Ихвонул муслиминро мунҳал кард ва узвият дар онро ғайри қонунӣ донист ва иттиҳомоте ба Ихвонул муслимин ворид кард, ки иборатанд аз: сукути Ҳузаймӣ пас аз инқилоб ва адами ҳимоят аз он, мухолифат бо ислоҳоти арзӣ, мухолифати Ихвонул муслимин бо ташкили горди миллӣ ва нерӯҳои озодибахш ва мулоқоти Ҳузаймӣ бо сафири Англис.[12]

Дар ин замон се ҷиноҳи аслӣ дар Ихвонул муслимин вуҷуд дошт:

Ҷиноҳи аввал Абдурраҳмон ал-Банно бародари Ҳасан ал-Банно, ки тарафдори ҳимоят аз Ҷамол Абдунносир буд;

Ҷиноҳи дуюм, ки Ҳузаймӣ раҳбари он буд, ки мухолифи сиёсатҳои Абдунносир буд;

Ҷиноҳи сеюм, ки миёнарав ва бетараф буда ва дар садади тафоҳум байни ҷиноҳҳо ва давлат буданд.[13]

Ихвонул муслимин дар Миср, ба далели сӯиқасд ба Ҷамол Абдунносир, як бор дар соли 1954 ва бори дигар соли 1965 мавриди таъқиб ва озор қарор гирифт.[14] Дар терури соли 1954, Ҳасан Ҳузаймӣ дастгир шуд ва ҳукми эъдоми вай ба далели пирӣ, ба ҳабси абад табдил ёфт.[15]

Ихвонул муслимин далоили шикасти Абдунносир аз "Исроил” дар ҷанги 1968-ро камтаваҷҷӯҳӣ ба дин дар сиёсатҳои Абдунносир медонистанд ва ин шикастро нишонгари кайфари илоҳӣ ба далели фазои хафақон дар Миср ва ин ки Абдунносир бо як давлати бедин (Шӯравии собиқ) муттаҳид шуда буд, медонистанд.

Анвар Содот дар мувоҷеҳа бо чапиҳо, афроди Ихвонул муслимин аз ҷумла Ҳасан Ҳузаймиро аз зиндон озод кард ва аз онон барои таҳияи пешнависи қонуни асосӣ даъват кард, вале чун Ихвонул муслимин натавонист назароти худро дар қонуни асосӣ қарор диҳад, муборизоти худро аз тариқи порлумон ва васоити иртиботи ҷамъӣ пайгирӣ намуд. Байни солҳои 1970 то 1978 равобити Ихвонул муслимин бо Содот мусолиматомез буд, вале байни солҳои 1978 то 1981, бар асари инъиқоди паймони сулҳи Миср ва "Исроил” (Камп Девид) ва инқилоби исломии Эрон, ин равобит тира гардид ва терури Содот дар соли 1981 ба василаи шохае ҷудошуда аз Ихвонул муслимин сурат пазируфт.

Баъд аз марги Ҳасан Ҳузаймӣ, дар соли 1974, Шайх Умар Тилмасонӣ раҳбари Ихвонул муслимин гардид ва баъд аз даргузашти вай дар соли 1986, Ҳомид Абунаср ҷонишини вай гардид. Вай баъд аз интихоб шудан, номае дар моҳи феврали соли 1986 ба Ҳуснӣ Муборак раиси ҷумҳур фиристод ва дар он масоили дохилӣ ва сиёсати хориҷии кишвари Мисрро мавриди баррасӣ қарор дод, пешниҳодоте ба раиси ҷумҳур ироа кард ва аз давлат хост ҳамкории худро бо "Исроил” мутаваққиф созад ва хостори мушорикати бештари занон дар умури ҷомеа шуд.[16]

Мустафо Машҳур, Маъмун Ҳузаймӣ, Муҳаммад Маҳди Окиф ва Муҳаммад Бадеъ ба тартиб муршидони омми Ихвонул муслимин баъд аз Ҳомид Абунаср мебошанд.

Ташкилоти созмонии Ихвонул муслимин

Ҳайъатҳои раисӣ шомили Муршиди ом, ки раиси кулли ҷамъият аст, Дафтари иршоди ом, ки махсуси ҳайъати идории ҷамъият ва роҳнамоии омӯзиш ва таблиғ мебошад ва Ҳайъати муассисон, ки аз Маҷлиси шӯрои ом ва Маҷмаи умумӣ барои Дафтари иршоди ом ташкил гардидааст, мебошад.

Муршиди ом раиси кулли ҷамъият буда, сарпарасти Дафтари иршоди ом ва раиси Ҳайъати муассисон аст. Дафтари иршоди ом дорои 12 узв буда, ки аз байни аъзои Ҳайъати муассисон интихоб шудаанд. Ҳайъати муассисон, аз аъзои муассиси ҷамъият ташкил мешавад, ки собиқаи онҳо дар амал ба аҳдофи ҷамъият, аз дигарон бештар аст ва вазифаи он роҳнамоӣ ва раҳбарӣ дар таблиғ ва омӯзиш ва чигунагии пешрафти корҳо ва низ интихоби аъзои Дафтари иршоди ом ва ҳисобрасӣ аз корҳои ҷамъият аст.

Вазифаи Дафтари иршоди ом, бедор намудани мусалмонон ва пойбандӣ ба ширкат дар ҷаласот ва ҳифзи асрор мебошад ва дар сурати кӯтоҳӣ аъзо мавриди муохиза қарор мегиранд.

Ҷамъияти Ихвонул муслимин бар ҳасаби манотиқ ва шаҳрҳо, ба шӯъбаҳои мухталиф тақсим мешаванд, ки ҳар кадом аз ин шӯъбаҳо, дорои масъуле ба номи Маҷлиси идорӣ аст, ки ба василаи Маҷмаи умумии ҳар шӯъба интихоб мешавад. Ихвонул муслимин аз назари идорӣ ба се бахш: идораи шӯъба, идораи минтақа ва дафтари идорӣ, ки ҳар се тобеи Дафтари иршоди ом ҳастанд, тақсим мегардад.

Кумитаҳои аслии вобаста ба Дафтари иршод шомили кумитаи молӣ, кумитаи қазоӣ, кумитаи сиёсӣ, кумитаи хадамот, кумитаи масоили фиқҳӣ ва кумитаи омор мебошад. Будҷаи ҷамъият ба василаи ҷамъоварии ҳаққи узвият ва ҳадоё ва авқоф фароҳам мегардад.[17]

Андешаҳои Ихвонул муслимин

Ҳасан ал-Банно манобеи асосии таъолими исломиро Қуръон ва сираи Расули Худо (с) медонист ва таъкид дошт, ки мардум бо такя ба ин ду, ба комравоӣ даст меёбанд ва хоҳони бозгашт ба исломи асил буд, на исломе, ки бо мурури замон дар ҷавомеи мухталиф бар асари нуфузи соҳибони қудрат абзоре барои дастёбӣ ба манофеи онон алайҳи мардум шуда буд; дар ҳоле ки исломи асил тамоми арсаҳои зиндагии инсонро дар ҳар ду ҷаҳон мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳад, ки дар ин сурат онро метавон "мактаби ибодат, ватандӯстӣ, тамаддун, дин, ҳикмат, ахлоқ ва шамшер[18] номид.

Ал-Банно дар интиқод аз касоне ки унвон мекарданд, ки набояд вориди масоили сиёсӣ гардид, эътиқод дошт, усулан ҳадафи ислом барпоии ҳукумати исломӣ ва истиқрори адолат дар ҷомеа мебошад ва бидуни вуруд ба сиёсат, дин наметавонад ба аҳдофи асили худ даст ёбад; агар миллатҳо қасд доранд растгор шаванд бояд қавонини исломиро бо таъкид ба арзишҳои исломӣ иҷро намоянд ва агар дини расмии кишвар ислом аст, тамоми масоили кишвар бояд исломӣ бошад ва ҳамаи ниҳодҳои ҳукуматӣ, қудрати худро бояд аз ислом бигиранд.

Ихвонул муслимин дар ибтидо дорои аҳдофи зайл буд:

1. Озодии Миср дар тамомии заминаҳо;

2. Озодии ҳамаи сарзаминҳои араб;

3. Талош дар роҳи ваҳдати ҷаҳони ислом.[19]

Дар мавриди таҷовуз ба сарзамини исломӣ ин эътиқод вуҷуд дошт, ки сарзамини исломӣ сарзамини воҳид мебошад ва таҷовуз ба ҳар бахши он, таҷовуз ба кулли сарзаминҳои исломӣ мебошад ва ислом таъкид менамояд, ки худи мусалмонон бояд барои сарнавишти ниҳоии худ тасмим бигиранд ва агар касе ба сарзаминҳои исломӣ таҷовуз намуд, ба унвони ғосиб бояд бо он муқобила кард. Дар ин росто, талошҳои фаровони Ихвонул муслимин ба нафъи фаластиниҳо дар ҷаҳони араб, бо боздиди Абдурраҳмон ал-Банно бародари Ҳасан Ал-Банно аз Фаластин дар соли 1935 оғоз гардид ва баъҳо гурӯҳҳое барои омӯзиши низомӣ вориди Фаластин гардиданд.[20]

Абдурраҳмон ал-Банно Ихвонул муслиминро ҷунбише барои ислоҳи комил ва бозсозии фикрӣ-иҷтимоии ҷомеа ба унвони наҳзате барои бозгашт ба исломи воқеӣ ва истиқрори комили ҷомеаи исломӣ медонист[21] ва таъкиди идеулужики Ихвонул муслимин бар ҷаҳоншумулии ислом, таъкид ба бозгашт ба исломи воқеӣ ва таъкид бар амалӣ будани таҳаққуқи низоми исломӣ дар ҳамаи маконҳо ва замонҳо мебошад.

Умар Тилмасонӣ дигар раҳбари ҷунбиш, исломро мубаллиғи имон, ибодат, ишқ ба миҳан, фарҳанг, қонун ва қудрат медонист, ки як системаи комил барои идораи тамоми зиндагии инсонро таҳти пӯшиш ва роҳнамоӣ қарор медиҳад ва ба ҳамин далел аст, ки мардум барои ҳалли мушкилоти худ ба сӯи ислом гароиш меёбанд. Вай дар тавҷеҳи касби қудрат аз сӯи Ихвонул муслимин мӯътақид аст: "Нахустин ҳалқаи қудрат, марбут ба қудрати имон ва эътиқод аст, дуюмин ҳалқа аз ваҳдат ва ҳамдилӣ ношӣ мешавад ва сеюмин ҳалқа, қудрат ба силоҳ ва нерӯи физикӣ мебошад. Агар қудрати имон вуҷуд надошта бошад ва муслимин дар ифтироқу парокандагӣ басар баранд, иттико ба силоҳ метавонад ба вайронӣ ва мусибат бианҷомад. Ихвонул муслимин хостори инқилоб нест ва ба короӣ ва судмандии он низ бовар надорад. Ихвон қудратро барои худ намехоҳад ва агар дар миёни уммати исломӣ касеро биёбад, ки битавонад бори сангини масъулияти ҳукумат бар асоси усули исломиро бар дӯш бикашад, ба сарбозии ӯ зиммат хоҳад баст ва аз вай ҳимоят хоҳад намуд ва агар чунин фардеро наёбад, он гоҳ талош хоҳад кард то барномаи хосси худро амалӣ кунад”.[22]

Ин суханони вай, ки Ихвонул муслимин хостори инқилоб нест, ба ҳукумати Миср умедворӣ медод, ки Ихвонул муслимин қасд надорад бо хушунат ба мубориза бо давлат барои дастёбӣ ба аҳдофи худ иқдом намояд, дар ҳоле ки исломгароёни ифротӣ дар дохили созмон (ки баъдҳо аз он ҷудо шуданд), решаи ҳамаи мушкилоти ҷомеаи Мисрро дар системаи ҳукуматии Миср дониста ва хостори сарнагунии он буданд. Онон Ихвонул муслиминро муттаҳам мекарданд, ки асли ҷиҳодро тарк карда ва ба сӯи ҳамкорӣ бо давлат гароиш ёфтаанд. Ин афрод баъдҳо аз Ихвонул муслимин ҷудо шуда, ҷунбишҳои радикалие чун Ҷиҳоди исломии Мисрро ба вуҷуд оварданд.[23] Вале раҳбарони Ихвонул муслимин таъкид доштанд, ки дини расмии кишвар дар қонуни асосӣ ислом мебошад ва аз сӯи дигар, истеъморгарон дар кишвар вуҷуд надоранд, ки даст ба муборизаи мусаллаҳона алайҳи онон бизананд.

Умар Тилмасонӣ мӯътақид буд, Ихвонул муслимин моил аст ҳақиқати ислом дар ҷаҳон густариш ёбад. Вай монанди бунёнгузори Ихвонул муслимин эътиқод дошт, ки ислом бо ҳар гуна фирқагароӣ ва ихтилофоти мазҳабӣ мухолиф буда ва ҳадафи аслӣ иттиҳод байни мусалмонон барои дастёбӣ ба аҳдофи бузургтаре мебошад.[24]

Ва ин ҳама дар ҳолест, ки Саид Қутб яке аз мутафаккирони Ихвонул муслимин, эътиқод дошт, имони воқеӣ ба ислом, бо таслими комил дар муқобили иродаи Худованд мебошад ва ҷомеаҳои мавҷуд, ҷомеаи ҷоҳилӣ аст. Аз дидгоҳи Саид Қутб, ҷаҳон ба ду қутб: дорулислом ва дорулҳарб тақсим мешавад. Дорулислом, ҷомеае аст, ки дар он давлати исломӣ барқарор мебошад ва ҳудуди илоҳӣ дар он иҷро мегардад. Дар муқобил, тамоми сарзаминҳое, ки дар он бо ақидаи як мусалмони ҳақиқӣ мубориза мешавад ва таъолими ислом риоят намешавад, Дорулҳарб мебошад, агарчи мусалмонон дар онҷо зиндагӣ кунанд. Вазифаи мусалмони воқеӣ, мубориза бо ин вазъият ва табдили вазъият ба ҷомеаи исломӣ мебошад ва ҳадафи ниҳоии мусалмонон, истиқрори ҳукумати Худо дар замин мебошад. Саид Қутб мӯътақид буд, аз он ҷо ки амали мусалмон ҳамеша амри бунёдӣ мебошад, бояд дар пайи ташкили як ҷомеаи ақидатӣ баромад ҳарчанд ки он кӯчак бошад ва итоат аз ҳоким дар қавонини исломӣ, ба далели худи шахс ва ҷойгоҳи вай дар ҷомеа нест, балки итоат аз вай, ношӣ аз табаияташ аз қонуни илоҳӣ мебошад. Имрӯза, Ихвонул муслимин дидгоҳҳои тунди Саид Қутбро намоёнгари дидгоҳҳои Ихвон намедонанд.

Ҳомид Абунаср монанди Умар Тилмасонӣ зимни мухолифат бо хушунат, ҳадафи аслии Ихвонул муслимин дар Мисрро эҷоди як давлати исломӣ медонист, ки бар асоси усули шариат идора шавад ва истиқрори ҳокимияти илоҳӣ ба маънои озодии башар мебошад. Ихвонул муслимин демукросиро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳад ва аз он ҳимоят мекунад. Онон густариши озодиҳои демукротикӣ ва истиқрори системаи чандҳизбиро барои Миср як зарурат медонанд ва мӯътақиданд, ки тавоноии як давлати нерӯманд, дар қудрати низомӣ ва саркӯби мардум намебошад, балки дар озодиҳои маданӣ ва эътимоди мардум ба давлат мебошад.

Мустафо Машҳур, яке дигар аз раҳбарони Ихвон, мӯътақид аст, ки табдил шудани Ихвонул муслимин ба ҳизб, ба беҳбуди равобити он бо давлат кӯмаки зиёде мекунад ва муборизоти интихоботӣ, ба мардум нишон медиҳад, ки ислом фақат дини ибодат нест, балки тамоми арсаҳои зиндагии фардро фаро мегирад. Ихвонул муслимин бо истифода аз як коноли расмӣ беҳтар метавонад ба аҳдофи асосии худ даст ёбад.[25]

Ин афкор ва гароиш ба андешаи ҳизбӣ, бо афкор ва ормонҳои Ҳасан ал-Банно, ки хостори манофеи куллии уммати исломӣ буд, дар таоруз мебошад. Раҳбарони аввалияи Ихвонул муслимин хостори инҳилоли ҳамаи аҳзоби сиёсӣ (ба далели ин ки эҷоди бисёре аз аҳзоб бар асоси аҳдофи фардӣ ва на масолеҳи умумӣ мебошад) дар Миср буданд.

Ихвонул муслимин мӯътақид буданад, ки Алазҳар дар ростои аҳдофи худ дар муаррифии ислом ба мусалмонон, дучори кӯтоҳӣ гардида ва ба вазифаи воқеии худ амал накарда ва ин қусур мунҷар ба инҳироф дар арсаҳои мухталиф дар ҷомеаи муслимин шудааст ва иллати ин нокомӣ, дар таълимот ва омӯзиши Алазҳар аст, ки ба равиши қадимӣ ва суннатӣ буда ва посухгӯи ниёзҳои мусалмонони имрӯз намебошад. Исломи бетаҳарруки Алазҳар мавриди қабули тамоми истеъморгарон ва ҳуккоми фосид мебошад.

Ихвонул муслимин  яке аз омили ақибмондагӣ ва нокомии ҷомеаи Мисрро ҷудоии дин аз сиёсат медонист. Ба ақидаи онон, муборизаи сиёсӣ бояд ба унвони як вазифаи асосӣ барои расидан ба ормонҳои ҷомеаи исломӣ ба кор бурда шавад ва ислом фақат барои ибодати фардӣ намебошад, балки чорчӯби зиндагӣ дар иҷтимоъро матраҳ месозад. Фасод ва инҳироф дар ҷомеаи исломӣ ношӣ аз ғафлат дар омӯзиши таъолими исломӣ ва ривоҷи арзишҳои бегона дар ҷомеа мебошад; ва роҳи ҳалли он, бозгашт ба исломи воқеӣ мебошад, на исломе, ки қарнҳо бар асари нуфузи ҳукком таҳриф шудааст ва андешаи касоне ки исломро фақат як дини ибодӣ медонанд ё касоне, ки хостори ҷудоии дин аз сиёсат мебошанд, таҳти таъсир аз афкори рӯшанфикрони ғарбӣ ё афроде, ки шинохти дурусте аз аҳком надоранд аст.

Ҳадафи ниҳоии Ихвонул муслимин барқарории як ҳукумати исломӣ мебошад ва дар дидгоҳи онҳо, муҳимтарин асос, як ҳукумати илоҳӣ бо меҳварияти шариат мебошад; албатта эҷоди як кишвари мусалмон танҳо хостаи Ихвонул муслимин набуд, балки ҳадафи аслии онон, сарнавишти ҷомеаи муслимин буд, онон бозгашт ба Қуръонро як вазифаи шаръӣ ва барои ҳифзи ҷомеаи исломӣ дар баробари инҳирофот медонистанд.[26] Илова бар Қуръон, аз суннат, иҷмоъ, қиёс ва орои муҷтаҳидин ҳам метавон истифода кард, бинобар ин, бояд мутобиқ бо ниёзи замон аҳкомро баррасӣ ва тафсир кард. Онон дар бораи ҷомеият ва қобили иҷро будани қавонини илоҳӣ дар тамоми замонҳо ва маконҳо назароти хоссе доштанд. Ба таври мисол, дар мавриди буридани дасти дузд, мӯътақид буданд, амали дузд баъд аз ин ки ҷомеа тамоми ниёзҳои ӯро фароҳам кард, муставҷиби буридани даст мегардад, на ин ки бидуни дар назар гирифтани вазъияти ҷомеа, битавон ҳадди сирқатро ҷорӣ кард ва то вақте ҷомеаи исломии воқеӣ вуҷуд надорад, ин қавонин набояд иҷро гардад.

Ҳарчанд Ихвонулмуслимин ба унвони як созмони мамнуъ иҷозаи ширкат дар интихоботро надоранд, аммо ба сурати мустақил дар он он ширкат мекунанд ва дар солҳои паёпай тавонистанд курсиҳоеро дар порлумон ба даст оваранд. Ҳусни Муборак дар соли 1995 иддае аз раҳбарон ва кадри аслии Ихвонул муслиминро ба иллати ин ки барои муборизони исломгаро пӯшиши сиёсӣ фароҳам мекунанд, ба зиндон маҳкум кард.

Ихвонулмуслимин ба унвони куҳантарин созмони бунёдгаро, дар бештари кишварҳои арабӣ ва исломӣ таъсири басазое доранд. Имрӯза бештари аҳзоби сиёсии исломӣ дар ҷаҳони ислом, ба наҳве мутаассир аз дидгоҳҳои Ихвонул муслимин мебошанд.

Кимиёи саодат


[1] Аҳмад Мувассақӣ, Ҷунбишҳои исломии муосир, Теҳрон, Самт, 1995, саҳ 95; Муҳаммадҷаводи Соҳибӣ, Андешаҳои ислоҳӣ дар наҳзатҳои исломӣ, Теҳрон, Кайҳон, 1991, саҳ 8.

[2] Алимуҳаммади Нақавӣ, Муқаддимае бар наҳзатшиносӣ (аз Ҳасан Албанно то Холид Исломбулӣ), Теҳрон, Муассисаи таҳқиқот ва интишоротии Нур, 1401 ҳ.қ, саҳ 23; Ҳамиди Иноят, Сайре дар андешаи сиёсии араб, Теҳрон, Амири Кабир, 1358 ҳ.ш, саҳ 241.

[3] Манбаи пешин, саҳ 47.

[4] Исҳоқ Мӯсо Ҳусейнӣ, Ихвонул муслимин, Теҳрон, 1978; Муҳаммад Қутб, Бедории уммӣ, Теҳрон, 1995, саҳ 44.

[5] Баҳмани Оқоӣ ва Хусрави Сафавӣ, Ихвонул муслимин, Теҳрон, 1986, саҳ 19.

[6] Гавҳари ҷунбиши Ихвонул муслимин боқӣ хоҳад монд, рӯзномаи Ҷоми Ҷам, 23/11/1379 ҳ.ш.

[7] Баҳмани Оқоӣ ва Хусрави Сафавӣ, Ихвонул муслимин, Теҳрон, 1986, саҳ 19.

[8] www.shareh.com/Personalities/076.htm ; www.ghadeer.org/SiyASI/J-faddaee/m-140014.htm

[9] Ҳасан Худрон, Ихвонул муслимин.

[10] Калим Сиддиқӣ, Масоили наҳзатҳои исломӣ, Теҳрон, 1375 ҳ.ш, саҳ 170.

[11] Исҳоқ Мӯсо Алҳусайнӣ, саҳ 199; Алимуҳаммад Нақавӣ, саҳ 188.

[12] Манбаи пешин, саҳ 234.

[13] Манбаи пешин, саҳ 241.

[14] Ҳамиди Иноят, Ислом ва сотсиализм дар Миср ва се гуфтори дигар, Теҳрон, 1350 ҳ.ш, саҳ 30.

[15] Исҳоқ Мӯсо Алҳусейнӣ, саҳ 248.

[16] Ҳафтаномаи Беъсат, шумораҳои 3, 4, 23, 30 соли 1366 ҳ.ш ва соли ҳафтӯм, шумораи 11, 4/3/1365 ҳ.ш.

[17] Камол Ҳоҷсаид Ҷаводӣ, саҳ 36 то 56.

[18] Исҳоқ Мӯсо Алҳусайнӣ, саҳ 114.

[19] Манбаи пешин, саҳ 119.

[20] Баҳман Оқоӣ ва Хусрави Сафавӣ, саҳ 74.

[21] Алимуҳаммади Тақавӣ, саҳ 66.

[22] Тилмасонӣ, Стротежӣ ва аҳдофи Ихвонул муслимин.

[23] Ихвонул муслимин бар сари дуроҳӣ; инқилоб ё ислоҳот.

[24] Масоили Эрон ва инқилоби Миср аз дидгоҳи муршиди омми Ихвонул муслимин.

[25] Стротежӣ ва аҳдофи Ихвонул муслимини Миср, саҳ 3.

[26] Баҳман Оқоӣ ва Хусрав Сафавӣ, саҳ 17.

Бахш: Машоҳири исломӣ | Просмотров: 1277 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz