Ҷумъа, 29.03.2024, 15:25
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 21 » Чаро садои мардум дер ба гӯшашон мерасад?
Чаро садои мардум дер ба гӯшашон мерасад?
03:35

Сайидюнуси Истаравшанӣ

"Миллат! Садои шумо ба гӯшам расид”. Ин, охирин сухани Зайнулобидин бен Алӣ, раиси барканоршуда ва фирории Тунис, барои мардумаш буд. Аммо фикр намекард, ки дигар дер шудааст ва акнун ин мардум ҳастанд, ки ба гӯшашон садои ӯ намерасад.

Эй кош, андаке зудтар, садои мардум ба гӯши ин мард мерасид! Намедонам, чаро руасои худкома чун Бен Алӣ ва даҳҳо амсоли вай, ки дар ҷаҳон андак ҳам нестанд, дер мефаҳманд? Шояд иллаташ беақлӣ ва ҳамоқати онон бошад. Воқеан беақл ва аҳмақанд. Агар оқил буданд ва заррае хирад доштанд, ҳаргиз худкома намешуданд. Инсони беақл ва аҳмақ, вақте дорои қудрат мешавад, ҳама чизро фаромӯш мекунад. Қудрат ӯро чунон маст ва ба як хоби ғафлат мебарад, ки дигар фикр мекунад, ӯ ҳамакора аст ва фақат ҳамин мемонад, ки бигӯяд, "ман худоям”. Албатта, буданд ва ҳастанд касоне ки иддаои худоӣ ҳам кардаанд.

Қуръони Карим дар бораи Фиръавн ва ин ки мастии қудрат ӯро то ба ҳадди иддаои худоӣ намудан бурда буд ва ин ки чӣ саранҷоми шуме гиребонгираш гардид нақл мекунад. Фиръавн ҳам, дар поёни кор, дуруст мисли Бен Алӣ, аз корҳои кардааш пушаймон шуд ва изҳори надомат кард. Аммо замоне изҳори пушаймонӣ намуд, ки дигар дер шуда буд:

"...Мӯсо ва Ҳорунро бо нишонаҳои хеш ба сӯи Фиръавн ва меҳтаронаш фиристодем. Онон гарданкаш ва мардуме ҷинояткор буданд... Ҳамоно Фиръавн дар замин саркаш ва бартариҷӯй ва аз газофкорон буд. Мӯсо (хитоб ба Бани Исроил) гуфт: эй қавми ман! Агар ба Худо имон овардаед, бар ӯ таваккул кунед агар мусалмонед. Гуфтанд: бар Худо таваккул кардем. Парваридигоро! Моро мояи озмуни гурӯҳи ситамкорон (ва дастхуши шиканҷа ва озори онҳо) қарор мадеҳ ва ба меҳру бахшоиши худ аз гурӯҳи кофирон бираҳон... (Ва Мӯсо гуфт:) Худовандо! Молҳои (Фиръавну меҳтаронашро) нобуд кун ва бар дилҳояшон сахт банд неҳ, ки имон наёваранд то азоби дарднокро бибинанд. Худо гуфт: дуои шумо ду тан (Мӯсо ва Ҳорун) иҷобат шуд, пас устувор бошед ва ҳаргиз аз роҳи нодонон пайравӣ макунед. Ва фарзандони Исроилро аз дарё гузарондем, пас Фиръавн ва сипоҳиёнаш аз роҳи ситам ва саркашӣ ва таҷовуз, ононро дунбол карданд то чун ғарқоб ӯро бигирифт, гуфт: "Имон овардам, ки худое ҷуз Худое, ки фарзандони Исроил ба ӯ имон овардаанд нест ва ман аз гардан ниҳодагонам”. Оё акнун? Ва ҳол он ки пеш аз ин нофармонӣ кардӣ ва аз табаҳкорон будӣ?...” (Юнус/75-91).

Кимиёи саодат

Бахш: Достонҳои ибратангез | Просмотров: 1059 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz