Ҷумъа, 19.04.2024, 04:39
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 16 » Бидъат чист?
Бидъат чист?
15:19

Пурсиш:

Ассалому алайкум,

Як савол доштам, ки ҷавоб медодед. Назари шумо дар бораи азодории шиаҳо дар Ошуро чист? Баъзе уламо азодории шиаҳоро бидъат медонанд. Барои далел мегӯянд, ки на ҳазрати Пайғамбар (а) ва на саҳобаҳо ва на тобеин азодорӣ накардаанд. Назари худро дар ин хусус баён кунед.

Бо эҳтиром Фарҳод.

Посух

Ва алайкум салом, бародари гиромӣ Фарҳод.

Дар посух ба пурсиши шумо, пеш аз ҳама лозим аст мафҳуми бидъат ва назари ислом дар бораи онро тавзеҳ, сипас дидгоҳи саҳеҳ роҷеъ ба бузургдошти Ошуро тавассути мусалмонони шиаро табйин кунам.

Бидъат чист?

Бидъат дар луғат ба маънои "ҳар гуна навоварии хуб ё бад” аст ва дар истилоҳи шариат "дохил кардани он чи аз дин нест дар дин” аст. Яъне, ҳар гоҳ чизеро, ки ҷузъи дин нест дар дин ворид кунем ва онро ба унвони дастури илоҳӣ бишуморем, бидъат гузоштаем.

Навовариҳо метавонад се гуна бошад:

1. Навоварӣ дар умури сад дар сад урфӣ, ки ҳеҷ иртиботе ба масоили шариат надорад, монанди навовариҳои марбут ба санъатҳо, ихтироот ва улуми табиӣ, ки дар замони ҳаёт ва асри паёмбари ислом, саҳоба ва тобеин низ будааст. Зеро қофилаи улум ва ихтироот ҳеҷ гоҳ мутаваққиф намешавад. Ин гуна бидъатҳо ва навовариҳо ҷузъи навовариҳо ва бидъатҳои муфид ва созанда аст, зеро ҳамаи уқалои ҷаҳон аз ҳар падидаи муфиде, бидуни таассуб, истиқбол мекарданд, аз ҳар қавму миллате, ки буда бошад;

2. Навовариҳои урфӣ перомуни мавзӯоти шаръӣ бе он ки нисбат ба шариат дода шавад, мисли бинои масҷид бо як кайфияти хос, манораҳо, меҳробҳо, кошикориҳо, катибаҳо, истифода аз баландгӯ (микрофон) барои азон ва садҳо аз ин қабил.

Бе тардид, ҳеҷ як аз инҳо дар асри паёмбари ислом (с) набуд. Оё ҳеҷ кас мегӯяд, инҳо бидъат ва ҳаром аст? Дар ҳоле ки тамоми масоҷиди муслимин ҳатто дар Арабистони Саудӣ пур аз инҳост.

Ин гуна навовариҳо умурест урфӣ аммо дар канори масоили шаръӣ, ки он ҳам, барои суҳулат дар кор ё рафъи мушкилот оварда шудаанд ва ҳеҷ кас онро ба унвони як дастури хосси шаръӣ намешиносад ва бидъат – ба маънои ҳароми он – намедонад.

Ва ё масалан, ташкили ҷаласаҳо, озмунҳо ва мусобақоти қуръонӣ ва интихоби беҳтарин қориҳо ва ҳофизон ва муфассирони Қуръон, аз ин навъ бидъатҳо аст; яъне навовариҳое аст урфӣ перомуни мавзӯоти шаръӣ бидуни он ки ба шариат нисбат дода шавад. Яъне гуфта шавад, мо мусобақаи қуръонӣ баргузор мекунем, ба ин хотир ки паёмбар (с) чунин кардаанд.

Оре, ҳеҷ як аз инҳо дар асри паёмбар (с) ва саҳоба набуда, балки навовариҳое аст, ки барои пешрафти мақосид ва аҳдофи динӣ дар назар гирифта мешавад, бе он ки бигӯем, ҷузъи дин аст.

Ҳамчунин эҳтиром ба гузаштагон аз тариқи ташкили маҷолиси фотеҳахонӣ ба арвоҳи эшон низ аз ин навъ навовариҳост. Ва ё ташкили ҳамоишҳои динӣ ва ҷаласоти накӯдошт барои бузургони дину фарҳанг ва ё ҷашнҳои таваллуд барои пешвоёни дин, аз ҷумла ҳазрати паёмбар (с) ва умуре дигар аз ин қабил, ки сабаби азамати ислом ва муслимин ва мӯҷиби маърифат ва шинохти бештари онон мегардад-ро низ метавон аз ҳамин навъ бидъат ва навовариҳои хуб донист.

Мо мусалмонони Тоҷикистон масалан, бо баргузории ҷашни таваллуди ҳазрати паёмбар (с) дар муҳити худ, борҳо таҷруба кардаем, ки ин гуна барномаҳои урфӣ, мавҷе аз огоҳӣ ва бедорӣ дар ҳама, ба хусус насли ҷавон бармеангезад ва сабаби ҳаракати онҳо ба сӯи маорифи қуръонӣ ва исломӣ ва таваҷҷӯҳ ба умури динӣ мешавад ва бе тардид таътили ин гуна барномаҳо хасорати бузурге бар муслимин ворид мекунад.

Ба ҳар ҳол, инҳо як силсила умури урфӣ аст, ки ҳеҷ кас ҳангоми анҷоми ин умур намегӯяд, ки Худованд ё Расули Худо (с) чунин дастуреро додааст.

Бинобар ин, ҳаргиз наметавон номи бидъат – ба маънои ҳароми он – ро бар онҳо гузорид ва ба унвони "Ҳар бидъате гумроҳӣ аст”, онҳоро навъе залолат ва гумроҳӣ қаламдод кард.

3. Навъи дигаре вуҷуд дорад, ки ҳамон бидъати ҳаром аст. Яъне, ҳарими динро шикастан ва ҳукме ба номи дин аз пеши худ вазъ кардан, ё ҳукме бар аҳкоми динӣ афзудан, ё ҳукмеро кам кардан.

Ин аст бидъати ҳаром, ки гумроҳӣ дониста шуда ва барои анҷомдиҳандааш азоби илоҳӣ ваъда шудааст. Аммо бархе аз ҷоҳилон, ба хотири камиттилоӣ аз фиқҳи исломӣ ва илми усули фиқҳ, миёни ин се навъ навоварӣ натавонистаанд фарқ бигузоранд ва гирифтори иштибоҳи сахте шудаанд ва бародарони мусалмони худро бо андак чизе муттаҳам ба "бидъат” мекунанд, ҳамон гуна ки ба содагӣ онҳоро муттаҳам ба "ширк” менамоянд.

Азодорӣ дар Ошуро

Акнун посухи пурсиши шумо. Бузургдошти Ошуро ва баргузории маҷолиси азодорӣ тавассути мусалмонони шиа дар ин рӯз, аз навъи дуюми навоварӣ аст, ки як амали урфӣ дар заминаи мавзӯи динӣ мебошад, ки гуфтем ба ҳеҷ ваҷҳ аз навъи бидъати ҳаром маҳсуб намешавад. Зеро касе аз шиаён бо ин кори худ, на як ҳукм ба унвони ҳукми шариат аз пеши худ вазъ кардаанд ва на ҳукме бар аҳкоми мавҷуди илоҳӣ изофа кардаанд ва на ҳукмеро кам кардаанд, ва ба иборати дигар, чизеро, ки аз дин нест ба дин ворид накардаанд. Дуруст мисли баргузории ҷашнҳои мавлуд барои ҳазрати паёмбар (с), ки дар муҳити мо баргузор мешавад, гарчи бархе тангназарон ҷашни мавлудро ҳам бидъати ҳаром медонанд. Ва ё мисли баргузории мусобақоти қуръонӣ, ки мусалмонон баргузор мекунанд. Ҳама медонем, ки дар замони паёмбар (с) ва ё саҳоба ин гуна мусобақот баргузор намешуд, баъдан оварда шуд, аммо касе онҳоро бидъати ҳаром қаламдод накардааст ва намекунад.

Албатта лозим ба ёдоварист, ки худи шиаён мӯътақид ҳастанд, ки имомонашон барои Имом Ҳусайн азодорӣ мекардаанд ва феъли имом пеши онҳо далел аст. Ҳамчунин бо истинод ба бархе ривоятҳо, мегӯянд, ки ҳатто худи паёмбар (с) барои Имом Ҳусайн гиристааст.

Ин нуктаро ҳам мехоҳам ёдовар шавам, ки албатта баъзе аз аъмоле, ки дар ин рӯз бархе аз шиаён мекунанд; мисли занҷирзанӣ ва ё қамазанӣ ва ё бардоштани оҳанолот, инҳо қатъан аъмоли дурусте нестанд, зеро мӯҷиби зарар бар бадани инсон мешаванд, ва ҳар чи зараровар аст, аз назари ислом ҳаром мебошад. Яъне ин аъмол, ба унвони зарар ҳаром маҳсуб мешаванд. Бархе аз мароҷеи динии шиаён ҳам қамазаниро ба ҳамин хотир ҳаром донистаанд, чун ҳам зарар бар бадан аст ва ҳам мӯҷиби ваҳни ислом аст.

Комёб бошед

Кимиёи саодат

Бахш: Пурсишу посухҳои фиқҳӣ | Просмотров: 2512 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz