Панҷшанбе, 18.04.2024, 20:51
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Май » 4 » Бадии дигаронро ба шевае, ки некӯтар аст дур кун...
Бадии дигаронро ба шевае, ки некӯтар аст дур кун...
23:36

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Хушбархӯрддорӣ, мулойимат ва нармӣ дар муомила бо мардумон, ҳар касе ки набошад, чи диндор бошад ва чи бедин, яке аз дастуроти ботаъкиди ислом ба мусалмонон аст.

Исломи азиз, моро дастур медиҳад, ки ҳатто бо касе ки сари душманӣ дорем, хушбархӯрд бошем, ва он гоҳ ҳамин некрафтории мо чи басо боиси наздикӣ ва тарки адоват аз ҷониби вай бо моён гардад:

"Некӣ ва бадӣ баробар нест, (аз ин рӯ, бадии дигаронро) ба шевае, ки некӯтар аст дур кун, ки (агар чунин кунӣ) он гоҳ касе ки миёни ту ва ӯ душманӣ аст, ҳамчун дӯсте наздик ва меҳрубон гардад”. (Фуссилат/34).

Қуръони карим, иллати ин ки мардумон бо нахустин бархӯрд бо паёмбари акрам (с), зуд маҷзуби он ҳазрат (с) мешуданд ва ҳам ин ки ислом дар як муддате андак дар саросари гетӣ мунташир шуд, ахлоқи волои он ҷаноб (с) ва тарбиятёфтагони мактаби ӯ дар муомилаи некӯ бо мардумон ёдовар шудааст:

"(Эй паёмбар!) Ба меҳру башойише аз Худост, ки барои эшон нарм шудӣ, ва агар дуруштхӯйи сангдил будӣ, аз гирди ту пароканда мешуданд. Пас, аз онон даргузар ва барои эшон омурзиш бихоҳ...” (Оли Имрон/159).

Достони аҷибе хондам. Мехоҳам онро ҳикоят кунам. Рӯзе араби биёбонӣ вориди Мадина шуд ва яксара ба масҷид омад то аз Расули Худо (с) симу зарре бигирад. Ҳангоме ворид шуд, ки ҳазрати паёмбари акрам (с) дар миёни анбӯҳе аз асҳобу ёрони худ машғули коре буд. Аъробӣ ҳоҷати хешро изҳор кард ва атое хост. Расули акрам (с) чизе ба ӯ дод, вале ӯ қонеъ нашуд ва онро кам шумурд, ба илова сухани дурушт ва ноҳамворе бар забон овард ва нисбат ба Расули Худо (с) бе адабӣ кард.

Асҳоб ва ёрон сахт ба хашм омаданд ва андаке намонда буд, ки озоре ба ӯ бирасонанд, вале Расули Худо (с) монеъ шуд.

Ҳазрати паёмбари гиромӣ (с) баъдан аъробиро ба хона бурд ва миқдоре дигар ба ӯ кӯмак кард, зимнан аъробӣ аз наздик мушоҳида кард, ки вазъи Расули Худо (с) ба вазъи руасо ва ҳуккоме ки то кунун дидааст шабоҳат надорад ва зарру зеваре ҳам барои худ ҷамъ накарда.

Аъробӣ изҳори ризоят кард ва калимаи ташаккуромез бар забон ронд. Дар ин вақт Расули Худо (с) ба ӯ фармуд: "Ту дирӯз сухани дурушт ва ноҳамворе бар забон рондӣ, ки мӯҷиби хашми асҳобу ёрони ман шуд. Ман метарсидам аз ноҳияи онҳо ба ту газанде бирасад, вале акнун дар ҳузури ман ин ҷумлаи ташаккуромезро гуфтӣ, оё мумкин аст ҳамин ҷумларо дар ҳузури ҷамъият бигӯӣ то хашму нороҳатие, ки онон нисбат ба ту доранд, аз байн биравад?”

Аъробӣ гуфт: "Монеъе надорад, мегӯям”.

Рӯзи дигар аъробӣ ба масҷид омад, дар ҳоле ки ҳама ҷамъ буданд. Расули Худо (с) рӯ ба ҷамъият кард ва фармуд: "Ин мард изҳор медорад, ки аз мо розӣ шуда, оё чунин аст?”

Аъробӣ гуфт: "Оре, чунин аст”, сипас ҳамон ҷумлаи ташаккуромез, ки дар хилват гуфта буд такрор кард. Асҳоб ва ёрон хандиданд.

Дар ин ҳангом Расули Худо (с) рӯ ба ҷамъият кард ва фармуд: "Масали ман ва ин гуна афрод, масалаи ҳамон мардест, ки шутураш рамида ва фирор мекард, мардум ба хаёли ин ки ба соҳиби шутур кӯмак бидиҳанд, фарёд карданд ва ба думболи шутур давиданд. Он шутур бештар рамид ва фироритар шуд. Соҳиби шутур мардумро бонг зад ва гуфт, хоҳиш мекунам касе ба шутури ман коре надошта бошад, ман худам беҳтар медонам, ки аз чӣ роҳ шутури хешро ром кунам.

Ҳамин ки мардумро аз таъқиб боздошт, рафт ва як каф алаф бардошт ва ором-ором аз пеши шутур берун омад бидуни он ки наърае бизанад, фарёде бикашад ва бидавад, тадриҷан дар ҳоле ки алафро нишон медод ҷилав омад. Баъд ба осонӣ лаҷоми шутури хешро дар даст гирифт ва равон шуд.

Агар дирӯз ман шуморо озод гузошта будам, ҳатман ин аъробии бечора ба дасти шумо кушта шуда буд - ва дар чӣ ҳоли баде кушта шуда буд; дар ҳоли куфр ва бутпарастӣ – вале монеи дахолати шумо шудам ва худам бо нармӣ ва мулойимат ӯро ром кардам”.[1]

http://kemyaesaadat.com/


[1] Достони Ростон, саҳ 24-27.

Бахш: Ахлоқи исломӣ | Просмотров: 1093 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz