Ҷумъа, 29.03.2024, 12:02
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Феврал » 24 » Қаззофӣ; аз фароз то фуруд
Қаззофӣ; аз фароз то фуруд
01:43

Муаммар Муҳаммад Абдусалом Абуминёр Ал-Қаззофӣ аз қабилаи Қазозифа, дар соли 1942 дар рустое ба номи Ҷаҳаннам ба дунё омад ва дар соли 1969 бо анҷоми кудатои сафед ба ҳамроҳи афсарони дигар, ки худро ба табаият аз афсарони озоди Миср, "Афсарони Озод” хонда буданд, ба қудрат расид.

Сарҳанг Муаммар Абуминёр Қаззофӣ, раҳбари Либӣ, ва он гуна ки худ иддао мекунад, раҳбари инқилоби мардумии ин кишвар ва фармондеҳи нирӯи мусаллаҳи Либӣ, раёсати Шӯрои раҳбарии инқилоби Либиро аз соли 1969 то соли 1977 ба даст дошт. Қаззофӣ яке аз диктотуртарин раҳбари ҷаҳон аст. Кишвари Либӣ аз он замон ки аз императории Усмонӣ (соли 1951) ҷудо шуд, то кунун, ҳокиме тӯлонитар аз Қаззофӣ надидааст.

Қаззофӣ дар соли 1969 бо анҷоми кудатои сафед ба ҳамроҳи афсарони дигар, ки худро ба табаият аз афсарони озоди Миср, "Афсарони Озод” хонда буданд, ба салтанати подшоҳи Либӣ Идрис Сасусӣ поён дод ва худ қудратро дар кишвар ба даст гирифт.

Зиндагии шахсӣ

Муаммар Абдусалом Абуминёр Қазофӣ аз қабилаи Қазозифа дар соли 1942 дар рустое ба номи Ҷаҳаннам дар наздикии Шуайб Алкароӣ дар минтақаи Серт ба дунё омад. (Шӯхӣ намекунем, воқеан дар рустое бо чунин исм ба дунё омадааст.)

Таҳсилоти ибтидоии худро дар ҳамон русто ба поён расонд ва сипас ба шаҳри Сабҳо ба ҷануби Либӣ рафт ва пас аз издивоҷ бо ҳамсари аввалаш ва ба дунё омадани Муҳаммад Қаззофӣ аз вай ҷудо шуд ва сипас бо ҳамсари дуюмаш Фаркош аз шаҳри Дорулбайзо издивоҷ кард то аз вай соҳиби ҳафт фарзанд гардид, ки бузургтарини онҳо Сайфулислом Қаззофӣ аст.

Ҷин Картез сафири Амрико дар Либӣ дар соли 2009, Қаззофиро ин гуна тавсиф мекунад: "Шахсияте аҷиб бо кирдорҳои ҳайратовар, ки ба навъе, дар фард эҷоди тарсу ваҳшат мекунад. Ӯ ошиқи саворкорӣ аст ва дӯстону душманонро ба як андоза аз худ ранҷидахотир мекунад.”

Картез меафзояд: "Ӯ аз лиҳози шахсиятӣ, мубтало ба тарси нохудогоҳ ва ғайрииродӣ аст ва аз баландиҳо башиддат метарсад ва тарҷеҳ медиҳад, ки ҳеҷ гоҳ бар болои обҳо парвоз накунад.”

Нигоҳе ба хонаводаи Қаззофӣ

Муаммар Қаззофӣ дорои 7 фарзанд; 6 писар ва 1 духтар аст, ки ҳар кадом аз онҳо бахше аз умури кишварро дар даст доранд.

1. Муҳаммад – раиси кумитаи милли олимпики Либӣ ва соҳиби 40 дарсад аз ширкати машруботи ғайриалкулии Либӣ, ки соҳибимтиёзи ширкати Кукокуло дар ин кишвар аст ва ширкати иртибототи бесим ва почтаву телеграфи Либиро низ идора мекунад.

2. Сайфулислом – Муаммар Қаззофӣ ба вай ба унвони ҷонишини худ нигоҳ мекунад ва тайи ҳаводиси ахири Либӣ, бо зоҳир шудан дар телевизиюни расмии ин кишвар, мардуми Либиро ба қатли ом ва куштор таҳдид кард.

Вай фориғуттаҳсили донишгоҳи Ландан дар риштаи дуктурои иқтисод ва мунодии ислоҳи сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Либӣ ва раиси Муассисаи байналмилалии хайрияи Қаззофӣ аст.

Сафорати Амрико дар Тароблус дар мавриди нақши вай дар режими Қаззофӣ мегӯяд: "Сайфулислом барои Муаммар чун теғи дулаба аст. Аз як сӯ чеҳраи Либиро дар сатҳи байналмилал беҳбуд мебахшад, ва аз сӯи дигар ва ба эътиқоди бисёре аз мардуми ин кишвар, ба далели муздурӣ барои бегонагон ва ба далели доштани эътимод ба нафси беш аз ҳад, латамот ва заработи бисёре ба кишвари Либӣ ворид кардааст.

Ӯ аз дӯстони бисёр наздики Абдулбосит Мақраҳӣ муттаҳами аслии қазияи Локарбӣ аст ва аз ахбори дарзкарда ба манобеи хабарӣ ба назар мерасад, ки вай бо бародаронаш барои расидан ба қудрат ихтилофи назар дорад.

3. Соидӣ – бисёр хашин ва бадрафтор ва муттаҳам ба қочоқ ва масрафи маводди мухаддир аст. Дорои нуфузи бисёр ҷиҳати гирифтани имтиёзоти тиҷорӣ ва соҳиби ширкати тавлиди телевизиюн дар Либӣ. Гуфта мешавад, вай дар саркӯби эътирозоти Бенғозӣ дахолати мустақим доштааст.

4. Мӯътасим – мушовири амнияти миллии Қаззофӣ. Сафири Сербистон дар Либӣ. Ӯро кавдан ва аҳмақ хонда ва гуфта мешавад, ихтилофоти шадиде бо Сайфулислом дорад.

5. Ҳанибъал (Ганиббал) – фарде мутақаллиб ва ба далели боздошти ӯ ба хотири зарбу шатми хидматгоронаш, сабаби бурузи бӯҳрон байни кишварҳои Либӣ ва Суес шуд ва Муаммар Қаззофиро водошт, дар моҳи феврияи соли 2010, аз мусалмонон бихоҳад алайҳи Суес ҷиҳод кунанд ва фатво бидиҳад, мусалмононе, ки барои Суес кор мекунанд кофиранд.

Гуфта мешавад, Ҳанибъал ба навъе бо бемориҳои руҳӣ ва равонӣ даст ба гиребон аст.

6. Хамис – фармондеҳи ягонҳои вижаи Либӣ маъруф ба "Ягони 33” аст, ки омӯзишҳои низомии худро дар Русия сипарӣ карда ва гуфта мешавад, ягони ӯ буд, ки саркӯби эътирозоти Бенғозиро бар ӯҳда дошт.

Дидгоҳҳо ва андешаҳои сиёсии Қаззофӣ

Қаззофӣ бино бар ончи дар Китоби сабз-и худ навиштааст, дар ҳукумат ба ҳокимияти демократӣ ва мустақими мардум мӯътақид аст. Ҳамчунин вай дар ин китоб назарияеро матраҳ мекунад, ки на марксистӣ ва на сармоядорӣ аст ва онро назарияи ҷаҳони сеюм барои зимомдорӣ ва ҳукумат медонад.

Вай дар мавриди назарияаш мегӯяд: "Ин чакидаи таҷрибаҳои башарӣ аст” ва мӯътақид аст, кумитаҳои инқилоб бояд қудратро дар кишвар ба даст дошта бошанд.

Дар мавриди Ховари Миёна ва низои аъробу "Исроил” низ, дидгоҳи "Китоби сафед” ё "Асротин”-ро тарвиҷ мекунад; яъне таъсиси кишвари исроили воҳид ва якпорча, ки ҳам аъроб ва ҳам яҳуд дар он дар канори якдигар зиндагӣ кунанд.

Дидгоҳҳои Қаззофӣ дар бораи аъроб ва ҷаҳони араб

Гароишоти қавмӣ ва арабиаш ӯро водошт тарҳҳои аҷибу ғарибе барои ҷаҳони араб ироа бидиҳад, аз ҷумла:

- Эълони Мисоқи Тароблус дар соли 1969 байни Либӣ, Судон ва Миср;

- Эломияи Қоҳира дар соли 1970, ки бо такя бар усул ва мабодии инқилоб, озодӣ ва сотсиализм, хостори иттиҳоди се кишвар шуд;

- Иттиҳоди ҷумҳуриҳои арабӣ дар соли 1971 байни се кишвари Либӣ, Миср ва Сурия. Таҳти ин унвон, ки ин иттиҳод муқаддамоти иттиҳоди комили се кишваро фароҳам хоҳад намуд;

- Баёнияи Ҷарма ҷиҳати таъсиси Ҷумҳурии Исломии Арабӣ дар соли 1974 байни Либӣ ва Тунис;

- Баёнияи Ваҷда, ки дар садади таъсиси иттиҳоди арабӣ-африқоӣ буд ва дар соли 1984 ироа гардид;

- Даъват аз кишварҳои арабӣ дар соли 1988 ҷиҳати пайвастан ба иттиҳодияи арабӣ–африқоӣ, ки онро дар соли 1984 бо кишвари Марокаш оғоз намуд ва иттиҳод бо Марокашро аввалин қадам дар роҳи ташкили ин иттиҳодия шуморид;

- Лағви марзҳо ва қавонини гумрукӣ байни Либӣ ва Тунис аз як сӯ ва Миср аз сӯи дигар дар соли 1988;

- Ифои нақш дар иттиҳоди ду Яман;

- Имзои "Мувофиқатномаи Марокаш” дар соли 1989 ба унвони аввалин қадам дар роҳи таҳаққуқи ваҳдати арабӣ;

- Ироаи тарҳи иттиҳоди аъроб;

- Ироаи тарҳи иттиҳодияи арабӣ–африқоӣ.

Дидгоҳҳои Қаззофӣ дар бораи Африқо

Аз ҷумлаи шиорҳои Қаззофӣ дар мавриди Африқо ин аст, ки "Африқо барои африқоиҳост” ва "Африқоиҳо бояд бо якдигар муттаҳид шаванд”. Шояд Қаззофӣ ба ин тариқ мехост ба нақши Африқо дар ҷаҳони кунунӣ таъкид кунад ва шояд ба ҳамин далел буд, ки Африқо нақши муҳимме дар тағйири дидгоҳҳои Амрико ва Англия дар қазияи Локарбӣ бозӣ кард ва ин ду кишваро водошт то мавозеи Либиро дар ин бора пазиранд.

Қаззофӣ дар соли 1999 "Таҷаммӯи кишварҳои Соҳил ва Саҳро”-ро таъсис кард, ки акнун 23 кишвари африқоӣ дар он узвият доранд ва пас аз он барои табдили Созмони ваҳдати Африқо ба сӯи Иттиҳодияи Африқо қадам бардошт.

Рабудани Имом Мӯсои Садр

Сайидмӯсо Садр маъруф ба Имом Мӯсо Садр мутаваллиди 1929 дар Қуми Эрон, марҷаъи динӣ ва сиёсии шиаёни Лубнон пас аз муҳоҷират аз Эрон ба Лубнон, "Маҷлиси аълои шиаёни Лубнон”-ро таъсис кард ва раҳбарии фикрӣ ва сиёсии шиаёни ин кишварро ӯҳдадор шуд. Вай дар соли 1979 ва дар охирин марҳила аз сафари давраии худ ба кишварҳои арабӣ, бино ба даъвати расмии Муаммар Қаззофӣ вориди Либӣ шуд ва дар он ҷо рабуда шуд. Дастгоҳҳои қазоии Либӣ ва Итолиё ва ҳамчунин таҳқиқоти анҷомшуда аз сӯи Ватикан, иддаои режими Либӣ мабнӣ бар хуруҷи Садр аз он кишвар ва вуруди ӯ ба Рим пойтахти Итолиёро расман такзиб кардаанд. Маҷмӯаи иттилооти ошкору ниҳоне, ки ду даҳа пеш ба даст омада, тамоман гувоҳи онанд, ки Мӯсо Садр ҳаргиз хоки Либиро тарк накардааст.

Дар ин байн, шавоҳиди мутааддиде ҳикоят аз он дорад, ки Имом Мӯсои Садр ҳамчунон зинда буда ва чун бархе дигар аз уламои исломӣ, шароити зиндони ҳабси абадро мегузаронад.

Дар хабаре, ки соли 2002 тавассути сайти "Ҷабҳаи наҷоти миллии Либӣ” бар рӯи шабакаи ҷаҳони интернет мунъакис гардид, маълум гардид, ки Мӯсо Садр дар авохири соли 1995 тавассути бархе зиндонбонони зиндони Абусалими шаҳри Тароблус мушоҳида гардид ва андаке пеш аз моҳи рамазони гузашта ба макони дигаре интиқол ёфтааст.

Ба тозагӣ як манбаъи диплумотии либиёӣ, ки аз низоми Муаммар Қаззофӣ ҷудо шудааст, ба Алҷазоир таймз гуфт, ки Сайидмӯсо Садр ҳанӯз дар қайди ҳаёт аст ва зери назари дастгоҳҳои амниятии Либӣ ва дар макони бисёр вижае нигаҳдорӣ мешавад.

Моҷарои Локарбӣ ва таҳрими Либӣ

Дар 21 декабри 1988 ҳавопаймои хутути мусофирии Пан Американ бар фарози деҳкадаи Локарбӣ дар Скотландия мунфаҷир шуд ва тамоми 270 нафар мусофир ва хадамаи он ҷон бохтанд.

Фоҷиаи ҳавоии Локарбӣ дар он солҳо ба бузургтарин ҷараёни таҳқиқ ва бозҷӯии торихи Англис табдил шуд. Ин ҳодисаи терористиро умуман ҳамлае ба Амрико талаққӣ карданд, чун 189 нафар аз қурбониён амрикоӣ буданд. Моҷарои Локарбӣ то пеш аз ҳамалоти 11 сентябри 2001, маргбортарин ҳамла ба шаҳрвандони амрикоӣ ба шумор мерафт.

Давлатҳои Амрико ва Англис Либиро масъули бомбгузорӣ дар ин ҳавопаймо муаррифӣ карданд, ки ба вазъи таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Либӣ мунҷар шуд. Дар соли 2003 давлати Либӣ расман масъулияти бомбгузорӣ дар як ҳавопаймои мусофирбарии ширкати Пан Американ дар соли 1988-ро қабул кард. Абдулбосит Мақраҳӣ фардест, ки дар иртибот бо ин бомбгузорӣ маҳкум шудааст.

Таҳаввулоти ахири Либӣ

Рӯзи 16 феврияи соли ҷорӣ, шабакаҳои телевизиюнии арабзабон, аз оғози эътирозот ва қиёми мардумӣ дар Либӣ хабар дода ва унвон карданд, ки мардуми Либӣ тазоҳурот дар ин кишварро оғоз кардаанд.

Далели шӯлавар шудани эътирозоти мардумӣ дар Либӣ, дастгирии як вакил ва фаъоли ҳуқуқи башар ба номи Фатҳӣ Торбул унвон шудааст, ки бо бастагони зиндониҳои зиндони Абусалим, ки дар он мухолифони ҳукуматӣ ва муттаҳамон ба исломгароӣ нигаҳдорӣ мешаванд, иртибот доштааст.

Пас аз эъломи ин хабар, садҳо фаъоли сиёсии мухолифи режими Қаззофӣ хостори баргузории тазоҳурот дар рӯзи 17 феврия, ҳамзамон бо шашӯмин солгарди тазоҳуроти шаҳри Бенғозӣ дар соли 2005 шуданд; дар он сол, нерӯҳои амниятии режими Либӣ ба шиддат ин тазоҳуротро саркӯб карданд.

Аз 17 феврия то кунун, эътирозоти мардумӣ саросари Либиро фаро гирифтааст, ки бо саркӯби бисёр шадиди режими Муаммар Қаззофӣ ва қатли омми мардуми ин кишвар ва маҳкумиятҳои байналмилалӣ ҳамроҳ будааст.

Охирин хабар (23.02.2011) ҳокист, 70 дарсад аз манотиқи кишвари Либӣ, ҳаминак ба дасти инқилобиҳо суқут ва диктотури Либӣ охирин лаҳазоти ҳокимияти худро басар мебарад.

Фароҳамоваранда: Акрамхони Зиёдуллоҳ

Кимиёи саодат

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 782 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz