Панҷшанбе, 25.04.2024, 10:09
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Сентябр » 4 » Ҳазфи Ҳизби Наҳзат аз майдон, иштибоҳе ҷуброннопазир
Ҳазфи Ҳизби Наҳзат аз майдон, иштибоҳе ҷуброннопазир
00:27

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Рӯшан буд, ки интихоботи порлумонии ахир, бархе ҷиҳоти сиёсии дохил ва хориҷи Тоҷикистонро шадидан нигарон кардааст. Интихоботи номбурда, парда аз рӯи ин ҳақиқат бардошт, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, аз ҷойгоҳи волое миёни ақшори мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон бархӯрдор ва ба як ҳизби нерӯманд ва мардумӣ дар кишвари азизамон табдил гардидааст.

Баид нест, ки коми касоне, ки аз бармало шудани ин ҳақиқат талх гардид, ба вижа бархе аз ҳамсоягони ноҷавонмарди мо, аз ҳамон замони поёни интихобот, ба фикри ин шуда бошанд, ки коре кунанд то аз заминаи мардумии ин ҳизб коста шавад. Роҳаш ҳам, имрӯзҳо, мутаассифона, истифода аз худи ба ном "исломхоҳон” аст барои кӯбидани худи исломхоҳон. Ба иборати рӯшантар, иддае ҳастанд аблаҳу аҳмақ ва ҷоҳилу нодон, ки унвони "исломгаро”-ро ҳам барои худ ниҳодаанд, ва корашон ҳам аз "исломгароӣ”, ҷуз ин нест, ки ин ҷо ё он ҷоро битараконанд, ва ё миёни мардуми бегуноҳ, ҳатто мусалмон, хештанро мунфаҷир намоянд, ба ин умед, ки сазовори вуруд ба "биҳишт” гарданд. Таҷруба нишон додааст, ки ғолибан чунин гурӯҳҳое, нохудогоҳ, бозичаи дасти ин ё он ҷиҳоти палид шудааст.

Оре, вуҷуди чунин гурӯҳҳое, мутаассифона, фурсатест "тиллоӣ” барои ҷиҳоте бадхоҳ то аз ин падидаи шум ва амалкардҳои аҳмақонааш баҳрабардориҳои сиёсӣ намоянд. Ба маҳзи вуқӯи ҳаводисе чун фирор аз зиндон ва ё таркиш ин ва ё он ҷо ба дасти ин нобакорон, ҷиҳоти фурсатталаб зуд ҷор мезананд, ки: Ҳон мардум! Магар мо нагуфтем ин исломхоҳон, барои ҷомеа хатарофаринанд? Ва муродашон аз исломхоҳон, дигар он террористҳои нобакор нест, балки руқабои сиёсияшон аз исломхоҳони миёнарав, ки ҷуз фаъолияти мусолиматомез ва демократик надоранд мебошад.

Ва ин дар ҳолест, ки исломхоҳони миёнарав ва мӯътадил, ки имрӯза дар кишвари мо, дар чеҳраи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон таҷассум ёфтааст, мукаррар гуфта ва мегӯянд, ки "безор аз амалкарди он нобакорон мебошанд, ва шоиста нест ҳатто унвони "исломгаро” барои он аблаҳон ниҳода шавад, гарчи дар миёнашон касоне бо унвони қорӣ ва ё мулло ҳам вуҷуд дошта бошад”.

Ва ҳамчунин, агар амалкарди Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон баъд аз барқарории сулҳу созиш дар кишвари азизамон, воқебинона ва бо диди инсоф арзёбӣ шавад, бояд аз ӯ тақдиру ташаккур ба амал ояд, чун маҳз кӯшишу талошҳои ҳамин ҳизб буд, ки ҷилави ифротгаройӣ ва шуюи ин беморӣ дар кишвар гирифта шуд. Агар талоши мустамирри ин ҳизб мабнӣ бар даъвати ҷавонони мусалмон барои оромиш ва ҳушёрӣ набуд, фақат Худо медонад дар Тоҷикистон имрӯз мо бо чӣ мушкилоте рӯбарӯ будем.

Имрӯз вуҷуди ин ҳизб дар Тоҷикистони мо, зомини бақои оромиш аст, на ин ки вайро омили ноамнӣ барои ҷомеа қаламдод кунем. Коршиносони аршади кишвар, ба вижа касоне ки симати мушовирӣ барои ин ё он масъули баландпояи кишварро бар ӯҳда доранд, бояд ба ин нуктаи зариф таваҷҷӯҳ дошта бошанд, ки талоши бархе ҷиҳот барои ҳазфи ин ҳизби мардумӣ аз майдони сиёсии Тоҷикистон; ба ин ё он баҳонаи воҳӣ ва бепоя, иштибоҳе бас бузург ва ҷуброннопазир барои ҷомеаи навпойи Тоҷикистон хоҳад буд.

Таҷруба нишон медиҳад, ки дар кишварҳое, ки ҷилави фаъолияти ҳизби сиёсии исломӣ гирифта шуда (ва ё мешавад), на ин ки барои он ҷомеа амният ва оромиш ба армуғон овардааст, балки баръакс, сабаби гаройиши ҷавонони он ҷомеа ба гурӯҳҳои ифротгаро ва дар натиҷа вуқӯи ҳаводисе бас дилхарош шудааст. Хуб мебуд агар коршиносони мо, нигоҳе гарчи кӯтоҳ ба таҷрубаи кишварҳое чун Алҷазоир дар чанд соли ахир, ва низ Ӯзбакистон афкананд ва бибинанд, ки ин ду кишвар бо ҷилавгирӣ аз фаъолияти аҳзоби сиёсии исломӣ, бо чӣ мушкилоте мувоҷеҳ шуданд.

Дар ҳамин Ӯзбакистон, кишвари ҳамҷиворамон, огоҳон медонанд, ки оромиши нисбӣ кай барқарор шуд? Шояд хеле аз ҳамватанон ва ҳатто коршиносони мо, аз ин воқеият хабардор набошанд, ки то чанд сол пеш ин кишварро хатари ҷиддӣ таҳдид мекард. Тақрибан бештари ҷавононе, ки пойбанд ба анҷоми вазоифи исломӣ буданд, хусусан ҷавонони водии Фарғона, роҳии Вазиристони Покистон шуда, ба ин ё он гурӯҳҳои ифротгаро мулҳақ мешуданд. Ҳеҷ талоше аз сӯйи ҳукумати Каримов барои ҷилавгирӣ аз ин падида, суде набахшид. Он гоҳ коршиносон шахсан ба Каримов машварат доданд, ки танҳо роҳи пешгирӣ, даъват аз муфтии собиқи ин кишвар, донишманди маъруф, ҷаноби Шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф, ки то он замон дар кишвари Либӣ ба сар мебурд аст, то озодона ба фаъолиятҳои мазҳабияш бипардозад. Ва чунин ҳам карданд ва хушбахтона ҳамин кор самара бахшид. Маҳз фаъолияти густардаи ин марди донишманд ва талошу кӯшишҳояш сабаб шуданд, ки пеши роҳи гаройиши ҷавонон ба ин ё он гурӯҳҳои ифротӣ гирифта шавад.

Мо умедворем дар Тоҷикистони мо ҳам, пеш аз вуқӯи ҳодиса, ақли солим бар эҳсосоти онӣ пирӯз гардида ва коршиносони азизи мо ба ин андеша бошанд, ки барои исломгароёни миёнарав фурсати фаъолияти бештар дода шуда ва ҳаргиз бар онҳо барчаспи "террорист” ва ё "ифротгаро” дода нашавад. Ва агар касоне имрӯз нигарони фаъолияти исломгароёни мӯътадил дар ин ё он маркази илмӣ ва ё донишкадае ҳастанд, бояд некӯ бидонанд, ки бо ҷилавгирӣ ва бастани дари донишгоҳ ва ё донишкада барои онон, нохудогоҳ дари "аташ”-и динӣ ва маънавии ҷавононро бар рӯи ҷиҳоте ифротгаро ва тундрав гушудаанд.

Кимиёи саодат

Бахш: Ислом ва сиёсат | Просмотров: 749 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Сентябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz