Панҷшанбе, 18.04.2024, 15:52
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 6 » Қатра қатра ҷамъ гардад, в-онгаҳе дарё шавад
Қатра қатра ҷамъ гардад, в-онгаҳе дарё шавад
17:03

Гуфтугӯи Гулафшон Соқиева бо Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ишора: Дар бораи фарҳангу маданияти Эрон пештар аз китобҳо, филмҳо ва рӯзномаҳо маълумот дастрас мекардам ва ҳамеша орзуи сафари ин ганҷинаи тамаддун ва маданияти мардуми Форсро мекардам. Хушбахтона соле қабл ман ҳам бо гурӯҳи рӯзноманигорон, сафари Эрон доштам ва  давоми як моҳ аз бисёр ҷойҳои муқаддас ва фарҳангии ин кишвар дидан намудем. Ҳар як зиёратгоҳ ба худ таърихи хоссро дорад ва ҳамаи онҳо дар заминаи чизе бунёд шудаанд. Сарчашмаи ҳамаи онҳоро ба саховатпешагии мардуми ин диёр рабт медиҳанду барои бунёдгузории онҳо мардуми саховатманди Эрон саҳм гузоштаанд. Далели гуфтаҳои боло, ин сари ҳар хиёбони шаҳрҳои Эрон сандуқчаи хайрия аст ва ҳар кас аз рӯйи дороияш ба он маблағ мепартояд ва маблағи ҷамъшуда ба мақсадҳои муайян сарф карда мешаванд. Чунин амали мардум барои ман бисёр ҷолиб буд ва тасмим гирифтам бо донишманди тоҷик Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки солҳои охир дар Эрон зиндагӣ мекунад, сӯҳбате оростем.

- Лутфан бифармоед, ки хайрия чист ва дар ислом аз чӣ ҷойгоҳе бархӯрдор аст?

Ба номи Худованди Мутаол. Хайрия вожае мебошад барои ҳар кори хайру неке. Дар истилоҳи шариат, ба он садақа мегӯянд. Садақа дар ислом, яке аз беҳтарин ва некӯтарин аъмол маҳсуб мегардад. Қуръони Карим пардохти садақаро навъе поксозӣ ва мояи баракату фузунӣ медонад ва хитоб ба Паёмбар (с) мефармояд:

"Аз молҳои онон садақа бигир, ки бад-он васила покашон месозӣ ва ононро баракат ва фузунӣ мебахшӣ...” (Тавба/103).

Дар ривоёти исломӣ, барои садақа фазилатҳои фаровоне баршумурда шудааст, аз ҷумла:

1. Садақа нобудкунандаи гуноҳони банда аст. Паёмбар (с) мефармояд: "Садақа гуноҳро хомӯш мекунад чунон ки об оташро хомӯш менамояд”. (Сунани Ибни Моҷа: 2/1314).

2. Садақа шифобахши бемориҳост. Ҷанобаш (с) мефармояд: "Беморонатонро бо садақа дармон кунед, зеро садақа бемориҳо ва пешомадҳоро аз шумо дафъ менамояд”. (Канзул-уммол: 10/23/28182).

3. Садақа дафъкунандаи балоҳост. Он ҷаноб (с) мефармояд: "Худованд ба сабаби садақа ҳафтод навъ марги бадро дафъ мекунад”. (Канзул-уммол: 6/371/16110).

4. Садақа мояи фузунии дороии банда аст. Он ҳазрат мефармояд: "Садақа, дороиро афзоиш медиҳад”. (Канзул-уммол: 6/294/15763).

5. Садақа дар пешгоҳи Худованд арзиши волое дорад. Паёмбар (с) мефармояд: "(Гоҳе) банда як пора нон садақа медиҳад ва он назди Худо ба андозаи кӯҳи Уҳуд рушд мекунад”. (Канзул-уммол: 6/338/15931).

Дар ривояте ҳаст, ки ҳазрати Паёмбар (с) фармуд, вориди биҳишт шудам ва дидам бар дари он навишта шудааст: Садақа даҳ баробар ва қарз ҳаждаҳ баробар подош дорад. Аз Ҷабраил пурсидам: Чаро садақа даҳ баробар ва қарз ҳаждаҳ баробар? Гуфт: Зеро садақа ба дасти бениёзу ниёзманд меафтад, вале қарз фақат ба дасти касе ки ба он мӯҳтоҷ аст мерасад.

- Ҳол бифармоед, ки аз нигоҳи ислом чӣ касе бояд ба хайрия машғул шавад, ва ба иборати дигар, чӣ касе бояд садақа бипардозад?

Садақа дар шариат ду гуна аст: воҷиб ва мустаҳаб. Садақаи воҷиб ҳамон аст, ки ҳар гоҳ мукаллаф дороияш ба як мизони муайяне бирасад, бар ӯ лозим аст миқдоре аз онро барои ниёзмандон бипардозад. Ба инчунин садақае закот мегӯянд. Пардохти закот, бар мукаллаф ҳамсони адои намозу рӯза воҷиб ва зарурист, ки агар напардозад, дар пешгоҳи Худованд муҷозот хоҳад шуд. Ва аммо садақаи мустаҳабро, ки дар ислом аз барои он ҳам аҷру савоби бешуморе шумурда шудааст, ҳар мусалмоне метавонад бипардозад.

- Оё барои хайр кардан танҳо маблағ муҳим аст?

Қатъан на. Садақа ва ё хайр кардан фақат ба ин нест, ки миқдоре пул бипардозем, балки садақа метавонад масалан ба ин бошад, ки шахси доро биноеро барои донишомӯзон бибахшад; яъне мактаб созад ва дар ихтиёри донишомӯзон қарор бидиҳад, ва ё ятимхона, хонаи куҳансолон, маҳди кӯдак ва аз ин қабил амокини мавриди ниёзи ҷомеаро фароҳам оварда, дар ихтиёри мӯҳтоҷон қарор бидиҳад.

- Чӣ тавр метавон дар ботини инсон эҳсоси хайрхоҳиро парвариш намуд?

Аввалан, садақаву эҳсону некӯкориву аз ин қабил аъмол, ба назари ман, дар фитрати инсони солим нуҳуфтааст. Ҳар гоҳ инсон бо ниёзманде рӯбарӯ шавад, агар аз фитрати солим бархӯрдор аст, худ аз худ ва бидуни ташвиқу тарғиби ин ё он, ба хайру эҳсон иқдом менамояд. Ба назари камина, ин кор ҳатто ба мусалмон будан ва ё диндор будани шахс ҳам бастагӣ надорад; ҳар инсоне, чӣ мусалмон бошад ва чӣ ғайри мусалмон, хайру эҳсонро як амали писандида ва ба унвони як инсон вазифаи инсонии худ мешуморад.

Пас, эҳсоси хайрхоҳӣ, худ аз худ дар ботини инсон нуҳуфтааст. Ҳол, илова бар ин, адён ҳам ба ин амал ташвиқ кардаанд ва барои анҷомдиҳандааш аҷру подош қоиланд; ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират. Бинобар ин, бо гӯшзад намудани фазоил, самарот ва аҷру подоши садақаву некӯкорӣ барои инсон, ба навъе метавон ӯро бар ин кор ташвиқ намуд.

Ин нуктаро мехоҳам ёдовар шавам, ки одамӣ набояд фикр кунад хайру садақа аз дороиҳои ӯ мекоҳад. Ин ки исломи азиз таъкид дорад хайру садақа мояи фузунӣ ва баракат аст, ҳарфе газоф нагуфтааст. Бархе фикр мекунанд, ин сухани ислом танҳо ҷанбаи ташвиқӣ дорад ва амалан чунин нест. Дар сурате ки хелеҳо ин коррро таҷруба кардаанд. Яке аз дӯстонам мегуфт, аз вақте ки хештанро ба садақа додан ва хайр кардан одат кунонидам, бар молу дороиҳоям барака даромадааст ва сарватам афзун гардидааст.

- Оё расонаҳо нақшеро дар ин замина метавонанд ифо кунанд?

Оре, қатъан. Расонаҳо агар бихоҳанд, метавонанд бузургтарин нақшро дар ин маҷол ифо кунанд, ва дар пешгоҳи Худованд аҷру подош ҳам доранд.

- Дар вазъияти феълии кишвари Тоҷикистон, чӣ гуна метавон маъракаҳои хайрия баргузор кард?

Роҳҳои зиёде вуҷуд дорад. Дар оғоз мо бояд мушаххас кунем бештар дар чӣ заминаҳое ниёз ҳаст аъмоли хайр анҷом дода шавад. Ба назари камина, имрӯза дар кишвари мо дар се замина бештар ниёзи мубрам ҳаст то афроди доро камари ҳиммат бибанданд ва хайр кунанд ва ҳар се ҳам марбут ба беҳбуд бахшидани вазъи таҳсили кӯдакон, наҷавонон ва ҷавонони мост.

Яке ин ки ашхоси сарватманд ва доро ва ҳатто ҳар касе ки мехоҳад кори хайр анҷом бидиҳад, бояд барои донишомӯзон макони таҳсил фароҳам оваранд; яъне мактаб бино созанд ва ё мактаҳои мавҷудро бо лавозими зарурӣ барои таҳсил таҷҳиз намоянд.

Дигар он ки ҷавонони боистеъдодро барои таҳсил дар донишгоҳҳои дохил ва хориҷ кӯмак кунанд. Имрӯза барои касе пӯшида нест, ки вуруд ба донишгоҳ, илова бар доштани истеъдоди шахсӣ, ба пул ҳам ниёз дорад. Ин падида барои касе пинҳон нест. Хеле аз ҷавонони боистеъдоди мо ба ҷиҳати набуди маблағи лозим ва ё камбуди он, аз вуруд ба донишгоҳ маҳрум мемонанд.

Мавриди сеюм он ки мо бояд муаллимонро низ кӯмак кунем. Хеле аз устодон ва муаллимони макотиб ва ё донишгоҳҳо, ба ҷиҳати андак будани моҳона, тарки касб карда ва барои имрори маош, ночор даст ба корҳои дигар мезананд. Ин як воқеияти талх аст. Чунин кӯмак ҳам, ба ин нест, ки фарди доро масалан биёяд ва худаш маблағи муайяне барои муаллим ва устод бибахшад. Ин тарзи кӯмак, шоистаи манзилату мақоми устоду муаллим нест. Шояд ҳам муаллим розӣ набошад ба ӯ чунин кӯмак шавад. Балки яке аз роҳҳояш ин аст, ки сандуқи вижае дар банкҳо ифтитоҳ карда шуда ва ба он пул рехта шавад; яъне хайрхоҳон ба он пул бирезанд, ва он гоҳ як ниҳоди махсусе ба тавзеи он маболиғ ба асотиду муаллимони ниёзманд, ки ба назари ман бештари муаллимон имрӯз ниёзманд маҳсуб мешаванд, бипардозад.

Албатта мавориди дигар ҳам ҳаст мисли сохтани маҳди кӯдакҳо, ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон ва ғайра, аммо он чи ба назари камина бештар мавриди ниёз ҳаст то кӯмак шавад, ҳамин се маврид буд, ки арз кардам.

Кӯмак ва мусоидаи беморон ҳам, аз мавориди ниёз ҳаст. Имрӯза мисли замони Шӯравӣ нест, ки муолиҷа маҷҷонӣ бошад. Бемор то пул надошта бошад, мудово нахоҳад шуд. Хайрхоҳон бояд дар ин маҷол ҳам даст ба кор шаванд. Соли гузашта як мариз доштем, аз дӯстони худи камина, ки наздик буд вафот ёбад, гурдаҳояш ба куллӣ аз кор афтода буданд. Бандаи Худо пуле надошт то муолиҷа намояд. Бо кӯмаки Кумита имдоди Имом (р) дар  Душанбе, ба Эрон оварда шуд ва ин ҷо амали ҷарроҳӣ бар вай анҷом доданд ва Худоро шукр шифо ёфт. Воқеан агар ин кӯмаки Кумитаи имдод набуд, аз дунё рафта буд.

- Оиди хайрия дар Эрон чӣ чорабиниҳо баргузор мегарданд?

Хеле зиёд. Шумо медонед, ки ҳамин Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ (р), ки фаръе аз он дар Тоҷикистони мо низ фаъолият мекунад, маболиғаш аз ҳисоби хайроту садақоти мардуми Эрон аст. Агар дар Эрон дида бошед, дар хиёбонҳо, дар ҳар як панҷоҳ ё сад метр сандуқе гузоштаанд ва рӯяш орми Кумитаи имдод ҳам гузошта шуда, ҳар касе ки мехоҳад садақа ва хайр кунад, пулашро дар он сандуқ мегузорад. Кумитаи имдод, як ниҳоди хеле сарватманд аст, агар иштибоҳ накунам, илова бар худи Эрон, дар беш аз панҷоҳ кишвар намояндагӣ дорад. Агар як нафар аз ҳар хонавода рӯзона як маблағи андаке ҳам ба ин сандуқ бирезанд, хеле мешавад, ва ба қавли мардум, "Қатра қатра ҷамъ гардад, в-онгаҳе дарё шавад”.

Як одати дигаре ҳам, ки миёни мардуми Эрон марсум ва тақрибан ба як фарҳанги иҷтимоӣ табдил шудааст, ин аст, ки афроди сарватманд вақте умрашон тақрибан ба поён мерасад, миқдоре аз дороиҳои худро барои бинои мактабҳо ва бемористонҳо тавсия мекунанд. Агар мулоҳиза карда бошед, дар вурудии бисёре аз мактабҳо ва бемористонҳо навишта шудааст, ки ин макон ба ташаббуси Фалон шахс ва ё бо пули Фалон кас бино шудааст.

Хулоса, мо ҳам агар дар ҷомеаи худ як ҳамчунин суннатҳои ҳасанаро роҳ бияндоем ва ба як фарҳанги иҷтимоӣ табдил гардад, бовар кунед хеле аз мушкилоти ҷомеа ба баракати ҳамин иқдомҳо ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Умедворам дар Тоҷикистони мо низ рӯзе чунин шавад.

Сӯҳбаторо Гулафшон Соқиева, хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон
Бахш: Аҳкоми закот | Просмотров: 1229 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz