Чоршанбе, 22.11.2017, 06:30
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 29 » Агар ваҳдати сиёсӣ барқарор шавад, дигар мушкиле пеши рӯ нахоҳем дошт
Агар ваҳдати сиёсӣ барқарор шавад, дигар мушкиле пеши рӯ нахоҳем дошт
18:56

Гуфтугӯи хабарнигори пойгоҳи МҶТМИ бо Сайидюнуси Истаравшанӣ

Чӣ мушкилоте рӯ дар рӯи таҳаққуқи ваҳдати уммати исломӣ қарор дорад? Давлатҳо ва ҳукуматҳои исломӣ чӣ нақше дар ин росто метавонанд ифо кунанд? Оё аҳзоб ва ҳаракатҳои исломхоҳ дар ҷаҳони ислом низ, нақше дар ин замина доранд? Барои ёфтани посух ба ин суолот ва пурсишҳое дигар, имрӯз хабарнигори пойгоҳи Маҷмаи Ҷаҳонии Тақриби Мазоҳиби Исломӣ, меҳмони Сайидюнуси Истаравшанӣ, устоди фалсафа ва ҳикмати исломӣ ва узви ҳайъати илмии Донишгоҳи ҷаҳонии Ал-мустафо шуд. Машрӯҳи ин гуфтугӯ ба шарҳи зайл аст:

- Ассалому алайкум, зимни ташаккур аз мувофиқати шумо барои гуфтугӯ бо пойгоҳи интернетии Маҷмаъи Ҷаҳонии Тақриби Мазоҳиби Исломӣ, иншоаллоҳ дар ин чанд соате, ки хидмати шумо ҳастам, мехоҳам перомуни масъалаи ваҳдат миёни мазоҳиби исломӣ сӯҳбат кунем. Шумо дар як суханронӣ, ба назарам дар ҷамъи асотид ва донишҷӯёни Донишгоҳи Бинтул-Ҳудо Садр (р), изҳор доштед, ки мушкили масъалаи ваҳдати мусалмонон бештараш бармегардад ба сиёсат. Манзуратон чист? Ба назаратон агар имрӯз ваҳдати сиёсӣ барқарор шавад, дигар мушкиле пеши рӯ нахоҳем дошт?

- Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ, Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим, Банда низ ташаккур мекунам, ки ин фурсат бароям фароҳам намудед, то дидгоҳи худ дар масъалаи ваҳдат, ки имрӯз шояд муҳимтарин дағдағаи уммат бошад, иброз бидорам. Ва аммо посухи пурсиши шумо. Банда муддаӣ нестам, ки тамоми мушкил, ба сиёсат баргардад, аммо имрӯз ва дар мавқеи кунунӣ, тардиде нест, ки муҳимтаринаш бармегардад ба сиёсат. Чанд то мисол мезанам, масъала рӯшан хоҳад шуд.

Шумо бибинед, ҳамин ҷору ҷанҷоле, ки пас аз ишғоли Ироқ тавассути Амрико ва муттаҳидонаш, миёни шиаён ва бархе аз аҳли тасаннун бапо хест ва мутаассифона дар Ироқ бархеҳо бо номи суннӣ даст ба қатли бародарони шиаи худ заданд ва баъзе ҳам ба номи шиа чунин карданд, фикр мекунед решааш дар куҷост? Оё воқеан реша дар ин дорад, ки шиаён масалан зиёрати қубур мераванд ва ин "ширк” будааст ва аҳли суннат инро қабул надоранд масалан? Ва ё шиа мункири ҷойгоҳи бархе саҳоба ва ё баъзе аз ҳамсарони гиромии ҳазрати Паёмбар (с) ҳастанд ва чунин мавзеъгирӣ нохушоянди пайравони аҳли суннат будааст?

Агар чунин мебуд, пас чаро то замони ишғоли Ироқ шоҳиди ҷанҷол набудем? Шиа ва суннӣ дар Ироқ, беш аз ҳазор сол аст, ки бародарона ва дар канори ҳам зиста омадаанд, магар аз ақидаи ҳамдигар то ин замон бехабар буданд? Содаангорист агар мо ин ҳаёҳуи ахирро бархоста аз ихтилофи назари ин ду мазҳаб дар порае аз масоили исломӣ бидонем.

Масъала ин аст, ки ишғолгар, ки медонист бақояш дар Ироқ марҳуни дудастагист, ба ҳар василае даст ёзид то миёни мардуми Ироқ эҷоди дудастагӣ кунад ва мутаассифона то ҳудуде муаввафақ ҳам шуд. "Фарриқ тасуд” (Тафриқа биандоз, ҳукумат кун) ҳанӯз ҳам пеши душман, беҳтарин абзор аст барои эҷоди дудастагӣ.

Шумо нигоҳ кунед, чӣ шайтанате роҳ андохта ин душман. Мардуми Ироқ аз арабҳо ва курдҳо ташкил шудаанд. Барои он ки миёни арабҳо тафриқа андозад, омад рӯи ҳассосиятҳои мазҳабӣ даст гузошт, зеро арабҳо аз шиаён ва аҳли суннат ташкил ёфтаанд. Ва барои ин ки миёни арабу курд тафриқа бияфканад, даст гузошт рӯи ҳассосиятҳои нажодӣ, на мазҳабӣ, чун курдҳо бештарашон аҳли тасаннун ҳастанд.

Албатта Англис нақши бештар дошт дар эҷоди тафриқа, беш аз амрикоиҳо. Англис, ин пири истеъмор, дар ин замина устоди кор аст. Ёдам ҳаст дар оғози ишғоли Ироқ, ки банда дар Сурия будам, яке аз шабакаҳои моҳвораии мустақар дар Ландан ба номи шабакаи Ал-мустақилла, дуруст дар ҳамон замон ки артиши Амрикову Англису муттаҳидонаш вориди Ироқ шуданд, шурӯъ кард ба пахши як барномаи зиндаи мусалсал ба номи Ал-ҳиворус-сареҳ (Гуфтугӯи ошкор). Даъват кард аз яке ду олими суннӣ ва яке ду олими шиа, ки аз қазо, ҳамаашон дидгоҳҳои тунд нисбат ба якдигар доштанд. Ин чанд нафар ҳам, шурӯъ карданд ба баҳсу мунозираҳое бемаврид; ин ба он бад мегуфт ва он ба ин; яке мегуфт, ман ҳаққам ту ботил, дигаре иддао мекард, ман рост мегӯяму ту дурӯғ.

Хулоса, рӯшан буд, ки ҳадаф аз ин баҳсу мунозира, расидан ба ҳақиқат ва ё як нуқтаи муштарак набуд, ҳадафе дигар дошт. Яке аз муассисоти оморгирӣ дар Ироқ дар он замон, миёни мардумон омор гирифт, ки маълум шуд қариб ба 70 дар сади мардум дар он ҳангом саргарми тамошои ин мунозирот буданд. Гӯи он замон дигар мушкиле надоштанд, ҳама ҳал шуда буд ва фақат монда буд ин ки ҳоло биёем ва таклифамонро бо якдигар рӯшан кунем, ки мазҳаби ту ҳақ аст ё азони ман? Худо худаш медонад, баҳсу ҷанҷоли ин чанд нафар, чӣ кинаву адоватҳое байни пайравони шиа ва суннӣ ба ҷой гузошт.

Дуруст дар ҳамон авон, дар Амрико низ ду се шабакаи моҳвораӣ ба забонҳои арабӣ ва форсӣ роҳандозӣ шуд, ки корашон аз шабакаи Ал-мустақилла камтар набуд. Яке аз онҳо, ҳамин шабакаи маъруфи Салом аст, ки ҷуз барангехтани кина ва адоват коре дигар надорад. Амрикову Англис дар он ҳангом, як дафъа дилаш ба мо мусалмонон сӯхт масалан. Аз як тараф ба бархе аз шиаёни тундрав имкон фароҳам мекард, ки бо роҳандозии як чунин шабакаҳое, ба сунниҳо битозанд, ва аз тарафи дигар ҳам, ба сунниҳои ифротӣ, ки ағлабашон салафимаслак ҳастанд, имкон дод то аз тариқи таъсиси моҳвора, ба шиа ва мазҳаби ташаюъ битозанд.

Кадом мусибат метавонад аз ин мусибат бузургтар бошад, ки сарзаминат дар ҳоли талаву тороҷ шудан аст, ҳайсиятат меравад ва номусат мавриди таҷовуз аст, аммо ту ҳамаи ин фаромӯш кунӣ ва бо як бародари худат ва ҳамватанат ва ҳамкешат, бар сари ин масъала, ки кадом яке аз мо ҳақ аст ва кадом як ботил, ба низоъ бипардозӣ?!

Ҳазрати Алӣ (а), ки ҳей ҷор мезанем, ки мо пайрави ӯйем, бибинед ҳангоми эҳсоси хатар, он ҷо ки эҳсос мекунад ислом дар хатар аст, эҳсос мекунад душман мехоҳад исломро аз реша барканад, чӣ кор кардааст?! Амири мӯъминон (а) дар яке аз номаҳои худ ба аҳолии Миср менависад: "Ба Худо савганд, ҳаргиз фикр намекардам ва ба хотирам хутур намекард, ки араб баъд аз Паёмбар (с) амри имомат ва раҳбариро аз Аҳли Байти ӯ дур созанд... Аммо (дар замони хилофати Абӯбакр (р)) вақте бо чашмони худ дидам гурӯҳе аз ислом бозгашта (муртаддин) ва мехоҳанд дини Муҳаммад (с)-ро нобуд созанд, (дар ин ҷо буд), ки тарсидам агар ислом ва аҳлашро ёрӣ накунам, бояд шоҳиди нобудӣ ва шикоф дар ислом бошам, ки мусибати он бар ман сахттар аз маҳрум мондан аз хилофат ва аз даст рафтани ҳукумат бар шумо буд; он ҳам ҳукумате, ки андак рӯзҳое беш напояд ва ҳамчун сароб зоил ва нобуд гардад, ё ҳамонанди абрҳое, ки ҳанӯз ба ҳам напайваста пароканда шаванд. Он гоҳ барои дафъи ин ҳаводис бапо хестам то ботил аз миён рафт ва нобуд шуд ва дин побарҷо ва устувор гардид.”[1] Яъне, ҳарчанд миёни ман ва бархе ихтилофе вуҷуд дошт, аммо вақте дидам иддае муртад шуданд ва алайҳи халифаи муслимин Абӯбакр (р) хуруҷ карданд, ман дигар он ихтилофот канор гузоштам ва ба ёрияш шитофтам. Алӣ (а) ин чунин буд.

Агар мо шиа ҳастем ва Алӣ (а)-ро пешвои худ медонем, ин аст равиши Алӣ (а). Агар аҳли тасаннун ҳастем ва Алӣ (а)-ро ба унвони яке аз некӯтарин саҳоба ва халифаи чаҳорум медонем, мулзам ба пойбандӣ ба равишу маниши ӯйем.

Пас, ман хулоса кунам ароизамро. Мо мусалмонон бояд ҳушёр бошем, нагузорем душман аз ихтилофоти мо суистифода кунад. Банда мункири ин нестам, ки мазоҳиби исломӣ, ба хусус, шиа ва суннӣ, бо ҳам ихтилоф доранд. Ин ихтилофот ҳаст. Аммо, оё ихтилофоти мо бештар аст, ё мавориди иттифоқи мо? Агар дар маҷмӯъ ва аз боло нигоҳ кунем, мебинем мо фақат дар бист дар сади масоил; он ҳам масоиле, ки иҷтиҳодпазир ҳастанд, бо ҳам ихтилоф дорем. Аммо дар ҳаштод дар сади масоил бо ҳам муттафиқем. Ҳама қабул доранд, ки Худо якест, шарике надорад, паёмбар ҳазрати Муҳаммад (с) аст, рӯзи охират ҳақ аст, ҳамаамон адои панҷ навбат намоз дар шабонарӯзро воҷиб медонем, рӯзаи моҳи Рамазонро воҷиб медонем, адои закот, ҳаҷ ва... ро воҷиб медонем. Хулоса, масоиле, ки ба унвони зарурийоти динӣ шинохта мешаванд, мавриди иттифоқи шиа ва суннӣ ҳастанд. Агар ихтилофе ҳаст, дар порае аз эътиқодот аст, ки ихтилоф дар онҳо, ба тасреҳи уламои барҷастаи фариқайн, ҳеҷ якеро аз доираи ислом берун намеоварад, ва ё дар порае аз фурӯот ҳаст, ки дар он низ ихтилоф ҷоиз аст.

- Билохира нафармудед, ки ваҳдати сиёсӣ байни кӣ ва кӣ? Оё манзуратон байни кишварҳои исломист?

- Оре, аввалан миёни кишварҳои исломӣ, ба вижа чанд кишваре, ки дар минтақа таъсиргузор ҳастанд. Мо чаҳор панҷ то кишвари муассир дорем; яке Ирон, дигаре Арабистони Саудӣ, сеюм Миср, баъд Покистон ва билохира Туркия. Агар байни ин панҷ кишвар навъе ваҳдат барқарор шавад ва аз якдигар эҳсоси нигаронӣ надошта бошанд, бовар кунед 70 ё 80 дар сади ихтилофот бартараф хоҳад шуд. Коре кунем, ки душман миёни давлатдорони ин панҷ кишвар тафриқа наяфканад, хусусан Амрико ва бархе аз давлатҳои аврупоӣ. Бибинед, имрӯз, ки Арабистони Саудӣ бо Ирон миёнаи хубе надорад, мураттаб аз тариқи расонаҳояш Иронро мавриди ҳуҷум қарор медиҳад. Тамоми ин расонаҳои самъӣ ва басарии вобаста ба ваҳҳобият, бо пул ва сармояи Саудиҳо идора мешавад, ки корашон ҷуз ихтилофпароканиву тафриқаандозӣ нест. Агар бо ҳам канор оянд, инҳо низ аз миён хоҳад рафт. Бо ҳам канор омадан ҳам, кӯтоҳ омадан металабад; бояд Ирон анадаке кӯтоҳ ояд ва онҳо низ кӯтоҳ оянд.

Сониян, ваҳдати сиёсӣ миёни аҳзоб ва ҳаракоти исломӣ. Ин ҳам зарурист. Аҳзоби исломхоҳ бояд бо ҳам равобит ва равубиё дошта бошанд. Чун дар ҷаҳони ислом, таъсири аҳзобу ҳаракоти исломӣ бар рӯи мардум, агар нагӯем бештар аз ҳукуматҳост, қатъан камтар нест.

- Амрико ва саҳюнистҳо тамошобин хоҳанд буд? Онҳо намегузоранд як чунин ваҳдате барқарор бишавад.

- Хуб, дигар ин ҳунари сиёсатмадорон аст. Бояд коре кунанд ва барои Амрико ва саҳюнист маҷол нагузоранд. Агар сиёсатмадори амрикоӣ ва ё саҳюнист аҳёнан муваффақ аст, ба хотири огоҳӣ ва кордонии ӯст аз кайфият ва чигунагии муомила, мо низ чунон бошем, магар хуни онҳо ранги дигаре дорад? Мо ҳам башарем, онҳо ҳам башаранд, бо ин тафовут, ки шояд мо каме танбал бошем.

- Иҷозат диҳед суоле ҳам дар бораи кишваратон Тоҷикистон матраҳ кунам. Як ду соли ахир, дар расонаҳо гуфта мешавад, ки фишор ба Ҳизби Наҳзати Исломӣ аз тарафи ҳукумат зиёд шудааст ва масҷиди ин ҳизб бастанд ва ҳатто гуфта мешавад, ки ҳизб дар интихобот орои зиёде ба даст оварда, вале тақаллуб сурат гирифта. Ҳизби Наҳзат дар баробари ҳамаи инҳо ҳеҷ таҳарруке аз худ нишон намедиҳад. Бархе аз коршиносон иллати инро заъфи раҳбарияти феълӣ медонанд. Мӯътақиданд агар марҳум Сайидабдуллоҳ Нурӣ буданд, чунин намешуд.

- Чунин ҳам нест. Ин ки фишор алъон рӯи ҳизб аст ва ё дар интихобот нисбати ӯ бемеҳрӣ шудааст, барои касе пӯшида нест. Дар замони ҳаёти марҳум Устод Нурӣ ҳам чунин буд ва Устод талош мекард ба ҳар сурате ки шуда, ҳизбро нигаҳ дорад. Раҳбарияти феълӣ низ дақиқан ҳамон сиёсатеро, ки марҳум пеш гирифта буд, дунбол мекунад. Шумо мутмаин бошед, агар имрӯз Устод Нурӣ дар қайди ҳаёт буд, дақиқан ҳамин кореро мекард, ки Устод Муҳйиддин Кабирӣ мекунад. Муҳйиддин Кабирӣ дастпарвардаи худи Устод Нурӣ аст. Албатта, ногуфта намонад, ки чӣ дар замони марҳуми Устод ва чӣ ҳоло, тасмимгиранда дар ҳизб як нафар набуд ва нест, Шӯрое доранд ва тасмими онҳо нофиз аст. Бинобар ин, билфарз агар баъзе аз тасмимҳои кунунии ҳизбро нодуруст ангорем ҳам, боз бармегардад ба тасмими дастаҷамъӣ.

- Ташаккур.

- Худо нигаҳдори Шумо!

Taghrib

Бахш: Ваҳдати исломӣ | Просмотров: 471 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2017
Бесплатный хостинг uCoz