Ҷумъа, 29.03.2024, 04:43
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Май » 1 » Агар мо хуб бошем...
Агар мо хуб бошем...
02:46

Сайидюнуси Истаравшанӣ 

Одамӣ, дар фитрати хеш, ҳақҷӯ ва ҳақдӯст аст. Ҳар ҷо андешаеро ҳақ ва дуруст дид, мепазирад. Ҳар гоҳ кирдореро некӯ ва хуб ёфт, қабул мекунад. Офаридгор ӯро чунин офарида. Ин аз як сӯ.

Аз сӯи дигар, мо мусалмонон муддаӣ ҳастем, дини мо ҳақ аст; ҳам ақоидаш мутобиқ бо воқеъ ва рост ҳастанд, ва ҳам кирдору рафторҳое, ки мавриди тавсияи ӯст, дуруст ва некӯ мебошанд.

Ҳол, агар чунин аст, пас чаро мебинем бархе аз ислом мегурезанд? Одамони баде ҳам нестанд, ки бигӯем, аз рӯи лаҷоҷат чунин мекунанд. Ҳаргиз.

Ғолибан, гурез ва дурӣ гузидани бархе аз ин ойини пок, ба хотири худи мо мусалмонон аст. Ба баёни расотар, агар моён, ки муддаӣ ҳастем мусалмони ростин мебошем, рафтору кирдорамон ҳамон гуна бошад, ки ислом мехоҳад, бовар кунед дар як муддате кӯтоҳ, ислом тамоми гетиро фаро мегирад ва мардумон гурӯҳ-гурӯҳ вориди ин мактаби ҳақ мешаванд. Ҳатто ниёзе ҳам нест дигар шабу рӯз фарёд кашем, ки дини мо ба ин далелу он далел ҳақ асту ба сӯяш биштобед... Асосан, сабаби густариши ислом дар оғози зуҳураш, ин рафтору кирдори мусалмонони садри ислом буд, на зӯри шамшер.

Паёмбари акрам (с) дар як ҳадисе мефармоянд: "Шумо даъваткунандаи ба сӯйи ислом бошед, аммо бидуни забон”. Бидуни забон яъне чӣ? Яъне бо рафтору кирдори исломиятон мардумонро маҷзуби ин ойини ҳақ намойед.

Ҳоло, як достони воқеӣ аз садри ислом бароятон нақл мекунам, сипас худ доварӣ намойед.

Дар садри ислом, як ҷавони масеҳӣ ба номи Закариё мусалмон мешавад. Падару модару соири хешовандонаш ҳанӯз масеҳӣ буданд. Мавсими ҳаҷ, ки пеш меояд, ин ҷавон қасди сафари ҳаҷ мекунад. Гуфтанист, ин достон ҳудудан замоне иттифоқ афтодааст, ки охирҳои хилофати умавиён ва авоили хилофати аббосиён буд. Имом Ҷаъфари Содиқ (р), яке аз наберагони ҳазрати паёмбар (с), ки дар фазлу дониш дар он айём забонзади хоссу омм буд, дар Мадина менишаст. Закариё ба ҳузури Имом Содиқ шарафёб мешавад ва моҷарои ислом оварданашро барои эшон нақл мекунад. Сипас имом хитоб ба ӯ мефармоянд: Писарам! Ҳар пурсише дорӣ матраҳ кун.

Закарияё мегӯяд: Падару модару хешовандонам ҳама насронӣ ҳастанд, модарам нобиност, ман бо онҳо як ҷо зиндагӣ мекунам, таомро низ бо ҳам мехӯрем, вазифаи ман дар ин сурат чист?

- Оё онҳо аз гӯшти хук истифода мекунанд?

- На, эй фарзанди расулуллоҳ, ҳатто даст ҳам ба гӯшти хук намезананд.

- Муоширати ту бо онҳо монеъе надорад.

Он гоҳ имом мефармоянд: Муроқиби ҳоли модарат бош, то зинда аст, ба ӯ некӣ кун, вақте ки аз дунё рафт, ҷанозаи ӯро ба касе дигар вомагузор, худат шахсан мутасаддии таҷҳизи ҷанозаи ӯ бош.

Айёми ҳаҷ ба охир мерасад ва ҷавон ба шаҳри худ яъне Кӯфа бармегардад. Суфориши имомро аз хотир намебарад. Камар ба хидмати модар мебандад ва лаҳзае аз меҳрубонӣ ва муҳаббат ба модари нобинои худ фурӯгузор намекунад. Бо дасти худ ӯро таом медиҳад ва ҳатто шахсан сару либос ва сари модарро мешӯяд.

Ин тағйири равиши писар, хусусан пас аз баргашт аз сафари ҳаҷ, барои модар шигифтовар буд. Як рӯз ба писари худ мегӯяд: Писарҷон! Ту собиқан, ки дар дини мо будӣ ва ману ту аҳли як дину ойин ба шумор мерафтем, ин қадр ба ман меҳрубонӣ намекардӣ, акнун чӣ шудааст, ки бо ин ки ману ту аз лиҳози дину ойин бо ҳам бегонаем, беш аз гузашта бо ман меҳрубонӣ мекунӣ?

- Модарҷон! Марде аз фарзандони паёмбари мо ба ман ин тавр дастур дод.

- Худи он мард ҳам паёмбар аст?

- На, ӯ паёмбар нест, ӯ писари паёмбар аст.

- Писаракам! Хаёл мекунам худи ӯ паёмбар бошад, зеро ин гуна тавсияҳо ва суфоришҳо ҷуз аз ноҳияи паёмбарон аз ноҳияи каси дигаре намешавад.

- На, модар, мутмаин бош ӯ паёмбар нест, ӯ писари паёмбар аст. Асосан, баъд аз паёмбари мо ҳазрати Муҳаммад (с) паёмбаре дигар ба ҷаҳон нахоҳад омад.

- Писаракам! Дини ту бисёр дини хубест, аз ҳама динҳои дигар беҳтар аст. Дини худро бар ман арза бидор.

Он гоҳ Закариё шаҳодатайнро бар модар арза мекунад ва модар мусалмон мешавад. Сипас ҷавон одоби намозро ба модари нобинои худ таълим медиҳад. Модар фаро мегирад. Намози зуҳр ва намози асрро баҷо меоварад. Шаб, ки мешавад, тавфиқи намози мағриб ва намози хуфтан низ пайдо мекунад.

Аммо, охири шаб ногаҳон ҳоли модар тағйир мекунад ва бемор шуда ба бистар меафтад. Писарро металабад ва мегӯяд: Писаракам! Як бори дигар он чизҳое, ки ба ман таълим додӣ, таълим бидеҳ.

Писар бори дигар шаҳодатайн ва соири усули ислом яъне имон ба ягонагии Худо, паёмбарон, фариштагон, кутуби осмонӣ ва рӯзи қиёматро ба модар таълим медиҳад. Модар ҳамаи онҳоро ба унвони иқрор ва эътироф, бар забон ҷорӣ ва ҷон ба ҷонофарин таслим мекунад.

Субҳ, ки мешавад, мусалмонон барои ғуслу ташйеи ҷанозаи он зан ҳозир мешаванд. Касе ки бар ҷаноза намоз мехонад ва бо дасти худ ӯро ба хок месупорад, писари ҷавонаш Закариё буд.[1]

Комёб бошед

Бахш: Ахлоқи исломӣ | Просмотров: 1010 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Май 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz