Ҷумъа, 29.03.2024, 02:37
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Июл » 12 » Ҳақиқати исро ва меъроҷи Расули Акрам (с)
Ҳақиқати исро ва меъроҷи Расули Акрам (с)
20:10

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар канори даҳҳо мӯъҷизаҳое, ки аз ҳазрати Паёмбари Акрам (с) нақл шудааст, яке аз онҳо, меъроҷи он ҷаноб (с) мебошад. Дар ин ҳодиса, ибтидо ҷанобаш (с)-ро шабона аз Масҷидул-ҳаром то Масҷидул-ақсо сайр медиҳанд, ва пас аз он, ба осмони ҳафтум ва то ҷое ки касе ҷуз Худованди Мутаол ҳузур надорад боло мебаранд. Тибқи ривоёти исломӣ, тамоми ин моҷаро, дар бедории он ҳазрат (с) буда, ва бино бар назари аксари уламо, бо ҳамин бадани ҷисмонӣ иттифоқ афтода, на дар хоб ё бо руҳ.

Ин ҳодиса, ҳамсони соири мӯъҷизаҳое, ки дар Қуръони Карим нақл шудааст, мавриди инкори бархе аз кӯтаҳандешон қарор гирифта; ҳамон касоне ки мехоҳанд вуқӯи ҳар ҳодиса ва рухдодеро фақат дар чорчӯба ва маҳдудаи қавонини ҳоким бар олами модда ва моддиёт тафсир карда ва ҳар он чиро ки маҳкум ба ин қавонин нест, "афсона” қаламдод намоянд.

Аммо ногуфта намонад, ки шояд сабаби "афсона” донистани назири рухдодҳое чун меъроҷи он ҷаноб (с) тавассути он кӯтаҳандешон ин бошад, ки уламо ва донишмандони исломӣ, ба хубӣ натавонистаанд аз ӯҳдаи тафсири онҳо ба гунае ки тавҷеҳпазир бошад бароянд. Зеро, дида мешавад бештари муфассирон, дар заминаи тавҷеҳи ҳаққонияти вуқӯи ин гуна рухдодҳо, ба ҳамин басанда кардаанд, ки бигӯянд, чун дар манобеи исломии мо вуқӯи амсоли чунин ҳаводисе нақл шудааст, дигар чуну чаро надорад ва мо, ба ҳукми мусалмонӣ, чорае ҷуз қабули онҳо надорем.

Албатта, ин ки гуфтаанд: ба ҳукми мусалмонӣ, чорае ҷуз қабул надорем, аз як тараф сухане комилан дуруст аст, бад-ин сабаб, ки чун ҳаққонияти Қуръону нубуввати ҳазрати Паёмбар (с) ба далели ақл собит аст, бинобар ин, ҳар он чи дар Қуръони Карим ва суханони он ҳазрат (с) омадааст, ҷуз ҳақ намебошад.

Вале, аз тарафи дигар, бар уламо ва донишмандони мо лозим аст порае аз масоилеро, ки фаҳму дарки дурусти онҳо сабаб хоҳад гардид то кӯтаҳандешон, дар инкори вуқӯи рухдодҳое чун меъроҷи он ҷаноб (с) нашитобанд, ва ё лоақал бигӯянд: мо нафаҳмидем ва айб дар мост, ки нафаҳмидем, на ин ки зуд инкораш намоянд, тавзеҳ бидиҳанд. Дар ин навиштор бар онем то ба шарҳу тавзеҳи порае аз ҳамин масоил бипардозем.

Аммо дар оғоз лозим аст бо такя бар ривоёти саҳеҳ, асли моҷарои меъроҷи он ҷаноб (с)-ро нақл кунем.

Асли моҷарои меъроҷ:

Шабе ҳазрати Ҷабраили Амин (а) ҳузури Паёмбари Акрам (с) расид ва гуфт: "Эй Муҳаммад! Бархез ва бо мо ҳамсафар шав, ки сафаре дуру дароз дар пеш дорем”. Ҷабраили Амин (а) маркабе ба номи Буроқро пеш овард. Муҳаммад (с) бо ҳамин маркаб ба сӯйи Байтул-муқаддас равона шуд ва дар муддати бисёр кӯтоҳе дар он маҳал фуруд омад. Дар Масҷидул-ақсо бо ҳузури паёмбарони бузурге чун Иброҳим (а), Мӯсо (а) ва Исо (а) намоз гузорид. Имоми ҷамоат низ Паёмбари Акрам (с) буд. Сипас, аз Масҷидул-ақсо, Байтул-лаҳм (зодгоҳи ҳазрати Исо (а)) ва хонаҳои паёмбарон дидан кард. Паёмбар (с) дар бархе ҷойгоҳҳо, ба шукронаи чунин сафаре, ду ракъат намози шукр ба ҷой овард.

Он гоҳ марҳилаи дуюми сафари худро, ки ҳаракат ба сӯйи осмонҳои ҳафтгона буд, оғоз кард. Паёмбар (с) ҳамаи осмонҳоро яке пас аз дигаре паймуд ва сохтори ҷаҳони болоро дид, вале дар ҳар осмон ба саҳнаҳои тозае бармехӯрд ва бо арвоҳи паёмбарон ва фариштагон сухан мегуфт. Ӯ дар баъзе осмонҳо бо дӯзаху дӯзахиён ва дар баъзеи дигар бо биҳишту биҳиштиён бархӯрд кард ва аз марокизи раҳмат ва азоби парвардигор боздид ба амал овард. Эшон, дараҷаҳои биҳиштиён ва ашбоҳи дӯзахиёнро аз наздик мушоҳида кард.

Саранҷом ба "Сидратул-мунтаҳо” дар осмони ҳафтум ва "Ҷаннатул-маъво” (биҳишти баррин) расид ва дар он ҷо, осори шукӯҳи парвардигори ҳастиро дид. Ҳазраташ (с) чунон авҷ гирифт ва ба ҷое расид, ки ҷуз Худо, ҳеҷ мавҷуде ба он ҷо роҳ надошт, ҳатто Ҷабраили Амин (а) аз ҳаракат бозистоду гуфт: "Ба яқин, агар ба андозаи сари ангуште болотар оям, хоҳам сӯхт”.

Он гоҳ ҳазрати Муҳаммад (с) дар он ҷаҳони саросар нуру рӯшаноӣ, ба авҷи шуҳуди ботинӣ ва қурби илал-лоҳ ва мақоми "Қоба қавсайни ав адно” расид. Худованд дар ин сафар, дастурҳо ва суфоришҳои бисёр муҳимме ба Паёмбар (с) фармуд. Бад-ин сурат, меъроҷ, ки аз Байтул-ҳаром оғоз гашта буд, дар "Сидратул-мунтаҳо” поён пазируфт. Сипас, ба Паёмбар (с) дастур дода шуд аз ҳамон роҳе, ки уруҷ кардааст, бозгардад.

Паёмбар (с) ҳангоми бозгашт, дар Байтул-муқаддас фуруд омад ва аз он ҷо роҳи Маккаро дар пеш гирифт. Эшон дар миёнаи роҳ ба корвони бозаргонии Қурайш бархӯрд кард, дар ҳоле ки онон шутуреро гум карда буданд ва дар пайи он мегаштанд. Паёмбар (с) аз обе, ки дар миёни зарфи онон буд, қадре нӯшид ва боқимондаи онро ба замин рехт, ва бино бар ривояте, рӯи он, сарпӯш гузорд. Ҳазрати Муҳаммад (с) пеш аз тулӯи фаҷр дар манзили худ аз Буроқ фуруд омад.

Кӯтаҳандешон чӣ мегӯянд?

Гуфтем, ки кӯтаҳандешоне, ки мехоҳанд вуқӯи ҳар ҳодиса ва рухдодеро фақат дар чорчӯба ва маҳдудаи қавонини ҳоким бар олами модда ва моддиёт тафсир карда ва ҳар он чиро ки маҳкум ба ин қавонин нест, "афсона” қаламдод намоянд, дар заминаи меъроҷи он ҷаноб (с) мегӯянд: манзур аз осмонҳои ҳафтгона кадом аст? Оё мурод, ҳамон осмонҳои ҳафтгонаест, ки Птоломей дар замони худ мӯътақид ба он буд? Назарияи ӯ, ки замонҳост бутлонаш собит шуда? Дӯзаху дӯзахиён ва биҳишту биҳиштиён, фариштагони болдор, Сидратул-мунтаҳо, Ҷаннатул-маъво ва аз ин қабил ашёе, ки Муҳаммад (с) иддао дорад ба мушоҳидаи онҳо шарафёб гардидаст, дар куҷои ин олам қарор доранд? Оё дар яке аз сайёраҳост? Магар дӯзаху биҳишт дар он ҷоҳо қарор дорад? Ҳол, агар фарз кардем, ки дар он ҷоҳо буданд, магар ба василаи маркабе чун Буроқ, ки ҳайвоне беш нест, дар ин муддати кӯтоҳе, ки Муҳаммад (с) иддао дорад сафарашро дар он муддат анҷом додааст, қобили рафту баргашт ҳастанд? Илми имрӯз мегӯяд, агар ба яке аз сайёраҳои манзумаи хуршедӣ сафаре анҷом бишавад, бояд ҳазорон сол тӯл бикашад то ба василаи фазонавардҳо ба он ҷо, тоза бо суръати нур, бирасем.

Посух:

Посухи аввалӣ ва сода бар ин гуна ишколот он аст, ки чунон ки ёдовар шудем, аз он ҷо ки ҳаққонияти Қуръон ва нубуввати ҳазрати Паёмбар (с) ба василаи ақл собитанд, аз ин рӯ, ҳар он чи дар ин ду манбаъ омадаанд, рост ва ҳақиқатанд, ва агар мо инсонҳо ба ҳақиқат ва моҳияти онҳо пай намебарем, айб дар мост. Зеро, хеле аз ашёст, ки ҳаққанд, вуҷуд доранд ва шакке дар ҳаққонияти онҳо нест, вале мо тавони дарки моҳияти онҳоро надорем.

Ҳол, агар касеро чунин посухе қонеъ насозад, гӯем: он чи боис шуда ин идда аз кӯтаҳандешонро бар ин водорад, ки як чунин ишколоте матраҳ кунанд, он аст, ки инҳо олами ҳастиро фақат маҳдуд дар ҳамин олами модда кардаанд. Инон ба оламе дар моварои модда ва моддиёт мӯътақид нестанд. Мушкил ҳамин ҷост.

Муроди мо аз олами модда, тамоми он чизҳоест, ки маҳкум ба қавонини моддӣ ва табиӣ мебошанд, мисли дар замону макони муайян воқеъ шудан, ҷиҳати мушаххасе доштан, дорои ҳаракат будан ва ғайра. Аз ин рӯ, тамоми он чи дар ин замину осмони паҳновар воқеъ ҳастанд, аз кучактарин унсуре мисли атом гирифта то бузугтарин ситораҳое, ки дар осмон қарор доранд, ҳама ва ҳама моддиёт ва маҳкум ба қавонини моддӣ ҳастанд.

Аммо олами ҳастӣ, танҳо маҳдуд ба ҳамин олами модда нест. Бар асоси далелҳои ақлии раднопазир, ки мавриди қабули донишмандон (ҳатто бархе аз донишмандони бедин) мебошад, мо оламе дорем моварои модда, ки маҳкум ба қавонини моддӣ ва табиӣ намебошад. Ҳол, исмашро ҳар чи мехоҳем бигузорем, олами малакут, олами руҳ, олами ақл... Ин муҳим нест, муҳим он аст, ки оламе дорем ғайр аз ин олами модда ва табиат. Дар он олам, на замон ҳаст ва на макон, на ҳаракат аст ва на мавҷудоти он олам дар ҷиҳате муайян қарор доранд. Замону макону ҳаракату ҷиҳату аз ин қабил ашё, ҳама мутааллиқ ба ҳамин олами модда ҳастанд.

Қавитарин далел бар вуҷуди олами моварои модда:

Қавитарин далели донишмандон бар вуҷуди оламе ғайр аз олами модда ва табиат, вуҷуди руҳи мост. Зеро, руҳи одамӣ тааллуқ ба олами табиат надорад, балки мутааллиқ ба олами болост. Агар одамӣ, фақат ҳамин бадану ҷисми ӯ буд, ҳаргиз дар худ як ваҳдат эҳсос намекард. Одамӣ вақте мегӯяд "ман”, ин "ман” ҳамон руҳи ӯст, на ҷисму бадани моддии ӯ. Чун, агар "ман”-и ӯ ҳамин ҷисмаш буд, мебоист дар ҳар бурҳае аз замон, хештанро ғайр аз он чи дар як замони дигар аст эҳсос мекард, ҳол он ки вай дар синни панҷсолагӣ ҳамон аст, ки дар чиҳилсолагист. Вақте аз шахсе ба номи Рустам суол кунед, ки оё ту ҳамон ҳастӣ, ки даҳ сол қабл будӣ, мегӯяд, оре, на ин ки бигӯяд ман дигарам. Дар сурате ки ҳуҷайраҳое, ки бадану ҷисми инсон аз онҳо ташкил шудаанд, бино бар қавли уламо, дар ҳар панҷ сол куллан иваз мешаванд. Яъне бадани инсон дар синни даҳсолагияш масалан, ғайр аз бадан ва ҷисми ӯ дар синни чиҳилсолагияш аст. Аммо бо вуҷуди ин, ҳамин инсон, дар тӯли ҳаёти худ, як гуна ваҳдатро дар худ эҳсос мекунад.

Бинобар ин, вақте сухан аз осмонҳои ҳафтгона, биҳишту дӯзах, фариштаву болҳои ӯ, Сидратул-мунтаҳову Ҷаннатул-маъво мешавад, на ин аст, ки ин мавҷудот, мавҷудоти олами модда ва табиат ва дар натиҷа маҳкум ба қавонини он бошанд, то ишкол гирем, ки инҳо дар куҷои олами табиат қарор доранд? Инҳо ҳама мавҷудоти ҳақиқӣ ва воқеӣ ҳастанд, аммо на дар ин олам. Инҳо, на дар замоне муайян қарор хоҳанд гирифт, на макони мушаххасе доранд, на дорои ҷиҳате ва на ҷисму бадане, ки мо дорем мебошанд.

Аз ин рӯ, вақте яке аз он мавҷудот тавассути Қуръон ва ё ҳазрати Муҳаммад (с) васф мешаванд, ки масалан: дар биҳишт дарахтон аст, қасрҳост, ҷӯйҳое ҷараён дорад ва ғайра... ё ин ки вақте фариштаро васф мекунанд, ки ин чунину он чунон аст масалан дорои бол аст.., мо дар айни ин ки набояд заррае шакку тардид дар ҳаққонияти онҳо бар худ раво дорем, аммо ҷоиз нест онҳоро мисли мавҷудоти олами табиат донем.

Ишкол ва посух:

Агар гуфта шавад: пас чаро Қуръон ва Муҳаммад (с) онҳоро ба ҳамон ҳақиқате, ки ҳастанд васф намекунанд, балки ба гунае васф менамоянд, ки дар зеҳни мо моддӣ ва табиӣ будани онҳо хутур мекунад?

Дар посух гӯем: мо инсонҳо, то модоме ки дар ҳамин олами модда қарор дорем, танҳо чизҳоеро метавонем тасаввур кунем, ки намунаашро бо чашмон дидаем, ё шунидаем ва ё эҳсос кардаем, ва ҳаргиз чизеро, ки аслан ба эҳсоси мо надаромадааст, наметавонем дар зеҳни худ тасаввур намоем. Тасавури чизе ки инсон намунаашро эҳсос накардааст, маҳол аст. Ҳатто агар деверо дар зеҳн тасаввур намоем, ки дар хориҷ намунае надорад, дар воқеъ дар зеҳни худ чизеро сохтаем, ки мураккаб аз ашёест, ки намунааш дар хориҷ ҳаст ва мо қаблан онро эҳсос намудаем. Масалан, фарз кунед, дар зеҳни худ деве тасаввур кардаем, ки як чашма, дорои шох, пашмин ва думдор мебошад. Ин деви зеҳнии мо, ҳарчанд сохта ва пардохтаи зеҳни мост, аммо тамоми аъзояшро аз намунаҳое, ки қаблан дидаем, дар зеҳн сохтаем. Чашмонаш монанди чашмони ҳамин мавҷудоти олами хориҷ аст бо ин тафовут, ки як тост на ду то, думашро аз маймун гирифтаем, шохашро аз гов ва ғайра...

Далелаш ин аст, ки фарз кунед як инсон аз оғози вилодат то понздаҳсолагӣ фақат дар дохили як ғор бузург шудааст ва иттилое аз олами берун аз ғор надорад. Агар шумо баъд аз понздаҳ сол пеши вай омада ва ба ӯ бигӯед, ки ҳаминак борон меборад ва дарахтон меҷунбанд, оё ӯ метавонад чӣ будани борон ва ё дарахтро тасаввур намояд? Ҳатман, ба ин сӯ ва он сӯи ғор, ба ҳамон чизҳое, ки ӯро иҳота кардаст нигоҳ карда, аз шумо хоҳад пурсид, ки ба ман бигӯ: ин бороне, ки ту мегӯӣ ва дарахте, ки мегӯӣ шабеҳи чӣ чизест? Шумо ҳам талош мекунед моҳияти борон ва дарахтро барои вай, бо ташбеҳ ба чизҳое, ки маънуси ӯст ва вай онҳоро дида, тавзеҳ диҳед. Мебинед ҳеҷ чизе ҳам нест, ки шабеҳи борон ва дарахт дар он ғор бошад. Чӣ кор мекунед?

Гӯянд як нафар кӯри модарзод аз дӯсташ пурсид, барои ман барфро васф кун. Дӯсташ гуфт, барф чизест сафед. Ин кӯри модарзод, ки ҳаргиз аз ранг хабар надорад, пурсид, сафед яъне чӣ? Дӯсташ ҳам ин сӯ ва он сӯ нигоҳ кард ва дид як ғози сафед он ҷост, ғозро гирифт ва овард пеши он кӯр ва гуфт, сафед ин аст. Кӯр ҳам бо ба даст гирифтани ғоз, гуфт, ҳоло фаҳмидам барф чӣ будааст, барф чизе будааст гардандароз.

Баргардем бар сари асли матлаб:

Ҳол, Қуръони Карим ва ҳазрати Паёмбари Акрам (с) бо мо инсонҳо ба ҳамин забоне, ки дорем сухан гуфтаанд, ва мо фақат чизҳоеро метавонем ном барем, ки намунаашро дар ҳамин олами модда ва табиат дида ва ё шунида ва ё эҳсос кардаем. Аз сӯйи дигар, чун дар олами модда қарор дорем ва маҳкум ба қавонини модда ва табиат ҳастем, чизеро, ки моварои табиат ва берун аз замону макон қарор дорад, наметавонем тасаввур кунем, аслан маҳол аст. Нисбати мо ва олами модда ва табиате, ки дар он ҳастем бо олами моварои модда (олами малакут), нисбати ҳамон инсони дар ғор бузургшуда бо олами берун аз ғорро монад.

Аз ин рӯ, тамоми он чи дар Қуръон ва забони мубораки ҳазрати Паёмбар (с) – аз дӯзаху биҳишту фариштагону Сидратул-мунтаҳову Ҷаннатул-маъво ва ғайра – омадааст, падидаҳоест сад дар сад ҳақ ва заррае шакку тардид дар ҳаққонияти онҳо нест, аммо мо наметавонем ба кунҳ ва моҳияти воқеии онҳо пай ва онҳоро тасавввур намоем. Бинобар ин, ҳар гоҳ сухан аз фариштаву болҳои ӯ, ва ё дӯзаху аҳволи дӯзахиён, ва ё биҳишту ҳоли биҳиштиён, ва ё исро ва меъроҷи он ҷаноб (с) ва кайфияти вуқӯи он равад, чунин нест, ки воқеияти онҳо ҳамон гуна бошад, ки вақте аз забони Қуръон ва Паёмбар (с) мешунавем, онҳоро моддӣ ва табиӣ тасаввур кунем. Болу дарахту коху ғайра, мисдоқҳояш дар олами модда, ғайр аз мисдоқҳои он дар олами боло ва моварои табиат аст.

Ҳоли Қуръону Паёмбар (с) дар баёни ин маориф барои мо, ҳоли ҳамон касеро монад, ки мехоҳад воқеияти борон ва ё дарахтро ба он касе ки дар ғор бузург шудааст баён кунад. Ҳол, агар он инсон, аз борон ва ё дарахт, дар зеҳни худ чизеро, ки дар ғор шабеҳи дарахт ва ё борон аст тасаввур кунад, ғайр аз борон ва дарахте хоҳад буд, ки дар олами берун аз ғор мавҷуд аст.

Аз ҳамин рӯст, ки дар ривоёт ҳаст, ки Паёмбар (с) мо инсонҳоро аз тафаккур дар зоти илоҳӣ шадидан манъ кардаанд. Чаро? Чун мо ҳар чи ҳам саъю талош кунем, боз наметавонем зоти илоҳиро ҳамон тавр ки ҳаст тасаввур намоем. Ва ҳар чи ҳам, ки дар зеҳни мо биёяд, боз ҳам маҳкум ба замону макон аст.

Сухане аз Эйнштейн дар мавриди меъроҷ:

Эйнштейн дар поёнҳои умри худ рисолае нигошт ба унвони "Die Erkla"rung - von” яъне "Баёния”, ки дар соли 1954 дар Амрико ва ба олмонӣ навишта шудааст. Ӯ дар ин рисола исломро бар тамомии адёни ҷаҳон тарҷеҳ медиҳад ва онро комилтарин ва маъқултарин дин меҳисобад.

Ин рисола, дар ҳақиқат ҳамон номанигории ӯ бо Оятуллоҳ Буруҷердӣ (яке аз уламои эронӣ) аст, ки нусхае аз он ҳаминак дар хона-музейи Оятуллоҳ Буруҷердӣ нигаҳдорӣ мешавад. Эйнштейн дар ин рисола назарияи нисбияти худро бо оятҳое аз Қуръони Карим ва аҳодисе аз ҳазрати Паёмбар (с) татбиқ дода ва навишта, ки дар ҳеҷ ҷо чунин суханони пурмағзе ёфт намешавад.

Аз он ҷумла ҳадисест, ки дар мавриди меъроҷи ҷисмонии Расули Акрам (с) аз китобҳои ривоии мо мусалмонон нақл мекунад, ки: "Қабл аз меъроҷ, ҳангоми бархостан аз замин, доман ё пойи мубораки Паёмбар (с) ба зарфи обе мехӯрад ва он зарф вожгун мешавад. Аммо пас аз ин ки Паёмбари Акрам (с) аз меъроҷи ҷисмонӣ бармегарданд, мушоҳида мекунанд, ки пас аз гузашти ин ҳама замон, ҳанӯз оби он зарф дар ҳоли рехтан рӯи замин аст...” Эйнштейн ин ҳадисро аз гаронбаҳотарин баёноти илмии пешвои ислом дар заминаи "нисбияти замон” дониста ва шарҳи физикии муфассале бар он менависад... Ҳамчунин Эйнштейн дар ин рисола, маоди ҷисмониро аз роҳи физикӣ исбот мекунад (илова бар қонуни сеюми Ньютон: амал ва аксуламал). Ӯ формулаи риёзии маоди ҷисмониро акси формулаи маъруфи "нисбияти модда ва энержӣ” медонад:

E=M.C2>>M=E:C2

Яъне агар ҳатто бадани мо табдил ба энержӣ шуда бошад, дубора айнан ба модда табдил шуда ва зинда хоҳад шуд.

Комёб бошед

Кимиёи саодат

Бахш: Паёмбаршиносӣ | Просмотров: 1523 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Июл 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz