Панҷшанбе, 25.04.2024, 13:25
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 22 » Вижагиҳои паёмбарон
Вижагиҳои паёмбарон
19:57

Паёмбарони илоҳӣ, ки аз тариқи ваҳй бо реша ва оғози ҳастӣ иттисол пайдо мекунанд, дорои имтиёзот ва хусусиятҳое мебошанд, ки акнун ба онҳо ишора мешавад:

 

1. Мўъҷиза:

Ҳар паёмбаре, ки аз ҷониби Худо барангехта мешавад, аз қудрат ва нерўи фавқулодае бархўрдор аст ва бо он қудрати фақулода, як ё чанд асари мофавқи қудрати башарӣ иброз медорад, ки нишондиҳандаи баҳрамандии ў аз он нерўи фавқулодаи илоҳист ва гувоҳи ростин будани даъвати ў ва осмонӣ будани сухани ўст.

Қуръони Карим осори фавқулодаеро, ки паёмбарон ба изн ва иҷозати Худо барои гувоҳӣ бар сидқи гуфтори худ ироа мекарданд, “оят”, яъне нишона ва аломати нубувват мехонад ва уламои илми ақоид аз он назар, ки ин аломатҳо оҷизӣ ва нотавонии соири афродро ошкор месозад, “мўъҷиза” меноманд. Қуръони Карим нақл мекунад, ки мардуми ҳар замон, аз паёмбарони замони хеш тақозои “оят” ва “мўъҷиза” мекарданд ва он паёмбарон ба ин тақозо, ки тақозои маъқул ва мантиқӣ буд – зеро бидуни он барои мардум роҳе ба шинохти паёмбарии он паёмбар набуд – ҷавоби мусбат медоданд. Вале агар тақозои мўъҷизот ба манзури дигаре ҷуз ҷўяндагии ҳақиқат сурат мегирифт – масалан ба сурати “муомила” пешниҳод мешуд, ки агар фалон корро бикунӣ, мо дар иваз даъвати туро мепазирем – паёмбарон аз анҷоми он даст бармедоштанд. Қуръони Карим мўъҷизоти зиёде барои пайғамбарон нақл кардааст, аз қабили мурда зинда кардан ва бемори лоилоҷро шифо додан то дар гаҳвора сухан гуфтан ва асоро табдил ба аждаҳо кардан ва аз ниҳон ва оянда хабар додан.

 

2. Исмат:

Аз ҷумла хусусиятҳои паёмбарон “исмат” аст. Исмат яъне дур будан ва пок будан аз гуноҳ ва аз иштибоҳ. Яъне паёмбарон на таҳти таъсири ҳавоҳои нафсонӣ қарор мегиранд ва даст ба гуноҳ мезананд ва на дар кори худи дучори хато ва иштибоҳ мешаванд. Дурии онҳо аз гуноҳ ва иштибоҳ ҳадди аълои қобилияти эътимодро ба онҳо медиҳад. Акнун бубинем ин дурӣ ба чӣ сурат аст? Оё масалан ба ин сурат аст, ки ҳар вақт бихоҳанд даст ба гуноҳ ё иштибоҳ зананд, як маъмури ғайбӣ меояд ва монанди падаре, ки монеи лағзиши фарзандаш мешавад, пеши онҳоро мегирад? Ва ё ба ин сурат аст, ки паёмбарон сиришт ва сохтмонашон таврест, ки на имкони судури гуноҳ аз онҳо вуҷуд дорад ва на имкони иштибоҳ (он чунон ки масалан як фаришта зино намекунад, ба далели ин ки аз шаҳвати ҷинсӣ холист ва ё як мошини ҳисоб иштибоҳ намекунад, ба далели ин ки аслан зеҳн надорад)? Ва ё ин ки гуноҳ накардан ва иштибоҳ накардани паёмбарон, ба сабаби навъи биниш ва дараҷаи яқин ва имони онҳост? Албатта танҳо ҳамин қисм саҳеҳ аст (яъне исмати онҳо ба сабаби навъи биниш ва дараҷаи яқин ва имони онҳост). Акнун ҳар як аз ин ду покизагии онҳоро ҷудогона зикр мекунем:

Покӣ аз гуноҳ: Инсон як мавҷуди боихтиёр аст ва корҳои хешро бар асоси манфиатҳову зарарҳо ва фоидаҳову зиёнҳо, ки ташхис медиҳад интихоб мекунад. Аз ин рў “ташхис” нақши муҳимме дар ихтиёр ва интихоби корҳо дорад. Маҳол аст, ки инсон чизеро, ки бар ҳасаби ташхиси ў ҳеҷ фоидаеро ба дунбол надорад ва аз тарафи дигар зиён ва зарар дорад интихоб кунад. Масалан: инсони оқил дониста худро аз кўҳ намеафканад ва ё заҳр наменўшад.

Мардум аз назари имон ва таваҷҷўҳ ба оқибати гуноҳон мутафовитанд. Ба ҳар андоза, ки имонашон қавитар ва таваҷҷўҳашон ба оқибати гуноҳон шадидтар бошад, дурияшон аз гуноҳ бештар мешавад. Агар дараҷаи имон дар ҳадди шуҳуд ва аён бирасад, яъне ба ҳадде, ки одамӣ ҳолати худро дар ҳангоми даст задан ба гуноҳ ҳолати шахсе бубинад, ки мехоҳад худро аз кўҳ биафканад ва ё заҳр бинўшад, дар ин ҷо эҳтимоли ихтиёри гуноҳ тамоман аз байн меравад, яъне ҳаргиз ба тарафи гуноҳ намеравад. Чунин ҳолеро “исмат аз гуноҳ” меномем. Пас исмат аз гуноҳ сарчашма мегирад аз камоли имон ва шиддати тақво. Зарурате надорад, ки барои ин ки инсон ба ҳадди “дурӣ” ва “маъсумият” аз гуноҳ бирасад, як нерўи хориҷӣ маҷбуран ўро аз гуноҳ боздорад ва ё шахси маъсум ба ҳасаби сиришт ва сохтмон беқудрат бошад. Агар инсоне қудрат бар гуноҳ надошта бошад ва ё як қуввае ҳамвора пешгирандаи ў аз гуноҳ бошад, гуноҳ накардани ў барояш камоле шумурда намешавад, зеро ў монанди инсонест, ки дар зиндон ҳабс шуда ва қодир бар хилофкорӣ нест. Хилофкорӣ накардани чунин инсонеро ба ҳисоби дурустӣ ва амонати ў натавон гузошт.

Покӣ аз иштибоҳ: Масуният аз иштибоҳ низ натиҷаи навъи биниши паёмбарон аст. Иштибоҳ ҳамвора аз он ҷо рўй медиҳад, ки инсон ба василаи як ҳисси дарунӣ ё берунӣ бо воқеияте иртибот пайдо мекунад ва як силсила суратҳои зеҳнӣ аз онҳо дар зеҳни худ таҳийя мекунад ва бо қувваи ақли худ он суратҳоро таҷзия ва таркиб мекунад ва анвои тасарруфот дар онҳо менамояд. Он гоҳ дар татбиқи суратҳои зеҳнӣ ба воқеиятҳои хориҷӣ ва дар тартиби он суратҳо гоҳ хато ва иштибоҳ рўй медиҳад. (Масалан инсон ба василаи чашми худ аз дур шабаҳеро мебинад (ба иборати дигар ба василаи ҳоссаи босираи худ бо воқеияте, ки аз дур намоён аст иртибот пайдо мекунад) ва ба назараш чунин мерасад, ки як саг аст, ки ба тарафи ў наздик мешавад. Вале вақте он шабаҳ наздик мешавад, мебинад саг набудааст, балки гург будааст ва дар воқеъ дар татбиқи сурати зеҳнӣ аз он шабаҳ ба воқеияти хориҷияш хато ва иштибоҳ рўй додааст.) Аммо он ҷо ки инсон мустақиман бо воқеиятҳои айнӣ ба василаи як ҳисси хос рўбарўст ва идроки воқеият барои вай айни иттисол бо воқеият аст, на сурати зеҳнӣ аз иттисол бо воқеият, дигар хато ва иштибоҳ маъно надорад. Паёмбарони илоҳӣ аз даруни худ бо воқеияти ҳастӣ иртибот ва иттисол доранд. Дар матни воқеъият иштибоҳ фарз намешавад. Мисоле дигар: агар мо сад дона тасбеҳро дар зарфе бирезем ва боз сад донаи дигарро ва ин амалро сад бор такрор кунем, мумкин аст зеҳни мо иштибоҳ кунад ва хаёл кунад ин амал наваду нўҳ бор ва ё яксаду як бор такрор шудааст, на дақиқан сад бор. Аммо маҳол аст, ки худи воқеият иштибоҳ кунад ва бо ин ки амали боло сад бор такрор шудааст маҷмўи донаҳо камтар ё бештар бишавад. Инсонҳое, ки аз назари огоҳиҳо дар матни ҷараёни воқеият қарор мегиранд ва бо решаи ҳастӣ ва вуҷуд ва ҷараёнҳо муттасил ва яке мешаванд, дигар аз ҳар гуна иштибоҳ барканор ва маъсум хоҳанд буд.

 

3. Раҳбарӣ:

“Паёмбарӣ” бо ин ки аз масири маънавӣ ба сўи Худо ва наздикӣ ба зоти Ў ва буридан аз халқ (сайр аз халқ ба сўи Ҳақ) оғоз мешавад – ки натиҷааш инсироф аз бурун ва таваҷҷўҳ ба дарун аст – вале саранҷом бо бозгашт ба халқ ва бурун, ба манзури ислоҳ ва созмон бахшидан ба зиндагии инсон ва ҳидояти он дар як масири саҳеҳ (сайр бо Ҳақ дар дохили халқ) поён меёбад.

Калимаи “набӣ” дар забони арабӣ ба маънои “хабароваранда” аст – ва дар форсӣ калимаи “паёмбар” ҳамон маъноро медиҳад – ва калимаи “расул” дар забони арабӣ ба маънои “фиристода” аст. Паёмбар паёми Худоро ба халқи Худо иблоғ мекунад ва нерўҳои онҳоро бедор менамояд ва сомон мебахшад ва ба сўи Худованд ва он чи ризои Худованд аст, яъне сулҳу сафо ва ислоҳталабӣ ва беозорӣ ва озодӣ аз ғайри Худо ва ростӣ ва дурустӣ ва муҳаббат ва адолат ва соири ахлоқи некў даъват мекунад ва башариятро аз занҷири итоати ҳавои нафс ва итоат аз анвои бутҳо ва тоғутҳо раҳоӣ мебахшад.

Аллома Иқболи Лоҳурӣ тафовути паёмбаронро бо соири афроде, ки масири маънавӣ ба сўи Худо доранд (орифон) вале рисолати паёмбарӣ надоранд − ва онҳоро “марди ботинӣ” мехонад – чунин баён мекунад:

“Марди ботинӣ намехоҳад, ки пас аз оромиш ва итминоне, ки (дар масири маънавӣ) пайдо мекунад, ба зиндагии ин ҷаҳон бозгардад, аммо дар он ҳангоме, ки бино бар зарурат бозмегардад, бозгашти ў барои тамоми башарият суди чандоне надорад. Вале бозгашти пайғамбар ҷанбаи халлоқият ва самарабахше дорад; бозмегардад ва дар ҷараёни замон ворид мешавад ба ин қасд, ки ҷараёни таърихро таҳти забт дароварад ва аз ин роҳ ҷаҳони тозае аз камоли матлубҳо халқ кунад. Барои марди ботинӣ оромиш марҳалаи ниҳоист, барои пайғамбар бедор шудани нерўҳои равоншинохтии ўст, ки ҷаҳонро такон медиҳад ва ин нерўҳо чунон ҳисоб шудааст, ки комилан ҷаҳони башариро тағйир медиҳад”. (Эҳёи фикри динӣ дар Ислом, с. 143).

Бинобар ин раҳбарии халқ ва сомон бахшидан ва ба ҳаракат овардани нерўҳои инсонӣ дар ҷиҳати ризои Худо ва салоҳи башарият лозими ҷудонашавандаи паёмбарист.

 

4. Хулуси ният:

Паёмбарон ба ҳукми ин ки такягоҳи худоӣ доранд ва ҳаргиз аз ёд намебаранд, ки “рисолате” аз тарафи Худованд бар ўҳдаи онҳо гузошта шудааст ва кори “Ў”−ро анҷом медиҳанд, дар кори худ ниҳояти “хулус”−ро доранд, яъне ҳеҷ манзуре ва ҳеҷ ҳадафе ҷуз ҳидояти башар, ки хостаи Худованд аст надоранд. Аз мардум “аҷр” ва “подош” барои анҷоми рисолати худ намехоҳанд.

Қуръони Карим дар сураи Шуаро ба таври хулоса гуфтори бисёре аз паёмбаронро дар мувоҷеҳа бо қавмашон нақл кардааст ва албатта ҳар пайғамбаре ба муносибати мушкил ва мушкилоте, ки дар роҳи хеш медидааст навъе паём барои қавми худ доштааст. Вале яке аз матолибе, ки дар паёми ҳамаи паёмбарон такрор шудааст, ин аст, ки: “Ман аҷр ва музде аз шумо намехоҳам”. Бинобар ин, хулус ва беназирӣ яке аз хусусиятҳои паёмбарист ва ба ҳамин ҷиҳат паёми паёмбарон ҳамвора бо як “қотеият”−и беназир ҳамроҳ аст.

Паёмбарон ба ҳукми ин ки худро “барангехташуда” эҳсос мекунанд ва дар рисолати хеш ва зарурати он ва самарабахшии он заррае ҳам тардиде надоранд, бо чунон “қотеият”−е паёми хешро таблиғ мекунанд ва аз он дифоъ мекунанд, ки монанде барои он натавон ёфт.

Ҳазрати Мўсо ибни Имрон ба иттифоқи бародараш Ҳорун дар ҳоле ки ҷомаҳои пашмина бар тан ва асоҳои чўбин дар даст доштанд ва ҳамаи таҷҳизоти зоҳирияшон фақат ҳамин буд, бар Фиръавн ворид шуданд ва ўро даъват карданд ва бо камоли қотеият иброз доштанд: Агар даъвати моро напазирӣ заволи ҳукумати ту қатъист ва агар даъвати моро бипазирӣ ва ба роҳе, ки мо мехоҳем ворид шавӣ, мо иззати туро тазмин мекунем. Фиръавн бо тааҷҷуби фаровон гуфт: Инҳоро бубинед, ки аз тазмини иззати ман дар сурати пайравии онҳо, вагарна заволи ҳукумати ман сухан мегўянд.

Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар солҳои аввали паёмбарӣ, ки адади мусулмонон шояд аз шумори ангуштони ду даст таҷовуз намекард, дар ҷаласае, ки таърих онро ба номи “Рўзи инзор” забт кардааст, бузургони Бани Ҳошимро гирд овард ва рисолати хешро ба онон иблоғ фармуд ва бо сароҳат ва қотеият эълом кард, ки дини ман ҷаҳонгир хоҳад шуд ва саодати шумо дар пайравӣ ва қабули даъвати ман аст. Ин сухан он чунон сангин ва боварнакарданӣ омад, ки ҷамъият бо тааҷҷуб ба якдигар нигоҳ карданд ва ҷавобе надода пароканда шуданд.

Ҳангоме ки Абўтолиб – амуи Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) – паёми Қурайшро – ки иборат буд аз ин ки ҳозирем Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)−ро ба подшоҳӣ баргузинем, зеботарин духтарони худро ба занӣ ба ў бидиҳем, ўро сарватмандтарини фарди худ гардонем ба шарти ин ки аз суханони худ даст бардорад – ба он ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) иблоғ кард, дар ҷавоб ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуд: “Ба Худо қасам, агар хуршедро дар як кафам ва моҳро дар кафи дигарам қарор диҳанд, ҳаргиз аз даъвати худ даст барнамедорам”.

Оре, ҳамон тавр ки исмат аз гуноҳ ва исмат аз иштибоҳ дар раҳбарии инсонҳо аз лозимаҳои муҷаҳҳаз будан ба нерўи ваҳй ва иттисол ба Худост, хулус ва ҳамчунин қотеият низ аз лозимаҳои паёмбарист.

 

5. Созандагӣ:

Паёмбарон, ки ба нерўҳо таҳаррук медиҳанд ва сомон мебахшанд, танҳо дар ҷиҳати сохтани фард ва сохтани ҷомеаи инсонист ва ба иборати дигар, дар ҷиҳати саодати башарист. Маҳол аст, ки дар ҷиҳати фосид кардани фард ва ё табоҳии ҷомеаи инсонӣ сурат гирад. Бинобар ин агар асари даъвати як даъваткунанда (ба сўи паёмбарӣ) фосид сохтани инсонҳо, аз кор андохтани нерўҳои онҳо ё ба фаҳшо ва ҳарзагӣ афтодани инсонҳо ва ё табоҳии ҷомеаи инсонӣ ва инҳитоти ҷомеаи инсонӣ бошад, худ далели қотеест бар ин ки ин даъваткунанда дар даъвои худаш содиқ нест. Иқболи Лоҳурӣ дар ин ҷо низ сухани арзандае дорад, ки мегўяд:

“Роҳи дигаре барои доварӣ кардан дар арзиши таҷрибаи динии як паёмбар (ҳақиқӣ будани рисолаташ ва воқеият доштани иттисоли дарунияш бо Худо) озмудани анвои инсониятест, ки эҷод карда ва низ таваҷҷўҳ ба он ҷаҳони фарҳангӣ ва тамаддунест, ки аз рисолати вай бархостааст”. (Эҳёи фикри динӣ дар Ислом, с. 144)

 

6. Даргирӣ ва мубориза:

Дарафтодан бо ширкҳо, хурофот, ҷаҳолатҳо, сохтаҳои хаёлбофона, зулмҳо ва ситамҳо ва ситамгариҳо яке дигар аз нишонаҳои садоқати паёмбарии як паёмбар аст, яъне маҳол аст, ки як нафар паёмбари воқеӣ аз ҷониби Худо баргузида шавад ва дар паёмаш чизе бошад, ки бўи ширк бидиҳад ва ё ба кўмаки золим ва ситамгар биштобад ва зулму беадолатиро таъйид намояд ва ё дар баробари ширкҳо, ҷаҳолатҳо, хурофот, ситамгариҳо сукут кунад ва ба ситеза ва мубориза барнахезад.
 Тавҳид, ақл, адл, аз усули даъвати ҳамаи паёмбарон аст ва танҳо даъвати афроде, ки дар ин масир даъват мекунанд қобили мутолеа ва мутолибаи далел ва мўъҷиза аст, яъне агар шахсе дар паёми худ чизе бар зидди тавҳид ё бар зидди ҳукми қатъӣ ва мусаллами ҳамаи ақлҳо ва ё бар зидди адл ва таъйиди зулм биёварад, паёмаш арзиши мутолеа ва мутолибаи далел ҳам надорад. Ҳамчунон ки агар як даъвогари паёмбарӣ даст ба гуноҳ ё иштибоҳ занад ва ё тавоноии раҳбарии халқро надошта бошад – ҳарчанд маншаи ин нотавонӣ як айби ҷисмонӣ ва як бемории нафратовар мисли ҷузом бошад – ё даъваташ дар масири созандагии инсонҳо набошад, паёмаш арзиши мутолибаи далел ва мўъҷиза надорад. Бинобар ин чунин шахсҳое фаразан (ба фарзи маҳол) эъҷозгар ҳам бошанд ва мўъҷизоти фаровоне ҳам ироа намоянд, ақл пайравии онҳоро ҷоиз намешуморад.
Бахш: Паёмбаршиносӣ | Просмотров: 1055 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz