4. Сипас билофосила Аузу биллаҳи минаш шайтонир роҷим, Бисмиллаҳир роҳманир роҳим гуфта, сураи Ҳамдро мехонӣ:
أَعُوذُ بِاللهِ مِنَ الشَّيْطَانِ الرَّجِيمِ
بِسْمِ اللهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ
الْحَمْدُ للّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ. الرَّحْمنِ الرَّحِيمِ. مَلِكِ يَوْمِ الدِّينِ. إِيَّاكَ نَعْبُدُ وإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ. اهدِنَا الصِّرَاطَ المُستَقِيمَ. صِرَاطَ الَّذِينَ أَنعَمتَ عَلَيهِمْ غَيرِ المَغضُوبِ عَلَيهِمْ وَلاَ الضَّالِّينَ
Алҳамду лиллаҳи роббил аламин. Арроҳманир роҳим. Малики явмиддин. Ийяка наъбуду ва ийяка настаин. Иҳдинас сиротол мустақим. Сиротол лазина анъамта алайҳим, ғойрил мағзуби алайҳим ва лаз‒золлин.
5. Пас аз хондани сураи Ҳамд, бо садои паст Омин гуфта, сипас билофосила як сураи дигар аз Қуръонро мехонӣ. Масалан сураи Тавҳидро мехонӣ:
قُلْ هُوَ اللَّهُ أَحَدٌ. اللَّهُ الصَّمَدُ. لَمْ يَلِدْ وَلَمْ يُولَدْ. وَلَمْ يَكُن لَّهُ كُفُوًا أَحَدٌ
Қул ҳуваллоҳу аҳад. Аллоҳус сомад. Лам ялид ва лам юлад. Ва лам якул лаҳу куфуван аҳад.
6. Пас аз Ҳамду сура, Аллоҳу акбар гӯён сар ба рукӯ хам мекунӣ. Дар рукӯ дастҳоятро бар зонуҳои худ мениҳӣ, байни ангуштонат боз мегузорӣ, соқи поҳоро рост нигаҳ дошта ва дар ҳоле ки пушт, камар ва саратро бо якдигар баробар мекунӣ, се мартаба тасбеҳ мегӯӣ.
Тасбеҳ, яъне гуфтани Субҳана роббиял азим аст се мартаба.
Бидон, ки занон дар рукӯ байни ангуштони дастонашонро боз намегузоранд, балки баҳам мечаспонанд. Ҳамчунин барои онҳо лозим нест пушт, камар ва сарашонро бо якдигар баробар намоянд, балки кофист андаке хам бишаванд. Низ оринҷҳояшонро ба бағали худ мечаспонанд.
|